САБРИСТОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки мо бояд имкониятҳои бузурги соҳаи сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Дар ин росто шаҳри бостонии Истаравшан низ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ буда, барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Сабристон яке аз мавзеъҳои муқаддас ва хушманзараи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар деҳаи Ругунд ҷойгир аст. Сабристон бо дарахтони бузургҷуссаи 1200 - 1400 - сола, ки ғафсии танаашон 5,5 - 8,5метр ва баландиашон 40 - 50 метр аст, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Сабристонро «Савристон» низ меноманд. Ин унвон шояд ишора ба дарахти сарв бошад, аммо ин дарахтон ба сарв шабоҳат надоранд. Дар Эрон бутта ва дарахтони сарсабзро низ сабр меноманд.

Тибқи маълумоти «Равзат-ус-сафо», шираи талхи гиёҳи сабр дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад. Ривояте вуҷуд дорад, ки 11 саҳоба дар ҳамин мавзеъ ғайричашмдошт ба таъқиб дучор мешаванд. Онҳо савори асп ба роҳ мебароянд. Дар ҳамин асно мехҳои чӯбин аз қафояшон ҳаракат намуда, садди роҳи таъқибгарон мешаванд. Ин дам нидое аз ғайб меояд: «Истед, сабр кунед!» Мехҳо дар ҷояшон қарор гирифта, сипас бо гузашти айём чун мӯъҷиза месабзанд.

Қисми дигари Сабристонро бинои боҳашамати масҷид зеб медиҳад. Он 8 - кунҷа буда, аз толори калони зебо ва айвони барҳавои диққатҷалбкунанда иборат аст ва соли 1560 сохта шудааст.

Дар сақфи масҷид номи устоҳои наққош, чӯбкор, заргар, аз ҷумла Абдулазизи Наҷҷор, Мирзоҳусейни Наққош, Муҳаммадназар валади Муҳаммад Юсуфи Наҷҷор, Мубаширкор Мирфайз ибни Мирносир сабт ёфтаанд. Сарварии ҷараёни сохтмонро Шамсии Мутаввалӣ ба уҳда дошт. Ҳунарманди наврас Абдуқодири Наҷҷор низ ҳамроҳи устодонаш дар ороишоти масҷид иштирок намудааст.

Барҳақ, шоири закитабъ Зуфархони Ҷавҳарӣ Абдулқодири Наҷҷорро, ки дар Самарқанду Бухоро чун устои мумтоз шуҳрат ёфта буд, «Ҳунарвари замон» номидааст. Айвони масҷид дертар, соли 1343 ҳиҷрӣ (1924-1925) аз тарафи дигар устоҳо: Муҳаммад Нозим – писари Муҳаммадюсуфи Наҷҷор ва бародарон Маъмуру Мунин сохта шудааст. Дар паҳлӯи чапи масҷид мазоре воқест, ки дар ҳуҷҷати таърихии соли 1280 ҳиҷрӣ (1813) мазори Хоҷа Шаҳидон зикр шудааст. Мазор соли 1895 номи «Шайх Руҳиддин» ва сипас Сабристонро гирифтааст.

Хоҷа Шаҳидон, Хоҷа Мӯйсафед, Хоҷа Ғолибон, Шайх Руҳиддин-табибу олим ва донишмандони ислом, тарғибгарони афкори мазҳаби ҳанафӣ, ки аз худ нақши босазо гузоштаанд, чун бузургони «Сабристон» ёдовар мешаванд.

Дар ин мавзеъ қабри яке аз шахсиятҳои барҷаста, мутаваллии масҷид Шайх Муҳаммад Шариф – писари Ниёзмуҳаммад қарор дорад. Ӯ таърихи азизону бузургони Сабристонро хеле хуб медонист. Ёддошт ва хотираҳои ин шайх дар шакли китоб солҳои 30-юми асри гузашта нобуд гардидаанд. Дар ин мавзеи таърихӣ инчунин оромгоҳи набераи яке аз чаҳор ёри босафо Абӯбакри Сиддиқ – Хоҷа Мирфозили камарбандӣ вуҷуд дошта, алҳол қадамҷои ниёзмандон гардидааст. Дар шафати оромгоҳ Чилзина ҷой гирифтааст.

Дар гузашта онҳое, ки ба касалиҳои тарсу бим, ларзонак гирифтор мешуданд, дар ин ҷо танҳо нишаста, аз гуноҳҳояшон омурзиш металабиданд, ба Худо илтиҷо менамуданд ва бо умеди аз дард наҷот ёфтан давоми 40 рӯз «чилла» менишастанд.

Маҷмааи ёдгории таърихӣ – меъмории Сабристон то ҳанӯз чун зиёратгоҳи азизону бузургон боқӣ монда, боиси ифтихор аз таърихи ҳазорсолаи миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик гардидааст.

Имрӯзҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус аз Кореяи Ҷанубӣ, Зелландияи Нав, Австралия, Шветсия, Федератсияи Россия, Финляндия, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо аз ин ҷои муқаддас дидан намудаанд, - гуфт зимни суҳбат кишваршинос, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротбой Ҷумъаев.

Саъдуллои Сайфулло,

шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh