ДДХ: Ташаббуси наҷиб дар китобхонаи марказӣ

Дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои устодон ва магистрантони факултаи филологияи тоҷик ва филологияи ӯзбек намоиши китобҳои илмӣ-оммавӣ, бадеӣ ва дарсӣ баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур бо мақсади муаррифии номгӯйи китобҳо роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он бештар ҷалб намудани устодону магистрантон ба китобхона мебошад.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ таъкид намуд, ки ҷомеа замоне ба саодат даст меёбад, ки мутолиа кори ҳамарӯзааш бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ ба масъалаи рӯ овардан ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, қайд карданд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, – таъкид намуд Дилбар Самадова.
Субҳони Аъзамзод, мудири кафедраи адабиёти муосир зикр дошт, ки иқдоми мазкур имкон фароҳам меорад, то ҷомеаи устодони донишгоҳ аз хазинаи пурғановати китобхона аз наздик ошно гарданд.

Китобхонаи марказии донишгоҳ беш аз 300 ҳазор номгӯйи китоб мавҷуд аст. Бино ба иттилои директори китобхона рӯзҳои наздик бо дастгирии ректори донишгоҳ барои устодон шароити мусоиди корӣ ва утоқи алоҳидаи мутолиа ҷудо карда мешавад.

Иқдоми мазкур, шоистаи таҳсин ва ибрат буда, барои мо – устодони донишгоҳ имкон фароҳам овард, ки аз номгӯйи китобҳои нави махзани китобхона огоҳ шавем, – гуфт Мавҷуда Ӯрунова, мудири кафедраи адабиёти муосир.

Шоистаи таъкид аст, ки намоиши китобҳо дар Китобхонаи марказии донишгоҳ аз санаи 20 - уми январ шуруъ гардида, то охири моҳ давом хоҳад кард.

Шаҳноз Зарипова,
устоди шуъбаи рӯзноманигории ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh