АВВАЛИ РӮДАКИШИНОСИИ ЗАМОНИ НАВ

 

 

 

ё сухан аз таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ”

Аввали пояҳои рӯдакишиносии замони нав солҳои 20-уми садаи бист тарҳрезӣ гашт. То ин вақт Рӯдакиро фақат аз тазкираҳо ва аввалин китобҳои навбунёд оид ба таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дармеёфтанд. Аз ин пас Рӯдакӣ дар ҷусторҳои адабшиносии тоҷик ҷойгоҳи хос ба даст овард. Аммо рӯдакишиносии ин солҳо аз ҷусторҳои сирф филологӣ дида, ба сабку салиқаи ҷустуҷӯи равшангарӣ низ наздикӣ доштааст. Ин замон равшангарон роҳҳои хеле нозук, муассир ва ҳассоси ҷалби мардумро ба нуктаҳои зарурии дорои обишхӯри сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, усули хоси тарғиби адабиёти гузаштагонамонро ҷустаанд.

Ин ҷусторҳо чун посухи босавоби зиёиён ба иддаои ноҷавонмардонаи пантуркистон низ пайванди нозук дошт. Аз ин ҷиҳат номи бузургони гузашта, дар навбати аввал номи устод Рӯдакӣ дар замони дигаргуниҳои нав ҳамчун шиори муассир ва пешбари аҳли набард – равшангарон қарор ёфт. Қазияи замони нав, муносибат ба бузургони пешин, таъйини мақоми қаҳрамони дилписанд, мероси суханварони гумгашта ва… аҳамияти миллии ҳаётӣ пайдо кард, таҷлил аз симоҳои дурахшони адабиёт роҳи хубу матлуби руҷӯъ ба адабиёти гузашта ва пойдории ҳофизаи таърихии миллат дониста шуд. Дар ин ҷода чанд навишта ба миён омаданд. Пеш аз ҳама, аз мақолаи донишманди маъруфи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ «Шоири бузурги нахустини тоҷикон» (1925) ба некӣ метавон ёд кард, ки арзиши илмии сазоворе дар шинохти устод Рӯдакӣ дорад. Агар иштибоҳ нашавад, ин аввалин навиштаи пуртаҳлил дар замони нав аст.

Бо чунин мақолаҳо бунёди маънавии миллат ва саодати хоси расидан ба арзишҳои гузашта равиши матлуб дарёфт, қазияи руҷӯъ ба рӯзгори гузашта ранги дигар ёфт; болишу нозиш аз таъриху адабиёти гузашта асоси устувори мафкураи замон қарор гирифт. Решаи равшангарии мақолаи Т. Зеҳнӣ бо вежагии таҳқиқу нақд ва баррасии сабку усули шеъри шоир мумтоз аст. Назари интиқодӣ дар ин мақола ба мутолиаву дарки сифатҳои ҷолиби давраи нави адабиёт ба хидмат меояд. Аввалан, мақола дар нақди шеър, андеша ва нуфузи шоирии Рӯдакӣ то андозае ҷои холии рӯдакишиносии ҳавзаи тоҷикони Осиёи Миёнаро дар замони охир пур кард. Он яке аз нахустин кӯшишҳои назарраси таъйини “қимати шеъру шоирӣ”‐и Рӯдакист. Аз сабаби он ки дар ҷусторҳои адабиётшиносӣ ва тазкиранигории садаи нуздаҳ ба ному шеъри Рӯдакӣ қариб таваҷҷуҳ нашуда, ин ном дубора бо кӯшишу талоши зиёиён эҳё гашт. Беҳтарин ва усулитарин андешаҳо оид ба рӯзгор ва ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар солҳои 20‐уми садаи бист дар тазкираҳои “Намунаи адабиёти Эрон”‐и муҳаққиқи озарбойҷонӣ Мирзо Мӯҳсини Иброҳимӣ ва “Намунаи адабиёти тоҷик”‐и Садриддин Айнӣ ҷой ёфтаанд, ки то падид омадани мақолаи академик А. Семёнов “Ду шоири бузурги Сомониён – Рӯдакӣ ва Дақиқӣ” (1939), маҷмӯаи “Устод Рӯдакӣ”‐и С. Айнӣ ва А. Деҳотӣ (1940), бахши Рӯдакии китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик” ба қалами адабиётшинос ва ноқиди маъруфи замон Сотим Улуғзода (1940), таҳқиқи бисёр баланду арзишманди донишманди рӯдакишиноси эронӣ Саид Нафисӣ (19301940), академики тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев (1958) ва дигарон аз манбаъҳои муҳими таҳқиқ будаанд. Дар ин силсила таълифи Т. Зеҳнӣ оид ба Рӯдакӣ аз аввалин мақолаи ҷудогона бо фарогирии матолиби муҳиму мондагори рӯзгор ва нақди шеъри шоир арзиши хос дорад. Мақолаи Т. Зеҳнӣ боз нахустин кӯшиши радду бадали ахбор, аснод ва нақди тазкиранависон Давлатшоҳи Самарқандӣ, Лутфалибеги Озар ва Ғуломалихони Озоди Балгиромӣ дар бораи шеъри Рӯдакӣ аст: ҳудуди ҷуғрофии таҳқиқ низ хеле густурда ба назар мерасад.

Бо ин арзёбӣ дар таъйини мақоми Рӯдакӣ ва шеъри ӯ муҳокимаҳои муҳаққиқони хориҷӣ, аз ҷумла андешаҳои ҷолиби донишманди номвари турк Муҳаммад Фуод Купрулузода ба хазинаи нақду адабиётшиносии тоҷик ворид шудааст, ки шеъри Рӯдакиро аз лиҳози “қудрати лисон” соҳиби “сарвати хаёл” дониста, “дар қасидаҳояш дорои як адои самимӣ» буданашро таъкид менамояд. Бо ин мақола аҳли таҳқиқ аз “Саромадони сухан” ном китоби олими турк, тарғибгари адабиёти тоҷикӣ‐форсӣ дар Туркия Ҳусайни Дониш огоҳ шуданд, ки афкори наққодии ӯ дар мавриди офаринишгарии Рӯдакӣ низ хеле ҷолиб аст. Ба гуфтаи ӯ, “Рӯдакӣ қасидаҳояшро ба авсофе, ки ба зебоиҳои табиат ва бадеаҳои фитрӣ оид аст, зиннат медиҳад.

Масалан, ба мавсими баҳор рост ояд, чунин тасвири нозуконаро истифода менамояд: табиат ба камоли хуррамӣ, перостагӣ расида, боғистон бо навниҳолон ва гулҳои шукуфта оростагӣ дида, насими атрбез, шохсорҳо бо таъсири боди баҳорӣ ларзон ва роҳатангез”. Нақду арзёбии моҳияти шеъри шоир аз ҷониби Т. Зеҳнӣ низ бо майл ва камоли мӯшикофӣ, дарки хоси зебоишиносӣ сурат ёфтааст: “Қимати шеъру шоирии Рӯдакӣ баланд аст. Услубаш равону табиист”; “қасида ва порчаҳои ӯ… чӣ қадар салис ва бетакаллуф”; “…то имкон ёфт, шеъри форсии дариро ба қолаби муайян ва мусаббат рехт”; қасидаи “Бӯи ҷӯи Мӯлиён…” “чӣ қадар рақсон, хафиф ва равон”.

Дар ҳоле ки мероси шоирии Рӯдакӣ дар ихтиёри хонандагони замони нав қарор надошт, Т. Зеҳнӣ аввалин маротиба ба фазои рӯдакишиносии солҳои 20‐уми садаи бист аз боби ба даст омадани 80 байт аз «Тазкират ушшуаро»‐и Давлатшоҳ, «Оташкада»‐и Лутфалибеги Озар, «Хизонаи омира»‐и Ғуломалихони Озод, «Намунаи адабиёти Эрон»‐и Мирзо Мӯҳсини Иброҳимӣ ва «Саромадони сухан»‐и Ҳусайни Донишро дарак додааст. Т. Зеҳнӣ баробари зикри нуфузи шахсият, арзиши шеър, нақди раъйи тазкиранигорон, муаррифии афкори рӯдакишиносон аввалин маротиба дар замони нав “ба тариқи маслаҳат ба Нозироти маорифи кишвари Тоҷикистон ва Шӯрои илмии тоҷикони Ӯзбекистон” масъалаи ҷашни ҳазораи Рӯдакиро ба миён гузошт. Дар ин самт ба таҷрибаи баргузории чаҳорсадсолагии зодрӯзи шоири озарбойҷонӣ Муҳаммад Фузулӣ, иқдом ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни панҷсадсолагии шоири ӯзбек Алишери Навоӣ равшан ишора кардааст. Т. Зеҳнӣ бо ҳисси ифтихор навишта буд, ки «ҷашни Рӯдакӣ ба тамоми порсизабонони Шарқзамин аҳамияти бузург дорад». Равшангарон ба ин нукта диққати аҳли замонаро бурданӣ шуданд, ки “…нажоди Рӯдакӣ набояд бесавод бошад. Барои миллате, ки беш аз ҳазор сол шоир ва нависандаи калоне монанди Рӯдакӣ дошта, барои миллате, ки осори адабӣ, илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии он ба ҳазор сол пеш аз ин дар дунё ба ёдгор монда, бесаводӣ нанг аст, айб аст, зиллат аст”.

Мебинем, ки ин гузориш қабат‐қабат бо афкори ҷадидон дар боби гиромидошти рӯҳи гузашта ҳамоҳангӣ дорад, сифати миллии адабиёт ва нақди адабиро зоҳир мекунад. Ин нукта исбот мекунад, ки миллатсозӣ, сохтмони маънавии миллат, саодати аҳли ҷомеа қазияи руҷӯъ ба рӯзгори гузаштаро ба вуҷуд овард ва болишу нозиш аз таъриху адабиёти гузашта асоси мафкураи замон қарор гирифта, дар ин ҷустор таҷрибаи мардуми озарбойҷонӣ ва ӯзбек ба дарки ҳамаҷонибаи эҳсоси миллии зиёиёни солҳои 20‐уми садаи бист дар боби қарддонӣ аз аҳли адаби гузашта ба кор омадааст. Мунаққиди шинохтаи тоҷик Ҳамид Бақозода бо таъсири ин мақолаи Т. Зеҳнӣ ба такрори андешаҳои ӯ аз боби гузориши ҷашни Рӯдакӣ ҳиммат карда ва ҳамоҳангиашро дар ин мавзӯъ ба гӯшҳо овард. Ҳадафи муҳимтарин аз таъкиди нақши таърихӣ‐фарҳангии симоҳои дурахшони адабиёти форсӣ‐тоҷикӣ асосан ба эҳёи рӯҳи миллӣ, шинохти мардуми аслӣ ва соҳибтамаддуни Осиёи Миёна будани тоҷикон, боз кардани таърих барои эҳсоси масъулият дар назди сарнавишти миллату ватан равона шудааст. Муаллиф таъкидан ба гӯши аҳли замона расонида, ки Рӯдакӣ “барои мо – тоҷикон (форсон) хеле хидматҳои қиматдоре кардааст, ки мо аз он оҷиз ҳастем”.

Натиҷаи ин гуна бардошти зиёиёни солҳои 20‐уми садаи бист буд, ки маҷаллаи “Дониш ва омӯзгор” таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ”‐ро ба миён ниҳод. Дар яке аз шумораҳои ин маҷаллаи маъруф дар соли 1926 мақолаи бисёр муҳими “Рӯзи Рӯдакӣ” бо имзои мустаори Деҳқон нашр гардид, ки дар баррасии матлаб саҳми матлуб дорад. Мақола бархе аз вежагии гароиши рӯдакишиносии замонро ошкор мекунад. Ба ин маънӣ, таҷлили ҳарсолаи ҷашни устоди суханварон як масъалаи муҳимми пайванду муносибати замон ба мероси гузашта гардид. Қарордоди бузургдошти рӯҳи Рӯдакӣ “дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чи ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чи забонӣ” ба амал омад. Тибқи ин дархостҳо, “ҷиргаи (коллегияи) назорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 2‐3 иди Наврӯз «Соли Нав»‐ро «Рӯзи Рӯдакӣ» таъйин кард»...

 Шахсияти мустаоримзо Деҳқон ба қазия аз дидгоҳи иҷтимоъгарии рӯзафзуни замон, фарорафти донишу фановарии сиёсиву иҷтимоии ин давраи бунёди ҷомеаи ранҷбариву табақотӣ наздик шудааст. Аз мақола равшан мешавад, ки муаллифи «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Айнӣ шарҳи ҳоли Рӯдакиро дар ин китоб бо такя ба «Намунаи адабиёти Эрон» ба қалами олими озарбойҷонӣ Мирзо Мӯҳсин Иброҳимӣ (1922, Бодкӯба) бознависӣ кардааст. Ба ин муносибат Рӯдакӣ бори дигар дар «Намунаи адабиёти тоҷик» низ ҷойгоҳ пайдо кард. Аснод ва муҳокимаҳои шахсии устод Айнӣ аз хусуси Рӯдакӣ – ишора ба ихтилофи зодгоҳ бо такя ба маъхазҳо, нақди шеър ва нақди назари Давлатшоҳ муҳимтарин падидаи шинохти бунёдгари шеъри форсӣ дар замони наванд.

Бо тазкираи устод Айнӣ бори нахуст 45 байти Рӯдакӣ дар ихтиёри хонандаи замон қарор гирифт. Дар матншиносии осори шоир чунин хосияти фароҳамоварии ашъори бозмонда муҳим аст. Дар ин осор барои бозтоби пайванди замон бо гузашта, бознамоии ҷойгоҳи арзандаи адабиёти гузашта ва ангезиши ҳарчи бештари он дар андешаи замон кӯшиши фаровон ба харҷ рафта. Ба ин маънӣ, бо кӯшишу талоши зиёиёни солҳои 20‐уми садаи бист номи абадзиндаи Рӯдакӣ дар давраи пасоинқилобӣ дубора ба курсии адабшиносӣ нишаст. Азамату густариши баъдии рӯдакишиносӣ аз ин ҷусторҳо маншаъ ёфтаанд.

Расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарзонаи миллат, қадршиносии сазовори гузаштагони банангуор буд, ки миллати соҳибтамаддуни мо дар шинохти шахсиятҳои таърихиву адабӣ чун Рӯдакӣ талошҳои бештар намуданд. Дар партави саодати соҳибдавлатӣ соли 2002 дар Тоҷикистон санаи 22‐юми сентябр ҳамчун рӯзи Рӯдакӣ ба рӯйхати ҷашнҳои миллӣ шомил шуд ва наздик 20 сол аст, ки бо шаҳомат ин рӯзро ҷашн мегирем ва тантанаи Рӯзи Рӯдакиро ба ҳам табрик мегӯем.

Субҳони АЪЗАМЗОД,

номзади илмҳои филологӣ,

дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh