Муаррифии либоси миллӣ

Воқеан, бо либоси зебои миллӣ зани тоҷик, чун олиҳаи ҳусн бемислу дилфиреб пеши назар ҳувайдо мегардад.

Хусусан, гулкориҳои моҳиронаи либосҳои тоҷикона, ба мисли чакан, атласу адрасҳои пурҷило ва тоқиҳои беҳамтои пур аз нақшу нигори бонуи тоҷик ҳамаро мафтун мегардонад, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар олам назир надоранд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, ба эҳёи баъзе аз унсурҳои аз байнрафтаи аҷдодони мо мусоидат мекунад.

Мардуми тоҷик аз азал меҳнатдӯст ва зебопараст аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарҳи либоси миллӣ, навъҳои матоъ, тарзҳои дӯхти он ёдгоре аз гузаштагонанд. Шояд ба ҷавонони имрӯз сарулибоси пешина писанд набошад, аммо онҳо метавонанд, тарҳи онро дигаргун намуда, ба мӯди замони ҳозира бо нақшу нигори тоҷикона зеб диҳанд. Барои либоси миллиамонро пос доштан аз тарафи Ҳукумати кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, 23 - юми августи соли 2016 Парлумони кишвар дар ҷаласаи ғайринавбатии худ ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла уҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шуд. Боз як имконияти хубе барои муаррифии сарулибоси миллиамон пайдо гардид. Дар заминаи он бархе аз ҷавонон барои дастгирии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯйи хонадоршавиашон бо либоси миллӣ ба тахти шоҳӣ нишастанро пеша ва вазифаи муҳими худ донистаанд.

Руқиямоҳ БОБОЕВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд, ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh