14 August 2020

ЧАРО НАРХИ ДОРУВОРИИ ЗИДДИҲОРӢ ГАРОН АСТ?

Ё чаро нархи фурӯши доруҳо аз назорат дур мондаанд?

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилоят давоми шаш моҳи соли 2020 дар миқёси вилоят 2048 ҳодисаи захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 440 ҳодиса кам мебошад.

Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, алалхусус дар назди партовгоҳҳо шумораи зиёди сагони бесоҳибро дидан мумкин аст, ки касро ба тарс меорад. Сагон аз назорат дур мондаанду дар ҳолати бе маводи ғизоӣ мондан ба роҳгузарон ҳамла карданашон аз эҳтимол дур нест. Чунин ҳолат дар рӯ ба рӯи Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ ва шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир, ки чанд мудат инҷониб барои сохтмони бинои истиқоматӣ пешбинӣ шудааст, ба чашм мерасад. Бегоҳ он мавзеъ ба хонаи сагони калони бадҳайбат мубаддал мегардад.       

Субҳи имрӯз, санаи 14 – уми августи соли равон, соати 7 – 30 дақиқа дар наздикии беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд, зани 51 сола М.О. аз саги номаълум осеб дидааст. Занро дар беморхонаи шаҳрӣ ҷой карданд ва ёрии аввали тиббӣ расонида шуд.

Боиси қайд аст, ки бинобар газидани саги номаълум ба зан 3 намуди доруи зиддиҳорӣ, аз ҷумла иммуноглобулини зидди ҳорӣ 5 ампула бо усули Безредко, ваксинаи зидди ҳорӣ 1,0 детовири №3 ва АС - 0,5 дорухат навишта дода шуд. Дастрас кардани дорувориҳои мазкур ба аҳли оилаи аз саг осебдида мушкил гардид, зеро дар дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд ин намуд дорувориҳо дарёфт нагардид.

Ниҳоят дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд дорувории иммуноглобулини зидди ҳорӣ 10 ампула бо усули Безредко аз дорухонаи ҶДММ «Азияфарм» дарёфт гардид, ки маблағи он 5225 сомониро ташкил дод. Азбаски оилаи захмдида зиндагии миёнаҳолона доранд барои харидани доруворӣ маблағи кофӣ дарёфт карда натавонистанд.

Суоле ба миён меоянд, ки наход 5 ампула доруворӣ чунин арзиши гарон  дошта бошад? Фурӯшандагон ва соҳибони дорухонаҳо чунин нархҳои осмонкафро аз куҷо дарёфтанд?  

Нисбат ба ҳодисаи мазкур ба сардори маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова тариқи телефон муроҷиат кардем. Тахмина Усмонова гуфт, ки дорувориҳои мазкур ҳоло дар шаҳр дастрас нест.

Бино ба иттилоъи корманди марказ Савобиддин Каромаддинов то ба имрӯз саги сафед, ки онро дастгир кардан ғайриимкон гардидааст ба се нафар осеб расонидааст ва ин ҳодисаи чорум мебошад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз барои нафароне, ки аз саг осеб дидаанд дорувории зарурӣ дастрас нест. Дар ҳолати аз ҳайвонҳои хонагӣ ва бесоҳиб осеб дидани шаҳрвандон чӣ кор бояд кунанд? Саривақт нагирифтани ваксинаи зидди бемории ҳорӣ оқибатҳои нохушро ба бор меорад. 

Ёдрас мешавем, ки сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ Рустам Бӯрибоев дар як сӯҳбат доир ба оқибат ва нишонаи бемории ҳорӣ гуфта буд:

- Нафареро, ки саг ва ё дигар ҳайвон газидааст, бояд зуд ба духтур муроҷиат карда, сари вақт сӯзандоруро гирифта, дорувории тавсияшударо истеъмол кунад. Бемории ҳорӣ асосан бо луоби даҳони саги бемор ба инсон мегузарад ва пайдошавии беморӣ аз ҷойи газида вобаста аст. Агар ҷойи газидаи саг аз системаи марказии асаб дур бошад, ҳамон қадар давраи гузариш тӯл мекашад, табобат то 6 моҳ идома ёфтанаш мумкин аст. Агар нафаре, ки аз саг ва дигар ҳайвонҳо осеб дидааст зуд ба духтур муроҷиат намояд оқбатҳои ногувори онро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Суоли матраҳ ин аст, модоме ки нархи ин намуд дорувориҳо арзиши гарон доранд, нафароне, ки барои дастас кардани он имконият надоранд чӣ тавр метавонанд шифо ёбанд? Масъулинро мебояд сари масъалаи зери назорат гирифтани фурӯш ва нархи маводи доруворӣ андешид, зеро чунон вонамуд мешавад, ки фурӯши доруҳо ба тиҷорат мубаддал ёфтаасту ашхоси ночору нотавон ба харидани дорувории лозима дастрасӣ нахоҳанд дошт! Агар дар вилоят дастрас кардани дорувории мазкур ғайриимкон бошад, пас масъулини маркази давлатии назоратии санитарию эпидемиологиро мебояд сари вақт нисбат ба несту нобуд кардани сагу гурбаҳои дайду чораҳои мушаххас андешанд.     

Шаҳбонуи СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАҚОМИ АРЗАНДАИ МАОРИФЧИЁН

Машварати августии кормандони соҳаи маориф бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо сарпарасти соҳаи маориф, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, директорони коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, собиқадорони соҳа, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят дар Театри мазҳака - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид.

Дар машварат вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти соҳаи маориф дар вилоят, сатҳи таълиму тарбия, ҳамчунин масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сараввал муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ Паёми табрикии Раиси вилоят муовини аввали Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонда, иброз дошт, ки соҳаи маориф ҳамчун таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд. Мероси гаронбаҳои таърихи халқамонро азхуд мекунанду сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегирад ва байни кишвар ва ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.

Дар машварат сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар бораи фаъолияти маорифчиёни вилоят дар амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ба натиҷаҳои умедбахш ноил гардидани маорифчиён дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандон сухан кард.

- Маҳз дар натиҷаи аҳли маориф муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо, ба робитаи хуб бо падару модарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақом ва ҷоизаҳои ифтихорӣ гардиданд, - гуфт Осим Каримзода.

Дар машварат ҳамчунин намояндагони соҳаи маориф – ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол - 2019» Дилафрӯз Умарзода ва «Мураббияи сол – 2019» Розия Нурматова сухан гуфта, миннатдории худро ҷиҳати дастгирии ҷавонон иброз доштанд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ маорифчиёнро бо фарорасии Рӯзи дониш шодбош гуфт.

Намояндагони соҳаи маорифи вилоят дар фарҷом барои дастовардҳои арзанда дар соҳаи илм, тарбияи насли наврас, тарбияи худшиносӣ ва ватанпарварии онҳо, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофоти пулию туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Китоби нав - «Камол дар оинаи пажӯҳиш»

Бахшида ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ҷилди дувуми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» – «Камол дар оинаи пажӯҳиш»-ро бо теъдоди 400 нусха, тариқи нашриёти «Хуросон» нашр намуд.

Асари мазкур пажӯҳишҳои ғарбиву шарқии камолшиносиро аз оғоз то солҳои 60-уми асри гузашта фаро гирифта, ҷилди «Силсила и китобҳои камолшиносӣ» мебошад.

«Камол дар оинаи пажӯҳиш» фарогири муҳимтарин иттилоъ оид ба Камоли Хуҷандӣ дар як давраи пурбори таърихӣ (1845-1960) мебошад.

 Китоб бо баргардон, таҳия, таҳқиқ, пешгуфтор ва шарҳу тавзеҳоти дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, ходими калони илмии ИИТ илмҳои ҷомеашиносии назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Субҳони Аъзамзод таҳия шуда аст ва 568 саҳифаро дар бар мегирад.

Китоб бо муқаддимаи муфассал, ки ба қалами Субҳони Аъзамзод тааллуқ дорад оғоз мешавад ва қисматҳои «Камоли Хуҷандӣ дар ховаршиносии ғарбиву шарқӣ», «Камолшиносӣ дар Тоҷикистон», «Камоли Хуҷандӣ дар китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик», «Камоли Хуҷандӣ дар номаҳо», «Шарҳу тафсири камолшиносӣ» ва «Шарҳу тавзеҳот»-ро фаро гирифтааст.

Дар қисмати нахустин навиштаҳои аҳли таҳқиқи ғарбиву шарқӣ В.В. Григорҳев, ҳерман Эте, Шиблии Нуъмонӣ, Агафангел Кримский, Эдуард Браун, Алиакбари Деҳхудо, Евгений Бертелс, Ян Рипка, Иосиф Брагинский, Саид Нафисӣ, Эҳсони Ёршотир, Азизи Давлатободӣ, Зайнулобиддини Муътаман, Забеҳулло Сафо ва чанд муаллифони дигар гирдоварда шудаанд.

Бахши дигар корҳои таҳқиқии камолшиносони варзидаи тоҷик чун устод С.Айнӣ, Деҳотӣ, Шарифҷон ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Набиҷон Сатторов сарҷамъ кардааст.

Дар қисмати сеюм аз нафиштаҳои яке аз муаллифони китобҳои дарсии «Адабиёти Ватан» барои синфи 7-ум ва «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8-ум Ш.ҳусейнзода оварда шудааст, ки дар бораи ҳунари шоирии Камол ва сабки эҷоди ӯ муфассалтар маълумот дода аст, ки аз мушоҳида ва таҳқиқоти бевоситаи худи Ш.ҳусейнзода берун омадаанд.

Бахши «Камоли Хуҷандӣ дар номаҳо аз «пурбортарин фасл»-и ин китоб аст. Дар ин бахш 16 номаи арзишманд, ки дар фосилаи солҳои 1939-2020 аз ҷониби аҳли илму адаби тоҷику рус ва миллатҳои дигар – Абдусалом Деҳотӣ (ба Садриддин Айнӣ), Садриддин Айнӣ (ба Мирсаид Миршакар, Камол Айнӣ, Мирзо Турсунзода), Мирзо Турсунзода (ба Александр Болдирев ва рафиқ Зингер), Аҳмад Гулчини Маонӣ, Тураҷи Атобакӣ, Микоила Бернардини (ба Саъдулло Асадуллоев), Акрами Ҷаъфар (ба Шарифҷон ҳусейнзода), Бадриддин Мақсудов (ба Александр Болдирев), Александр Николаевич Болдирев, Азизи Давлатободӣ, Ботурхон Валихӯҷаев (ба Бадриддин Мақсудов) навишта шуда, дар онҳо силсилаи муаммоҳои мубрами шинохти Камол ва масоили таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ таҷассум ёфтаанд.

Қисмати «Шарҳу тафсири камолшиносӣ» ба баррасии худи осори аслии камолшиносии қаламрави ҷаҳон (1845-1960) бахшида шуда аст. Ин бахш мақолоти ҷудогона, пораҳо аз рисола ва мақолаҳо, пешгуфтори пажӯҳишҳо оид ба Камоли Хуҷандӣ ва девонҳои шоир, қайду эзоҳоти таҳиягарони осори пажӯҳиширо дар бар гирифта аст. Дар бахши хотима муҳимтарин матлабҳое, ки ниёз ба тавзеҳ ва тасҳеҳ доштаанд, аз ҷониби мутатиби китоб баррасӣ шудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш

Муҳтарам устодону омӯзгорон!

Донишҷӯён ва хонандагони гиромӣ!

Фарорасии соли таҳсили навро ба ҳамаи Шумо – устодону омӯзгорон, олимону донишмандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ самимона муборакбод мегӯям.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми давлат ба илму маориф ва донишу маърифат буда, омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба дастоварду комёбиҳои нав раҳнамун месозад.

Читать далее

“КИТОБ - САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ”

“Китоб ҳамчун сарчашмаи беҳтарин ва ҳуҷастатарин дастовезу дастовард ва ифтихорномаи миллӣ, ганҷинаи бебаҳои дониш дар ҳамаи давру замон барои рушди ҷомеа хидмат мекунад ва инсониятро ба сӯи равшаниву созандагӣ, афкори солиму ғояҳои наҷиб раҳнамоӣ менамояд”, оварда шудааст дар саҳифаи нахустини китоби “Китоб – сарчашмаи маърифат”, ки он дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон, адибону устодони донишгоҳҳо, аҳли фарҳанг ва ҷурналистон муаррифӣ гардид. 

Дар он маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон ва адибони тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Саидумрон Саидов, Матлуба Амонзода, Рухсора Давлатзода, Нуралӣ Нурзод, Ҷӯрабек Исомаддинов, Раъно Бобоҷониён, Ислом Раҳимов, Муҳаббат Тиллохӯҷаева, Сорбон Азизов ва дигарон дар бораи китоб ва арзишҳои он, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб ва ҷалби ҷомеаи имрӯза ба китоб ва китобхонӣ нақл мекунанд.

Таҳиягари асар, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов зикр кард, ки китоб ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст. Мавсуф илова кард, ки беш аз 30 мақолаи олимону муҳаққиқони тоҷик фарогири мавзуъҳои иқдомҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат доир ба мақому манзалати китоб дар баланд бардоштани маънавиёти инсон, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ, китобу китобдорӣ ва нашру ҳолати китобхонаҳои имрӯзаи мамлакат мебошанд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, ходими давлативу ҷамъиятӣ Нодирҷон Солиҷонов, муаррих Ҷӯрабек Исомаддинов, доктори илми таърих, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шодмон Воҳидов, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов дар бораи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзиши китоб ва моҳияти он дар ҷомеаи муосир ва ба хондан ҷалб намудани аҳолӣ изҳори назар намуданд.

Пас аз садо додани чанд суруд аз ҷониби Ҳусейнҷон Юсуфов ба якчанд муассисаҳои таълимию илмӣ, фарҳангӣ, китобхонаҳои донишгоҳу коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятӣ китоби тозанашр бо теъдоди муайян ҳадя гардид.

Китоб таҳти назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Раҳбар бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Ношир” ба табъ расидааст.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҳунари аҷдодӣ

Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.

Вақте вориди коргоҳи усто Исломи кандакор гардидам, ӯро чун як нафари самимӣ, зиндадил, ҳаётдӯст, кордон ва дӯстдори ҳунари хеш дарёфтам.

Ислом Орифов дар оилаи ҳунарманд усто - Ориф ба дунё омада, ҳунари кандакориро аз падараш ва бародараш омӯхтааст. Усто – Ислом ин ҳунари авлодӣ, ин санъати халқии беҳамторо аз насл ба насл мерасонад.

- Аз ҳунар мардум манфиат мегирад. Ҳунарманде, ки ҳунарашро ба шогирдон намеомӯзонад, ба олими беамал шабоҳат дорад, - гуфт усто. Ин аст, ки усто - Ислом зиёда аз сад шогирди гулдаст тарбия кардааст. Аз ҷумла, 6 писар ва 12 бародарзодааш ҳоло алоҳида фаъолият менамоянд.

Маҳсули дасти ин ҳунарманд дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе низ ба кошонаҳои сокинон ҳусну ҷилои тоза мебахшад. Яке аз намунаҳои кори усто - Ислом дари даромадгоҳи Муассисаи давлатии Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Санъати кандакории ин дарвоза аз ҷониби хориҷиёну тамошобинон баҳои баланд гирифтааст. Аз дидани нақшу нигоре, ки усто рӯи чӯб меорад, қалби инсон боз ҳам мафтуну шайдотар мегардад.

Дар санъати кандакории ин устои асил қолабҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Нақшҳо дар эҷодиёти усто - Ислом чунон моҳирона ҷой дода шудаанд, ки кас аз зебоиву нафосати он ҳаловат мебарад. Истеъдоди волои ин ҳунарманд шоёни таҳсин аст.

Хизматҳои шоёни усто - Ислом қадрдонӣ шудаанд.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдулло Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент

Читать далее

Саодати инсон дар ризогии волидайн аст

Аз нигоҳи таълимоти дини Ислом оқи волидайн ва қатъи силаи раҳм, яъне ранҷонидан,озор додани падару модар ва бародарону хоҳарон гуноҳи кабира мебошад.

Дар чандин ҳадисҳои шариф омадааст, ки норизо кардани волидайн муҷиби хашми Худо аст,хатто дуои вай мустаҷоб намешавад,оқи волидайн аз нигоҳи шариат фосиқ шуморида мешавад ва аз саодати биҳишт бебаҳра мемонад.

Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки «....Ҳар касе силаи раҳм кунад, ӯро ба раҳмати хеш сазовор мекунам, ҳар касе қатъи силаи раҳм кунад, ӯро аз раҳмати хеш дур намоям».

Дар сураи Муҳаммад, ояти 23 дар ҳаққи касоне, ки қатъи силаи раҳм кардаанд, омадааст:... "Ин ҷамоа ононанд, ки Худо онҳоро лаънат кард,пас онҳоро кар сохт ва чашмонашонро кӯр кард".

Рӯзҳои охир, вақто ки кас ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар мекунад шоҳиди он мешавад, ки хоинони миллат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва пайрави ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин ба нафрати мардум гирифтор шуда, аз ҷониби ҳақиқатгӯйҳо гуфта мешавад, ки онҳо ҳатто аз ҷониби волидайн ва хешу ақрабои худ хашмгину манфур ва оқи падару модар мебошанд.

Аз нигоҳи шариат бошад, мувофиқи оятҳои Қурҳони карим ва ҳадисҳои шариф, фосиқ шуморида мешаванд.

Хоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

раиси Шӯрои уламои

дини вилоят

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд

3 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози сӯҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъин гардидани Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки ин механизми муҳими танзиму пешбурди муносибатҳои ҷонибҳоро дар арсаҳои мухталифи ҳамкориҳо таъкид карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъйин гардиданд.

Читать далее