НАҚШИ БОРИЗ ДАР ТАҲКИМИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

Воқеан, имрӯз маҷаллаи «Паёми Суғд» бо роҳбарии Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш инъикосгари муҳити муосири эҷодии ҳавзаи адабии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, дар ташаккули насли нави адибон ва интишор ва то ба тамоми сокинони қаламрави вилоят расондани чакидаҳои хомаи шоирону нависандагон, олимон, ҳамчунин намунаҳои эҷодиёти адибони ҷаҳон нақши бориз дорад.

Бо ибтикори ҷомеаи эҷодии «Паёми Суғд» ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», ки ба соли равон рост меояд, бо ҳайати эҷодии рӯзнома мулоқот доир карда шуд. Сардабири маҷалла Толиб Карими Озарахш аҳли иштирокчиёнро ба меҳмонхонаи маҷалла хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки саҳми нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Ҳақиқати Суғд» дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҷиҳати сафарбарнамоӣ ва муттаҳид гардонидани мардум баҳри созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими муҳити маънавии ҷомеа шоиста аст.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мухтор Абдуллоев дар бобати нақши таърихии ҷарида ҳарф зада, изҳор дошт, ки вобаста ба давраҳои коллективонии хоҷагии қишлоқ, саноатикунонӣ, яъне бунёди коргоҳҳои азими саноатӣ, сохтмони иншооти бузурги давр ва дигарҳо рӯзнома чандин маротиба номи худро иваз намуда ва то имрӯз, ки аз таъсисёбиаш навад сол пур мешавад, рисолати хешро ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҷодаи баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бошарафона баҷо меорад.

Дар ин фурсат ба ин рӯзномаи бонуфуз чандин инсонҳои шарифу бузург сарварӣ намуда ва ҳар яки онҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, ки мавқею мақоми нашрия ҳамчун инъикоскунандаи роҳи пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва розу ниёзи аҳли ҷомеа лаҳзае тағйир наёбад.

Аҳли эҷоди рӯзнома ҳамчун солномаи рӯзгори вилоят дар рӯзҳои вазнинтарини ба сари мардуми кишвар омада-солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта рисолати худро баҷо оварда, баҳри сарҷамъӣ, иттиҳод, муайян кардани мавқеи ягонаи худ ҳамроҳу ҳамрози мардум буд.

Дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсози миллат ҳайати эҷодии нашрия, мухбирони парлумонии он ҷасорату матонати беназир нишон дода, баҳри инъикоси пурраву воқеъбинона ва ҳамаҷонибаи он ва то ба эътибори мардуми тамоми кишвар расондан заҳмат кашидаанд.

Сармуҳаррири рӯзнома инчунин зикр намуд, ки ба муносибати ҷашни 90 - солагӣ ҳайати эҷодӣ амалигардонии чандин нақшаҳоро назардошт намудааст, ки доир намудани озмунҳои эҷодӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, дарҷи китоб дар бораи таърихи рӯзнома аз ҷумлаи онҳост.

Дар мулоқот ҳамчунин кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Файзулло Атохоҷаев, Рафоат Мӯъминова, Сурайё Ҳакимова хотира ва андешаҳои худро баён доштанд.

Дар мулоқот сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» Исоқҷон Зокиров, нависанда ва ҷурналисти хушсалиқа Мавлуда Шарифова, собиқадори соҳаи матбуот Тӯҳфа Расулӣ дар бораи нақши рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» хотираҳои хешро баён карданд.

Собиқадори матбуоти тоҷик, рӯзноманигори варзида Файзулло Атохоҷаев дар ҷамъбасти мулоқот ба сармуҳаррир ва ҳайати эҷодии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои доир намудани чунин мулоқоти самимонаву хотирмон изҳори сипос намуд.

Р.НЕЪМАТЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh