“Паёми Суғд” 25-сола шуд

Сирдарёи сухан аст…

Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд», ки муассисаш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Суғд мебошад, 25 сола шуд. Ба ин муносибат дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят маҳфили хотирмон доир гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аҳли илму адаб ва кормандони маҷалла ширкат варзиданд.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ сармуҳаррири маҷалла, Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ифтитоҳ намуда, аз нақши шоистаи эҷодкорони маҷалла дар таҳкими ҳаёти адабии Суғдзамин ҳарф зад. Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода дар чорабинӣ ширкат варзида, аҳли эҷоди ин маҷаллаи бонуфузро аз номи роҳбарияти вилоят сидқан табрик намуд ва паёми муборакбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар Паёми табрики Раиси вилоят аз ҷумла зикр гардидааст, ки «Маҷаллаи «Паёми Суғд» зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар душвортарин лаҳзаҳои барои ҷумҳурӣ тақдирсоз арзи ҳастӣ кард ва дар бисту панҷ соли мавҷудияташ тавонист, ки бо нашри асарҳои тозаэҷоди адибон ва олимон дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, якпорчагии кишвар, сулҳу ваҳдат саҳми арзанда гузорад ва тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад».

Дар маҳфил раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», нависанда Додохони Эгамзод, сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мухтор Абдуллоев ва «Согдийская правда» Исҳоқҷон Зокиров, корманди маҷалла, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Шарифова ва дигарон суханронӣ намуда, аҳли эҷоди маҷалларо шодбош гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки маҷаллаи «Паёми Суғд» бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят моҳе як маротиба интишор шуда, дар он чакидаҳои қалами эҷодкорони вилоят ва ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд.

Дар маҷалла устодони каломи кишвар Аъзам Сидқӣ, Атахон Сайфуллоев, Неъмат Оташ, Фарзона, Озарахш, Муҳаммад Субҳон, Анвар Олим, Адиба, Гулноз, Маҳваш, Матлуба Ёрмирзоева, Мавлуда Шарифова ва дигарон кору эҷод кардаанд ва имрӯз низ фаъолияти пурсамар доранд.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh