December 2020

31 December 2020

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2020

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021-ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям.

Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз бозори марказии Панҷшанбе

Имрӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулот аз бозори марказии Панҷшанбе боздид кард.

Тавре зимни боздид мушоҳида гардид, дар бозор маводи ғизоӣ фаровон ва нархи маҳсулот муътадил мебошад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳои давлату Ҳукумат ва амалисозии чораҳои мушаххас дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуда, фаровонии маҳсулот дар бозор таъмин гардид.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Сокинон маҳсулоти зарурии худро аз қабили орд, гушт, равған, картошка, пиëз, биринҷ, сабзӣ, шакар, нӯшокиҳо ва афшураҳо, себу анор ва ангурро бо нархҳои нисбати бозор арзон харидорӣ намуданд.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти боз ҳам босамари Ҳукумати мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2021 таҳия гардидааст.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2021

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 шодбош гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Соли 2020 дар таърихи давлатдории халқи тоҷик бо як қатор дастоварду пешравиҳо ва рӯйдодҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ хотирмон боқӣ хоҳад монд. Дар ин сол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шудани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ баёнгари сиёсати ҷаҳонии муваффақона ва тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо аҳамияти оламшумули худ дар авроқи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик барои ба оламиён муаррифӣ намудани осори илмиву адабӣ, намунаҳои фарҳанги тоҷикон ва шиносонидани халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар мусоидат намуд.

Читать далее

Собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, чанде аз собиқадорони арсаи меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла Тӯхтанисо Сангиноваи 78 сола, собиқадори соҳаи кишоварзиро, ки тӯли 56 сол дар хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев фаъолият намудааст, аёдат кард. Аснои суҳбат бо собиқадор Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон намунаи ибрат барои ҷавонон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода профессор Усмонҷон Ғаффоровро аёдат намуд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Усмонҷон Ғаффоров рафта, мавсуфро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми профессор Усмонҷон Ғаффоровро дар ҷаҳони маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муассир арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон назир надорад ва он бемисл аст. Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ  ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст.

Читать далее

Баракати замин аз меҳри мироб

Саривақту пурра пардохт намудани маблағи оби истифодашуда аз сарчашмаҳои таъмиру омодасозии иншооти ирригатсионӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Давоми соли 2020 хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағи хизматрасонии оби полезиро пардохт намуданд, ки 88 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Асрориддин Шокирӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ чанд вақт инҷониб бо стандарти байналхалқии ҳисоботи молиявӣ фаъолият дорад. Тибқи ҳисоботи пешакӣ, зиёда аз 8 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба ин ҳисобот ворид ва барои пурраву шаффоф гардидани ҳисоби оби истифодашуда ва пардохт мусоидат менамояд.

Бино ба иттилои номбурда, ин барномаи 1С мебошад, ки он имконият медиҳад, ҳамаи ҳисобу китоб бо мизоҷон ба таври шаффоф ва дақиқ ба роҳ монда шавад. Инчунин, рӯихати истифодабарандагону мизоҷон муайян карда шуда, аз рӯи он корхона ҳар як субъекти истифодабарандаи оби полезӣ бо тарзи алоҳида ҳисобро ба роҳ мемонад. Яке аз тадбирҳои калонҳаҷми ирригатсионӣ тоза кардани канали калони обпартои мавзеи Патар дар шафати болооби обанбори Қайроққум мебошад, ки Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр тадбирҳоро дар ин ҷода мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта оғоз намуда, ин канали чандин сол боз аз кор баромадаро тоза ва барқарор намуданд.

Корҳои тоза кардани заҳбурҳо дар Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Патар, ба номи Ғафурҷон Ортиқов, Эргаш Шарифов, Раҷаб Ҳамробоев ҷараён дошта, барои обрасонии боэътимоду кам кардани талафоти оби полезӣ тоза кардани канали калони Фарғона аз тадбирҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои масъулин, ҳамагӣ ба маблағи 1055 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 120 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, ҳолати мелиоративии 150 гектар замин беҳтар карда шуд. Аз ҳисоби маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ 540 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, масоҳати 540 гектар беҳтар гардонида шуд.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 395 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 390 гектар масоҳати заминҳо беҳтар гашт. Миробҳои шаҳри Конибодом фурсатро ғанимат дониста, каналҳоро аз лою партовҳо тоза ва хушсифат таъмир карданд. Натиҷа чунин шуд, ки ба минтақаҳои солҳо обнарасида ҳам об ҷорӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки сарчашмаи асосии обрасонӣ дарёи Исфара, Канали Калони Фарғона аст, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад.

Айни замон корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ, таъмири воситаҳои ченаки об ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ идома дорад. Дар ноҳия 9 пойгоҳи обкашӣ амал мекунад, ки калонтарини онҳо «Маҳрам - 1», «Наврӯз» ва «Нур» обро аз дарёи Сир мекашанд.

Истифодаи пурсамари оби полезии мавҷуда дар Канали Калони Фарғона ва дарёи Исфара имкон медиҳад, ки тадбири муҳими мелиоративӣ, додани оби захиравию шӯршӯии заминҳо ба ҳаҷми зиёд иҷро ва боздеҳи баланди заминҳои кишту боғот таъмин гардад. Бояд гуфт, ки 7,5 дарсади заминҳои шаҳри Конибодом тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, боқимонда заминҳо тариқи обҳои худҷорӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 25 ҳазору 62 гектар замин бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Озмун инқилоби бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд

Сарфарозиддин Иморуддинов, магистранти соли аввали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи ”Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” ҷои аввалро соҳиб шуд. Сарфарозиддин бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев барои иштирок дар озмун омодагӣ дида, беш аз 293 ғазал, 800 рубоӣ, 220 мисраъ қасида, 520 байт аз достон ва 1500 байт аз дигар навъи шеърӣ, аз қабили қитъа, маснавӣ, соқинома, мухаммас ҳифз намуда, ба ҳайати ҳакамон манзур намуд.

Сарфарозиддин Иморуддинов андешаҳои хешро пиромуни баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баён дошт, ки онро манзури хонандагон мегардонем:

-Беҳтарин пайвандгари дӯстӣ, ойинаи таърих, қадаме ба сӯйи мақсуд ва ҳарчӣ дастоварду пешравие, ки ҷомеаи башарӣ ба он расидааст, аз китоб аст. Китоб аст, ки инсонҳоро аз хоб бедор менамояд ва бо як диди зебо ба ҷаҳон нигаристанро меомӯзонад. Ин аст, ки сол аз сол ба ин ганҷинаи бебаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз беҳтарин посдорандаи мероси гаронбаҳои гузашта ва имрӯзи мардуми мо ба шумор меравад. Ин озмуни бонуфуз, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаасту тайи ду сол аст баргузор мегардад, бори дигар собит намуд, ки миллати мо ҳанӯз ҳам бо вуҷуди пешравии илму техникаи замони муосир ҷойгоҳ ва манзалати китобро дар ҳаёти хеш воло медонад ва ойини китобхониву китобдории хешро гум накардааст. Ин озмун инқилоби бузурги фикриро ба ҷомеаи мо эҳдо намуд. Таҳлил, муқоиса, таъсирпазирӣ, баёни фикр ҳамаи инҳоро зимни саволу ҷавоби иштироккунандагон бо ҳайати ҳакамон метавонистем дид.

Аслан, ҳар нафаре, ки китобро ба даст мегирад ва пайваста дар пайи омӯзиш мебошад, пирӯз аст. Банда низ аз иштироккунандагони озмуни мазкур будам ва дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи аввал гардидам. Миннатдории хешро ба кулли баргузоркунандагони озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ расониданиам. Бигзор, ин озмун миллати моро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари китобхону китобдор муаррифӣ намояд.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ЗӮРОВАРИИ ОИЛАВӢ ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

“Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” (ТҶ “АЗИТ”)–ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайридавлатие мебошад, ки барои рушди ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи самараноки иқтидори зиёиёни илмӣ- техникӣ ва пурзӯр намудани нақши бахши ғайритиҷоратӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, маърифатӣ ва машваратӣ мусоидат мекунад.

ТҶ «АЗИТ» аз 3-юми феврали соли 2020 лоиҳаи «Маркази захиравии занон»-ро бо дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардонад. Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур аз 1-уми октябр то 31-уми декабри соли 2020 буда, ҷамоатҳои деҳоти шаҳрак ва ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷандро фаро мегирад. Мақсади асосии лоиҳа мусоидат дар баробарии гендерӣ дар кишвар; ҳимояи ҳуқуқҳои занон ба дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ва васеъ кардани дастрасӣ ва таъсири омӯзиши ҷомеа ва машваратҳо дар соҳаҳои манзил, ҳуқуқи оилавӣ, шуғл, ҳуқуқҳои моликият ва бақайдгирии он, ки ба занон ва оилаҳои онҳо марбутанд, мебошанд.

Пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ-иҷтимоии ройгон ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ, машваратҳои мобилии равоншинос ва ҳуқуқшинос дар минтақаҳои мақсаднок; таҳияи усулҳои бомуваффақияти фаъолият оид ба баланд бардоштани маълумотнокӣ, яъне истифодаи маводи иттилоотӣ: мақолаҳо, брошюраҳо, видеоҳо барои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ё гурӯҳӣ; васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути курсҳои касбии асосӣ ва пешниҳоди маълумот барои малакаҳои нави барномасозӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва ҳуқуқҳо аз самтҳои асосии фаъолияти лоиҳа ба ҳисоб мераванд. –Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварии оилавӣ», албатта, дар мубориза бо ин зуҳуроти манфии ҷомеа нақши босазо дорад, аммо тамоман решакан ва пурра ҳал кардани ин мушкилот имконпазир нест. Дар навбати аввал ҳангоми суҳбат бо осебдида ва осебрасони зӯроварии хонаводагӣ мо кӯшиш мекунем, шуури онҳоро тағйир диҳем, ки мушкилтарин кор мебошад.

Аксари шикояткунандагон зӯроварии оилавиро мафҳумҳои кӯҳнаву шахшудае ба мисли «бояд сабру тоқат кард, сирри хонаро ба кӯчаю бозор баровардан даркор нест, мард ҳамеша ҳақ аст ва ҳуқуқи ӯ аз зан бештар аст» побанд мекунанд. Аммо муроҷиати занон барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ торафт бештар мешавад, ки аз як ҷиҳат ҷанбаи мусбат дорад, яъне нишон медиҳад, ки занон, ҳатто ононе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, акнун кӯшиш доранд, барои муҳофизати худ аз зӯроварии хонаводагӣ садо баланд кунанд. Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки зӯроварии оилавӣ сарфи назар аз маълумот ё касбу ихтисос, синну сол ва ҳолати иҷтимоӣ ба амал меояд. Ҷабрдидагоне, ки мо бо онҳо кор бурдем, ҳам сокини деҳоту ҳам шаҳр ҳастанд, маълумоти олӣ доранд,–гуфт ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Дилрабо Шодиева.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамдигарнофаҳмӣ дар оила, ки ба латукӯб боис мешавад, асосан бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ сар мезанад, аз ҷумла, қариб дар панҷяки оилаҳо ҷанҷолҳо бо сабаби паҳншавии касалии коронавирус, аз даст додани ҷои кор, аз сарчашмаи даромад маҳрум шудан ба амал омадаанд. Гуфтан зарур аст, ки зӯроварии хонаводагӣ амали номатлуб аст, зеро боиси мушкилоти дигар мешавад ва оқибатҳои ногувор дорад: бачаҳое, ки дар оилаҳои нопурра зиндагӣ мекунанд, аксар вақт аз назорат берун мемонанд ё ба зери таъсири гурӯҳҳои номатлуб мемонанд. Ба пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ дар ҷамоатҳо талабот зиёд аст ва қисми муҳимтарини фаъолияти лоиҳа ба ҳисоб меравад, зеро ин ёрӣ пеш аз ҳама ба худи кормандони ҷамоатҳо, ки бо мардум аз наздик кор мебаранд, ҳамчун «ёрии таъҷилӣ» зарур аст.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо лоиҳа бисёр кормандони ҷамоатҳо малакаҳои аввалияи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равоншиносиро ёд гирифтанд. Сониян, азбаски дар ҷамоатҳо воҳиди кори ҳуқуқшинос нест, машваратҳои сайёри ҳуқуқии лоиҳа кори ҷамоатҳоро сабук мекунад ва онҳо ин иқдоми лоиҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Ғайр аз ин, талаботи аҳолии деҳот ба гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон дар шакли маслиҳатдиҳӣ, таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ (шикоят, ариза ба мақомоти давлатӣ, аризаи даъвоӣ), гирифтани маълумот дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, граҷданӣ ва ғайра торафт зиёд мегардад. Инчунин, муҳимтарин омили фаъолияти лоиҳа маҳз расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба мардуми деҳот аст, зеро дар ин ҷойҳо ёрии пулакии ҳуқуқӣ гарон аст ва барои аксар дастнорас мебошад. Кормандони лоиҳа чандин мушкилотро оид ба зӯроварии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд. Як мисол меорем: шаҳрванд Н.М. ба ҳуқуқшинос шикоят кард, ки аз соли 2011 дар қайди никоҳ буда, се фарзанди ноболиғ дорад. Ба қавли ӯ солҳои аввал зиндагиашон хушу хуррам буд. Бо мурури замон шавҳар танҳо ба ҳалли мушкилоти худ машғул шуда, нисбат ба зану фарзанд беэътиноӣ мекард. Ба шаробу маводи мухаддир дода шуда, бо занҳои дигар робитаи номашруъ дошт. Дар натиҷа аз инфексияи ВИЧ/СПИД сироят ёфт. Ҳар бор ба хона масту сархуш меомад, ҳамсарашро таҳқир ва латукӯб мекард.

Ин рафтори хушунатбор ба саломатӣ ва ҳолати равонии зан ва фарзандон таъсири манфӣ мерасонид. Оқибат зан ба шуъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Суд муштзӯрро се сол аз озодӣ маҳрум намуд. Баъди адои ҷазо шавҳар дигар аз дастгирии молиявии зану фарзандон даст кашид, ки ҳанӯз дар хонаи мутааллиқ ба ӯ мезистанд. Ҳатто даъво дошт, ки хонаро тарк кунанд. Ҳуқуқшиноси лоиҳа аризаи даъвоии ин зани ситамкашидаро тартиб дод. Суд ҳақро ба ҳақдор расонид ва шавҳарро маҷбур кард, ки барои ҳамсару фарзандон ёрдампулӣ диҳад ва бо манзил таъмин кунад. Ёрии равоншиносие, ки кормандони лоиҳа ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ мерасонанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ҳангоми машваратҳои равоншиносӣ ҳар кадоме дар бораи мушкилоти хонаводагӣ бо эҳсос сухан меронанд. Равоншинос кӯшиш мекунад, ки аъзои оиларо ором сохта, ҷиҳатҳои мусбати онҳоро номбар намояд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар айни авҷи хашму ғазаб қароре баровардан дуруст нест, бинобар ин корманди лоиҳа кӯшиш мекунад, ки шиддати эҳсоси ҳамсаронро дар ин маврид паст кунад.

Дар ин бора мисоли дигареро овардан бамаврид аст: дар оила ҳамсарон давоми панҷ соли зиндагӣ як фарзанд доранд. Бо сабаби мушкилоти оилавӣ айни ҳол зан бо фарзандаш дар хонаи волидон аст. Ҳангоми суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки шавҳараш беҳуда бадрашкӣ мекунад. Зан ҳамшираи шафқат аст ва вақте бо сабаби пандемия карантин сар шуд, ӯ бо иҷозати шавҳар 14 шабонарӯз дар беморхона кор кард. Баъд шавҳараш гуфт, ки зан муддате дар хонаи волидонаш зиндагӣ кунад, то дигарон сироят наёбанд. Умуман, вақти дар хонаи волидон будан шавҳар ба ӯ баҳудаю беҳуда занг зада, дашном медод, таҳдид мекард. Зани бечора чӣ кор карданашро намедонист: як тараф, шиддати пандемияи вируси корона, беморони зиёд, хавфи сироятёбӣ, шабҳои бехобӣ... аз тарафи дигар, таҳдиду таҳқири шавҳар.

Тасмим гирифт, ки дигар ба хонаи шавҳар намеравад. Равоншинос бо шавҳари ӯ суҳбат кардан ҳам намехост, танҳо баъди он, ки ба ӯ комилан махфӣ будани ин суҳбатро фаҳмониданд, ба гуфтугӯ розӣ шуд. Дар рафти суҳбат равшан гардид, ки ҳисси нобоварии ӯ ба зан ҳанӯз дар солҳои мактабияш шакл гирифта будааст. “Мо вақте дар мактаб мехондем, як муаллимамон ҳамеша таъкид мекард, ҳеҷ вақт ба ҳамсари худ бовар накунед, ҳарчанд бо ту зиндагӣ мекунад, аммо дилаш дар ҷои дигар аст”. Мутахассис бо ҳамсарон чанд бор суҳбат кард. Дар натиҷа мард изҳор кард, ки оилаашро аз даст доданӣ нест ва муносибаташро бо ҳамсар дигаргун кард. Акнун онҳо ҳамдигарро мефаҳманд ва зиндагии осудаҳолона доранд. Таҷриба нишон дод, ки чунин машваратҳои инфиродии равоншиносӣ ба оилаҳои осебпазир натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.

Дар давраи пандемия оид ба пешниҳоди машваратҳои рӯбарӯи инфиродӣ мушкилот пайдо шуд. Кормандони лоиҳа тариқи телефон маслиҳат дода, тасмим гирифтанд, ки донишҷӯён-равоншиносони ояндаро ҳамчун ризокор (волонтёр) ба ин механизми мувофиқ ва дастраси расондани ёрии равонӣ ҷалб кунанд. Бахши дигари фаъолияти лоиҳа, мувофиқи тавсияи кормандони ҷамоатҳои ҳадафманд, ташкил кардани курсҳо, ё худ маҳфилҳои омӯзиши қаннодӣ аст. Ба ин маҳфилҳо занон ва духтарон аз оилаҳои осебпазир ҷалб карда шуданд, ки соҳиби касб гардиданд. Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои зӯроварии гендерӣ ва сессияҳои иттилоотӣ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли лоиҳа буд.

Аз ҷумла, 9 сессияи иттилоотӣ дар мавзӯъҳои «Таъсири пандемияи COVID-19 ба муносибатҳои оилавӣ ва ёрӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ», «Тарзҳои пешгирии зӯроварии оилавӣ ва ёрии дастрас ба кӯдакон ва занон», «Зӯроварии оилавӣ ҳамчун омили паст шудани сатҳи накӯаҳволӣ дар оилаҳо» гузаронида шуданд. Дар вохӯриву семинарҳо, дарсҳои маҳорат, ки лоиҳа бо ҷалби 20 нафар ҳуқуқшинос ва 22 нафар равоншинос баргузор кард, мардум бо шавқ иштирок карданд.

Аз ҷониби кормандони лоиҳа 41 ҷаласаи иттилоотӣ, 21 семинари мавзӯӣ, 1-ададӣ мизи мудаввар, тв-шоу, ролики иҷтимоӣ, 5 фокус-группа гузаронида шуда, дар ҷараёни амалигардонии лоиҳа 2012 нафар фарогири он шуданд. Инчунин, барои аҳолӣ, хусусан ҷабрдидаҳо аз ҷониби ҳуқуқшиносон тақрибан 228, аз ҷониби равоншиносон 236 машварат баргузор карда шуд.

–Мо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раёсати занон ва оилаи вилоят ҳамкориро ба роҳ мондаем, дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бахшҳои кор бо занон ва оила даъват карда мешаванд, – мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳа Дилрабо Шодиева.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее