ШОИРИ ПАРАНДАҲОИ МАХМАЛӢ

Дар арафаи ҷашни бошукӯҳи миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоири маъруфу маҳбуби мо Гулноз Тоҳириён  бо мукофоти давлатӣ- медал «Барои хизматҳои шоиста» қадрдонӣ шуданд. Мо, аҳли қалами рӯзномаи вилоятии «ҳақиқати Суғд», бонуи шеъри тоҷикро бо ин дастоварди шоиста таҳният мегӯем.  Бо баҳонаи шодбошӣ, сӯҳбате доштем  бо Гулноз Тоҳириён, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома месозем.  

- Дуруд Гулнозбонуи азиз. Дастоварди навбатӣ муборак бод. Аз сазовор шуданатон ба мукофоти давлатӣ хушҳол шудем.

-Ташаккур азизам, сарбаланд бошед!

-Сӣ соли Истиқлолият ба адабиёти тоҷик, ба виҷа, ба шеъри муосири мо чӣ дод?

-  Фароянди  Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба ваҳдати комил  барои рушди ҷомеаи кунунӣ имконияти фарох офарид. Мо ба зиндагии муосиру шоиста расидем.  Яъне, ин навъи сиёсат собитгари он аст, ки тамаддуни як сарзамин на дар густурдагии масоҳату қудратмандӣ,  балки дар ҷилои ҷеҳраҳои мондагори миллат барои ояндаҳои дур зоҳир мешавад. Ибтикорҳои пайвастаи фарҳангӣ, ки  мақсади меҳварии  он аҷр гузоштани осори бузургони аҷдодон ва намоде аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллати мост, дар тақвияти асолати худогоҳӣ, таъмини амнияти рӯҳӣ, фосила гирифтан аз ҳар гуна равияҳои номатлуб,  эҳтироми забону адаби тоҷикӣ ва огоҳона нигоҳ кардан ба Ватан, заминаи густурдае фароҳам овард. Ин иқдоми  ростин, ки бархостае аз як рӯҳи муқтадир аст, бархостае аз рӯҳи як шахсияти мунҳасир ба фард аст, руҷуе ба таълимоти башардӯстонаву адабгоҳи мондагор ва шаҳодати вофир аз арҷгузории шахсиятҳоест, ки бо бузургии таълимоту тариқат ва растагории ҷовид дар замони худ ва дар тамоми асрҳо бо камоли иродату эътиқод истиқбол гардидаанд. Вале, ҳамчунон ки Сарвари кишвар мукарраран иброз медоранд, ин истеъдоди нодир, ҳунари таҳрихнигорӣ, андешаҳои баланди фалсафӣ ва ҳикмати инсонсози бузургони моро танҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва қадр кардани инсон комил кардааст.

Дар ин рӯзгори муосиру шоистаи пур аз имкон адибони муосири тоҷик бо такя ба эҳсоси ватандӯстонаи  хеш бештар аз  дигар табақаҳои ҷомеа ин муқаддасоти маънавӣ- Истиқлолияти давлатиро бо тамомияти тафаккури адабии худ дарк карда, дар меҳвари андешаҳои худ гузоштаанд. Дигар мавзӯъҳо перомуни ин меҳвари абадӣ чарх задаву асар мешаванд. Инъикоси рӯшани дастовардҳои даврони Истиқлолият, ки натиҷаи шаклгирифтаи ормони миллии бузургони гузаштаи мо ва фурсати  ба ҳақиқат мубаддал шудани орзуҳои як миллати мутамаддин аст, бегумон боиси ифтихор ва таоруфу таҷассум аст. Истиқлолият барои мо ҷуброни замони ба истилоҳ носозгориҳо ва подоше ба хуни шаҳидон  аст.

   Адибон имрӯз ҳамеша дар мазраи таваҷҷуҳи Сарвари кишвар қарор доранд. ҳеҷ як адиб аз ин мазраи садоқату лутф канор намондааст. Густурдагии имкониятҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва, умуман, ҳамин шакли зиндагии кунунӣ   барои офаридани асарҳову дигар фаъолиятҳои адабӣ хеле мусоидат мекунад, ба он шарт, ки зиндагии Шоирро Шеър мудирият кунад.

- Шоири муосир кист?

Вақте ки ба маърифати ашъори шоире мепардозем, замони зиндагии ӯ, сохти давлатдорӣ ва сиёсати ҳамон замон ҳатман ба инобат гирифта мешавад. Замоне буд, ки  шарти нахустини ғазал сӯз буд, зеро рӯҳияи мардум ҳаминро тақозо мекарду ниёзҳои  маънавиро  бартараф мекард. Имрӯз ҳам адабиёт инро талаб мекунад, аммо  на дар ҳама маврид. Шоири ин замони муҳташам бояд руҳи ин замонро дошта бошад ва шеър наҷвои муназзами  боварсоз, шеъри инсонсоз гардад. Шоир ба андешаи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чашми бинои миллат аст, чашме, ки миллат метавонад ба дуртарин ва хилваттарин гӯшаҳои дунё нигоҳ кунад, ба тамоми таърих, ба тамоми замон нигоҳ кунад  - –ба замони ибтидо, ҳатто қабл аз ибтидо, имрӯзу интиҳо ва баъд аз интиҳо низ. Дар ин байт куллияи маънии «Шоир» маърифат шудааст:

Миллат ар ҷисм аст, шоир чашми ӯст,

Ҷисмро аз чашми бино обрӯст. 

Барои Шоир низ ворид шудан ба марҳалаи нави таърихӣ пайвастан ба афкори дунявӣ ва зиндагии муосир, бо баробари авҷ гирифтани ҳисси худшиносии миллӣ эҳсоси башардӯстонаро низ дар худ тақвият бахшидан, дар радифи муосиру мутамаддин будан, арҷ гузоштани бузургони гузаштаи миллат ва муқаддас  донистани фарҳанги қадим аст. Истиқлоли рӯҳии Шоир заминае барои ба мувозинат овардани фазилати шахсӣ ва рисолати адабист.

Шеър асрор аст. Дунё низ пур аз асрор аст. Сарзамини тоҷикон, ки ҷуғрофиёи тақдиршудаи мост, табиати афсонавӣ ва асрори нуҳуфтаву номакшуфе дар ниҳоди худ дорад.  Дар аҳди худ ориёиҳо бар он андеша буданд, ки ин марзу бум (Хуросон) макони тулӯи Офтоб аст, сапедадами  дунёст. Дар аҳди мо ҳар нафаре, ки дар ин сарзамини асрорҳо сайр мекунад, аз ин ҷо берун нарафта орзуи дубора баргаштан дар дилаш фаввора мезанад. Чӣ сон бо дидани пилтаи чароғи моҳ дар рӯи Роғун бар он бовар накунем, ки Тоҷикистон манбаи нурҳои дунёст? Маърифати зуҳури Саразм дар ин марз паёмест, ки аз ибтидои таърих то асри кунун тамаддуни тоҷиконро арзёбӣ карда, моро тариқи ин шаҳр ба оғози офариниш мебарад. Ниҳодҳои моддии пайдогардида дар бисоти ин марз аз рушди тафаккур, муносибати самимии инсон бо табиат, шуруи фаъолиятҳои маҳсуловаранда, дар маҷмуъ, таҳияи рӯзгоре  фаротар ва муқаддас донистани замин чун маводи ризқофаранда дарак медиҳад. Дар маҷмуъ, ин марзи асрорҳо шоирон-шахсиятҳои фавқуллода, огоҳу озоду асрорбинеро ба арсаи вуҷуд овардааст, ки дар тамоми замонҳо хубу хуш  истиқбол шудаанд.

Кашфиёти шоиронаи ин ашхос сафару ҷустуҷӯе бе заҳмати пой аст, аммо натиҷааш дар ифодаи зеботарин шакли баёни сухан -–Шеър хулоса мешавад. Шоири муосир идомаи зиндагии ин бузургон, рӯҳи саргашта ва ниҳоят дар ҷисми дилхоҳе маскангирифта ё такрори зебоест бо андешаи муосир.

-  Дар замони Истиқлолият ба масъалаи тарҷумаи асарҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд. Шумо аз мутарҷим чӣ интизориҳо доред?

Муносибати мутарҷим ба шеър бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон хеле нозук аст. Ба дигар шакл ин маъниро ифода кунем, сухан аз муносибат ба тақдири истеъдодҳост. Он чизе, ки ин ҷониб аз мутарҷими ашъорам мунтазирам, он аст, ки ҳар сатр бо ҳамон маънои асли (нахустин)-аш тарҷума шавад, ба он ҳадде ки меъёри забони мутарҷим имконият медиҳад. Дар кадом қолаби шеърӣ рехтани тарҷума  аслан муҳим нест. Мутарҷим набояд аз шеъри сустниҳод шеъри баланде созад ва ба ин восита шоирро гунаҳкор кунад. Ё баръакс - аз шеъри пурмоя шеъри сатҳи мутавассит бисозад ва худ гунаҳкор гардад. Балки тарозуи муносибати шоир ва мутарҷим бояд ҳамеша дар ҳолати мувозинат нигоҳ дошта шавад. Лозим аст, ки мутарҷим дар рафти тарҷума, на танҳо барои осон кардани кори худ, балки барои тарҷумаи комил сабаб, замон ва ҳолати руҳии шоирро дар эҷоди шеър мавриди назар қарор диҳад.          

 -Кай ишқи шеър дар дили Шумо пайдо шуд, яъне кай дарк намудед, ки эҷод кардан маънии зиндагии Шумост?

-Дар синни чаҳордаҳсолагиам маро ҳамчун хонандаи пешсаф ба шаҳри Қрим, соҳили баҳри Сиёҳ - лагери пионерии «Артек» фиристоданд. То он замон ҳам дар андешаам шеъргунаҳое чарх мезаданду боз пароканда мешуданд. Нахустин бор онро навиштам. Гӯё шеър буд. Аз ин лаҳза зиндагии ман ба ду қисм ҷудо шуд: то шеър ва бо шеър.

 -Лутфан бигӯед, ки чӣ тавр эҷод мекунед? Ба Шумо чӣ илҳом мебахшад? Раванди эҷод чӣ гуна ҷараён мегирад? Мехоҳем бидонем, ки чӣ калимаҳо, тасвирҳо, қофияҳое ҳастанд, ки  ҳеҷ гоҳ дар эҷодиёти Шумо ҷой нахоҳанд гирифт?

    -  Дар мавриди чӣ будани илҳом борҳо аз инҷониб  суол кардаанд, аммо беҷавоб мондааст. Ин бор боҷуръатона мегӯям, ки зиндагӣ зебост ва ҳар ҷузъи он дар чашми шоир намоде аз илҳом аст, агар нигоҳи мо огоҳона бошад. Илҳом, яъне фароянди эҷоди шеър иртиботи шоир ба Офаридгор, ба  олами мавҷуду номавҷуд аст. Тааммулест дар худӣ, ки шоир фурӯ рафтаву аз дунёи саввум - шеър сар мезанад, аммо ин сарзамин ҳар бор ношинохтанист. Ин сарзамини ношинохтаҳост.

Илҳом мисли сафарест дар ҷустуҷӯи оби ҳаёт, фақат бе заҳмати пою чашм. ҳама ниҳоят ба он ғор ворид мешаванд, ҳама аз он менӯшанд, вале сухан ин ҷо аз гуногунии рӯҳҳо ва табиати инсонист, ки он об чӣ таъсире мегузорад.

Дар ин рӯзгоре, ки  дар вобастагии дирӯз, тасодуфҳои имрӯз ва биму тардиди фардо мегузарад, зиндагии шоиста доштан, шарти нахустини ҳастист. Зиндагии дурусту шоиста тақозо мекунад, ки тамоми ҳаракату рафтори инсон бар пояи адаб бошад, чӣ дар хона, чӣ дар издиҳоми ҷомеа, дар ҷои фаъолияти корӣ ва, умуман дар тамоми арсаи будан. ҳамчунин, дар шеър низ. Худи  шеър, ки  адаб аст, лутф аст, ҳарорати дили шоир аст. Мафҳуме чун ақл, дониш, илҳом ва эҳсос дар шеър ҷамъбаст мешавад. Ҷуръате, ки баъзан дар шеър намудор мешавад, дар зиндагии воқеии шоир вуҷуд надорад. Шеър наҷот аст, наҷоте аз носозгориҳо, беэътимодиҳо ва адами бовар. ҳатто андешаи бебақо будани зиндагиро низ шоирон мехоҳанд бо андешаи умедбахше ифода кунанд, вақте ки оқибат ва анҷоми кор фақат марг аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст:

Кадом дона фурӯ рафт бар замину наруст,

Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?

Муҳаммад Иқбол:

Гумон мабар, ки сириштанд дар азал гили мо,

Ки мо ҳанӯз  хаёлем дар замири вуҷуд,

ҳамин гуна шоирони бузурги мо маргро инкор кардаанду инсонро дар арсаи оғоз гузоштаанд. Отифаи илоҳие чун Шеър сазовори истифодаи зеботарин ва поктарину муқаддастарин воҷаҳову тасвирҳову породоксҳову маъниҳост. Метавон як ҳодисаи даҳшатборро бе истифодаи калимоти нозебову дурушт дар қолаби шеър овард, вале ончунон ки хонанда бе азият ба  дарку тасаввури  ин ҳодиса ва ба кунҳи матлаби шоир бирасад.   

 -Чӣ мавзӯъоте дар шеър бештар ба Шумо наздик аст?

-Дар меҳвари андешаҳои мо Ватан қарор дорад. Дигар мавзӯъот мавзӯъҳои ёридиҳанда ҳастанд. Аммо  мафҳуми  Ватан фарогири бовару ишқу зебоиҳост. Мавзуҳое ҳастанд, ки боз барои пайдо шудани мавзуи нав равзана месозанд. Яъне табаддулот, зуҳури  дастовардҳои иқтисодӣ, ҳодисаҳои табиӣ, ҳамеша бо таъсиргузорӣ ба шоир, боиси эҷоди мавзуҳои нав мешаванд. ҳароина, шоир нисбати тақдири башар бетараф нест ва инъикоси вазъи сиёсиву иҷтимоии кунунии ҷаҳон - руҳияи ошуфта аз бемориҳои сахт, муҳоҷирати ночор ва дар сарҳади кишварҳои дигар бо нигоҳи мултамисона интизори пазироӣ нишастан, ба шеър бидуни ихтиёри шоир ворид мешавад. Аммо арзиши шеърро на мавзӯъ, балки инъикосу таҷассуми он бо ҳунари баланди шоириву тафаккури муосир  муайян мекунад.

-Хонандаи аввалини шеърҳои Шумо?

-Нафароне ҳастанд, ки ба утоқи кори мо фақат ба хотири огоҳ шудан аз вазъи рӯҳиву ҷисмонии мо меоянд. Нафароне барои огоҳ шудан аз дастовардҳои адабии мо. Аммо нафароне ҳастанд, ки  бебаҳонаву беихтиёр,  танҳо барои нигоҳ кардан ба мо меоянд. ҳамин нафари сеюм метавонад, ки шоистаи  шунидани шеъри нав  бошад.

-Оё Шумо маслиҳати классикии «ҳар рӯз як сатр»- ро риоя мекунед?

-Боре дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфта будам, ки кӯшиши  ҳар  рӯз як шеър гуфтан мекунам. Ин даъво  аз ноогоҳии ман аз меҳнати эҷод кардан буд. Шеър гуфтан, меҳнати сангин аст, кори сахти танҳоист. Агар Фарҳоди Куҳкан мардумро ба ёрӣ даъват мекард, ҳама ба имдодаш мерасиданд. Аммо шоир касеро ба ёрӣ даъват карда наметавонад. Ин коре дар худист.

Шеър на андешаи андеша аст ва на амали амал, балки офаридаест, ки байни ин ду мафҳум қарор дорад, мисли он, ки онро дунёи саввум гуфта будем (дар мусоҳибаҳо), дунёе байни ду дунёи шинохта, ки бо тафовут аз дунёи воқеии мо пури пур аз имконҳост, дунёе, ки мутааллиқи шоир аст.

  ҳамин гуна ҳам шуда, ки байтеро шоир менависаду баъди чандин сол давом медиҳад. Албатта, ҳамеша дар фикри шеър бояд буд, аммо нузули он ба адиб вобаста нест.

 -Ба андешаи Шумо оё ҳама кас шеър навиштанро омӯхта метавонад?     

-На. Шоирӣ истеъдод  аст, на  касб.

-Шоири дӯстдоштаи Шумо?

-Ин суол лаҳзаеро аз фасли наврасии ман ба зеҳнам овард. ҳамон замоне ки дар соҳили баҳри Сиёҳ будам, бештар аз ҳама китоби Муҳаммад Иқбол «Пайғоми Шарқ»-ро пазмон шудам. Донистам, ки вақти сафар бояд китоби дӯстдошта ҳамроҳи кас бошад. Аз ин руҷӯи мо дар мусоҳибаамон мутмаинам, пай бурдед, ки шоири дӯстдоштаи ман Муҳаммад Иқболи Лоҳурист. Ин ҷо сухан танҳо аз як шоир нест, балки  сухан аз симои сиёсии ҷаҳонӣ ва дифоъ аз мардумони ситамдида, сухан аз марди озод аст. Як бонуи огоҳ аз ман пурсид, ки ту дар шеъри сапеде фармудаӣ: «Маро арғунчаки беранги лаҳза сӯи Ғарбу Шарқ меоварду мебурд». Ин иғроқ аст? Гуфтам: На, фаротар аз иғроқ. Ва як байти ин шоири озоди Шарқро овардам:

Гумон мабар, ки ҳамин хокдон нишемани мост,

Ки ҳар ситора ҷаҳонест ё ҷаҳон будаст.

Яъне, бояд андешаро маҳдуд накунем, аз имконҳои дунёи саввум-Шеър бе тарсу гумон , вале бомаврид истифода намоем.

Иқбол шоири мушкилписанд аст ва ин мушкилписандиву ҷасорати шоиронаи ӯ, ки  яке аз хусусиятҳои ашъори ӯст, ӯро пурҷилотарин чеҳраи Шарқ кард:

…Сафар ба Каъба накардам, ки роҳ бехатар аст.

-Мегӯянд, ки эҷодкорӣ ҳама дарҳоро мекушояд, ҳатто дари дилро. Шумо бо ин суханҳо розӣ ҳастед?

-ҳикояи хурдтарини «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттори Нишопурӣ иборат аз чаҳор сатр аст:

Ғофиле мегуфт дар пеши Худой,

Эй Худой, охир даре бар ман кушой.

Робиа он ҷо магар биншаста буд,

Гуфт: Эй ғофил, кай он дар баста буд?

Тамоми дарҳо ҳамеша бозанд, чун  ҳамон дари азалӣ боз аст. Агар даре баста аст, пас бо сабаби адами бовар баста гардида.  Барои дари дилҳоро боз кардан инсондӯст будан мебояд ва бо такя ба ин эҳсос бештар дидор кардан:

Ту зи роҳи дидаи мо ба замири мо гузаштӣ,

Магар ончунон гзаштӣ, ки нигаҳ хабар надорад. (М.Иқбол)

Дил бо ин кучакӣ, бо ин масоҳати ғунчагӣ қодир аст, ки башарро дар худ ғунҷоиш диҳад.  Дари дил боз кардан иртиботи зебое бо ҷомеа доштан ва расидан ба саъодатҳову комгориҳост. ҳамин эҳсоси нодиру зебои инсондӯстист, ки муносибатҳоро осон ва зиндагиро зебо мекунад.

-Дар Амрикову Эрону Маскав китобҳоятон нашр шудаанд ва ҳаводорони зиёд ҳам дарёфтаанд. Барои шоири ҷаҳонӣ шудан шоир чӣ кор бояд анҷом диҳад, фақат эҷод кунад ё таблиғ ҳам муҳим аст?

 -Тамоми ранҷи инсонӣ подош дорад, тамоми нияти нек, ки зодаи дили пок аст, ба коиноти Худованд роҳ меёбад  ва ҳамин ранҷи шеърофарӣ низ. Аммо дар замони мо шоири асил будан аз шоири шинохта будан тафовут дорад. (Ин фазои маҷозӣ, ки омили  пайдоиши рахнаҳои забониву шаҳрвандӣ шуд,  ҳирси маъруф шуданро тақвият бахшид) Баъзан бо сабаби дигаре шоирон шинохта мешаванд ва ҳаводоронеро дар сатҳи шеъру шахсияти худ пайдо мекунанд. Ин ҳам саъодати ҳамон шоир аст. Аммо шоироне ҳастанд, ки дониши фаровон доранд, тамоми дунё барои тафаккури ин ашхос дастрас аст, шахсияти шоирона доранд ва буданашон ифтихори миллату Ватан гардида. Яъне, муҳим шеъри баланд гуфтан аст, ки  бидуни  ҳаракате барои таблиғ  ба шаш сӯ, ба уфуқҳо  мерасад.

-ҳунармандон орзуи Ҷоизаи Оскарро доранд, олимон орзуи Ҷоизаи Нобелро, шоирон чӣ орзу доранд ва Гулноз низ?

-Орзу ҳамеша ширин ва саъй ҳамеша талх аст. Лаъл дар санги сари раҳ ва гавҳар дар чашма нест. Агар шахсиятҳои огоҳ талоше дар зиндагӣ дошта бошанд, ин ҳамоно талоше барои камолоти маънавист. Камолоти  шоир дар тақдири як миллат метавонад нақши муҳим дошта бошад. ҳамин гуна ҳам шуда, ки як давлати мутамаддинро бо шарофати як шоир шиносанд. Аммо табиати шоири воқеӣ бо андак иктифо мекунад. Дороии зеҳнӣ сармояи нахустини шахсиятҳои эҷодкор аст.

Табиат ва қобилияти рӯҳии тамоми инсонҳо як аст (аз хулосаи рӯҳшиносон), вале на ҳама аз имкониятҳои маънавии худ огоҳанд. Тамоми инсонҳое, ки худро пайдо кардаанд ва ҳар шоире, ки шеъраш ҳикмати инсонсозӣ дорад, лоиқу қодири тақдири зебост.

-Шумо хостаҳои хонандаи шеъри худро чӣ гуна муайян мекунед? Он чӣ гуна худро зоҳир мекунад?

-Парасторони шеър дар тақдири шоири дӯстдоштаи худ ҷойгоҳи чашмгир доранд. ҳамон тарғибе, ки қаблан гуфта гузаштем, тариқи шеърдӯстон сурат мегирад. Тавассути  иртибот бо муриди хуб шоир худро мешиносад. Хосту хоҳиши парасторони шеър, нахуст бартараф кардани ниёзҳои рӯҳиву маънавии худ аст, ки ин шарти аввалини мондагории шеър ва дар ҳама давру замон аз ҷониби башарият хуш истиқбол шудани он аст. Хонанда дар шеър чанд паҳлӯҳоро барои худ муайян мекунад: таҷаллии рӯҳи замон, инъикоси муносибати шоир бо худ, бо тақдир, бо ҷомеа, бо табиат ва ниҳоят бо Худо. Муносибати парастори шеър бо шоир нозуктар аз арш аст. Баъзан чунин менамояд, дӯстдори воқеии шеър на барои худ, балки барои шоири дӯстдоштааш зиндагӣ мекунад. Чунин муносибати самимиву муаддабона ҳамеша боиси афзудани масъулияти шоир хоҳад гашт.    

-Чӣ паёме ба хонандагони хеш доред?

Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунон маълум нест,

Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро. (Саъдии Шерозӣ)

 Суҳбаторо Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh