December 2021

31 December 2021

Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Темурмалик"

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо корҳои барқарорсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Темурмалик" шинос гардид.

Корҳои барқарорсозии боғи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд ва айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. 

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2022

31 декабри соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.

Читать далее

Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов, собиқадорони меҳнат Каромат Маҳмудова, Ғайбулло Зайниддинов ва Рима Беляеваро аёдат намуд.

Читать далее

30 December 2021

Сообщение пресс-центра прокуратуры района Шохмансур города Душанбе

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /НИАТ «Ховар»/. 30 декабря 2021 года в отношении гражданина Республики Таджикистан Чоршанбиева Чоршанбе Авазхоновича, 1995 года рождения, уроженца города Хорог, временно незаконно проживающего в Российской Федерации, по решению Останкинского районного суда города Москвы

Читать далее

Хабари маркази матбуоти Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва

Читать далее

Рӯзҳои 30 ва 31 декабр дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзҳои 30 ва 31 декабр бо мақсади таъмини фаровонии дастархони мардум дар арафаи Соли нави мелодии 2022 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Имрӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ оғоз ёфта, дар он картошка, пиёз, биринҷ, сабзӣ, равған, шакар, орд, гӯшти гову гӯсфанд, гӯшти паранда, гӯшти моҳӣ, сабзавоту полезиҳо, меваҳои гуногун, маҳсулоти нониву гӯштӣ, шириниву консерва, нӯшокиҳо, туҳфаҳои солинавӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди мардум карда шуд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2022

Соли 2021 дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини тоҷик бо таҷлили ҷашни мубораку ҳумоюни сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ободкориву музаффариятҳои беназир нақш баст.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022,  оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» шахсони масъул ҳисобот доданд.

Читать далее

ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА БАРЕМ

Давру замоне ки мо дар он умр ба сар мебарем, хеле пуртазод ва хатарзо аст. Ҳар як инсон дар ин марҳила бояд бо андешаи солим ва хиради воло мусаллаҳ бошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ТТЭ ҲНИ аз оғози фаъолияти худ то давраи манъи он дар қаламрави кишвар бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнок ва расидан ба қудрат бо дастури хоҷагони бурунмарзӣ ба ҷиноятҳои  вазнин даст задааст. Дар фаъолияти он ҷой доштани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи мардум ва фазои сулҳу субот ба назар мерасад.   

Вазъияти ҷаҳони муосир  ва паёмадҳои нангину хатарзои он имрӯз тамоми мардуми сулҳдӯсту ватанпарварро ба ташвиш овардааст. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ба ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ марбут  мебошад. 

Имрӯз вазъияти хатарбори ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки инсоният бори дигар ба арзишҳои маънавӣ аз қабили инсондӯстӣ, хайру саховат, ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми ниёгон, виҷдон ва монанди инҳо арҷгузорӣ намояд.

 Аммо дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки ин гуна арзишҳои умумибашариро нодида гирифта, баҳри амалигардии манфиатҳои ғаразнок ва нопоки хеш ба рӯзгори ободу осоиштаи мардум халал ворид кардан мехоҳанд. Ҳамаи ин ҳодисаву воқеаҳо ба сари халқи ин кишварҳо аз ҷониби ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ амалӣ гашта истодаанд.

 Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.

Мо бояд ба фитнаҷӯиву тахрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу суббот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат ба роҳ монда, бо мақсади мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул кард.

Дар робита ба ин, бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободониии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд бидонанд, ки ворид гардидан ба ривияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани номи мусулмонон ва дини мубини ислом мебошад.

Н.Р.РАҲМОНОВА,
устоди ДДҲБСТ

Читать далее

ТАРБИЯИ ТАФАККУРИ СОЗАНДА

Тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад, нерӯи зеҳниву ҷисмонии дуруст шинохта шуда, ба самти созандагиву бунёдкорӣ равона гардад.

Меҳнатдӯстӣ чун унсури асосии ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи суботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат заминаи мусоид мегузорад. Дар ҳақиқат, меҳнат ҳам шахсро тарбия мекунад ва ҳам ӯро ба дастовардҳои баланд мерасонад. Ба андешаи донишмандон, дар бунёд ниҳодани бинои рӯзгор мақоми амал - меҳнату заҳмати шахсӣ ивазнопазир аст. Меҳнат на танҳо дар бунёди бинои рӯзгор, ҳатто, дар ҷодаи ба сатҳи шахсият расидани ҳар нафар мақоми асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бойи шахсиятҳои варзида ин ҳамон натиҷаи маҷмӯи меҳнату заҳматҳое ҳастанд, ки дар давраи муайян анҷом додаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҳассоси замони имрӯз, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонони кишвар дахл дорад, торафт доман паҳн намудани идеологияҳои бегона ва зудбоварии ин қишри ҷомеа ба ҳаргуна ваъдаҳои беасоси созмонҳои ифротӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, бархе ҷавонон бо сабабҳои паст будани маърифати динӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд.  Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҷавонони тоҷик ба яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мубаддал гардидаанд, ки аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву динӣ ва қудратҳои хориҷӣ барои пиёда намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода бурданӣ мешаванд. Бо ҳамин далел ва сабабҳои дигар имрӯз барои ҷавонон доштани маърифати баланди сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад, то ки онҳо фирефтаи созмонҳои сиёсиву динии ифротӣ нагарданд. Ҳизбу созмонҳои ифротгароии дар ҷомеаи имрӯза зуҳур ва фаъолият дошта, пуштибони хориҷӣ дошта аз рӯи ҳадафҳои муайяни сиёсиву идеологӣ ва геополитикӣ амал менамоянд. Ҳамаи ҳизбу созмонҳои то имрӯз ба вуҷуд омада аз фурсати муносиби мавҷуда, яъне аз камсаводии динии ҷавонон  истифода мебаранд.

Мо набояд фаромӯш созем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз пайдо гардидани ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ, лидерони ғайрирасмӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сиёсии беруна боиси ҷанги дохилӣ, ҳалоқати ҳазорҳо шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги молӣ гардид. Аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем.Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем. Пас, моро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем ва камтарин ҳиссаи хешро баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон гузорем.

Саидакбар Қуддус

Читать далее