Раҷаббой Аҳмадзода: Забони тоҷикӣ бузургтарин нишон ва ёдгори маънавист!

Санаи 5 - уми октябри соли 2019 дар Қасри таърихии Арбоб ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб ва фаъолони вилоят иштирок намуданд.

Дар чорабинии бошукӯҳ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз аҳамияти таърихии забони давлатӣ ва нақши он дар рушҷи фарҳангу маънавиёти миллӣ ҳарф зад.

Раиси вилоят зимни суханронӣ мардуми вилоятро ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки забони тоҷикӣ тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.

Имрӯз дар ганҷинаҳои нодири китобхонаҳои ҷаҳон асарҳои зиёде маҳфузанд, ки бо забони тоҷикӣ ба қалам омада, ин забони нобро, ки асосан ҳамчун забони шеъру эҳсосу ишқ дониста мешавад, чун забони илмӣ муаррифӣ намудаанд.

Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ тавассути осори пурғановати устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Тошхоҷа Асирӣ ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукӯҳу шаҳомати хоса дарёфт.

- Ин нукта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад. Нуфуз ва иқтидори ин забон дар асрҳои миёна на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсату давлатдорӣ низ бузург буд, зеро маҳз бо шарофати забони модариамон тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, суннат, расму ойин ва анъанаҳое, ки инъикосгари хусусиятҳои хоси миллат ҳастанд, то ба мо омада расидаанд, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дубора ба мақоми таърихии хеш соҳиб гашт, ки ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи забон пайванди ногусастанӣ дорад. Забон чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайванди қавӣ дошта, дар тӯли ҳастии худ чун далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони истиқлолият низ идома медиҳад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода бурда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст.

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавият, сайқал бахшидани забони адабӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Раиси вилоят дар суханронии хеш аз фаъолияти Комиссияи вилоятии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зада, зикр дошт, ки татбиқи амалии қонуни мазкур ба корбарии масъулони ин комиссия робитаи қавӣ дорад. Санҷишҳои пайвастаи Комиссияи вилоятӣ собит менамоянд, ки солҳои охир дар идораҳои мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сифати коргузориву дафтардорӣ хеле беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар баъзе идораҳо мушкилот мавҷуданд. Ба таври муназзам истифода набурдани луғатномаҳои соҳавӣ ва дар ҳолати дугона амал кардани қоидаи имло яке аз сабабҳои нодуруст таҳия шудани ҳуҷҷату санадҳои коргузориву дафтардорӣ дар бархе идораву ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошанд. Махсусан, риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаву овезаҳо, ҳуҷҷату санадҳои коргузорӣ яке аз омилҳои ғалатхонию ғалатнависӣ гардида, намунаи чунин хатоҳои имлоӣ дар баъзе навиштаҷоти маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят ба чашм мерасанд.

Ҳамзамон, аз санҷиш ва таҳлилҳо маълум мешавад, ки забони воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла телевизон ва радиоҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, нашрияҳои давлатию ҷамъиятӣ на ҳама вақт ба талаботи қонун мутобиқат доранд.

Ҳамзамон, Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронӣ роҷеъ ба забономӯзии насли ҷавон, аҳамияти баргузории озмунҳои маърифатии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ», бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавияти аҳли ҷомеа фикру андешаҳои мӯъҷаз ва амиқ баён дошт.

Ба иштирокдорони чорабинии таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки басо завқбахшу хотирмон буд.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh