МУҲИМТАРИН БАХШИ ИҚТИСОДИЁТ

Имрӯзҳо падидаҳои зиёде ҳастанд, ки ҷомеаи моро дар масири Истиқлоли давлатии кишвар бештару беҳтар ва вусъатпазир муаррифӣ менамоянд. Яке аз ин ҷанбаҳо туризм ё сайёҳӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла дар кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистони маҳбубу соҳибихтиёр бештар маъруфият касб кардааст.

Сабаб чист? Омили асосӣ ин аст, ки кишварамон амнтарин мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ раддабандӣ гардида, дар осмони софу беғубори он фазои ҳамгироӣ, ваҳдат ва сулҳу оромии комил танинандоз асту бо обҳои мусаффои нӯшиданӣ ва обҳои шифобахш, диёри кӯҳҳои сарбафалаку осмонбӯс ва табиати нотакрораш машҳуру шинохта шудааст.

Дар ин росто ташаббуси бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълом доштани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушду пешрафти сайёҳӣ, саёҳату туризми гуногунсамт, афзудани шавқу завқу сайёҳони чи хориҷиву чи дохилӣ такони пурвусъат бахшидааст. Теъдоди сайёҳон дар қаламрави кишвар, аз ҷумла, вилоятамон бамаротиб зиёд гардида, соҳаи сердаромад маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки сайёҳӣ аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷомеаи мо ба шумор меравад. Тоҷикистон, чунонки дар сарчашмаҳо зикр шудааст, аз 3000 то 7495 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 93 фоизи қаламрави ин кишвари зебову табиаташ нотакрор саросар кӯҳсор мебошад. Дар Ватани мо пиряхҳои азимҷуссаву бузург, дарёҳои калону сероб, кӯлҳои дорои обҳои мусаффо ва ҳайвоноти нодир мавҷуданд. Табиати афсонавию камназир ва сарватҳои табииаш сайёҳонро мафтун сохтааст. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ мавзеъҳои беназири сайёҳӣ ҷойгиранд, ки диққати сайёҳонро ба худ мекашанд.

Дар қаламрави вилоятамон фароғатгоҳҳои табобатӣ низ хеле зиёданд, аз он ҷумла, «Зумрад», «Ҳавотоғ», «Баҳористон» ва як қатор осоишгоҳҳои бонуфуз, меҳмонхонаҳо дар хизмати сайёҳон мебошанд. Табиати диёри зебоманзари мо нотакрору иқлими басо муътадилу мувофиқ, инчунин ёдгориҳои нодиру куҳани таърихӣ дорад.

Барно АБДУҒАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh