Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Соли нави мелодии 2020

Ҳамдиёрони азиз!

Кулли сокинони вилояти Суғди бостониро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020-ум шодбош гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини халқи тоҷик соли 2019 бо музаффариятҳои беназир ва комёбиву пешравиҳои назаррас хотирмон боқӣ мемонад. Зеро дар ин сол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба нишондиҳандаҳои беҳтарин мушарраф гардид.

Эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар рӯзи таҷлили 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳадафи чоруми миллӣ пазируфта шудани саноатикунонии мамлакат аз тадбирҳои ҳадафмандонаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар ин соли фархунда ба ҳисоб рафта, ин дастовардҳо боварии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ояндаи дурахшон бештар намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳои таърихӣ Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, нуктаҳои зимни суханронӣ дар робита ба рушди соҳаҳои иқтисодиёту иxтимоиёт баёнгардида, ҳамчун раҳнамои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талош ва рушди бонизоми давлати миллиамонро ифода намуданд.

Чунонки Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, сокинони кишвари азизамонро рӯйдоди тозаи аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул гардидани пешниҳод вобаста ба баргузории ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии зодрӯзи шоири бузурги ғазалсарои садаи чордаҳум Шайх Камоли Хуҷандӣ хеле руҳбаланд намуд. Зеро ин ташаббусҳо, агар аз як тараф барои ба зуҳур омадани пажуҳишҳои тозаи илмӣ дар миёни олимони ватанию хориҷӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, халқи куҳанбунёди тоҷикро, ки 5500 сол қабл соҳиби илму маърифат ва маданияти пешрафта буд, ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад кард.

Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки фардои кишвари азизамон боз ҳам дурахшонтар мегардад ва ҷашни мубораку ҳумоюнии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем.

Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта, сулҳу осоиш, хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва тансиҳативу сарбаландӣ таманно менамоям.

Бигзор Соли нави 2020 соли дастоварду муваффақиятҳо ва амалӣ гардидани орзуҳои неки созандаву бунёдкоронаи сокинони кишвари азизамон бошад.

Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh