ДАР СОЯИ ОФТОБИ ҲУНАР

Наҷво

Садо чун мӯмиё аз санги лабҳоям бурун омад,

Зи хомӯшӣ дамиданҳост наҷвое, ки ман дорам.

Оҳанги хушу лаҳни дилошӯби ӯ дар сукути кӯҳистон танин меандозад, ба фавҷи ваҳшати хомӯшӣ рахна мезанад ва дилҳои қафасиро раҳоӣ мебахшад. Ҳамин гуна дарк мекунам пайки садои ӯро.

Чанде қабл «Мусиқии биҳишт»-и Шопенро гӯш кардаму ҳушам рафт ба биҳишт. Дар зеҳн он наворо бо садои биҳиштии кӯҳистони сарзамин ба қиёс овардам ва фарқе наёфтам аз ин то он.

Дар хаёлам Фредерик Шопен аз навои андалебон, аз суруди чашмасору рӯди пуртуғён, аз нохунзании борон, аз садою дурахши раъду барқи навбаҳорон, аз хамӯшӣ, аз хурӯш, аз рӯшаниву торикӣ… аз ҳарчи эҳсосро дар вуҷуди инсон бедор мекунад ва хусусан дар оғӯши пурмуҳаббати кӯҳсори тоҷикон баҳра бурда бошад.

Албатта, суҳбати мо аз Шопен – як нафар оҳангсози шаҳири лаҳистонӣ нест, балки сухан аз сеҳру муъҷизаи навост.

Ҳайфам меояд ба касоне, ки аз ин олиҳаи нафосат ноогаҳанд, калимаи шаҳодати мусиқӣ намедонанд, савти биҳишт дар гӯшашон нанишастааст.

Аз ин дебочаи мухтасар ва шояд муфассал чанд воҷа, аз қабили оҳанг, лаҳн, танин, мусиқӣ, наво, садо бо худ мегирем ва ворид мешавем ба ҷаҳони нияти хеш.

Истеъдод

Ҷилва кардам дар таҷаллигоҳи истеъдодҳо,

Бо ҳамон як дона гавҳар, ки зи модар доштам.

Истеъдод донае гавҳар аст. Агар тасаввур кунем, ки ин марворид дар куҷост ниҳон, ба баҳру уқёнуси гуҳарпарвар хушамон меояд. Гавҳар то суфтаву пурҷило шавад, чӣ қадар талотуму тӯфонҳо, мадду ҷазрҳоро таҷриба кардаву бо амвоҷ дар ҷидол мешавад.

Осон надоред ба истеъдоде, ки гавҳар шуданист ё ин ҳамаро нафас-нафас дар хеш санҷидаву паси сар кардааст.

Инак, ин қуръаи ниҳонро бо номи соҳиби як истеъдоди ҳунарӣ боз мекунем:

Исроил Файзиддинов

Чаро ӯ?

Ӯст, ки суханро болу пар дод, суруд кард.

Ӯст, ки ба мактаби куҳани мусиқии Исфара дарси кушоду рӯҳи тоза овард.

Ӯст, ки оҳанги худу суруди худро саройид.

Ӯст, ки роҳи худро навардиду менавардад.

Ӯст, ки паёми музофотро ба кулли Тоҷикистон, на, балки ба Аврупову Осиё бурд.

Ӯст, ки сабки тозаву зебои хоси худро офариду сайқал медиҳад.

Ӯст, ки собит сохт: истеъдод дар ҳама ҷо ҳамон аст, хоҳ дар пойтахти кишвару маркази вилоят ва хоҳ дар шаҳру рустои кӯчаки дурдаст.

Ӯст, ки сояпарвард нест. Дар сояофтоби ҳунари худ камол меёбад.

Ӯст, ки бо ҳунари волою шахсияти шоиста дар чашму дили мардум маъво гирифт.

Пас, чаро ӯ набошад?

Мусиқӣ

Мусиқӣ рамз аст, роз аст, ниёз аст, ноз аст, аз зиштӣ ориву зебост.

Мусиқӣ навозиш аст, гудозиш аст, ситоиш аст, забони рӯҳи инсонҳост.

Мусиқӣ андешаву афкору орзуву омоли ботинист.

Мусиқӣ меҳр асту меҳрубонист.

Мусиқӣ садои зиндаи зиндагонист.

Пурсу пос

Исроил Файзиддинов – сароянда, оҳангсоз, мутриб, намояндаи мактаби анъанавии мусиқии Исфара. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

- Мафҳуми мактаби анъанавии мусиқии Исфара чиро ифода мекунад ва ин мактаб дар санъати мусиқии тоҷик чӣ мавқеъ дорад?

- Исфара дар санъати мусиқии тоҷик сабку услуби хоси худро дорад, ки аксари санъатдонон онро эътироф кардаанд. Ин нуктаро Пешвои миллат низ қайд карда буданд. Аз назари он кас, мусиқии ин макон аз манзараҳои дилфиреби он ва обу ҳавои форамаш баҳра гирифтааст.

Мактаби мусиқии Исфара мафҳуми тоза нест. Ин мактаб реша дар таърих дорад. Умар Ҳофизу Зебопарӣ дар тамоми водии Фарғона шуҳрат доштанд ва дар рушди «Шашмақом» саҳми назаррас гузоштаанд.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, хунёгари мумтоз Мирзоқурбон Солиев низ чун ғиҷҷакнавози беҳамто дорои сабки нотакрору хосе буданд.

Санъати мақомхонии Исфара низ шуҳрат дорад. Сабки Исфара рангу бӯйи худро дорад, ки бо табъу завқи мардумаш ва табиати афсункораш тавъам аст. Банда ҳатто шеъру адаби Исфараро махсуси он медонам.

Мо аз ҳамин обу ҳаво нафас мегирем, набзи мо бо набзи ҳамин дарё метапад, пас табиат ба мо таъсиргузор аст ва ҳатто меҳру ихлоси ҳамдиёрон дар эҷоди мо нақш мегузорад.

Баъзе унсурҳои хос дар навозишу саройиши хоҳ сурудҳои «Шашмақом» ва хоҳ сурудҳои халқӣ дар Исфара суруду навои онро ҷаззобият мебахшад, ки дар дигар манотиқи кишвар такрор намеёбад. Ҳанӯз нашунидаам, ки ғиҷҷакнавозе чун устод Мирзоқурбон навозад ё он касро такрор карда тавонад.

- Аз устодони худ ёд кунед.

- Аввалин устодам падари бузургворам. Он кас санъаткори касбӣ набуданд. Дутор дар гӯшаи хонаамон овезон буд. Падарам менавохтанду мо - аҳли оила ҳаводорӣ мекардем, лаззат мебурдем ва ман шогирдона меомӯхтам. Аввалан дутори падарро навохтаам. Шояд муҳити хонавода маро таҳрик дод, ки аз солҳои ибтидоии мактабхонӣ ба навохтану сурудан майл кардам.

Дар дастаи ҳунарии «Ғунча»-и Хонаи пионерон муаллими зиндаёд Додохон Темуров ба ман нозукиҳои санъатро омӯхтанд. Хамчунин, аз устодон Муродҷон Юлбарсов, Усмонҷон Юсуфов ва муаллима Давидова дарси ҳунар гирифтаам. Мирзоқурбон Солиев ҳамсояи мо буданд. Маро мисли фарзанд дӯст медоштанд, меҳрубонӣ мекарданд, таълим медоданд.

Яъне меҳри ҳунар дар вуҷуди ман тасодуф нест, балки орзуҳои зебои кӯдакию бачагӣ маро ҳидоят карданд, то пайваста омӯзаму касби камол кунам.

- Аз устодони санъати тоҷик чӣ хотира доред?

- Солҳои донишҷӯйии мо овони авҷи санъати мусиқии тоҷик буд. Саодати ман буд, ки аз Барно Исҳоқова, Алмос Абдуллоев, Ҷӯрабек Муродов, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Алиҷон Солиев ва бисёр дигар фарзонагони санъат сабақ гирифтаам.

Аз ҷавонон, аз шогирдон низ меомӯзам, кӯшишу ҷӯшиш мароми ман аст.

- Нигоҳи Шумо ба шохаҳои тозаи санъат чун эстрада, поп, рэп…

- Ҳама гуна ҷанр дар санъат низ ҳаққи зуҳуру нуфуз дорад. Ин ҷанрҳо низ чун анвои нави меваҳо коми мардумро ширин мекунанд. Новобаста аз ҷанр мо бояд ба мардум чизи хубро пешниҳод кунем.

Санъат рӯҳу садои замонро ифодаву инъикос мекунад. Мо ҳақ надорем, саҳнаро моликияти шахсӣ донем. Балки он саҳнаи орзуи халқ аст. Ҳама гуна ҷанру эҷод бояд ба тафаккури омма, ба руҳияву характери миллӣ такя кунад, эҳсоси ватанпарастӣ, зебоишиносии мардумро ғановат бахшад.

Саҳна муқаддас аст. Санъаткор бояд шарм надорад, вале беҳаё ҳам набошад. Аз мардум шарм доштан лозим, аммо аз ҳунари худ не. Ҷасорати шахсии санъаткор аст, ки ӯро ба саҳна меорад.

Вале дар ҳеҷ ҳолат саҳнаи урёнии тану лафзро хуш надорам. Ҷойи урёнӣ саҳнаи тоҷик нест.

- Оё ашёи нави электронии мусиқӣ ҷойи истеъдоди шахсро танг мекунад?

- Не, агар устокорона истифода шавад. Масалан, яҳудиён кларнетро чунон менавозанд, ки қойил нашуда наметавонед.

- Баъди хатми донишкада дар Душанбе кор кардед. Чаро он ҷо маскун нашудед?

- Бале, дар донишкада омӯзгорӣ, дар Кумитаи телевизион ва радио, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон соле чанд фаъолият ва овозхонӣ кардам. Бадбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ моро ба кӯйи ноумедиву рӯҳафтодагӣ бурд. Як муддат санъат суқут кард. Суруду наво ба мардум намефорид.

Ба Исфара омадам. Падар аз дунё рафтанд. Бори рӯзгор ба дӯш афтод. Вале меҳри санъат дар дили мо маскан дошт. Лаҳзае аз ҳунар фориғ нашудаам. Шунавандагон сурудҳоямро хуш мепазируфтанд ва ин ба ман болу пар мебахшид. Дигар муҳим набуд, ки барои такмили маҳорат бояд ҳатман ба Душанбеву Хуҷанд равам.

Барои парранда муҳим нест, ки дар куҷо лона дорад. Муҳим он аст, ки чӣ наво мехонад ва қудрати парвозаш то куҷост.

Садои банда ҳатто ба Сарвари давлат шояд писанд афтод, ки бисёр меҳрубонӣ карданд. Аз ин сабаб ба саҳнаҳои баланд даъват мешудам. Мардум маро шинохтанду ман мардумро. Дарёфтам, ки хидмату заҳмати самимонаву содиқона касро ба мурод мерасонад.

- Тӯй беҳтар ё саҳна?

- Ҳар ду. Дар тӯй санъаткор озодтар аст, тӯй ҳунарро сайқал медиҳад. Тӯй имтиҳонгоҳи саҳнаи ҳунар аст. Дар саҳна санъаткор масъулияти азим дорад.

- Суруд чист?

- Суруд ваҷд аст, амри маъруфи ҳунарманд аст. Шояд шумо аз ман ҷавоби беҳтар доред дар ин маврид. Зеро эҷоди шеъру суруд як маншаъ дорад – илҳом. Илҳом бошад, ҳадяи Худованд.

- Қасди Шумо аз эҷод?

- Тасхир.

- Маҳаки интихоби шеър барои суруд?

- Шарти нахуст ин, ки шеър шоирона бошад. На ҳар «шоир» шоир аст. Шоирони кӯчагиро ҳофизони кӯчагӣ дӯст медоранд, вале шеъру суруд кӯчагӣ набояд бошад. Шеър ба дил нохун мезанаду ҳофиз ба тор.

Китоби устод Фарзонаро варақ задаму бадоҳатан оҳанге ба дунё омад ва сурудам:

Тапиши дил ба ҳурмати ёр аст,

Варна ин созу нағма такрор аст.

Гул, ки бе об монд, мемирад,

Хор бе об ҳам ҳамон хор аст.

Оҳанг аз худи шеър падид меояд.

- Сурудаҳои ҳамзабонони Эрону Афғонистонро меписандед?

- Чаро не? Аҳмад Зоиру хонум Гугуш ва чандеи дигар нотакроранд. Вале суруди тоҷикӣ ҳамвазн ва «Шашмақом» ҳамто надорад. Дар танбӯри мо миллион парда ҳаст, ки ягон асбоби дигари мусиқӣ онро адо карда наметавонад.

- Тақлид кардаед?

- Дар оғоз, дар қадамҳои аввал ба устодон Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Саидқодир Ёқубов тақлид мекардам. Вале аз хурдӣ мехостам, суруди худро созаму хонам. Ба роҳ, ки афтодед, бояд изи пойи худро монед. Вақте сабки созу овози худро дарёфтам, дигар ба такрори касе накӯшидам.

- Садои табиат чӣ гуна савт аст?

- Мегӯянд, ки вақте Исроил месарояд, Исфара пеши назар меояд. Албатта, дар ин маврид на ягон мағозаву қасру кӯшк, балки табиати биҳиштии Исфара ва навои нотакрори ин табиатро дар назар доранд. Ин савтест, ки дар гӯши ҷони мо нишастааст, моро ба ҷӯшу хурӯш меорад.

Вале, афсӯс, ки мо кабкро қафасӣ мекунем. Шояд хониши кабк ва ҳар гуна мурғи ҳаво дар домани кӯҳу дара ва фазои озод гӯшнавозтар бошад. Зеро суруд озодиро мепарастаду онро талқин мекунад.

- Мурод аз бунёду тармими хонаи мақом дар кохи фарҳанги шаҳр чист? Оё намешавад, ки мунтазам шаб ё рӯзи мақом дар ин кошона баргузор карда шавад?

- Ин ниятро ҳанӯз ошкор карданӣ набудам. Бале, ин орзуи дерини мост, дар Исфара, ки яке аз марказҳои «Шашмақом»-и тоҷик аст, маҳфили «Шашмақом» бояд амал кунад. Бигзоред, он толори калон ҳам набошад.

Вале мухлисони ин навъи баргузидаи санъати классикӣ бешуморанд. Дар радифи «Шашмақом» дар ин маҳфил фалакӣ ҳам суруда хоҳад шуд. Фалаки Исфара низ арзандаи саҳна аст. Адибонро ҳам даъват хоҳем кард.

- Аҷабо, Исфара, Исроил, Искандар! Шояд Искандар Файзиддиновро ҳам муаррифӣ мекунед?

- Искандар фарзандшогирди ман аст. Маълумоти олии технологӣ дораду алъон дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекунад. Вай низ азми саҳнаи ҳунар дорад.

- Ӯ таҳти таъсири Шумост?

- Роҳи худро меҷӯяд, худаш эҷод мекунад, мухлисони худро пайдо кардааст. Ман кӯмак мекунам, ӯ бошад, продюссери ман аст. Агар аз монандии садо гӯед, ин дар дасти мо нест, писари падар аст.

- Аз тамоми сурудҳои хеш кадомеро интихобан дар ҷойи аввал мегузоред?

- Ҳамаашро. Зеро дар сари эҷоди ҳар тарона заҳмат кашидаам, кӯшидаам, то сара бошад.

Вале иқрор мешавам, ки суруди «Дили ман дар ғами миллат бисӯзад» ба шеъри Зафари Сӯфии Фарғонӣ дар лаҳзаҳои дилпарешонии миллат монанди давои дарди ошуфтагӣ буд.

Биё, эй ҳамватан, дигар напурсем

Ману ту ҳамдигарро: аз куҷоӣ?

Фақат пурсем аз ҳам ҳолу аҳвол,

Натарсем ин қадар аз ҳамсадоӣ…

Ин суруд даъват ба ваҳдат буд, ки замоне дар забони хурду калон садо медод ва меҳру муҳаббатро тараннум мекард.

Санъаткор ва замон

- Ҳар таъсир аксултаъсири худро дорад. Дар ин радиф таъсири эҷодкор ба муҳит ва баръакси он дар мисоли шумо ва муҳити санъатпазири Исфара чӣ гуна аст?

- Садои сароянда ин садои замон аст, ки дар ҳиссу шуури мардум акс пайдо мекунад. Ҳамчунин, ҷӯшу хурӯши зиндагии халқ дар суруди мо инъикос меёбад. Мардуми шаҳри мо заҳматпеша, сабзреша, андешаманду иродатманданд.

- Оё ин ҳамаро дар суруд ҷой додан имконпазир аст?

- Чаро не? Беҳтарин суруд суруди замон, суруди зиндагист. Мадду ҷазру мавҷу тӯфони баҳри зиндагӣ зарбҳои сози санъаткорро фаро мегирад ва оҳанг тавлид меёбад.

Масалан, ҳамин ҳоло бо ташаббуси раиси нави шаҳр муҳтарам Сиҷоуддин Саломзода исфарангиён ба ободкориву тозасозии шаҳру деҳот даст задаву камар бастаанд. Ин бисёр бамаврид аст, агар ҳар нафаре бо худ навгоние меорад, барои ободии диёр иродат мекунад.

Фикр мекунам, рисолати ҳар эҷодкор тараннуму баёни фазои рӯҳбаландиву сарфарозии мардум бояд бошад. Хоҳ бо сухан, хоҳ бо суруду наво ва хоҳ бо воситаҳои дигари ҳунари бадеиву фарҳангӣ.

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва таҳкими ҳунарҳои мардумӣ таблиғи ин ҷанбаҳои фаъолияти халқу давлат аз вазифаҳои муҳими эҷодкорон бояд бошад.

- Яъне реклама?

- На фақат реклама. Дар ин маврид реклама бояд заминӣ, воқеӣ ва зарурӣ сурат гирад. Мо бояд уқдаву гиреҳҳоро во кунем, худрову диёри худро муаррифӣ карда тавонем. Бо ҳама гуна воситаҳое, ки дар ихтиёр дорем ва то ҷое имконамон мерасад. Маро ин шиор беш аз ҳама писанд аст: «Мо метавонем!» Бале, мо метавонем.

- Хулласи калом?

- Мароми ҳар санъаткор хидмат ба миллат аст. Мо дар вартаи нобудиву ноумедӣ қарор доштем. Шукр, ки Худо ба наҷоти мо Пешвои миллатро василае гардонид. Имрӯз қадам ба қадам, лаҳза ба лаҳза ба сӯйи фардои нек раҳсипорем.

Дар сафарҳои ҳунарӣ, ки ба хориҷа доштам, неку бадро муқоиса кардам, ба хулосае омадам, ки тамоми дунё ба заррае хоки Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳамвазну ҳамқадр нест. Орзу мекардам, ки ҳар фарди ин сарзамин Тоҷикистони азизро муқаддас донад ва барои ободию осудагии он ҷаҳд кунад. «Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист». Ҳаёт маънои буд кардани нобудро дорад.

Мо - ҳунармандон бояд хомӯширо бо садои худ пур кунем, то аз ҳар зарраи ин хоку ҳар пора санги ин диёр акси овози муҳаббатшиори мо танин андозад.

Сад шукр, ки бар субҳи саодат бирасидем,

Бар ҷашни сарафрозии миллат бирасидем.

Аз дӯзахи сӯзони парешонӣ раҳидем,

Бар ҷаннати раббонии ваҳдат бирасидем.

Фархундаву поянда бувад давлати тоҷик,

Оянданамоянда бувад миллати тоҷик!

Ихлос

Суҳбати мо тӯлонитар буд аз он чӣ рӯйи сафҳа овардам. Аз ин суҳбат лаззат бурдам, чуноне аз сурудҳои ҳамсуҳбатам – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исроил Файзиддинов роҳат мекунам.

Аз ӯ напурсидам, ки далели писандида шуданаш чист, чӣ унвону ҷоизаҳои дигар дорад ва ғайраву ҳоказо.

Хостам, ба дили ӯ назар созам, дунёи ботинашро сайр кунам. Дарёфтам, ки зоҳираш аз ботин тафовуте надорад.

27 сол сабр кардам аз рӯзе, ки аввалин хоҳиши бо ӯ суҳбат оростан, ӯро шинохтану шиносондан дар ман зуҳур карда буд. 1991-2018.

Ба хулосае расидам: соли 1991 низ ӯро бо ҳамин сурату сират ғоибона шинохта будаам. Тӯли чандин сол дар садҳо маъракаҳо бо ҳам омадаем. Ман сухан гуфтааму ӯ сурудааст, ӯ сурудаасту мо зери лаб замзама кардаем. Зеро суруди ӯ суруди дили ҳар нафари мост.

Зеро суруди ӯ шаффоф, роҳатбахш, андешапарвар, хаёлангез ва боз бисёр сифатҳое дорад, ки ба мондагорӣ далолат мекунад.

Симои ӯро бо ҳунараш дар телевизиони Тоҷикистон ва дигар саҳнаҳо мебинаму маро ҳисси ифтихор ва қаноат фаро мегирад. Тафриқаи синни мо ҳамагӣ ду сол будааст. Вале дар тасаввури ман ӯ бузургмарди санъат бошад. Воқеан ҳамин тавр. Ҳамсуҳбати ман бисёр мехоҳад, дар ҳаққи ӯ хоксорона навишта бошам. Ин хоҳишро то ҳадди имкон риоя мекунам. Вале дар нисбати сурудаш иҷрои ин хоҳиш маҳол аст. Зеро:

Суруди Исроил рӯҳи касро ба парвоз меорад, дили афсурдаро тавон мебахшад. Суруди Исроил суруди бузургӣ, нирӯмандиву хирадсолории инсон ва эъҷози истеъдоди модарзоду заҳматпарварди ӯст.

Аниқ намедонам, шояд касе аз сарояндагони тоҷик дар гӯшае зиндагиву эҷод карда, то ин дараҷаи эътироф нарасида бошад. Вале шарафёб шудан ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гувоҳ ба халлоқияти ҳунари воло ва истеъдоди нотакрор аст.

Ба заршиносиву қадрдонии Сарвари кишвар низ аҳсант бояд гуфт. Исроил Файзиддинов ҳарчанд дастпарвару намояндаи мактаби мусиқии Исфараи бостонист, вале мансуби як шаҳру ноҳия нест.

Суруди ӯ, созу навои ӯ сарҳад намепазирад. Лаҳни софи тоҷиконааш марзҳоро убур мекунад. Дар Хоразму Самарқанду Бухоро низ ӯро муштоқона мешунаванд. Фиттаҳои сабташ то дуродур рафтаанд, ҳатто то кишвари паҳновари русу он сӯйи уқёнус.

Вале ӯ ҳамоно як ҳамшаҳрии мост. Як инсони оддиву самимиву заминист. Аз хони мардуми оддӣ даҳон ширин мекунаду чой менӯшад. Бо хурду бузург ҳамсон аст, фарзанди Тоҷикистон аст.

Ва ман ӯро боз ҳам Ако мегӯям.

Соядаст

Суҳбате оростам бо офтоб имрӯз,

Рӯшанӣ мебурд ӯ бар матлаи фардо.

Таҳти оҳанги фараҳафзои Исроил

Хатм шуд ин нома бо имзои Нарзулло.

Нарзуллои АЗИЗИЁН,

шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh