Инъикоси табиати биҳиштафзо

Осорхона даргоҳест, ки дар замири шахс ҳисси ифтихори миллӣ, садоқату муҳаббат ба Ватан, гиромидошти осори таърихию фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва муҳаббат ба осори ниёгонро мепарварад. Осорхонаҳо аз аввал ҷои дӯстдоштаи кулли одамон ба шумор мерафтанд. Чунки ҳамеша муҳити «интихоби озод» -ро барои тамошобинон пешниҳод менамояд.

Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 18-уми октябри соли 1958 дари худро барои тамошобинон боз намудааст. Осорхона аз се шӯҳба ва 8 толори намоишӣ иборат буда, яке аз толори шавқовари он толори табиат мебошад, ки яке аз ҷойи дӯстдоштаи тамошобинон гардидааст.

Толори намоишии табиат дар толори 8-уми осорхона ҷойгир буда, дар он кӯлҳо ва олами набототу ҳайвоноти водии Зарафшон, аз ҷумла оилаи хазандагон, хояндагон, паррандагон, ҳайвоноти ваҳшӣ, хирс, паланг, рӯбоҳ, гӯрбаи даштӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳисси табиатдӯстӣ ва ҳифзи муҳити атрофро дар дили насли наврас аз синни хурдсолӣ бедор намудан лозим аст, ки дар ин нақши толори табиати осорхона хеле калон мебошад. Шумораи зиёди наврасону ҷавонон аз ин толор дидан намуда, доир ба олами табиати бойи Тоҷикистон ба худ маълумоти зиёдеро дарёфт менамоянд.

Кормандони илмӣ ҳамеша омодаанд ба гурӯҳи тамошобинон сайри илмӣ гузаронида, ба онҳо оиди ашёҳои ба намоиш гузошташуда маълумоти пурра диҳанд. Боиси хушнудист, ки қисми зиёди тамошобинони толори табиатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наврасон ба табиати зебои диёрамон майли беандоза доранд.

Бояд гуфт, ки экспозитсияи толори табиат барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот маводи ёрирасони хубе мебошад. Бо истифода аз матнҳои толор, ки бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шудаанд, хонандагон метавонанд барои худ аз фанҳои табиатшиносӣ, зоология, ботаника рефератҳо омода намоянд.

Маъмурияти осорхона тасмим гирифтааст, ки дар оянда толори табиатро таҷдид ва такмил дода, онро бо диорамаҳои махсус, расмҳои рангоранг, табиати зебои диёрро тасвир ва пешкаши тамошобинон гардонад.

Зебинисо Пӯлотова,
корманди илмии осорхонаи
ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh