Иттилоотонии дуруст - омили пешгирӣ

Санаи 7- уми октябри соли равон бо дастгирии ташкилоти Иттиҳоди Аврупо ва дастгирии техникии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо ВАО дар меҳмонхонаи “АТЛАС”-и шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни тренинг оид ба масоили “Чигуна пандемия ба инфодемия мерасонад ва дар ҷараёни инъикоси маъракаи ваксинатсия ба чӣ бояд аҳамият дод”, “Абзорҳои таъйиди иттилоот дар давраи инфодемия”, “ Зеҳни сунъӣ ҳамчун абзори мубориза бо иттилооти бардурўғ” тренерон Эллина Ким, Рустам Гулов ва Ашраф Аъзамӣ маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Ҳамчунин байни тренерону намояндагони васоити ахбори омма суолу посух сурат гирифта, зимни он барои худ бардоштҳои муфид намуданд. Чуноне тренерон қайд намуданд, ҳадафи асосӣ аз баргузории ин семинари омӯзишӣ, пеш аз ҳама ба мардум расонидани иттилооти дурусту саҳеҳ доир ба маъракаи ваксинатсияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки танҳо бо роҳи ташвиқоти дуруст бо истифода аз сарчашмаҳои боэътимод метавон аҳолиро барои гирифтани ваксина зидди COVid-19 омода сохт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh