Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ

10 декабр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ доир шуд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” ва қарори марбутаи Раиси вилоят соли оянда дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад. Таъкид гардид, ки таҷлили 5500-солагии Саразм ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО низ пазируфта шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ корҳои омодагӣ ҷараён дорад.

Сипас, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба рафти корҳои омодагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷашн маълумот доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди наздик 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баррасии вазъи омодагиҳо барои тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, омодасозии маводи зарурии тарғиботӣ оид ба Саразми бостонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба ёдгории қадимӣ ва дигар масъалаҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh