Рӯнамои китоби “Тулӯи ҳақиқат”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо ширкати бештар аз 200 нафар олимону устодон ва донишҷӯён, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи муаллимон маҳфили муаррифии китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат” баргузор  гардид. 

Китоби мазкур маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китобҳои пурарзиши илмиву таърихӣ ва адабии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  аз ҷониби  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва эҳтимоми шахсии Раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир” интишор шудааст.Маҳфилро  Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ифтитоҳ бахшида, аз моҳият ва арзиши китоб изҳори назар намуд.

Аз ҷумла зикр намуд, ки ин китоб армуғони арзандае бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавриди шинохти ҳақиқати таърихӣ оид ба роҳи пурпечутоби миллати тоҷик дар масири таърих маҳсуб мешавад. Ӯ гуфт, ки мақолоти дар китоб фароҳам омада, бори дигар собит менамояд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик қарор доранд ва осори илмиву адабии он кас сарчашмаи мӯътамади илмӣ барои муҳаққиқони муосир маҳсуб меёбад.

Дар суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султозода тазаккур дод, ки арҷгузорӣ ба таърихи тамаддуни кишвар, илм адабиёт ва мақому манзалати чеҳраҳои мондагори миллат аз самти асосии тадқиқоти Сарвари давлат маҳсуб меёбад, ки он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдату истиқлолияти Ватани маҳбубамон муассир аст. Вай нашри китобро дар арафаи Рӯзи забони тоҷикӣ фоли нек дониста, дасрас намудани онро ба хонандагон, махсусан донишҷӯёни мактабҳои олӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Тоҷибой Султонзода  муборакбодии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва нашри китоби “Тулӯи ҳақиқат”ба самъи ҳозирин расонид.Ҷӯрабек Исомаддинов, номзади  илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маърӯзаи пурмӯҳтавои” Пешвои миллат ва масъалаҳои таърихи миллат” оид ба мақолаҳои “Тулӯи ҳақиқат” дар мавриди таърихи миллат ва кишвар изҳори назар кард. Аз ҷумла оид ба саҳми шоёни Пешвои миллат дар маърифати сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва ташаккули мактаби таърихнигорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ, идома ва таҳаввули корномаҳои шахсиятҳои бузурги миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди таҳқиқи таърихи тоҷикон ба ҳозирин бо санадҳои мушаххас нақл кард.

Зери мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – ҳомӣ ва  пуштибони забони тоҷикӣ” Мӯсо Олимҷонов, номзади илмҳои филология  дар мавриди сиёсати давлатии забони миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мондагори Пешвои миллат дар шинохти сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, хадамоти фарзандони фарзонаи миллат дар густариши забони тоҷикӣ, мақоми шоистаи забони тоҷикӣ ба унвони забони илм дар масири таърих, истиқрори мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру ҳидоятҳо дар амри таъмини покизагии забони тоҷикӣ, мақом ва ҷойгоҳи он дар миёни забонҳои олам, таъмини асолат ва рисолати забони миллӣ дар шароити нави таърихӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавии тоҷикон ҳарф зад. НуралӣНурзод, номзади илмҳоифилология дар мавриди бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси маънавии халқи тоҷик, паҷӯҳиш ва тарғиби адабиёти миллӣ, эҳёи обидаҳои таърихӣ ҳамчун рукни барҷаста ва бузурги таъмини истиқлолияти маънавии халқи тоҷик,ки муаллифон дар радифи дигар ҷустуҷӯйҳои амиқи илмии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳқиқ қарор додаанд таваққуф намуд.

Номзади илмҳои филология Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода таъкид кард, ки ҳарчанд то кунун маҷмӯаҳои мақолоти ҷудогонае дар иртибот ба таҳқиқи падидаҳои мухталифи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯи кор омадаанд, аммо китоби “Тулуи ҳақиқат” метавонад, сароғози боз як равиши тозаи таҳқиқи марҳилаҳои муҳим ва ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор равад.

Мусанниф Саидумрон Саидов намунаҳои аввалини китобро ба Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло  ва чанд нафар аз олимони маъруф, ки ҳадя намуд. Ӯ гуфт, ки теъдоди муаййани ин китоб ба муассисаҳои таълимиву илмӣ, китобхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо эҳдо хоҳад шуд.

Мавҷуда ӮРУНОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh