ҶАВҲАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Эмомалӣ Раҳмон: Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

Панҷакенти бостон як порчаи Тоҷикистони азиз, сарзамини муқаддас, зодбуми бузургмардони миллат аст. Ин сарзамин ба олам Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро дода, бо ҳамин миллати тоҷикро шӯҳраи дунё гардонидааст. Дар ин сарзамин Лоиқи бузургвор ба дунё омадаву бо каломи ноби худ қалби оламиёнро тасхир намудааст. Панҷакент бо ёдгории худ - шаҳри Саразм, ки нишонаи ибтидоии ташаккулёбии шаҳрсозии гузаштагонамон мебошад, байни ёдгориҳои аҳди қадим беназир аст.

Баҳри мардуми Панҷакент ҳамаи ин боиси сарбаландӣ, ифтихору шарафмандӣ аст ва ҳамзамон баҳри ҳар як сокини ин шаҳр қарзу вазифа аст, ки ба ин арзишҳои миллӣ арҷ гузоранду эҳтирому ҳифз намоянд.

Соҳибистиқлол гардидани мамлакатамон дар рӯзгори мардуми Панҷакент дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард. Симои шаҳр тарҳ ва таровати тоза гирифт. Чунонки ба ҳамагон маълум аст, дар замони шӯравӣ қисмати бештари заминҳои обёришавандаи шаҳр ба кишти тамоку нигаронида шуда буд, ки ин зироат, албатта, ҷиҳатҳои хоси мусбӣ ва манфии худро дошт. Баҳри пешбурди рӯзгори сокинон мусоидат кунад ҳам, мушкилиҳои хешро дошта, ба саломатии мардум, пеш аз ҳама, таъсири манфӣ мегузошт.

 Бо ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр баҳри пешбурди соҳаҳои саноат, коркарди ашёи хоми саноатӣ, кишоварзӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, нигаҳдории тандурустӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншоотҳои таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ бунёд гардиданд.

Таъминот бо оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ва бахусус дар ҷамоатҳои деҳот сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Роҳҳои байнишаҳрӣ, дохилишаҳрӣ, байни ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо торафт обод гардида истодаанд. Чанде қабл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмиру азнавсозӣ гардидани пойгоҳҳои обкашӣ баҳри пешрафти зироаткории деҳқонон мусоидат намуда, боис бар он шуданд, ки ҳосили дастранҷи марди деҳқон афзун ва бозори истеъмолӣ фаровон гардад.

Омодагиҳо ба ҷашни фархундаи миллат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба ин муносибат эълон гардидани 1300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакат бар он водор намуданд, ки баҳри истиқболи шоистаи ин санаи таърихӣ нақшаҳо мушаххас тарҳрезӣ гарданд. Дар раванди амалҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри бо армуғонҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни ҳумоюнии кишвар бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, кишоварзӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ бунёди 405 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуд.

Пас аз эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолият ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар бобати дар ҳар шаҳру деҳот, деҳаҳои дурдаст бунёд кардани таълимгоҳ, кӯдакистон, варзишгоҳҳо, ҳаммом, кошонаи ҳусн, таъсиси гармхонаву сардхона, боғҳои интенсивӣ шаҳри Панҷакент ба як сохтмонгоҳи азим табдил ёфт.

Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соҳибкорони маҳаллӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таълимгоҳҳо, муассисаҳои табобатӣ, коргоҳҳои саноатӣ, дигар иншооти инфрасохторӣ бунёд ёфтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз теъдоди 405 иншоот, ки бунёдашон то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, соли 2018-ум 81 адад, соли 2019-ум 161 иншоот мавриди баҳрабардорӣ гашта, то имрӯз ҳамагӣ 277 адад иншооти мухталиф ба истифода дода шудаанд.

Мардуми Панҷакенти бостон тайи ду-се соли охир заҳмати садоқатмандонаю зарб- дорона доштанд, чунки ба ду ҷашни бошукӯҳ омодагӣ медиданд: 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва ҷашни 5500 - солагии Саразм. Арҷ гузоштан ба ин ёдгории беназири ниёгон ва таҷлили сазовору шоистаи 5500 - солагии Саразм аз панҷакентиён омодагии нуктасанҷона ва ҳамаҷонибаро тақозо менамуд. Зеро дар таҷлили ин ҷашн ширкати зумраи меҳмонони олиқадр – олимон, муҳаққиқон, муаррихони ёдгориҳои таърихӣ аз бисёр кишварҳои олам дар назар дошта шуда буд. Баҳри таҷлили сазовори ҷашни 5500-солагии Саразм нақша - чорабинии алоҳида тарҳрезӣ ва бунёди даҳҳо иншоот назардошт шуда буд.

Таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн, ки рӯзи 12-уми сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва ба корҳои созандагиву бунёдкории сокинони Панҷакент, ба ҳар як иншооти ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд додани Ҷаноби Олӣ боиси рӯҳбаландиву ифтихормандии ҳар як шаҳрванди ин шаҳри куҳанбунёду тозаҷавон гардид. Албатта, ин нишонаи изҳори ризомандӣ ва сипосмандии беҳудуди сокинони шаҳр аз сиёсати мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватану сарзамини хеш фидокорона заҳмат мекашанд.

Бояд гуфт, ки ҳар сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳри Панҷакент пайки ободониву бунёдкорӣ оварда, ин навбат низ чандин корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки коргоҳи ҶСП «Мармари Саразм», бинои иловагии Беморхонаи марказӣ бо 200 кат ва 180 ҷойи корӣ, меҳмонхонаи «Саразм-Плаза» аз ҷумлаи онҳоанд.

Эътибор ба рушди соҳаи афзалиятнок

Дар Панҷакент баробари сол ба сол бунёд намудани муассисаҳои нави таълимӣ ва ба ин васила шароити мусоид фароҳам овардан ба таҳсилоти насли наврас, бахусус дар деҳоти дурдаст ҳамчунин ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис эътибори ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Ҳини сафари кории худ ва ширкат дар таҷлили ботантанаи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм Пешвои муаззами миллат таълимгоҳи №72-ро мавриди баҳрабардории муҳассилон қарор дода, ба азму иродаи устодону омӯзгорони шаҳр ҷиҳати таълими фанҳои дақиқ баҳои баланд доданд. Ин қадршиносӣ омӯзгоронро, албатта, ба иҷрои пурмасъулияттари рисолати худ тақозо менамояд.

Дар радифи корҳои созандагии муассисаҳои таълимӣ давоми як-ду соли охир дар деҳаҳои Нофин, Марғузор, Ҳафтруди Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаҳои Артуч ва Яккахонаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Пушти Қӯрғон ва Моғиёни Ҷамоати деҳоти Моғиён, шаҳраки Саразм, Ҷамоати деҳоти Хурмӣ мактабҳои нав бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Феълан дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди бинои мактаби нав дар таълимгоҳи №49 деҳаи Падруди Ҷамоати деҳоти Шинг, мактаби №113 деҳаи Тагоби Халқи Ҷамоати деҳоти Вору, мактаби №38-и деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, мактаби №116 деҳаи Рӯзиобноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳои №60 деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Вору, мактаби №94-и деҳаи Пушти Қӯрғони Ҷамоати деҳоти Моғиён ва назди мактаби №17 деҳаи Зебон давом дорад. Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳа сохтмони муассисаи томактабӣ давом дорад.

Алҳол дар назди 44 мактаби таҳсилоти умумӣ Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 880 кӯдакро фарогир буда, таҳсилоташ ғайрианъанавӣ аст.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 139 синфхонаҳои компутерӣ мавҷуд буда, дорои 1571 адад компутер мебошанд. Давоми нӯҳ моҳи соли 2020-ум 21 адад компутери нав харидорӣ гардид

Соли равон муҳассилони макотиби шаҳр дар олимпиада ва озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, хонандаи мактаби №15 шаҳр соҳиби медали тилло, ду нафар хонандаи мактаби №6 соҳиби медали нуқра ва ду нафар муҳассили мактаби №15 соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, 10 нафар хонандагони макотиби шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Саноатикунонии босуръати мамлакат - ҳадафи чоруми миллӣ

Шаҳри бостонии Панҷакент потенсиали бойи ташкил намудани коргоҳҳои саноатиро дорост. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардиду дар доираи амалҳои созандаву бунёдкорона таъсиси коргоҳҳои нав ба нави саноатӣ шурӯъ гардид. Шоистаи зикр аст, ки бахусус аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ иродаи бунёди коргоҳҳои саноатӣ сар зад. Тавре мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Фарҳод Ҳамзаев иброз дошт, танҳо давоми соли 2018-ум дар ҳудуди шаҳр 12 коргоҳи саноатӣ таъсис гашт. Ҳамин тавр соли 2019 низ 12 адад корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Коргоҳи истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва қуму шағали «Маҳмадқул Меликов», ки бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадқул Меликов таъсис ёфт ва корхонаи ҶДММ «Маҳсул», ки сару либоси мактабӣ истеҳсол менамояд ва бо ибтикори соҳибкор Асатилло Муродиллоев бунёд ёфтааст, аз ҷумлаи онҳост.

Давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳашт корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки корхонаи коркарди қуму шағал (бо иқдоми соҳибкор Фаррух Камолов), корхонаи истеҳсоли ширу қаймоқ (таъсисгар соҳибкор Аслам Эшназаров), корхонаи банду-басти меваи хушк аз ҷониби соҳибкор Ҳоҷӣ Ғайрат Бойалиев аз зумраи онҳост. То охири сол боз таъсис додани шаш адад корхонаи саноатӣ дар назар аст.

Панҷакент – хазинаи тиллоии тамаддуни ниёгон

Шаҳри Панҷакент чун яке аз марказҳои фарҳангии Тоҷикистони азиз бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, кӯҳҳои Фон ва дар маҷмӯъ беш аз 352 ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии Кӯли Калон ва Ҳафткӯл кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар шаҳри Панҷакент 22 ширкати сайёҳӣ, ташкилоти ҷамъиятии шӯрои «Зарафшон» оид ба сайёҳӣ, 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, даҳ адад меҳмонхона, 22 хонаҳои меҳмонқабулкунӣ, пойгоҳи кӯҳнавардиву сайёҳии Артуч, пойгоҳи сайёҳии Марғузор воқеъ дар соҳили кӯли шашуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл фаъолият бурда, барои саёҳату истироҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар онҳо шароит фароҳам оварда шудааст.

Ширкатҳои сайёҳии «Кӯҳандиз», «Саёҳати Саразм» ва « Саёҳати кӯҳҳои Помир» соли равон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ФИТУР» и шаҳри Мадриди мамлакати Испания иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуданд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ – идомаи анъанаҳои ниёгон

Мардуми шаҳри Панҷакент бо ҳунармандии худ дар арсаи олам маъруфу машҳур гаштаанд. Байни сокинони шаҳр бештар аз 200 намуди ҳунармандии миллӣ равнақу ривоҷ ёфтааст. Бахусус, бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат роҳ кушодан ба рушду такомули ҳунармандии миллӣ баҳри сокинони ин шаҳри бостонӣ шароитҳои васеъ фароҳам овард.

Мудири бахши ҳунармандии миллӣ А.Сафиев мегӯяд: Дар бисту ду маҳаллаи шаҳр тамоми намудҳои ҳунармандии миллӣ ривоҷ ёфта, эъҷози дастони ҳунармандон дар намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ намоиш дода мешавад. Мардуми Ҷамоати деҳоти Чинор дар алочабофӣ, намадбофӣ, бофтани қолини дастӣ ҳамто надоранд. Сокинони 22 деҳаи Ҷамоати деҳоти Саразм, ки бештар аз 38 ҳазор аҳолӣ дорад ва калонтарин ҷамоати деҳот маҳсуб меёбад, бо ҳунарҳои дӯхтани ҷомаву тоқии миллӣ, гилембофӣ, яккабанддӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзӣ машғул буда, маҳсули дастранҷи ҳунармандони ин ҷамоат на танҳо дар қаламрави мамлакатамон, балки дар мамолики хориҷа низ харидоргир аст. Мардуми Ҷамоати деҳоти Хурмӣ ҳам аҷаб пурҳунаранд ва бо кулолгарӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ машғуланд.

Дар назди Мактаби санъати бачагонаи шаҳр Маркази таълимӣ - истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки дар он насли наврас бо омӯзиши намудҳои гуногуни ҳунармандии миллӣ, аз ҷумла наққошӣ, кундалнигорӣ ва дигарҳо фаро гирифта шудаанд.

Сокинони шаҳри Панҷакент имрӯз бо шукрона аз рӯзгори осоишта, сулҳу суботи кишвар баҳри саҳм гузоштан ба пешрафту шукуфоии Ватани азизамон заҳмати фидокорона доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh