ҶӮРА ЮСУФӢ: “РӮЗНОМАНИГОР БОЯД РАҚОБАТИ СОЛИМ ВА РАФОҚАТИ САМИМӢ ДОШТА БОШАД”

Рӯзноманигори варзида ва шоири соҳибном Ҷӯра Юсуфӣ бо нишони сарисинагии «100-солагии матбуоти тоҷик» қадрдонӣ шуданд. Ҷӯра Юсуфӣ воқеан аз зумраи рӯзноманигорони соҳибсабк дар журналистикаи муосири тоҷик мебошанд ва дар шаклгириву рушди рӯзноманигории тоҷик, бавежа вилояти Суғд саҳми арзанда доранд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳампешаву ҳамқалами ҳунарманди хешро самимона бо ин қадрдонӣ таҳният мегӯянд. Бо баҳонаи шодбошии ин дастовард сӯҳбате доштем бо Ҷӯра Юсуфӣ, ки онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

-Устоди азиз, қадршиносии заҳмати чандинсолаатонро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ таҳният мегӯем, муборак бод! гӯем, муборак бод!

- Ташаккур, воқеан ин мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ғофилгирам кард. Огоҳ ҳастем, ки аввалин маротиба нишони сарисинагии «100-солагии матбуоти тоҷик» соли 2012 ба собиқадорони соҳа ба ифтихори 100-солагии аз нашр баромадани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф», ки ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, тақдим шуда буд. Баъди он сол ин нишон ба собиқадорони соҳа ҳамчун нишони сипосмандиву эҳтиром тақдим мешавад. Мо ҳанӯз соли 2019 ба ин мукофот тақдиронида шуда будаем, вале огоҳӣ надоштем ва дирӯз дар як маҳфили хотирмон, ки дар маҷаллаи «Паёми Суғд» баргузор шуд, раёсати суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишонро бароям тақдим намуд, ки хеле ғайриинтизор ва хушҳолкунанда ҳам буд.

-Биёед, аз даричаи таърих назар дӯзем, ба Ҷӯраи навқалам, ки имрӯз хидматҳояш дар риштаи матбуоту адабиёт бо ифтихорномаву сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд, Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, нишони «Аълочии матбуот»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишони адабии «Шаҳриёр»-и Эрон қадр шудаанд, оғози роҳ чӣ гуна буд?

-Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1979 хатм карда, дар рӯзномаи "Машъал"-и Мастчоҳ ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба кор оғоз кардам. Дар ин рӯзнома хабарнигор, мудири шуъбаи кишоварзӣ, ҷонишини муҳаррир ва сармуҳаррир будам. Аз соли 1991 ҳамчун раиси бахши ноҳиявии Бунёди забони тоҷикӣ ва ҳамзамон мушовири шуъбаи маориф, муаллими мактабҳои миёна фаъолият доштам.

Дар рӯзномаи “Гулбонг”-и шоир Қувват Давлат котиби масъулӣ ҳам кардем. Аз соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд кори рӯзноманигориро ба ҳайси муовини сардабири ҳафтаномаи «Ориён» давом дода, аз моҳи сентябри соли 2000 муовини сардабири рӯзномаҳои «Суғд» ва «Суғдиён» будам. Аз моҳи сентябри соли 2005 муовини сардабири ҳафтаномаи «Вароруд» таъйин шуда, ҳамзамон дар бахши рӯзноманигорӣ ва тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чанд сол ҳамчун муаллими калон фаъолият кардам.

Моҳи ноябри соли 2011 рӯзномаи хусусии «Дам» таъсис додем, ки сардабирии онро низ ба уҳда доштам. Баъди 5 сол, ноябри соли 2016 бо сабаби мушкилоти молиявӣ «Дам» баста шуд. Алҳол хабарнигори махсуси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ва мушовири бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» дар вилояти Суғд ҳастам.

-Устод, Шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки ҳам дар журналистикаи замони шӯравӣ фаъолият доштед ва ҳам дар журналистикаи замони истиқлол ва агар гӯем, ки дар саргаҳи журналистикаи ҳавзаи вилояти Суғд дар замони лояти Суғд дар замони Истиқлолият қарор доштед ва дар бунёди он саҳм гирифтаед, хато нахоҳем кард. Лутфан мегуфтед, ки соҳибистиқлолӣ ба журналистикаи тоҷик чӣ дод? лолӣ ба журналистикаи тоҷик чӣ дод?

- Хушбахтона, замони бозсозии горбачёвӣ барои ҳаракати миллию худшиносии мо бисёр нақши бузург дошт, плюрализм, ошкорбаёнӣ. Ҳамон солҳо Тоҷикистон дар Осиёи Миёна яке аз пештозони ҳаракати истиқлолхоҳӣ шуд. Аввалин шуда дар Осиёи Миёна Тоҷикистон Қонуни забони давлатиро қабул кард. Маҳз, дар Тоҷикистон нахустин рӯзномаву нашрияҳои мустақил пайдо шуданд. Масалан, «Растохез», «Дунё», «Сомон», тафаккури мо дар шинохти демократия нисбат ба дигар ҳамсоякишварҳо пеш рафт. Нахустин интихоботи демократие, ки дар он Раҳмон Набиев пирӯз шуд, дар Осиёи Миёна мислу монанд надошт. Ҳамчунин, интихоботи Шӯрои Олӣ бисёр демократӣ гузашт.

Аҳли зиёву илм ба парлумон роҳ ёфтанд, масалан, устод Бозор Собир, Тоҳири Абдуҷаббор ва дигарон. Дар ин радиф матбуоти озод ҳам пайдо шуд. Вале бадбахтона, ҷанги таҳмилӣ дар кишвар оғоз шуд. Ин ҷангро ҷанги таҳмилӣ мегӯянд ва воқеан ҳам ҷанги таҳмилӣ буд, вале омилҳои дохилӣ ҳам хеле зиёд дошт, ки бадбахтона, яке аз омилҳояш, ки камтар дар борааш ҳарф мезананд, маҳагароии мо аст, ки ҳанӯз аз ин вабо миллати мо раҳо нашудааст. Аммо чуноне ки мегӯянд, «мусалсалҳо садо баланд кунанд, булбулҳо хомӯш мешаванд» ва дар замони ҷанги дохилӣ дар ҳама соҳоти иҷтимову иқтисодии кишвар, аз ҷумла матбуоти тоҷик ҳам замони бӯҳрони бисёр азим ҳукмрон шуд, ки дигар мардум, ба қавли ҳазрати Соиб «ҳама дар фикри шикам буд». Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ оҳиста-оҳиста матбуоти мо ҳам аз нав эҳё шуд. Шумораи рӯзномаву телевизионҳои хусусӣ афзуд, бавеҷа дар Шимоли кишвар таъсиси рӯзномаву радио ва телевизионҳои хусусӣ бештар буд.

Рӯзномаҳои «Суғд» ва баъдан «Вароруд» симои матбуоти хусусии кишварро дар шимол нишон дода тавонистанд. Мардум дубора рӯзномахон шуд. Дар матбуот падидаҳои нав ҳам зуҳур карданд. Ҷанрҳои таҳлилӣ бештар гаштанд. Агар матбуоти замони бозсозӣ бештар ба танқиди беасос ва сенсатсияҳо таваҷҷуҳ карда бошад, баъди расидан ба ваҳдати миллӣ дар матбути тоҷик танқидҳои воқеӣ ва маводи касбӣ зиёд шуд. Андешаву назарҳои гуногун ба матбуот роҳ ёфт. Насли нави рӯзноманигорон ҳам пайдо шуд, насле, ки бо диди нав ба ҷомеа менигарист. Бисёр созмонҳои байналмилалӣ барои тарбияву таълими журналистони насли нав иқдом варзиданд. Рӯзноманигории тоҷик бо журналистикаи муосири Ҳарб ошно шуд. Имрӯз дар вилоят насли бисёр фаъоли рӯзноманигорон кор мекунанд. Ин насл бо диду нигоҳи нав роҳҳои ҷадиди пешниҳоди мавод рӯзноманигории тоҷикро ба пеш мебаранд.

- Устод, чун ҳарф аз насли нави рӯзноманигорон рафт, мехостем, аз мактаби рӯзноманигории Шумо пурсон шавем. Огоҳ ҳастем, ки чанд сол дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият доштед ва дар назди рӯзномаҳои «Суғд», «Вароруд» ва «Дам» бо роҳбарии Шумо маҳфилҳои рӯзноманигорӣ ба роҳ монда мешуд. Ин мактаби амалияи журналистика дар тарбияи мутахассисон саҳми босазо дошт.

Шумо ба рӯзноманигорони ҷавони вилоят, бахусус он нафароне, ки нав ба ҷодаи рӯзноманигорӣ қадам мениҳанд, чӣ гуфтание доред? Ба фикри Шумо онҳо барои рӯзноманигори воқеӣ шудан чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонанд?

-Воқеан бо пешниҳоди Носирҷон Салимӣ замоне, ки сарварии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба уҳда доштанд, ба корҳои таълимии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ҷалб шудам ва беш аз даҳ сол ба донишҷуён аз нозукиҳои ин касб дарс гуфтам. Фикр мекунам, ки шуъбаи рӯзноманигории донишгоҳ аз солҳои нахустин тавонист, вазифаи худро иҷро ва зарур буданашро дар ҳавзаи Суғд исбот намояд.

Дар тамоми васоити ахбори оммаи вилоят кадрҳои ҳамин муассиса фаъолият доранд. Ин муваффақияти хуб аст. Аслан кор бо шогирдонро аз маҳфили илмиву адабии «Зарафшон», ки дар ноҳияи Масчоҳ то имрӯз фаъолият мебарад, оғоз карда будам. Хушбахтона, дар ин ҷода шогирдони зиёд ба рӯзнома меомаданд ва мо ба онҳо саҳифаҳои алоҳидаро вобаста карда будем ва шогирдон дар корҳои амалӣ дониши хешро такмил медоданд. Дар «Вароруд» саҳифаи «Субҳи ҷавонӣ» минбари донишҷуёни шуъба буд. Дар ин маҳфилҳо таҷрибаи амалии бачаҳо комил мешуд. Ба фикри ман, айни ҳол ҳам донишҷӯён бояд ба амалия ва корҳи эҷодӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд, беҳтар аст. Ҳоло онҳо тамоми назарияҳои марбути журналистикаро бо як пахши тугмаи компютер бо тамоми забонҳои дунё аз интернет пайдо карда метавонанд, аммо сайқали амалияи журналистика аз талошҳои худи онҳо сахт вобаста аст. Насли нав, ба мушоҳида ман, аз мо беҳтару пештару бештар аст ва бояд чунин ҳам бошад.

Ман аз насли ҷавони рӯзноманигорон розӣ ҳастам, аммо аз ин имкононе, ки доранд, боз ҳам бештар истифода карданашон мумкин аст. Яъне онҳо ҳоло нерӯи хешро ба пуррагӣ ба кор нагирифтаанд.

-Дар ҳамин радиф мехостем бидонем, ки ба андешаи Шумо, барои рӯзноманигори хуб шудан истеъдод муҳим аст ва ё донишу ғайрату малака?

- Албатта, дар ҳама намуди фаъолият истеъдод муҳим аст, масалан агар як дуредгар истеъдод надошта бошад, корашро хуб анҷом дода наметавонад, аммо, ба фикрам, Чехов мегӯяд, -«Худованд ба инсон агар як фоиз истеъдод дода бошад, наваду нӯҳ фоизи муваффақият аз талошу ғайрат вобаста аст». Инсон бояд истеъдоди худро такмил диҳад, яъне истеъдод танҳо дар натиҷаи омӯхтан, сайқали маҳорат рушд мекунад. Яъне пайваста омӯхтан, пайваста истеъдоди худро рушд додан лозим аст. Ҳазрати Пайғамбар (с) беҳуда нагуфтаанд, ки «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ».

Бахусус дар замони муосир ва дар касби рӯзноманигорӣ, ки ҳар лаҳза навгониҳо ба вуқӯъ мепайвандад, пайваста аз болои хеш кор накунем, рушд намудан ғайриимкон аст. Ҳамқадоми замон бояд буд. Масалан, имрӯз матбуот ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад, ки ҷавобгӯи талаботи асри иттилоот бошад, ин аст, ки рӯзнома ба таҳлилу таҳқиқ рӯ овардааст. –

Устод, дар воқеъ имрӯз рӯзномаҳо веҷагии хабаррасонии хешро аз даст додаанд ва барои ин аксари ҷаридаҳо аллакай сомонаҳои худро доранд. аксари ҷаридаҳо аллакай сомонаҳои худро доранд. Баҳси куҳна шудан ва дер ё зуд аз майдони журналистика берун шудани матбуот аз замони пайдоиши радиову телевизион ҷой дорад ва марҳала ба марҳала дар ин баҳсҳо делелҳои зиёдеро ба ба марҳала дар ин баҳсҳо делелҳои зиёдеро ба унвони мисол ҳам меоранд. Аммо чуноне ки мебинем, то имрӯз рӯзнома фаъолият дорад ва матбуот талош дорад, ки рисолаташро пеши хонандаи худаш анҷом диҳад. худаш анҷом диҳад.

Дар ҳамин робита мехоҳем, суол кунем, ки оё Дар ҳамин робита мехоҳем, суол кунем, ки оё воқеан дар ояндаи наздик ё дур рӯзнома хонандаи худашро аз даст медиҳад? Яъне рӯзнома ба саҳфаи таърих меравад?

- Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мутаассифона, рӯзнома дар шакли коғазиаш рӯ то рӯз тираҷҳои хешро кам карда истодааст ва дигар он ҳашамату он шумораҳои бароришро надорад, чун хоҳ-нохоҳ таъсири замон эҳсос мешавад ва ногузир аст, ки мо бояд ба фаврияти рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ бошем. Шояд рӯзномаҳо дар шакли коғазӣ аз байн раванд, аммо ҳамчун рӯзномаҳои электронӣ ва онлайнӣ боқӣ хоҳанд монд, зеро мардум ба ҷуз иттилоъ гирифтан таҳлилҳову нуқтаи назарҳоро низ донистан мехоҳанд. Барои донистани раванди воқеаҳо ҳатман ҷанрҳои таҳлилӣ, мақолаҳои хуби таҳлилӣ дар ҳама давру замон харидори худро дорад. Дар ин росто, ҷанрҳои таҳлилӣ ва таҳлилгарони хуби касбӣ асоси матбуот мешаванд.

- Воқеан, имрӯз нашрияҳо ба хотири ҷалби хонандаи хеш дар сомонаҳояшон бояд аз усулҳои чандрасонаӣ истифода кунанд, зеро хонанда дар баробари мутолиа дидану шунидан мехоҳад.

-Бале, таҳлили муосир дар матбуот ҳаминро тақозо мекунад, чун имкон ҳаст, технология тараққӣ кард, чаро истифода накунем? Дар ин замина дар матбуот ба ҷанрҳои тафсир ва ташреҳ бояд бештар таваҷҷуҳ шавад. Ё худ публитсистика. Воқеан хонандаи муосир низ ниёз дорад ба публитсистикаи хуб. Ман худам пештар қариб ки очеркҳои портретӣ наменавиштам, вале имрӯз муътақид гаштам, ки дар рӯзноманигорӣ симоофарӣ хеле муҳим аст. Зеро барои муаррифии одамони замони мо публитсистика зарур аст, бояд ин шахсиятҳоро ба имрӯзу ояндаи хеш муаррифӣ кунем.

- Устод, дар ин робита як муаммои дигар ҳам ҳаст, ки андешаи Шуморо дар ин маврид донистан мехостем. Чун аз шахсияткушоӣ ва очеркнависӣ сухан рафт, то куҷо дар журналистикаи муосир воқеан шахсиятҳои арзанда муаррифӣ мешаванд? Чун имрӯз таблиғу ташвиқу тиҷорат ба ин самти журналистика низ бетаъсир намондааст. налистика низ бетаъсир намондааст.

-Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки замони сармоядорӣ аст. Бисёр арзишҳое, ки як замон воқеан баланд ҳам буданд, дар замони сотсиализм бе бозгашт аз даст додем.

Дар тамоми давлатҳои дунё ҳамин гуна таҷриба ҳам ҳаст, ки аксари шахсро маблағи онҳо муаррифӣ кард ва шахсият сохт. Масалан, Трампро пулу моли ӯ чун шахсият муаррифӣ кард. Ӯро ба сиёсат таблиғот овард. Мо ҳам сармоядорони зиёде дорем, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву иқтисодӣ ва ҳатто сиёсат ҳам хидматҳои арзанда кардаанд. Ҷаҳони онҳоро ҳам омӯхтан лозим, чӣ хел сарватманд шуд? Сарватманд шудан ҳам кори осон нест.

Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Нигаҳдории мулку давлат балост,

Гадо подшоҳ асту номаш гадост.

Мо бояд баҳодиҳии яктарафаро бас кунем, мафкураи шӯравии «бой ҳатман муттаҳаму маккор аст» бояд аз миён бардошта шавад. Тафаккури шахшудаи шӯравӣ бояд садди роҳи шинохтани фарзандони воқеан арзандаи замон набояд шавад.

Бояд гуфт, ки публитсистика бояд бо диди нав, тахайюли муосир ба хонандагон пешиниҳод шавад.

-Вазъи кунуни журналистикаи вилоятро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Ҳам хуб аст, ҳам бад.

- Дар бораи хубиҳо гуфтем, бад чаро ва ба чӣ хотир?

- Албатта, дар ин миён ҳастанд рӯзноманигороне, ба хотири маблағ шахсони беарзишро арзиш мебахшанд, аз шахсҳои қаторӣ қаҳрамонҳои давр месозанд. Ба истилоҳ, барномаҳои тиҷоратӣ, китобҳои тиҷоратӣ, мақолаҳои тиҷоратӣ, нашрияҳои тиҷоратӣ. Бадбахтона, маҷаллаву рӯзномаҳои соф тиҷоратӣ зиёд шуда истодаанд, ки аксаршон аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Аммо халқ худаш доно аст, сараро аз носара фарқ мекунад.

-Шуморо хонандагон дар баробари рӯзноманигори муваффақ ҳамчун шоири хушсалиқа мешиносанд ва воқеан ҳам шоири соҳибзавқ ҳастед. санд ва воқеан ҳам шоири соҳибзавқ ҳастед. Шуморо бо шеър кӣ ошно кард ва ба олами шеър овард?

-Хушбахтона, аз хурдӣ ба навиштани ҳикояҳо ҷиддӣ машғул будам. Ҳанӯз синфи чаҳорум будам, ки як ҳикояи хурдам дар «Пионери Тоҷикистон» чоп шуда буд. Дар рӯзномаи ноҳиявӣ ҳам ҳар шумора хабар, маводи хурди ман нашр мешуд.

 Нахуст устоди ман Қурбон Ҳусейнӣ мебошанд, ки аз синфи аввал то синфи чаҳорум ба мо дарс додаанд ва шоири бисёр хуб буданд. Аз он кас ба хонандагон се девон ба мерос мондааст. Нахустин ҳарфҳои хоми моро он кас қалам мезаданд. Баъди хатми мактаб, соли 1974 ба донишгоҳ дохил шудам ва хушбахтона, дар солҳои донишҷӯӣ баробари навиштани мақолаву очеркҳо ба навиштани шеър ва тарҷумаи бадеӣ низ ҷиддӣ машғул будам ва навиштаҳоям дар рӯзномаҳои «Ба қуллаҳои дониш», «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» ва ғайраҳо ба табъ мерасиданд.

Замони донишҷӯӣ аз мактаби Шарифҷон Ҳусейнзода баҳравар шудам. Дарсҳои лексиониро устод ва дарсҳои амалиро устод Абдунабӣ Сатторзода мегузаштанд. Боре ман ба қабати дафтари амалӣ, ки устод барои тафтиш ҷамъ мекарданд, чанд шеърамро гузоштам. Ростӣ, ман барои нишон додани шеърҳоям метарсидам. Баъд устод Абдунабӣ Сатторзода дар дарси навбатӣ аз ман пурсиданд, ки ин шеърҳо аз куҷову аз кӣ аст. Бо ҳаяҷон гуфтам, ки аз ман. Он кас бо хурсандӣ гуфтанд, ки ман бояд ҷиддӣ ба навиштани шеър машғул шавам.

Тавсия доданд, ки шеърҳоямро ба устод Лоиқ нишон диҳам. Баъди ин суханони устод дилам ба шеъру шоирӣ гарм шуд ва ҷасорат ҳам пайдо кардам, ки ба маҳфилҳои устод Лоиқ биравам. Он замон дар назди «Садои Шарқ» маҳфили ҳармоҳаи «Адибони ҷавон» фаъолият мекард. Мо пешакӣ шеърҳоро бурда месупоридем. Устодон шеърҳои моро мехонданд ва дар маҳфил баъд он баррасӣ мешуд. Ҳамин тавр дар ин ҷода пири мо, устод Лоиқ буданд.

- Мехостам, ба хонандагон аввалин вохӯриатонро ба устод Лоиқ нақл кунед, албатта, чунин як лаҳзаи муҳиму арзишманд ҳеч гоҳ аз ёди кас фаромӯш намешавад. Ҳамин тавр?

- Бале. Ман ба маҳфили «Адибони ҷавон» шеърҳояро супорида будам ва устод бо шеърҳо ошно шуда буданд. Аммо бо ҳамдигар бори аввал рӯ ба рӯ мешудем.

Устод ба ман гуфтанд, ки як шеър хонам ва ман шеъреро хондам, ки бо чунин мисраъҳо поён меёфт:

Эй дареғ, аз сари шаб то саҳар

Ҷомҳо лабрез, дилҳо холӣ буд.

Ин байт ба устод писанд омад ва шӯхикунон гуфтанд: - намешуд, ки ҳамин дилҳо ҳам саршор бошанд.

Дар ҳамон маҳфил устод насиҳат карданд, ки доираи мавзӯъро васеъ кунам ва ба иҷтимоъ низ таваҷҷуҳ намоям.

Хушбахтона, бо устод замоне, ки он кас раиси Бунёди забони тоҷикӣ буданд, зиёд ҳамкорӣ кардем. Дар татбиқи забони модарӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда буд.

- Барои шоири хубу муваффақ шудан ҳамон пандеро ба ҷавонони имрӯз бигӯед, ки ба Шумо устод Лоиқ гуфта буданд.

 -Устод мегуфтанд, шоир бояд ҳам дарду ғам ва ҳам шодиро таҳаммул кунад. Чӣ қадар одам дарду ғами зиёд дошта бошад, ҳамон қадар шеъраш баландтару басӯзтар мешавад ва мисол меоварданд, ки дарёҳои кӯҳӣ аз болоҳо поён меоянд ва дар ҷойҳое, ки танг аст, чунон садои оби дарё баланд мешавад, ки одам наметавонад, садои ҳамдигарро бишнавад, аммо вақте ки оби дарё ба марғзор, ба паҳно мерасад, ором мешавад. Яъне мегуфтанд, ки шукри дарду ғамро ҳам бояд гуфт, ки ҳарфҳои нобро тавлид мекунад. Устод Лоиқ мегуфтанд, ки илҳомашон дар ду ҳолат меояд: ё аз ҳад зиёд ғамгин бошанд ва ё аз ҳад зиёд шод. Яъне шукри шодиву ғамро бояд кард, ки шеър тавлид мекунад. Ба ҷавонон ҳамин панди устодро мерасонам.

-Устод, дар мавриди рақобати эҷодӣ барои ҷавонони эҷодкор, ҳам рӯзноманигорону ҳам шоирон чӣ мехоҳед бигӯед?

-Ман мехоҳам, ки рақобат бошад, фақат рақобати солим бошад, рафоқат- рафоқати самимӣ бошад. Зеро эҷод бе рақобат намешавад ва ҳамеша рақобати солими эҷодӣ омили рушди эҷодкор будааст. Аммо дар «либоси дӯстдорӣ кори душман кардан» хуб нест.

 -Медонем, ки дар ҳама анвои шеър дасти қавӣ доред, бештар ба кадом ҷанр ишқ меварзед?

-Бештар ба ғазал муҳаббат дорам, ҳарчанд ки кӯҳна аст, онро ҳамеша бо тору пуди нав бофтан мумкин аст.

- Маҷмӯаи нави ашъоратон барои нашр омода аст?

-Бале, дар нақша дорем, ки дар соли 2021 ду маҷмӯаи ашъори хешро пешкаши хонандагон созем. Яке аз маҷмӯаи шеърҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр хоҳанд шуд. Шеърҳо дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Россия Абдуқаюми Муҳаммадҷон пешкаш хоҳанд шуд.

- Чӣ таманное доред барои хонандагони мо?

- Таманно мекунам, ки шукри ободиву озодӣ намоянд шукри соҳибистиқлолии давлатро намоянд. Мо шукр бояд кунем, ки Тоҷикистон дорем. Кам нестанд миллатҳое, ки давлати худро надоранд, масалан, курдҳо, аммо мо давлат дорем. Сарфи назар аз мушкилу муаммоҳо ин муваффақияти мо аст. Мо тамоми нерӯи хешро барои ҳифзи ин давлат ва баланд бардоштани обрӯи миллат сарф кунем. Ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ муҳим аст, бахусус дар остонаи 30- солагии Истиқлолияти кишвар, ки воқеан ҷашни бисёр бузург мебошад.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh