Бознашри "Қатли Туғрал"

Китоби "Қатли Туғрал"-и Қутбӣ Киром, ки соли 1993 тавассути нашриёти «Сино» чоп шуда буд, бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар интишороти "Орван" - и шаҳри Теҳрон бо хати форсӣ мунташир шуд.

Чуноне Шоҳмансури Шоҳмирзо масъули бахши Тоҷикистонии Муассисаи фарҳангии ЭКО қайд мекунад, дар пешгуфтори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагиномаи Туғрали Аҳрорӣ, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик маълумоти мухтасаре омадааст.

Гузаштагони Туғрал самарқандӣ ва аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буданд. Девони Туғрал бори аввал соли 1916 дар чопхонаи Когон мунташир шуда, осори боқимондаи ӯ, асосан, дар қолиби маснавӣ, қасида, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод шудааст. Маснавии "Лайлӣ ва Маҷнун" - и ӯ иборат аз дусаду нуздаҳ байт дар пайравӣ аз "Лайлӣ ва Маҷнун" - и Шамсиддини Шоҳин - аз шоирони муосири ӯ  суруда шудааст.

Туғрал дар пайравӣ аз Бедил "Соқинома" ҳам навиштааст. Манзумаи "Наврӯзнома" низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Қутбӣ Киром Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи  Рӯдакӣ дар асари мазкур фоҷеаи ба шаҳодат расидани ин шоири тавонову соҳибзавқро тасвир намудааст, ки бори аввал бо хати форсӣ мунташир мегардад.

Гуфтанист, ки соли 1993 «Қатли Туғрал» бо теъдоди чиҳил ҳазор нусха нашр шуда буд.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh