Сайёҳӣ рушд меёбад

Дар Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Бӯстон масъалаҳои рушди сайёҳӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ташаккули тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардид.

Дар кори ҷаласа тибқи нақша аз рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2010, № 560 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаётисолимдар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2020”,аз 3-юми майи соли 2014, № 294 “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, аз 1 марти соли 2018, № 80 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2018-2020” натиҷагирӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида масъули рушди сайёҳии шаҳри Бӯстон Бахтовар Ҷумъаев, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Бахтиёр Мӯъминов ва сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила Мавзуна Латифова маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки баҳри иҷрои қарорҳои мазкур қарорҳои дахлдори раиси шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул гардида, тибқи он корбарӣ дар ин самтҳо бомаром ҷараён дорад.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар фарҷоми кори Шӯро масъулонро баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф намуд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бустон

Add comment


Security code
Refresh