August 2020

31 August 2020

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ карданд.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Азим Иброҳим

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Азим Имроҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Читать далее

Бо ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ

Баргузор шудани интихоботи президентӣ дар кишвари мо марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аст. Ҳанӯз дар Анҷумани ХIII ҲХДТ санадҳои мушаххаси қарордоди қонунии вобаста ба ин воқеаи мубрами сиёсӣ, вақту муҳлати баргузории интихоби қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон аниқ гардида, масъалаи интихоботи соли 2020 аз масъалаҳои афзалиятдори сиёсати кишвари мо эълом шуда буд. Маҳз, он вақт ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ вазифаашро барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ иҷро карда буд.

Мавқеи сиёсии ҲХДТ барои баргузор кардани интихоби президентӣ дар Тоҷикистон аз аввал равшан буд. Он ҳамчун як ниҳоди босалоҳияти сиёсӣ ва, гузашта аз ин, чун як институти сиёсии ҷомеа талош карда буд, ки интихобот дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шавад. Вобаста ба ин дар чунин шароит барои таъмин кардани ниёзу талаби халқ, беҳдошти шароити зиндагӣ, ба эътидол овардани нарху наво, дар сатҳи назаррас таъмин кардани барқу гармӣ барномаҳои мушаххас андешид. Аз назари ҳизби мазкур, маъракаи интихобот ба ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои мураккаби ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста роҳ кушода хоҳад дод.

Дар кишвар маъракаи интихоботӣ бо риояи пурра ва ба роҳ мондани принсипҳои демократӣ, меъёрҳои қонунгузории дахлдор доир мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки ба таври шаффофу воқеъбинона ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардидани он саъю кӯшиш намояд. Интихобот бо иштироки озоду баробари шаҳрвандон сурат гирифта, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ нақши муҳим дорад.

Ба фикри мо, ҷавонон, ҳамфикрию ҳамбастагӣ бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми кишвар замина фароҳам меоварад, ки интихобот ба як маъракаи муҳиму баландмазмун ва муташаккили мардумӣ табдил меёбад. Бо ин амр ҳам мо ба ҷаҳониён фарҳангу маданиятамонро дар пешбурди сиёсати сулҳовару ваҳдатсаро бори дигар намоиш медиҳем.

Фотима АЪЗАМОВА,

донишҷӯи факултети забонҳои шарқи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Деваштич: Таъсиси 70 участкаи интихоботӣ

Дар ноҳияи Деваштич барои дар сатҳи баланд доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ як зумра корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.

Тибқи иттилои Тӯйчибой Маҳкамов - раиси ҳавзаи интихоботии Деваштич – 37, дар ноҳия як ҳавза ва 70 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он 102564 нафар овоздиҳанда раъйи худро хоҳанд дод. Дар ҳамаи участкаҳо шиору овезаҳои тарғибкунандаи интихобот насб гардонида шудааст, ки сокинонро водор месозад, то дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф набошанд, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии кишвари азиз гузоранд. Зеро овози ҳар як сокинони кишвар дар интихоботи дарпешистода ҳалкунанда аст.

Ҳамчунин, семинари омӯзишию дастурдиҳӣ дар байни раисон ва котиботи участкаҳои интихоботӣ баргузор гардид. Аз ҷониби дигар шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриҳо бо аҳолӣ баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи он саҳм гузоштан дар интихобот мебошад.

Истамҷони Наҷмиддин,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

БА ОЯНДАИ КИШВАРИ ХУД БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар шаҳрванди ишвар, ки ба ояндаи мамлакати худ бетафовут нест, бояд ширкат варзад.

Дар ин радиф дар қатори дигар манотиқи кишварамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят низ омодагиҳо дар сатҳи баланд ҷараён доранд.

Тавре мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Мэлс иброз дошт, алҳол вобаста ба тарғибу ташвиқи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр, ҳудуди 1 ҳавза ва 18 участкаи интихоботӣ шиору овезаҳо насб карда шудаанд.

Тариқи радиоузели шаҳрӣ ҳамарӯза баргузории интихобот, тариқи овоздиҳӣ, киҳо доштани ҳуқуқи овоздиҳӣ ва дигарҳо ба аҳолӣ фаҳмонида мешавад.

Инчунин, бо воситаи баландгӯяк кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ низ ба аҳолӣ тарғиботу ташвиқот бурда истодаанд.

Дирӯз вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Палос вохӯрии дастурдиҳӣ бо тарғибгарони маҳаллӣ ва фаъолон баргузор гардид. Омодагӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳр идома доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Тадбирҳои амалӣ дар арафаи маъракаи сиёсӣ

Дар тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ омодагӣ ба ин маъракаи тақдирсоз идома дорад. Участкаи интихоботии №35 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умимии №8-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар он 1228 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.

Баъди эълон гардидани рӯзи баргузории интихобот дар муассисаи мазкур 24-уми август аввалин маҷлиси ҳайати комисссияи интихоботӣ баргузор гардид. Раиси участкаи интихоботӣ Хайринисо Иброҳимова дар ҷаласа оид ба баргузории ин маъракаи муҳим изҳори андеша намуда, қайд кард, ки имрӯз мо бояд баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии ба ҳар яки мо муҳиму таърихӣ ҳиссаи арзанда гузорем.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки аҳолии минтақае, ки ба ҳудуди участкаи мо дохил мешаванд, ба рӯихат гирифта, шумораи овоздиҳандагонро аз нав тартиб диҳем.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо ҳайати нави комиссия шинос шуда, нақшаи кории участкаи интихоботӣ ва навбатдорон тасдиқ карда шуданд. Котиби комиссияи интихоботӣ Шоира Шодиева изҳор дошт, ки айни ҳол мо дар даромадгоҳи мактаб овезаи участакаи интихоботиро насб намудаем. Утоқи корӣ барои ҳайати комиссия ҷудо карда шуда, аз ҳисоби омӯзгорон навбатдории доимӣ ташкил шудааст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

КАФИЛИ РӮЗГОРИ ПУРСАОДАТ

- Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки тибқи он рӯзи якшанбеи санаи 11 - октябри соли 2020 Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд, - иброз дошт раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода.

Дар ин раванд, вобаста ба ин маъракаи муҳим дар 97 ташкилоти ибтидоӣ ҷамъомад доир гардид, ки яке аз масъалаҳои он интихоби вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ буд. Ҳамчунин, дар назди кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 31 нафар аъзои ситод интихоб гардиданд.

Бо мақсади тарғиби барномаҳои пешазинтихоботӣ ва саҳмгузорӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳисоби собиқадорон, зиёиён, занону ҷавонон гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил шуда, корҳои тарғиботӣ бомаром идома дорад. Таъсиси гурӯҳи ташаббускор бошад, баҳри тарғиби ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳиву ифтихори миллӣ саъю талош доранд. Вобаста ба ин санаи 19-уми августи соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХ ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 70 нафар вакил, раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Зоидов, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насимҷон Муродов, муовини раиси ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказӣ Аббос Асаддулоев, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҶСК Ӯрунхӯҷаев Азамат Қодиров дар музокира оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбии худ ва омодагии ҷиддӣ ба интихоботи Президентӣ андешаҳои хешро баён намуданд.

Баъдан, муовини раиси КИВ ҲХДТ Аминҷон Шарифзода, муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, тайёрӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Қайд гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифода аз имконият сафи гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ аз ҳисоби ҷавонон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб зиёд гардад.

Иштирок дар интихобот ва овоздиҳӣ ба номзади арзанда ин саҳмгузорӣ дар ободии кишвар, пурфайзии дастархони мардум, бунёди ҷомеаи солим ва пешрафти халқи тамаддунофари тоҷик хоҳад гашт, зеро ин маъракаи муҳим кафили рӯзгори пурсаодати мардум хоҳад шуд, - гуфт Амирҷон Анварзода.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

27 August 2020

БЕҲУДА АККОС МЕЗАНӢ

Душманони бадбахтона, зодаи ҳамин миллат ин навбат низ бо иғвогариву тафриқаандозӣ айб ҷуста, мардуми осоиштаву некбахти кишварро гумроҳ карданӣ ҳастанд. Навиштаҳои бӯҳтономези як ватанфурӯш бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин хонда, ба афсонабофии ӯ қоил мешавам, ки чӣ тавр аз номи миллати тоҷик шарм накарда, номаҳои иғвобарангезу бардурӯғро дар сомонаҳояш нашр менамояд? Охир ту низ зодаи ҳамин миллат ҳастӣ, шарм намедорӣ, чунин иғвономаҳоро навишта, боз барои ҷаҳониён паҳн месозӣ? Фикр намекунӣ, ки назари онҳо ба мо чӣ гуна мешавад? Намегӯӣ, ки онҳо ба мо чӣ гуна баҳо медиҳанд?

Мардуми Исфара бо феълу атвори наку, хушмуомилагӣ, меҳмондӯстӣ кайҳо маълуму машҳур аст. Аз азал деҳқонони ин макони сарсабз бо дасту дили пок меҳнат карда, бо ҳосили фаровони худ, яъне меваҳои шаккарин дар кишвар шуҳратёр гардидаанд. Мардумаш чунон босабр ҳастанд, ки ҳатто ба чандин ҳуҷумҳои миллати ҳамсояи қирғиз, ба заминталошиву кашмакашҳои онҳо таҳаммул карда, ба онҳо бо сулҳ ҷавоб мегардонанд, оромона зиндагии осоишта доранд.

Дар шаҳр ҳама ҷо осудаву мардумаш тинҷу осоишта буда, тамоми роҳбарони корхонаву муассисаҳо, идораҳои мақомоти болоиву ҳуқуқӣ дар ҳама самт фаъолияти назаррас доранд. Мардум бо рӯҳияи болида баҳри рӯзгори пурсаодат заҳмат мекашанд. Аз чеҳраи мардум як олам хурсандиро баръало метавон мушоҳида намуд. Тамоми кормандони соҳаҳои гуногун ба чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ омодагии ҳамаҷониба доранд. Инчунин, тамоми гӯшаву канори шаҳр рӯз то рӯз зебо гардида, ободкориву созандагиҳо бахшида ба ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷараён доранд.

Он суханҳои бардурӯғе баҳри иғво навиштаӣ, касро ба ҳайрат мегузорад. Аз куҷо ҳама ин иғвову чоплусиву фиребгариро шарм накарда мебофӣ? Худо ба ту баринҳо инсоф диҳад.

Имрӯз сокинони шаҳр ба дурӯғҳои шумо палидон дода намешаванд ва дасти ҳам гирифта, сӯи ояндаи нек қадами устувор мегузоранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки саг аккос мезанад, вале корвон бо роҳи худ меравад.

Саида Шарифова,

сокини ноҳияи Исфара

Читать далее

БИСӮЗЕДУ БИМИРЕД, ЭЙ ХОИНОНИ МИЛЛАТ!

(Вокуниш ба бофтаҳои муғризонаи Муҳаммадиқболи Садридин)

Муҳаммадиқболи Садридин, ки бо лақаби “Гусола” ҳамчун яке аз иғвогарони машҳури ТТЭ ҲНИ дар сомонаҳо пайдо шудааст, ғайр аз тӯҳмату иғвогарӣ ва буҳтон ба фарзандони фарзонаи миллат дигар ҳунаре надорад. Бештар аз номи дигарон ҳарф мезанад. Ҳанӯз ҳаммаслакону ҳамҳизбони мамнӯъгаштаи лаинаш, агар ба ӯ як сухан гуфта монанд ӯ аз пашша фил сохта, чунон ҳангома мебофад, ки гӯё дунё дар оташ қарор гирифта истода бошад.

Дурӯғу буҳтони навбатиаш ба унвони нома аз Исфара “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард” ба ягон ҳақиқат рост намеояд. Собиқ раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амирзода инсони поксиришту ватандӯст ва ҳамеша дар хизмати халқ аст. Яке аз роҳбарони оқилу кордон тавонову ташаббускори кишвар аст.

Аз аввалин рӯзҳои фаъолияти меҳнатиаш танҳо ба як мақсад, хизмати софдилона ба халқу Ватан ва миллат камари ҳиммат баста, ба дилу дидаи сокинони кишвар маъво гирифтааст. Дар ситоиши хислатҳои неку хотирмонаш ҳам дар шаҳрҳои Исфараву ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Мӯъминободу ҳам дар Душанбе, ҳам дар Ваҳдату ҳам дар Кӯлоб мардум бо ифтихор сухан мегӯянд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд “Аз нек боғ-аз бад доғ” мемонад.

Боғи бунёдкориву созандагӣ инсонпарвариву одамияте, ки ин фарзанди арзандаи миллат поягузорӣ кардааст, боиси омӯзиш, пайравӣ ва дастгирӣ аст.

Дар сӯҳбате бо қирғизҳо шоҳид будам. Вақте раиси ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор кард, ки муҳтарам Раҳмоналӣ: “Ба ту чӣ зарурат аст, ки ин қадар Исфараро дастгирӣ ва нисбати марзаш дилсӯзӣ дорӣ? Имрӯз не пагоҳ аз Исфара меравӣ. Биё инқадар нисбати марз талош наварз, бо мо бош. Бузу гусфанд, гову гусола аз мост. Чӣ хизмат дорӣ мо иҷро мекунем”.

Раҳмоналӣ Амирзода ба сӯи ҳамсуҳбаташ бо теғи нигоҳи хеле ҷиддиву тоҷикона нигариста гуфт: “Барои ман ҳар як гӯшаи Тоҷикистон Ватан аст. Марзу буми он ифтихори ман ва ҳамчун шаҳрванд ҳимояи он вазифаи муқаддасам аст!”

Раҳмоналӣ Амирзода баҳри ҳалли мушкилоти марзии Исфара бо ҳамсоякишвар аз нигоҳи одилона ва серталабӣ ва ҳақиқаҷӯи амал карда, ба гулӯи роҳбарони ҳамсоякишвар устухоне гашта буд. Раҳмоналӣ Амирзода дар кутоҳтарин муҳлат рушду нумӯи Исфара саҳми шоистаи хешро гузошт. Маҳз, бо иқдому ҷасорати Ӯ заминҳои рӯ ба рӯи мақомот, ки ба участкаи наздиҳавлигӣ ноодилона тақсим шуда буд, аз талаву тороҷ нигоҳ дошта шуда, ба як гулбоғи замонавӣ ва дар шафати он 4 бинои баландошёнаи замонавӣ бунёд гардиданд.

Маҳз, бо ташаббусҳои созандаи Ӯ дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак, Навгилем майдонҳои варзишии замонавӣ ва дар маркази шаҳр варзишгоҳи марказӣ таъмиру тармим ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллал табдил дода шуданд.

Сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадӣ баъди солҳои тӯлонӣ бо мақсади пешгирии азхудкунии заминҳои ноҳия аз ҷониби ҳамсоякишварҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

Гурезагони беватан, хоинони миллат, ки атрофи ТТЭ ҲНИ муттаҳид шудаанд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҳама василаҳо, бахусус, тӯҳмату буҳтон ва ба ҳар роҳ таъсир расонидан ба афкори мардум дар маъракаҳои сиёсии кишвар саъю талош доранд. Вале кӯшиши онҳо мисли Муҳаммадиқболи Садридин беҳудаву пуч буда, ба касе асар нахоҳад кард, зеро умри дурӯғ ва тӯҳмат кутоҳ аст. Ҳарчанд саги девона аккос мезанад, ба корвони сулҳу ваҳдат ободкориву созандагӣ асаре нахоҳад кард. Корвони дурахшони бунёди давлати миллӣ бо иқдомоти фарзандони накӯноми миллат равон асту равон.

Аз дурахши нуру таровати шукуфоии Тоҷикистон бисӯзеду бимиред эй хоинони миллат!

Аҳмадов Сарвар,

раиси ҷамоати деҳоти Сухи шаҳри Исфара

Читать далее

ДАРБЕҲИ НОЧАСПОН

 

 

 

 (Посух ба маводи ғаразноки М.С.)

Паҳн намудани иттилооти беасосу бардурӯғ аз тариқи таҳқиру таҳвину тӯҳмат нисбат ба мақомоти давлатӣ шеваи асосии кори ватангумкардае чун Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки пайваста тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чеҳраи зишту манфури худро ба намоиш мегузорад.

Мақолаи иғвогарона навиштаи ӯ «Нома аз Исфара: “Раҳмоналӣ Амирзода заминҳоро фурӯхту исфарагиҳоро “кидат” кард”-ро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондаву нафрати мо сокинони огоҳи шаҳри Исфара нисбати ӯ ва ҳамсафонаш беҳад зиёд гашт.

Аслан навиштаи ӯро «мақола» гуфтан ҳам ҷоиз нест, як номаи бесаводонаю подарҳаво ва бесарунӯге аст, ки ба қавле аз рӯи гуфти занакони лаби ҷӯ навишта шудааст.

Ӯ на сарчашмаи аниқ дораду на далели асосноку мушаххас. Ҳарчӣ ба даҳони бефарозеш омадааст, бо мақсади нопок рӯйи қоғаз овардааст.

Муҳаммадиқбол (садқаи ин ном шавад!) дар номааш овардааст: «Дар давраи шӯравӣ Исфара як шаҳри саноатӣ буд. Химзавод, ГМЗ - завод, заводи консерва, кони Шӯроб. Имрӯзҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо қарорҳои қалбакӣ заводҳои номбаршуда биноҳои маъмурӣ, замини онҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳар як сотих ба миқдори 5000 то 8000 доллар фурӯхта истоданд .Оё дар асоси қонунҳои Тоҷикистон мумкин аст заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод?»

 Рӯят сиёҳ бо ин дурӯғпароканиҳоят Муҳаммадиқбол!

Наход фаҳми ту гусола нарасад, ки Химзаводи гуфтаат –ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад ва молу мулку амволи он дахлнопазир аст?!

Кадом ахмақу бефаҳми дигар ба ту гуфта, ки заводи калони кимиёвиро тикаву пора карда ба замини назди ҳавлигӣ дод?

Ва ё корхонаи азими саноатии ГМЗ – ҶС «Тамохуш-ЗГМИ» низ корхонаи давлатӣ асту бо вуҷуди коҳиш ёфтани фаъолияташ пойгоҳи моддию техникии он беосеб нигаҳдорӣ шудааст?

Муҳаммадиқбол дар ин сиёҳномааш оиди бунёди Варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара низ бо фактҳои ҳавоиаш қайд намудааст, ки «Гӯё ин майдони варзиширо бо маблағи бюҷет обод карда бошад: 3 миллион сомонӣ. Ин ҳаҷми маблағро президент ба ҳангоми лентабурӣ гуфт. Аммо савол ин аст ки ин 3 миллион сомонӣ ба кисаи кӣ рафта бошад».

Ин рақам аз куҷост, Муҳаммадиқболи рӯсиёҳ?

Агар ту навори ифтитоҳи варзишгоҳ ва суханронии Президенти мамлакатро тамошо мекардӣ ва гӯши аз ифлосиҳо пуршудаатро шустаю тоза карда бо таваҷҷӯҳ гӯш мекардӣ, мешунидӣ ки ин иншооти муҳташами варзишии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст на бо 3 миллион, балки бо харҷи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпеша бунёд гардидааст.

Аблаҳона менависӣ, ки «Ин майдони варзишӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Як ҳафта қабл аз омадани Раҳмон қисми он фуру рафт ва дунафар зери битон монда мурданд»?!

Ин гап аз куҷост?

Кӣ мурд?!

Гусолафарзанди падарат?

Ҳол он, ки ҷароҳат бардоштан як тараф истад, дар раванди сохтмони иншоот ҳатто ба пойи касе хоре нахалидааст!!

 Ҳарзагӯиҳои Муҳммадиқбол то ба ҷое расидааст, ки мегӯяд: «Барои сохтмони он милисаҳо аз мардикорбозор одамҳоро зада-зад оварда бепул кор мефармуданд. Дар кӯчаҳои шаҳр рейд гузаронида ҳар касе ба чангашон мехӯрд оварда маҷбурӣ кор мефармуданд, бе пул….»

Ҷавоб ба ин ҳарзагуфтори аблаҳонаи ӯ ин аст, ки НОМАЪҚУЛ КАРДӢ!!!

Дигаре аз ҳазёнгуфторҳои ин рӯсиёҳ бобати бунёди канали обрасон ба мавзеъи навбунёди Моҳпарӣ аст.

Бедалеливу беасосии гуфтори Муҳаммадиқбол дар ин аст, ки ӯ аввалан дарозои каналро 30 км навиштааст. Ҳол он, ки дарозии умумии ин канали обёрӣ 9 км буда, 5 км аввали он замони шӯравӣ дар давоми 5 сол омода гардида буд ва беш аз 4 километри ин канал дар замони сарварии Раҳмоналӣ Амирзода дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд, ки аз нерӯи бузурги созандагӣ ва ободкории мардуми Исфара шаҳодат медиҳад

Ҳарзагӯйии Муҳаммадиқбол то ҷоест, ки бешармона афсонабозӣ мекунад, ки гӯиё Президент ду дарғотро кушода дод ва оби канал роҳро канда вайрон кард. Ҳол он, ки канали обёрии мазкур 2 дарғот надошт ва надорад ва оби канал роҳи навбунёдро низ вайрон накардааст, балки ба дасти асрҳои аср ташналаб ҷорӣ гардида буд!

Ҳамин зайл, Муҳаммадиқболи беимон (Дурӯғ торикии имон аст!) дар ин номаи муғризона ва бадхоҳона навиштааш кӯшиш кардааст, ки дарбеҳҳои ночаспонеро ба пироҳани поки Исфараи хушманзар ва мардуми озодаю ободкори он часпонад.

Аммо, ба мақсади нопоки худ нарасидааст ва ҳеҷ гоҳе нахоҳад расид, зеро мардуми Исфара воқеиятро хуб медонанд, аз асли воқеаву рӯйдодҳо огаҳ ҳастанд ва дар ду дунё ба афсонаҳои Муҳаммадиқбол бовар нахоҳанд кард.

Аз ҳама муҳимаш Муҳаммадиқболу ҳамсафони сияҳдилаш фаромӯш кардаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!

Мансур Қудратов,

сокини шаҳри Исфара

 

 

 

Читать далее