Истиқлол: Дастони эъҷозофари бонувон

Имрӯз сокинони вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои хирадмандона ва ояндабинонаи Сарвари давлат оид ба захира намудани маҳсулоти ғизоӣ барои 2 соли ояндаро ба хубӣ дарк карда, дар ин самт ҳамарӯза амалан корбарӣ доранд. Зеро ин тадбири оқилона дар таъмини амнияти озукавории мамлакат ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозад.

Дар ин замина бошандагони шаҳри Истиқлол низ ҳамарӯза барои захира намудани маҳсулот ҷаҳд менамояд. Бо вуҷуди он ки аксар сокинон дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, аз заминҳои наздиҳавлигӣ ё аз мағозаву бозорҳо намудҳои гуногуни полезиро ба даст оварда, маҳсулоти кишоварзиро барои зимистонгузаронӣ дар зарфҳои шишагӣ ба намуди шарбату мураббо захира менамоянд. Ҳоло бо истифода аз ҳавои мусоид дар ҳар хонадон бонувони ҳунарманд ба омода намудани хуришҳо машғуланд.

- Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ин шиори сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳр аст ва бо истифода аз маҳсулоти рӯёнидаи худ барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинем. Алҳол мо аз заминҳои наздиҳавлигӣ истифода бурда, барои зимистон захираи зиёде кардаем, - гуфт сокини шаҳр Дилрабо Шукурова.

То имрӯз ӯ зиёда аз 100 банка консерва ва мураббо захира кардааст. Захираи зимистонаи ӯ аз ҳисоби рӯёнидани сабзавоту меваҷот аз заминҳои наздиҳавлигиаш мебошад. Имрӯз бошад, бо истифода аз помидор хуриши зимистона бо ном адҷикаро тайёр мекунад.

Дилрабо Шукурова мегӯяд, ки барои тайёр кардани адҷика 22 кило помидор, 4 кило сабзӣ, 0,5 кило пиёз, 6 кило қаланфури булғории сурх, як кило сирпиёз ва намаку маҳсулоти хушбӯйкунанда лозим аст.

- Аввалан, тамоми маҳсулотро дар оби тоза мешӯем. Сониян, помидорро аз гӯштқимакунак мегузаронем, дигар маҳсулотро бошад, ба таври хурд – хурд реза мекунем. Баъд дегро тасфонида ба даруни он 0,5 литр равғани офтобпарастро меандозем. Сониян, пиёзи резашударо бирён намуда, сабзиро андохта, тафт медиҳем. Баъд аз 10 дақиқа қаланфури булғорӣ, помидор ва сирпиёзро ҳамроҳ карда, ҳамаашро дар дег тақрибан 40 – 45 дақиқа мепазем. Вақте оби помидор кам шуда, намуди маҳсулоти дардегбуда сурхи равшан ва бӯяш хуш мешавад, ба он баргҳои хушбӯйкунандаро ҳамроҳ мекунем.

Пас аз 5 дақиқа адҷика барои ба даруни зарфҳои шишагии безараргардонидашуда андохтан омода мешавад. Барои хуриши тайёршуда тақрибан 11 - 12 - то зарф лозим аст, - гуфт ин зани соҳибтаҷриба.

Ба гуфти Дилрабо Шукурова, захиракунии маҳсулот анъанаи хуби тоҷикон буда, бояд ҳар оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзғор заруриро нигаҳдорӣ намояд. Зимни консерва намудан бонувон бояд диққати асосиро ба тозагӣ ва безараргардонии зарфе, ки дар он маҳсулот захира мешавад, равона намоянд.

- Чанд сол инҷониб бо омода кардани захираи зимистона сарукор дорам, ҳатто хешону пайвандонам барои омода кардани хуришҳои гуногун ва шарбату афшураҳо ба ман муроҷиат мекунанд. Ин барои мо - занон анъанаи хубе шудааст, зеро дар баробари омода кардани захираи зимистона мо ба духтарони ҷавон низ тарзи омода кардани онро меомӯзонем, - гуфт Д.Шукурова.

Ӯ мегӯяд, ки меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд. Дар таркиби онҳо тамоми унсурҳоеро, ки барои организми инсон зарур ва ҳатмӣ мебошанд, пайдо намудан мумкин аст. Хусусан, дар фасли зимистон, ки организм ба маҳсулоти витаминдор ниёз дорад, истеъмоли чунин маводи захиракардашуда фоидаовар аст.

Ҳамчунин, Дилрабо Шукурова барои фасли зимистон мураббо аз меваҳои зардолу, олуча, анҷир, марминҷон ва қулфинай, афшураҳои олу, олуча зардолу ва шафтолу омода карда, дар баробари адҷика шакароб низ захира кардааст. Ӯ изҳор дошт, ки маҳсулоти захиракардааш барои хешону пайвандон ва дӯстон низ басанда аст.

Баробари Дилрабо Шукурова дигар ҳамсояҳои ӯ низ бо истифода аз фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ аз меваю сабзавот шарбату хуришҳо омода намуда, маҳсулоти консервагиро барои фасли зимистон захира карда истодаанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Истиқлол – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh