«Табиби паррон» ба Фестивали байналмилалии «Ábish Álemi» меравад

Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба  Қазоқистон мераванд.

Бино ба иттилои саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов ҳунармандони театр бо намоишномаи “Табиби паррон” дар Фестивали байналмиллалии Театрҳои касбӣ «Ábish Álemi», ки санаҳои 11-14-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад , ширкат меварзанд. Намоишнома аз рӯи асраи Ҷ.Б.Молҳер, бо коркарди нависандаи ӯзбек Ш.Бошбеков ба саҳна гузошта шудааст ва ҳунармандон Диловар Султонов, Ҳакимҷон Ахмедов, Сурайё Хӯҷаева, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Дилшод Сайфиддинов, Фаёз Бойматов, Азиза Худойбердиева ва дар саҳнаҳои умумӣ Фирдавс Ҷӯраев, Ҳикматулло Аҳадов, Орифа Ғафурова, Насиба Каримова нақш меофаранд.

Бояд қайд кард, ки ин дувумин сафари намоишномаи «Табиби паррон»-и Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба хориҷи кишвар мебошад.

Ҳунармандони театр дар ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз-2019", ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор шуда буд,  иштирок ва сафари хотирмоне доштанд. Дар ин сафар намоишномаи  «Табиби паррон»  писанди мухлисон гашта, аз ҷониби мутахиссисон баҳои баланд гирифта буд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh