Китоби нав: "Навҳаи доркӯб"

Интишороти "Орван" дар шаҳри Теҳрон, нахустин маҷмуъаи ҳикояҳои Фирдавси Аъзамро бо номи "Навҳаи доркӯб" мунташир кард.

Хонандагони форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоир мешинохтанд, акнун аз тариқи ҳикоёти  ӯ бо андеша ва афкори шоир дар қолаби наср ошно хоҳанд шуд.

 Дар китоби аввалини нависандаи ҷавон шаш достони ӯ – "Сафар", "Тоблу", "Ҷудоӣ", "Рақси кабӯтар", "Навҳаи доркӯб" ва "Афсонаи гунҷишкҳо" ҷой дода шудаанд ва дар онҳо нависанда масоили мубрами рӯзгори моро аз манзари як нависандаи кунҷков ҷӯё шудааст.

Абдуқодири Рустам, нависандаи саршиноси тоҷик, дар  пешгуфтори китоб қайд мекунад, ки: "Дар аввалин маҷмуъаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунонки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби воҷаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад".

Дар матни пушти ҷилди китоб чунин  омадааст:» Ӯ дар "Сафар" мусибати адиби ростгӯро баён мекунад. Дар "Рақси кабӯтар" моро бо зани бадбахте ошно месозад, ки дар тасаввурамон ӯ хушбахтарин маликаи замин аст, дар "Ҷудоӣ" мавзӯъи фироқро тарсим менамояд. Дар "Тоблу" фоҷиаеро ба риштаи тасвир мекашад ва "Навҳаи доркӯб" бонгест, ки моро ҳушдор медиҳад: ҳой Инсон, суннатро фаромӯш накун. Аз "Афсонаи гунҷишкҳо" намегӯем, беҳтар аст онро худ бихонед ва бибинед чи дарду андӯҳе аз дили шоир фаварон мезанад».

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh