Шарҳи шаст шеъри Фарзона

Китоби нави адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони  «Шарҳи шаст шеъри Фарзона»  тариқи нашриёти «Ношир» ба тозагӣ  дастраси ҳаводорони илму адаби тоҷик  гардид.

Дар китоб  панҷоҳ ғазал ва даҳ шеъри нави Шоираи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ  Фарзона шарҳ дода шудааст, ки барои дарки ҷаҳони маънавӣ ва андешаву афкори шоир мусоидат мекунад.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб менависад, ки ҳинни шарҳбандӣ ва тасфир шеърҳое интихоб шудаанд, ки барои «навсафари роҳи адабиёт мушкилфаҳм» аст.

-«Борҳо шунидаем, ки хонандагон шеърро барои ом ва хос ҷудо мекунанд ва дар шарҳу идроки ашъори баъзе шоирон як навъ мушкилотеро эҳсос менамоянд. Шояд ба ҳамин далел шеъри сабки ҳиндӣ дархури ҳамагон нест, зеро барои лаззат бурдан аз он ранҷи кушодани он бастаҳоро бояд кашид.

Дар миёни хонандагони имрӯз низ гоҳе сару садоҳое баланд мешавад, ки шеъри баъзе шоирон, аз ҷумла Фарзона барояшон чандон  фаҳмо нест. Ба назари мо, тааммуқ дар сари чанд шеър ба ҷаҳони ботинии муаллиф роҳ мекушояд ва имкон медиҳад, ки ашъори дигарро осонтар дарк намоем. Ба ин хотир ба чанд шеъри шоир рӯ меорем ва сайъ мекунем, ки қоғази мунаққаши онро боз намоем ва барои дарёфти розҳои нуҳуфтаи шоир роҳ пӯем», қайд кардааст адабиётшинос  Матлубаи Мирзоюнус.

 Маъникушоиҳо дар паҷӯҳиши мазкур бо мушаххас намудани афоилу вазни шеър ва байт – байт шарҳу тавзеҳ додани маънии мисраъҳо, бо овардани луғати воҷаҳои душорфаҳм  барои хонанда дарки маънии шеърро осон месозад.

Китоб бо дастгирии молиявии Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба чоп расида, ҳадяи хубе ба мухлисони шеъри Фарзона ва ҳамаи алоқамандони назми муосири тоҷик мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh