Ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавии "ҲАЁТ" дар шаҳри Бӯстон

2 октябри соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи замонавии "ҲАЁТ" мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона бунёди чунин иншоот ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳиро тадбири муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Меҳмонхонаи замонавии “ҲАЁТ” дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоев бунёд гардид.

Зимни шиносоии Раиси вилоят бо шароиту имконоти иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи “ҲАЁТ” аз се ошёна иборат буда, дорои 28 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи олӣ мебошад. Дар меҳмонхона барои истироҳату фароғати бароҳати меҳмонон ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона сохта шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 600 000 сомонӣ масраф гардида, бо ба истифода додани меҳмонхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Боиси зикр аст, ки соли равон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад маҷмааи хизматрасонии дорои меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо ифтитоҳи меҳмонхонаи “ҲАЁТ”шумораи меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh