АНҶОМИ 5 солаи аввал - ОҒОЗИ 5 солаи навгониҳост!

Андешаҳои наврӯзии коргардони синамо Муҳиддини Музаффар ба ифтихори 5 -солагии таъсисёбии Суғдсинамо

Таваллуди силоҳи таблиғ чун синамо

Бо фаро расидани баҳори соли 2020 Муассисаи давлатии "Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов” 5 сола шуд. Он 5 сол қабл аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис ёфта буд. Тифле, ки таваллуд шуданаш дар Ҷумҳуриву вилояти Суғд кори хеле пухта буд... Коре буд, ки дурнамо дорад. Тифли таваллудгардида ба номи "Суғдсинамо" ба умеди он таваллуд гардид, ки садсолаҳо умр бинад ва барои рушди афкору идеологияи ҷамъияту миллати тоҷик хизмат кунад. Мақсади таваллуд гардиданаш кӯшиши рушди худшиносии милливу фарҳанги ҷомеа ва муаррифии миллат дар арсаи байнамиллалист. Сазовор шудан ба умеду интизориҳои таваллудгарон кори саҳл нест. Аммо тӯли панҷ сол мо кӯшиш кардем эҷод кунем. Талош кардем, ки вақтро аз даст надиҳем. Набудани фазо ва нарасидани мутахассису баъзан маблағ мушкилиҳои зиёдро пеш меовард аммо мо наистодем... Истодан баробар буд ба марг... Баробар буд ба бовариро аз даст додан... Баробар буд ба ношукрӣ кардан.... Баробар буд ба имконияти худсозиро аз даст додан... Ҳамин наистоданҳо буд, ки филмҳо офарида шуданд... Ҳамин наистоданҳо буд, ки бачаҳое, ки тамоман аз синамо хабар надоштанд дар фазои сохташуда аз кӯчаи синамо бохабар гаштанд... Яъне ин наистоданҳо фазо эҷод кард ва ин фазо дар вуҷуди бачаҳо шӯълаи синамогар шуданро фурӯзон кард. Барои расидан ба мақсадҳои бузург ҳадафи панҷсолаи аввали гурӯҳи эҷодии мо дар баробари эҷод кардан пеш аз ҳама ҷустуҷӯи бачаҳои боситеъдоду талошгар ва тарбия ёфтани кадрҳо буду ҳаст. Муддати панҷ соли фаъолияти киностудя шумораи бачаҳое, ки дар фазои филмофарии "Суғдсинамо" таҷриба андӯхтаанд хеле зиёданд. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз филмҳои "Паймон", "Коса", "12 соли интизорӣ", "Тангно","Соҳибватан", "Духтари сайхун", "Сайёра ранг иваз мекунад", "Умарако", "Саргузашти Алишер", "Кӯчаи умед" ва "Наставник" ба навор гирифта шуд. Яъне аз соли 2015 то ба имрӯз ҳар сол ду ё се филми ҳунариву ҳуҷҷатӣ сохта шуд.

 Меваҳои боғи синаморо харидоре мебояд

Протсеси филм эҷод кардан як ҷараёни бузург, аммо протсеси фурӯши филм ва печонида бастани маҳсулот ва онро пешниҳод кардан ба тамошобин тамоман чизи дигар. Агар дақиқтар шарҳ диҳем то як андоза филм сохтанро омӯхтем, аммо филм фурӯхтанро на... Бинобар набудани шабакаи ягонаи толори синамо дар кишвар ва устувор набудани ҳимояи ҳуқуқи муаллиф мушкилиҳои зиёдеро барои рушди гурӯҳ пеш овард. Набудани ТОПМЕНЕҶЕР ва МУДИРИ ШуЪБАИ ТИҶОРАТ, ки кори худро хуб донанд дар киностудя мушкилоти аввалинтарини мо тӯли панҷ соли фаъолият буд... Бетаҷрибагиҳои роҳбари ҷавони эҷодкор буд, ки ин нуктаҳоро сарфаҳм нарафтем ва барои ҳамин ҳам то ба имрӯз филмҳоямон дар сифати хуб дастраси мардум нест ва дар кишвар паҳн нашудаанд. Ҳоло он ки ин филмҳо хеле муҳиманд барои тамошобини мо.

То рӯзе, ки филмҳои хуби ватанӣ зиёд намегарданд бозори идеологиясозии хориҷиён дар фазои кишвар ҳукмфармо хоҳад буд. Ягона роҳи мубориза бо идеологиясозиҳои филмҳои хориҷӣ ин сохтани филмҳои миллӣ аст. Ҳамон филмҳое, ки аз дарду мушкилоту орзуву омоли худи мо хоҳад гуфт ва барои сохта шудану баланд гардидани имунитети миллат хизмат мекунад! Барои муқобилият кардан ба филмҳои баланди дар сатҳи олӣ омода гардидаи хориҷиён мо низ бояд муссаллаҳ бошем аз касб. Аз технология... Аз донише, ки технологияро истифода карда тавонад...

Тиме ки тай бояд кунад пайраҳаро... 

 Дар муддати панҷ соли роҳбари аҷибтарин психологияе, ки дар фикрронии бачаҳои навтаҷриба мушоҳида кардам ин буд, ки ҳанӯз кореро наомӯхта ва арзише барои гурӯҳ наоварда фикр мекунанд, ки аллкай ҳамадон шудаанду мутахассис. Роҳбарони ботаҷрибаи коргоҳҳои эҷодӣ ба хубӣ медонанд, ки имрӯз чӣ мушкилоте пеш овардааст ин беморӣ - ҳанӯз дониши кофи пайдо накардан ва таҷриба наандӯхтану аммо зуд хостан ва интизор будани муваффақият. Сабаби зуд - зуд иваз кардани касбу ҷойи корӣ ва воқеан муваффақ нашудани ҷавонон маҳз ҳамин беморӣ аст ба андешаи банда!

 Панҷ соли кор дар киностудия бароям бузургтарин дарси ҳаёт ва таҷрибаҳо буд... Таъсиси киностудияи "Суғдсинамо" дар фазое, ки мутахассиси синамо хеле кам аст ва идора кардани он барои роҳбар ва эҷодкори ҷавон шабеҳи дастаи бозингарони футбол аст, ки дар майдони варзишӣ бояд дар муқобили рақиби 11 нафара бо 6 нафар бозӣ кунӣ. Дар ҳоле, ки дастаи рақиб ба ҷузъ 11 нафар боз бозингарони иловаи пурқувват дорад, аммо ту ҳамагӣ ҳамин шаш нафарро дорӣ... Баъзан дар команда ҳимоятгар мехоҳад ҳуҷумгар бошад...Таҷрибаомӯз мехоҳад ҳимоятгари асосӣ бошад... Ҳатто баъзан дарвозабон мехоҳад сардори даста бошад...

 Аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва МИҲД -и вилояти Суғд хеле миннатдорам, ки ин гуна имкониятро барои мо муяссар карданд. Аз ҳамаи бачаҳое, ки барои сохта шудани ин фазо ва филмҳо саҳм доранд миннатдорем. Дар майдоне, ки сахт буд барои ҳар як нафар онҳо чи қадар метавонистанд талош кардан ва коре, ки метавонистанд карданд. Ва ин девонагиҳо таҷрибаи хуб буданд. Барои ҳар нафари мо тасаввурнопазир аст, бидуни он таҷрибаҳо муваффақияти кӯчаки имрӯзамонро дидан. Аммо ҳар кас бояд кори худро кунад. Коре, ки метавонад... Бозигар наметавонад истеъдоду фикраш дар ҳамлагарӣ бошаду худаш дар хатти дифоъ бозӣ кунаду рушд кунад. Ин нороҳативу ранҷҳо меорад. Ҳимоятгар бояд ҳимоятгарӣ кунад, дарвозабон дарвозабонӣ... Аз ҳамлагарӣ беҳтарин ҳимоятгари нотавон мебарояд... Имрӯз ин фалсафаро хуб дарк кардем. Ҳар қадами минбаъда бояд боҳушона бошад. Бачаҳое, имрӯз дар киностудяи "Суғдсинамо" кор мекунанд медонанд, ки бо фаро расидани панҷсолагии киностудия масъулияти бузурге моро бар дӯш аст. Медонем, ки имтиҳону талаботи панҷ соли минбаъда хеле ҷиддитар хоҳад буд. Фаро расидани паҷсолагӣ бо худ як давраи бузурги таҷрибаомӯзиро бурд. Аз филми ҳунарии "Паймон" то филми ҳунарии "Наставник" давраи фаъолияти панҷсолаи аввал ба анҷом мерасад. Панҷсолае, ки бурду бохтҳои зиёд дошт...

 СоатиСуғдсинамосоз аст

 Минбаъд корҳову қадамҳоямон бояд хеле ҷиддӣ ва дигаргуна бошад. Ва дигаргуна ҳам мешавад... Чаро, ки тӯли панҷ сол кори амалии хубе доштем... Майдони ноошнои беканори синамо то ҷойе бароямон ошно гашт. Хоса ба навор гирифтани филми ҳунарии "Наставник", ки дар панҷ мамлакат бо ҳунармандони хориҷу дохили кишвар ба навор гирифта шуд, таҷрибаи хуб буд. Ин лоиҳа ба гурӯҳи эҷодии мо имкон фароҳам овард, ки аз таҷрибаҳои пешрафтаи фазои синамои Русия ва Қазоқистону Қирғизистон бохабар бошем. Дидану аз худ кардани методу услуби корӣ ва тарзи нақшабандии майдони навору реҷаи кории ҳунармандон дар хориҷ воқеан ҳам ба мо намерасид. Сафари гурӯҳи навтаҷрибаи мо дар Маскаву Қазоқистону Қирғизистон сафаре буд, ки нигоҳу зеҳнҳои моро боз кард ба ҷаҳон. Ин сафар сафаре буд, ки сарҳадҳои фаҳмишу таҷрибаи кӯчаки моро шикаст... Ин хеле муҳим буд... Замоне, фаро расид, ки ҳар кас дар ҷои худ бошад ва ҷои худро дар сатҳи хуб донад! Дар сатҳи олӣ тавонистани кори худ ягона роҳест сӯи муваффақият ва ҷаҳони шудани синамои мо. Панҷсолаи навбатии кори мо бояд сохтани дурусти механизми корӣ дар коргоҳ бошад. Механизми дуруст имкон фароҳам меоварад, ки ҳар кас дар ҷои худ бошад ва кори босифате таваллуд шавад. Ин кор ба хотири дурнамои синамои миллӣ сохта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мо зудтар ба ҳадаф бирасем. Солҳоро аз даст надиҳем...

 Хонаи кинохонаи меҳр 

 Бе ин ҳам солҳои зиёдро аз даст додаем... Дар баробари дастаи мо тамоми синамогарон тоҷикро, хоса ҷавононро имтиҳони сахте дар пеш аст. Ҳама медонем, ки дар минтақа қафомондатарин синамо синамои мост. Бояд тан гирем ва гирди ҳам оему андеша кунем. Андеша кунем, ки чаро то ҳол як филми таърихӣ нагирифтаем? Андеша кунему чора биҷӯем. Нақшае тарҳрезӣ бикунему хаттӣ амалро бикашем. Чаро ақалан соле гирди ҳам намеоем? Хеле умедворам, ки роҳбарияти имрӯзи Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ки шахси таҷрибадору кордоне ҳастанд як созмоне ташкил менамоянд ва ҳамасола гирди як миз ҷамъ меоваранд синамогаронро. Ҷамъ меоварданду пешниҳоду нақшаи амалро тарҳрезӣ мекунанд якҷоя. Муҳимтарин масъала таъсиси шабакаи толори ягонаи синамо ва ҳуқуқи муаллиф, ки бадбахтии тамоми рушд накарданҳои синамост дар рӯзҳои наздиктарин ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

1. Чаро дар паҳлӯву дохили Қасрҳои фарҳанг, Марказҳои савдо ва боғҳои истироҳатӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо сохта шуда истодааст як толори кӯчаки синамо сохта нашавад!? Толори ҳирфаивии синамо, ки мардум воқеан бифаҳмад сифати садои хуб ва тасвири бузаргро дар экрани калон.

2. Чаро ҳамон нафаре, ки бе иҷозати муаллиф фиттаи филмро дар бозор мебарораду мефурӯшад комилан аз ҳуқуқи дискфурӯшӣ маҳрум ва бо ҳукми суд ҷаримабандӣ нашавад!?

3. Чаро бо қарори махсусе пахши роликҳои таблиғии театру синамо то мӯҳлати муайян (рушд) дар тамоми телевизионҳо ройгон набошад!?

 Албатта, ин ҳарфҳои банда нав нестанд, дар зеҳни ҳама синамогарон ҳастанд, аммо аҷибаш ин аст, ки андешаҳоямон рӯи қоғаз намеоянду пешниҳод намешаванд. Бояд тан гирифт, ки имрӯз ҳама тадбирҳои рушду имкониятсозӣ барои мо, хоса ҷавонон дар кишвар фаровон ҳаст. Иллат дар мо аст, ки ҷамъ нестем. Рӯи қоғаз наовардем. Пешниҳод накардем. Гар пешниҳод кардему нашуд дуюмбора пешниҳод накардем. Ва даҳҳо бор пешниҳод накардем... Ва амалӣ накардем... Аз сидқ тан мегирам, ки имрӯз барои надоштани дафтари корӣ ва толори тамошои "Суғдсинамо" ман гунаҳкорам. Натавонистам исбот карда, ки ин хеле муҳим аст. Гуфтаму борҳо гуфтам, аммо натавонистам амалӣ карда, ки "Суғдсинамо" толори тамошои худро бояд дошта бошад. Аммо медонам, ки ин кор мешавад. Бовар дорам он рӯз наздик аст. Чаро, ки синамо муҳим аст барои ҷамъияти мо. Бояд синамои миллӣ дошта бошем ва барои рушди он фазо бисозем. Дар дохили ана ҳамон биное, ки рӯзе сохта мешавад сохта шудани фазои синамои миллӣ тарҳрезӣ мешавад. Ман бар он бовар ҳастам, ки агар чизе имрӯз надорем мо худ сабабгорем. Фикру андешаву донишу амалҳои мо сабабгор аст на чизи дигар. Рушд додани синамо ин вазифаи мост синамогарони азиз. Дастгирӣ намекунанд? Дастгирӣ мекунанд! Мо бояд бо нақшаи амалии олӣ ба он дарҳое, ки ба андешаи мо дастгирӣ намекунанд ворид шавем. Бо кори пухтаву амал ворид шавем. Барои расидан ба ҷаҳонӣ шудани синамои миллӣ мо бояд ба ҳама радҳо тоб оварем. Ҳатто ба он воқеаҳое, ки мехоҳӣ филми хубро аввал нишон диҳӣ ба роҳбарияти шаҳр ва баъд ба мардуми шаҳр, аммо ӯ вақт надорад ва намехоҳад кӯмак кардан. Мехоҳӣ як бор туро аз рӯи филмат шиносад на аз рӯи либосат, аммо ҳамон имкони як бор диданро бароят намедиҳад ва намебинад... Мехоҳӣ мардумро аз ташвишҳои рӯзмарраи такрор ба такрори баҳудаву беҳудааш як лаҳза берун ба сӯи фарҳанг, ба сӯи фурӯ рафтан ба худ бикашӣ, аммо туро дарк намекунанд... бароям... Ин монеаро бояд убур кард, бояд рушд кардан... Онҳо сабаб доранд барои қабул накардани мо. Боварии онҳоро нахаридаем.

 Шукр, ки ҳастед! 

 Худоро шукр, ки то расидан ба боварии он нобоварҳо имрӯз барои мо ҳастанд нафароне, ки бовар мекунанду қувват медиҳанд. Ҳастанд бедорфикроне, ки қудрати заифи имрӯзи моро на балки потенсиали бузурги фардои моро мешиносанд ва дида метавонанд. Эй кош ин боварҳоро сазовар шавем! Барои ҳастии мо ҳамаи онҳо сабабгоранд... Барои ба ин рӯз расидан сабабгоранд ҳамаи он соҳибкороне, ки ҷавонмардона барои сохта шудани филмҳои мо саҳм доранд. Сабабгоранд ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшонро барои наворгирии филм доданду муҳаббати беандоза доштанд нисбат ба гурӯҳи эҷодии мо. Сабабгоранд устодону ҳунармандони азизе, ки новобаста аз мушкилоти модди тӯли ин қадар солҳо дар бари мо буданд. Сабабгоранд ҳамаи он роҳбарияту телевизионҳои, ки тӯли панҷ сол қариб, ки ройгону беминнат дар пушти мо буданд. Сабабгоранд роҳбарони бедорфикру сардорони сохторҳои қудратие, ки моҳияти синамо ва касби моро дарк карданду нисбат ба тақдири мо бетараф набуданд. Сабабгоранд роҳбарияти дурбини Мактаби байналмиллалии рушди инсон “Само” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом. Эй онҳое, ки бароятон арзиш дорему бароямон азиз ҳастед. Маҳз ба шарофати боварии шумо имрӯз Муассисаи давлатии "Суғдсинамо" - и ба номи Комил Ёрматов панҷсола шуд. Анҷоми панҷ соли аввал, ки пур аз бурду бохту муваффакияту хатогиҳо буд, Муборак бод!!! Ин хатоҳо беҳтарин имконият аст барои рушд! Шуморо бовар мекунонем, ки АНҶОМИ ин аввалин панҷсола ОҒОЗИ панҷсолаи рушд ва навгониҳои ҷиддист. Ин ҳама замина аст... Заминаи ҷаҳонӣ шудани синамои мо!!! Аммо, танҳо шумо ба мо бовар кунед!!!

Муҳиддини МУЗАФФАР,

 директори МД “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов”

Add comment


Security code
Refresh