Соҳибҳунаре, ки муваффақ аст...

Солҳои зиёд аст, ки Баҳорхон Охунова дар Муассисаи таҳсилоти иловагии рақами шашуми Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари “Маҳфили бофандагӣ” фаъолият дораду ба шогирдон ва ҳунаромӯзони ҷавон аз нозукӣ ва асрору хусусиятҳои ҳунари аҷдодиамон - бофандагӣ сабақ меомӯзонад. Шогирдонро ҳангоми дарс ба олами рангину пурнафосати омӯзиши ҳунар ворид гардонида, аҳамият ва зарурияти соҳибкасб гаштанро дар зиндагӣ бо мисолҳои мушаххас собит месозад.

Оилаи онҳоро дар қаламрави ҷамоату ноҳия ва вилоят аксарият ҳамчун сулолаи омӯзгорон шинохтаву эътироф кардаанд. Модараш Башоратхон Бузурукова ва падараш Мирзоюнус Охунов собиқадорони соҳаи маориф ҳастанду бо нони ҳалоли муаллимӣ фарзандонро ба камол расонидаанд.

Баҳорхон Охунова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгори фанни физикаю математика гардид. Азбаски муаллима аз оғоз ба ҳунаромӯзӣ ва ҳунармандӣ муҳаббати зиёд дошт, бинобар ин ҳамчун бофандаи моҳиру соҳибистеъдод шинохта шуд. Маҳсули ҳунарҳои дастиашро муаррифӣ карда, дар ин ҷода музаффарият насибаш гашт.

Боиси сарфарозист, ки солҳои охир бо сиёсати хирадмандона ва маънавиятгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ соҳаи ҳунарҳои мардумӣ рушд карда, анъанаҳои гузаштаамон аз нав эҳё гардид.

 - Шарт нест, ки хонандагони мактаб фардо маҳз кулолгар, дуредгар, оҳангар, заргар, нонвой, дӯзанда ва бофанда бошанд. Бигузор, ин касбу кори дуюму сеюми онҳо бошад. Мо хуб медонем, ки бисёр бузургони илму фарҳанг ва шоирону нависандагон шуғли дигар низ доштанд, Аҳмади Дониш хаттот, Сайидо бофанда, Фитрат зардӯз буд.

Яъне ҳадаф аз таълими ҳунарҳои мардумӣ фақат интихоби касб нест. Ҳар кас метавонад, омӯзгор, духтур, овозхон, муҳандис ва ғайра бошад, вале ҳангоми фориғ аз кор ба эҷоди дигар машғул гардад, зиндагӣ мазмун ва рангу таровати тозатар касб менамояд, - гуфт зимни сӯҳбат зани даҳ ангушташ ҳунар ва омӯзгори пуртаҷриба Баҳорхон Охунова.

Борҳо шоҳид гаштаам, ки утоқи кории муаллима пур аз духтаракони ҳунардӯст буд. Онҳо мехоҳанд, аз нозукиҳои ҳунари бофандагӣ огоҳ шуда, бофандагиро аз худ намоянд. Худи муаллима ҳамчун роҳбари маҳфил бофтани зиёда аз 50 намуди маҳсулотро ба шогирдон меомӯзад. Онҳо ҷуробҳои кӯдаконаю занона, либосҳои кӯдакона, сарпӯшҳо, чойникпӯшҳо, гулдонҳо, гулдастаҳо, маҳсулоти ороишӣ, камзӯлҳои занонаю кӯдакона ва ғайраҳо мебошанд. Гирандаи Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соҳаи қолинбофии дастӣ мебошад.

Чанде қабл Баҳорхон Охунова ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари маҳфил” дар соли 2018 - 2019 дониста шуда, бо ҷоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан муаллима дар кор зани заҳматписанду навҷӯ ва ташаббускору эҷодкор аст.

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh