Ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)

Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Санаи 4 – уми октябри соли равон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят роҷеъ ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ ҳарф зада, аз ҷумла зикр дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тадбирҳои муассиру судманд амалӣ мешаванд. Чунончӣ, Соли 2018 дар қаламрави кишварамон соли рушди сайёҳӣ эълон гардида буд, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Алҳол дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» ва бахшида ба ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят садҳо иншооти мухталиф, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бунёд ва азнавсозӣ мегарданд, ки дорои шароитҳои мутобиқ ба талаботи замони муосир мебошанд. Суғди бостонӣ дорои табиати беназир буда, аз қадим таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар вилояти Суғд шароити хуб барои рушди сайёҳӣ муҳайё мегардад ва сол аз сол шумораи меҳмонону сайёҳон ба шаҳру навоҳии вилоят меафзояд.

- Дар ин раванд зикр намуданиам, ки соли оянда бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон, бахусус муаррихонро ба худ ҷалб намудааст, - гуфт Раиси вилоят.

Дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноъеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Мунисон, раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуазиз Оқилов, муовини директори Департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон Киял Кенҷиматова, муовини директори Сарраёсати сайёҳии Вазорати туризми Ҷумҳурии Туркия Ононру Гёзет, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва дигарон суханронӣ намуда, бобати тавсеаи ҳамкориҳои давлатҳои узви Созмон дар самти сайёҳӣ фикру андешаҳои судбанд баён доштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи 3 - юми вазирони сайёҳии узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) натиҷаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 2 - юми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ, нақшаи амал оид ба рушди сайёҳӣ, тавсеаи экотуризм дар минтақа, Лоиҳаи Стратегияи минтақавии сайёҳӣ, масъалаи интихоби пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар солҳои наздик, вусъат додани ҳамкориҳои кишварҳои узв дар ин самти муҳим ва дигар масъалаҳои марбут ба сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо масоҳати беш аз 8 миллион километри мураббаъ аз марказ ба ҷануб ва ба ҷанубу ғарби Осиё тӯл мекашад ва тақрибан 450 миллион аҳолиро фарогир аст, ки бо зебоиҳои табиӣ ва мероси таърихиву фарҳангии худ дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Аз ин ҷиҳат, он дорои иқтидори бузург буда, яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии ҷаҳон маҳсуб меёбад ва дар ёдҳо Роҳи қадимаи Абрешимро эҳёгар аст.

Дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои узви ин Созмон дар солҳои 2020 – 2021 интихоб гардид, ки боиси ифтихори мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh