Дили гарм доранд оҳангарон!

Дар яке аз суҳбатҳои тахассусӣ аввалҳои моҳи сентябри соли дуҳазору нуздаҳ доктори илми таърих, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев изҳор намуд: таърих, тамаддун ва фарҳанг гувоҳномаи аслу насаби миллат, нишони кору пайкор, касбу эҷоди ҳар қавм ва мазмуну моҳияти ҳаёту рӯзгори мардум мебошад. Дар омади сухан, ба эшон аз боби оҳангарӣ, шуғл ва кори оҳангарӣ аз нигоҳи таърих пурсон шудем.

Дар ҷавоб шунидем: нишони пурвусъати ниёгон, аҷдодон ва миллати тамаддунофари тоҷик худи ҳамин 5500-солагии Саразм мебошад. Он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии аҷдодони пуршарафи моро имрӯз дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Президентамон Эмомалӣ Раҳмон башорат оварданд.

Албатта, дар шаҳри қадимаи Саразм баробари дигар касбу касабаҳо оҳану оҳангудозӣ, оҳангариву оташгарон ривоҷ ёфтаву мавқеъ гирифта, дар ин масир гуфтан ҷоиз аст, оҳангарӣ ҳунари қадима асту таърихи ҳаётпазирии ин касби пурзаҳмат бо тамаддуни ин шаҳри қадима ҳамрадиф маъно мепазирад.

Аз суханони профессор Абдуллоҷон Мирбобоев мавзӯъ ва идея бардоштем, ки дар идомаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз рӯи бардошти нерӯи тафаккури зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ ва маърифат дар бораи кору пайкор, ҳунару эҷоди оҳангаре қисса намоем. Аз ниятамон рафиқи ҳамкасбу ҳамсуҳбат, рӯзноманигор ва омӯзгори собиқадор Алиҷон Олимзода огоҳ гардиду бароямон маънои оҳанро шарҳ дод: оҳан - филизи сахт, ки бо гудохтаи он асбоби гуногун месозанд. Шоири тавонои асрҳои гузашта Асҷадӣ гуфтааст: - Ахтар ҳам оташ аст, валекин на чун чароғ, Сӯзан ҳам оҳан аст, валекин чун табар.

Дӯстамон Алиҷон Олимзода дар идомаи суханаш кӯтоҳ дар бораи устои оҳангари сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки ин ҳунарманд аз оҳан афзорҳои гуногун, ҳамчун теша, табар, дос ва ғайраҳоро месозад. Вай гуфтаҳои худро бо як байти шоири ҳунарманд, мутафаккири тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ тақвият дода, бароямон бихонд: - Аз ин дам, ки карданд оташгарон, Дами гарм доранд оҳангарон.

Ному насаб, ҷараёни фаъолияти корӣ ва раванди ҳаёти хонаводагии оҳангари унҷигӣ роҳи моро ба дукони ҳунармандии ӯ, ҷойи заҳматаш, бо ифодаи Ҳаким Фирдавсӣ, «маро нест з - оҳангарӣ нангу ор» овард.

Дукони оддинамову хеле ботартибу пурасрор. Ҳунарманд-дар сари кор, дар қӯраи оҳангариаш оташи навакак афрӯхта акнун забона мегирад. Дар рафҳои аз оҳану тасмаоҳанҳо сохташуда асбобу ускунаҳои хоси ин ҳунар аз рӯи коромадашон гузошта шудаанд. Манзараро аз як гӯшае тамошо кардем, мароқ ба гирумони усто зоҳир намудему наздаш омадем. Салому алейк кардем, ки ба мо синчакорона назар намуда, гуфт:

- Ба шумоён ягон чиз лозим шуд? Биёед, ба захирахона меравем, даркориатонро ёфта мегиред.

- Не, ба мо худи Шумо даркор ҳастед,-гуфтем.

- Хайр, хайр, чӣ хизмат намоям?-ҳайрон-ҳайрон нигоҳ кард ба ҳар дуямон.

- Касбу кор, ҳунару заҳмататон, овозаи маҳсули дастонатон моро ба ин ҷо овард, - гуфтем ва ба суҳбати гарм оғоз бахшидем…

Имрӯз ӯ марди шастуҳафтсола асту оҳану оташ бо зарбаҳои гоҳе бомарому гоҳе канда-канда кашише дораду хаёлоту нигоҳи созандагиаш, ба қавле, ҳамсадоянд. Ӯ Абдумавлон Каримов, зодаи ноҳияи Қумсангири водии Вахш аст. Дар оилаи устои оҳангари номӣ Абдукарим Қосимов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш дар хоҷагии пешинаи «Москва» (феълан Ҷамъияти саҳҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаев) ҳамчун тракторчӣ фаъолият мекардааст. Оилаи онҳо пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои саҳм гузоштан дар корамгардонии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш азм кардаву камар баста, роҳи он ҷоро пеш гирифта будаанд. Давоми сиву панҷ сол дар водии Вахш саодатмандона зиндагӣ, кору меҳнат кардаанд. Он ҷо оилаи ин муҳоҷиронро ҳама ҳамчун оҳангари асил, деҳқони ободкор мешинохтаанд, ҳурмату эҳтиром мекардаанд. Аз гуфтаҳои Абдумавлон Каримов мазмуне бардоштем, ки гӯё падари раҳматиаш сухане доштааст ва онро такрор ба такрор зеҳннишини писараш менамудааст: «Яке безиён марди оҳангарам».

Онҳо соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду нӯҳ ба зодгоҳашон-деҳаи Унҷии имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бармегарданд.

Вақте падараш ин ҷаҳонро падруд гуфт, Абдумавлон сию ҳафт сол дошт, касбу кори расо ӯро барои ҳалқапайванди ҳунари аҷдодӣ, ба гуфтаи худаш, «уҳдадор» кард. Ӯ дар оила фарзанди дуюм ба ҳисоб рафта, бародару додаронаш, хоҳаронаш - ҳама ҳашт нафар ба вай бовар доштанд, ки касби бобоиву падарашон ҳаргиз дар нимароҳ намемонад. Воқеан, бобояш Қосимбойи усто дар деҳа бо ҳунари оҳангарӣ маълум будаву ҳосилоти заҳмати мардонааш гӯё ки дар ҳар хонадони мардуми деҳаи Унҷӣ ва хоҷагиҳои ҳудуди он дидаву бемуҳобот, баҳри кишти зиндагонӣ рангу тароват мебахшиданд.

- Меҳру завқи оҳангарӣ ва касбу кори авлодӣ барои ман зиёд буду уҳдадорам намуданд, ки бояд ҳама зеҳну қувватамро дар ҳалқапайванди он бисанҷам, - мегӯяд Абдумавлон Каримов. – Аз аввали солҳои шастум, яъне дар ҳафтсолагиам ба даст болғаву оҳангардон гирифтаму садои хоси оҳану оташу сандонро ба гӯшам чун ҳалқаи касбӣ овехтам, гӯем, ягон муҳобот намешавад. Дар навбати аввал чизҳои оддиякак - оташгирак, ҳар хел мехҳо барои банди чорво, ҳалқаҳои ҳархелаи хоҷагӣ, каландча месохтам. Чунонки мебинед, имрӯз ҳам бо ҳамин шуғл ҳастам.

Бо гузашти солҳо маҳорати Абдумавлон Каримов сайқал ва такмил ёфт, завқаш ба сохтани асбобу воситаҳои пешбурди кори хоҷагӣ - досу болға, белу каланд, панҷшохаву оташгирак, мехкашаку ҷодуи алафмайдакунӣ, табару доскалла, тешаву ископ, зоғнӯлу қайчиҳои гуногун, анбӯру корд, омочу аробачаҳо, кафгиру фонаҳои ҳархелаи оҳанин баланд гардид. Ӯро мардум бо ҳунари меросиаш хубтар мешинохтагӣ шуданд. Касби аҷдодӣ мактабу сабақи хоси худро дорад, ки ин устои оҳангарро номвар намудаанд. Ба ин маънӣ, худи ӯ мегӯяд: - Дар устохонаи оҳангарии ман ҳамаи асбобу таҷҳизот, воситаи кору меҳнат бароям аз падари ҳунармандам, ба қавле, мерос мондаанд.

- Касбамро, ҳунари оҳангарии меросиро бисёр дӯст медорам. Мо, аҳли оила ифтихормандем, кушоиши масъалаҳои рӯзгорро бо ҳамин ҳунар алоқаманд медонем. Ба ҳар чизи сохтаамон меҳр ва муҳаббат дорем,-мегӯяд устои оҳангар. -Меҳнати дастӣ эҳсоси фаромӯшношуданӣ дорад. Бинобар он ҳарчӣ, ки аз дастам меояд, барои ҳоҷатбарории мардум месозам. Хизмати мардумро ба ҷо меоварам, зеро соҳибкасби авлодиам. Магар дар зиндагонӣ аз хизмати холисона, софдилона ва содиқона намудан ба мардум, баровардани ҳоҷату хоҳиши онҳо дигар кори бузургтаре ҳаст? - мегӯяд усто Абдумавлон.

Садои болғаву путку сандон, зарбаҳои ба оҳани суп - сурхи равшанидиҳанда бархӯрдани асбоби оҳангарӣ, шакли муайяни чизеро гирифтану печутоб хӯрдани филиз бо ҳузарбиҳои кӯба боз ҳам диққати моро ба худ ҷалб мекунад, ки аз ин рабти кор гӯё аз эҳсоси бардоштаамон бехабар мемонем.

Усто Абдумавлони оҳангар аз идомадиҳандагони ҳунараш - шогирдонаш Ибодулло Абдуқаюмзода ва писари хурдиаш Соҳибҷон умеди калон дорад. Ҳар кадоми онҳо бо тарзу услуби ҳунармандиашон роҳи муайяни худро соҳибанд. Онҳо ба устои худ, ки барояшон бо ҷону дил кор омӯхта, чун мутахассис - ҳунарманд ба майдончаи қӯраи оҳангарӣ овардааст, меболанд ва фахр мекунанд.

Аз маҳсули заҳмати ин устои оҳангар ва тракторчии соҳибкасб Абдумавлон Каримов, чунонки дар боло ишора намудем, мардум баҳра мебардоранд. Инчунин, бозорҳои вилоят, ба гуфторе, «ҳусни касбу ҳунарро набошад ҳеҷ биме аз завол» дар харидорӣ аз панҷаи марҷон нигор доранд. Маҳсулоти оҳангарӣ дар дукони ҳунарманд бо боварӣ, бо камоли касб ва бо муҳаббати самимӣ нисбат ба ин касабаи тамаддунасли тоҷикон сохта мешавад, устодона ба ҷо оварда, пешниҳоди мардум мегарданд, зеро саодат дар меҳнат аст.

Барои ҳунармандон, мардумони касбу касабаҳои аҷдодӣ иқдомоти вусъатбори «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» монанди нақши ҳотамкорӣ шуда, мазмунаш рангин гардид ва мисли «дар баҳор ҷайби боғ лабрези гул» сабоҳи тоза қабо дораду латофату файзи дастони заҳматписанд эътирофи ҳамагонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ҳошияи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қарори махсуси Раиси вилоят оид ба гузаронидани озмуни оҳангар ва мисгари беҳтарин дар қаламрави вилоят хуррамона дар амал татбиқ шуда, ба ҳадафи худ расид. Сабақи ҳунарҳои аҷдодӣ ба насли ҷавони замони муосир ҳувияти арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиро мазмун бахшид.

Аз чеҳраи ҳунарманди оҳангар Абдумавлон Каримов, ки соҳиби оилаи аҳлу тифоқ ҳам мебошаду шарики ҳаётиаш Дилором Саидова, фарзандонаш ҳамеша ӯро ёваранд, мо мазмуни амиқ бихондем: симои пурматонат, ғайрату ҳиммат, меҳнатдӯстӣ ва соҳибдилӣ хоси ин марди соҳибкасб буда, ба як гуфторе, «ҳар кӣ ҳаст аз касбу ҳунари сабзи ту саводи назараш».

Нигоҳи маънидору чеҳраи кушодаи оҳангар моро самимона «Хуш бошед, боз биёед!» мегуфт, ки аз рӯҳияи муҳаббат ба меҳнат саршор буд.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
 Муқимҷон АЛИШЕХЗОДА,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh