13 August 2020

Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ

Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуданд.

Читать далее

Амали хайру савоби соҳибкорони муҳоҷир

- Бинобар паҳн шудани бемории сироятии коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон, баста шудани сарҳадҳо ва муваққатан манъ гардидани рафтуомад, оғоз аз нимаи дуюми моҳи марти соли равон бақайдгирии муҳоҷирон дар бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва Истгоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор муваққатан қатъ гардид. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, то баста шудани сарҳадҳо аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд ҳамагӣ 30 ҳазору 513 нафар ба хориҷа сафар карданд, ки аз онҳо 7 ҳазору 153 нафар зан ва 23 ҳазору 360 нафар мард мебошанд. Аз миқдори умумӣ 29 ҳазору 367 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ҳазору 146 нафари боқимонда бо мақсадҳои гуногун қаламрави вилоятро тарк намудаанд, - иброз дошт дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова.

Бояд гуфт, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ҶДММ «Мирзо ва К» дар мувофиқа бо раёсат 244 нафар ва ҶДММ «Олами саёҳат» 20 нафар, ҳамагӣ 264 нафар муҳоҷири меҳнатиро дар Федератсияи Россия бо кор таъмин намуданд. Дар ин радиф метавон субъекти хоҷагидори «Суғдиён Помир-тур»-ро низ номбар кард, ки 150 нафар муҳоҷирро муташаккилона ба хориҷа сафарбар намуд. Дар умум, аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор соли равон 414 нафар баҳравар шуданд.

Соли равон ҳам дар самти ҷамъ овардани маълумоти муфассал доир ба ҳамватанон ва соҳибкорони бурунмарзӣ, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бунёди иншоот, ғамхорӣ нисбат ба ҳамватанон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда доранд, корбарӣ намуда, рӯйхати онҳо омода гардид. Боиси қайд аст, ки хатари ба сари аҳли ҷомеа омада соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзиамонро бетараф нагузошт ва онҳо дар муҳоҷират қарор дошта бошанд ҳам, амалҳои хайру савобро дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан дигар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки раёсат дар самти бурдани корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар радифи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» бо ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек», «Зан ва ҷомеа», «Хуршеди зиндагӣ», «Чашмаи ҳаёт» ва «ХЕЛВЕТАС» ҳамкории доимӣ дорад.

Давоми соли 2020 дар миқёси вилоят кӯчонидани 76 оилаи муҳоҷирони дохилӣ - аз шаҳру ноҳияҳои Исфара 10 оила, Кӯҳистони Мастчоҳ 30 оила ба ноҳияи Данғара, аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 25 оила ва аз ноҳияи Спитамен ба мавзеи Ҳаштяки ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт ҷараён дорад.

Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма ба масъулини соҳа суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Камшавии ҷиноятсодиркунӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ

- Теъдоди ҷавонони синни аз 14 то 30-сола дар қаламрави вилоят 906 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад, ки 455100 писар ва 451400 нафар духтар мебошанд. Шумораи умумии гирандагони стипендия 788 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 95 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят, 519 нафар гирандаи стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода.

Қайд шуд, ки алҳол 277 нафар ҷавон дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда, 91 нафар дар ҳайати Маҷ- лиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 359 нафар дар ҳайати маҷлиси вакилони халқи шаҳраку деҳот фаъ- олият доранд.

- Давоми шаш моҳи соли 2020 аз ҷониби ҷавонон 592 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 ҷиноят кам гардидааст. Ҳарчанд сатҳи ҷинояткорӣ кам шуда бошад ҳам, он аз ҷониби ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва Истиқлол зиёд гардидааст, - афзуд Мирзоқосим Каримзода.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли 2020 - ум 3856 нафар ҷавони бекор ба қайд гирифта шудаанд. Баробари ин ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру навоҳӣ 6470 нафар ҷавон муроҷиат кардаанд, ки аз ин теъдод ба 995 нафар кӯмакпулӣ расонида шуда, 3488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

- Иштироки ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, маънавиву маърифатӣ яке аз самт-ҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 257 аксияву ҳамоиш бо фарогирии 15743 наврасу ҷавон ва паҳн намудани 44692 варақаи иттилоотӣ ташкил ва баргузор гардид, - зикр кард сардори раёсат.

Доир ба соҳаи варзиш иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ мавҷуд аст, ки аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзиш, 33 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, давоми шаш моҳи соли 2020 дар вилоят 21 иншооти варзишӣ, аз қабили толор ва майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 878 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 4 миллиону 56 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар рафти нишасти матбуотӣ ҳамчунин бобати ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстӣ, тарбияи ватандӯстӣ, мустақилияти ҷавонон, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсилоти муносиб, таъмини тарзи ҳаёти солим, шуғлнокии ҷавонон маълумот дода шуд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти раёсат саволу ҷавоб доир намуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дастгирии духтарони ниёзманд ва ҳунарманд

- Дар қаламрави вилоят аз 1 миллиону 346,6 нафар зану духтар 9726 нафар зани роҳбарикунанда ва 1267 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд. Аз ҳисоби занон 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 908 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардидаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки алҳол 40 ҳазор нафар духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, ки беш аз 507 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 60 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 68 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят мебошанд.

- Боиси зикр аст, ки имрӯз барои дастгирии 225 нафар ятимдухтар ва бо таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо аз тарафи роҳбарияти вилоят ва раёсат корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодаанд. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таълими донишҷӯён ҷудо мешавад, асосан барои ин духтарон сафарбар ва роҳандозӣ мешавад, - таъкид кард Хуршедахон Хоҷазода.

Оид ба таъмин намудани занони бекор бо ҷойи кори доимӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳамҷоя бо Раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 6593 нафар зане, ки муроҷиат кардаанд, 3484 нафар ҳамчун корҷӯянда, ба 2014 нафар зан мақоми бекорӣ дода шуд. Баробари ин 2292 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 930 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

- Бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи кишвар қарор дорад, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст. Алҳол 49 нафар зану духтари ҳунарманди вилоят ба озмуни Гранти Президентӣ барои соли 2020 лоиҳаҳои худро пешниҳод намудаанд, - афзуд номбурда.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ доир ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, оид ба фаъолияти занон ва оила, зӯроварӣ дар оила, чораҷӯӣ оид ба занони бадроҳа, андешидани чораҳои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 дар занони ҳомиладор, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бо таълим фаро гирифтани духтарони дар деҳаҳои дурдастбуда ва амсоли ин мавриди баррасӣ ва саволу ҷавоб бо рӯзноманигорон баргузор гардид.

Ш.СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хадамоти гумрук: ҳуқуқвайронкунӣ кам шуд

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи қаблӣ, нишасти матбуотӣ бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Баҳром Исматуллозода, сардори шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода, сардору масъулини шуъбаҳову сохторҳои раёсат ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

- Ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки вилоят ба 811 миллиону 632 ҳазор доллари ИМА расид, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 миллион доллари ИМА ё ин ки 19,8 фоиз кам мебошад. Содирот 172 миллиону 779 ҳазор доллари ИМА –ро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 51, 7 миллион доллар, яъне ба андозаи 23 фоиз кам мебошад, - иброз дошт сардори раёсати мазкур.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки савдои беруна дар нимсолаи аввали соли равон бо Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 629,3 миллион долларро ташкил дод. Гардиши мол ба давлатҳои хориҷи дур бошад, 182,3 миллион доллар буда, нисбат ба соли гузашта беш аз 21 миллион доллари ИМА ё ин ки 10,5 фоиз кам мебошад.

Тибқи маълумоти масъулин дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Раёсат 701 ҳолати ҳуқуқвайронкуниро ба қайд гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 524 ҳолат кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 695 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 560 парванда баррасӣ гардида, 421 парванда ба мақомоти судӣ аз рӯи тобеият ирсол шуда, боқимонда 135 парванда дар баррасӣ қарор доранд.

- Дар давраи нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба пешгирии қочоқи молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ҳамагӣ 142 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардидааст, - изҳор дошт сардори раёсат Б.Исматуллозода.

Қайд кардан бамаврид аст, ки масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат доир ба таъсиси китобхонаҳо дар толори раёсат китобхонаи замонавӣ ташкил гардида, беш аз 900 адабиёти мухталиф харида шудааст.

Дар фарҷом байни рӯзноманигорону масъулин суолу посух сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем

Инак тӯли чанд моҳ дар миқёси ҷаҳонӣ хуруҷ кардани бемории вирусии COVID-19 бори дигар собит намуд, ки инсоният бе ҳамдилию бе муттаҳидӣ дар пеши вабои аср осебпазир аст ва ин моро бори дигар водор месозад, ки беш аз пеш баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти беҳдошти солимии ҷомеа бетараф набошему чораҳои заруриву мушаххасро амалӣ намоем. Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки тадбирҳои саривақт андешидаи ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри пешгирии хуруҷ ва паҳншавии ин вирус, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои дуру наздик асари мардуми назаррасе нарасонид. Дар чунин рӯзҳои бисёр ҳам ҳассос, ҳамраъйиву ҳамфикрии ҳамагон ва дастгириву ғамхорӣ нисбати якдигар, сарҷамъона баҳри нигоҳ доштани хотири ҷамъу осудагии хеш кӯшиш намудан имкон дод, ба ин вабо ғолиб оем.

Ватани маҳбуби мо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакроранд. Мо тавонистем, дар шароити табиии хеш, аз боду ҳавои мусаффои Тоҷикистонамон нафас кашида, аз анвои меваҳои тару тозаи сарзаминамон баҳравар гардида, бо зиндадилӣ аз сиёсати бунёдгузоронаву ободкорона ва ҳадафҳои стратегии дар амал татбиқгардидаистодаи давлату Ҳукумат бархурдор шуда, ба ин вабо устуворӣ нишон диҳем.

Имрӯз ҳар яки мо, шаҳрвандони кишвар набояд ба фориғболӣ роҳ диҳем, зеро ҳоло вируси COVID-19 тамоман аз байн нарафтааст. Бинобар ин, қарзи инсонии мо ин аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, таҳаммулпазирӣ, сарҷамъиву ҳамраъйӣ аст. Он сарвате, ки имрӯз дорем, ҳаёти босуботу осоиштае, ки ба сар мебарем, бозию хандаҳои кӯдаконе, ки дар хонадонамон танинандоз аст, дастони ба дуо дарозкардаи падару модаронамон, ки пур аз шукргузорӣ аз тансиҳативу файзу неъмати имрӯзист, соҳибдавлативу соҳибватаниамон, асолати миллии бадастовардаамон, таъриху тамаддун ва фарҳанги доштаамон ва дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва рушдкунанда зиндагӣ карда истоданамонро қадр намоем. Баробари ҳифзи саломатии хурду аҳли хонадонамон нагузорем, ки душманони халқу миллатамон бо дастони як гуруҳи гумроҳу ватанфурӯш ба имрӯзу ояндаи дурахшони мо халал расонанд. Ҳамаи мо шоҳиди воқеияти зиндагӣ гаштем, ки имрӯзҳо саркардагони ин гуруҳ, дар ниҳояти кор дарк намуданд, ки оқибати аъмоли гумроҳонаашон натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Имрӯз онҳо ба осмони софу беғубори Ватани азизамон назар афканда, пушаймони кирдори худ гаштаанд. Пайравони онҳо низ пушаймонанд ва дар ғарибӣ, номи неке аз худ боқӣ нагузошта ва баракс, ба номи авлоди хеш доғ мегузоранд. Миллати тоҷик ва наслҳои оянда онҳоро асло нахоҳад бахшид.

 Бобур ҚОДИРОВ,

корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротӣ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгарои яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро тақозо менамояд.

Махсусан даҳсолаи охир аз оқибатҳои харобиовари терроризм талафотҳои зиёд ба амал омада, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ин ҳодисаи номатлуб бетараф намебошад. Имрӯз дини Ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки таҳдид ба ҳаёти мусалмонон ва умуман Ислом доранд, муайян намуда, паҳншавии онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Имрӯз гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.

Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷомеа мебошад. Имрӯз дар ҷаҳони Ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ба мисоли ТТЭ ҲНИ арзи ҳастӣ дорад, ки аз ҷониби қудратмандони ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манфиатҳои геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани суботу амнияту ҷомеаро дорад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа махсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро оқибати ин амал албатта, пушаймонист,  чунки кассе ки бар алайҳи Ватани худ амал мекунад, албатта, оқибат хору залил мегардаду ватангадо. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлатии миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайри имкон аст.

                                                                  Хуршед ДАВЛАТОВ,

                                                     мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ

                                                     ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр

Читать далее

Оқибати хоини Ватан хориву залилист

Рӯзҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамарӯза дар такопӯи дарёфти хӯрока, бештар нон сарсону саргардон будем. Хушбахтона, бо шарофати барқарор шудани ҳукумати қонунӣ дар кишвар вазъ орому мӯътадил гашт.

Ҳамон давраҳо Муҳиддин Кабирӣ чоплуси роҳбарони ифротгаро буду ҳаммаслакони имрӯзааш бехабар аз он рӯзҳои мудҳишанд. Агар, онҳо рӯзҳои пурталотуму пурошӯби он замонаро медиданду дар замирашон заррае меҳри Ватан – Модар мавҷуд бошад, ба ҳарзаҳои Кабирӣ ҳаргиз фирефта намешуданд. Вале бо роҳбарии ин маккори авомфиреб чун лӯхтак аз хориҷи кишвар нисбати Тоҷикистони маҳбубамон имрӯзҳо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасосро ба худ раво мебинанд. Вуҷуди ин афрод Кабириву думравонаш заҳролуд гаштаасту ғайр аз ҳисси бадбиниву душманӣ дар танашон дигар хислати инсонӣ намондааст. Разилӣ ва нобакории онҳо ба он мақсад аст, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ Тоҷикистонро ноором намояд. Хоинии онон то дараҷае расидааст, ки ба Ватани аҷдодии хеш хиёнат мекунанд, маккору разил будани худро ба ҷаҳониён намоиш медиҳанд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукрона аз фазои орому осудаи кишвар дар пайи меҳнати шоистаанд. Рафтору гуфтори кирдори Кабириро дарк кардаанд.       

Ҳеҷ гоҳ хоинони ватанфурӯшро насиб намедиҳад, ки оромии Тоҷикистонро халалдор созанд. Ононе, ки қадри Ватан намедонанд, мисли Кабириву ҳаммаслаконаш ватангадову зор ба хоки Ватан сарсони ҳарду олам мешаванд.

 М.СОБИРОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Чеҳраи аслии хоинони миллат аён гардид

Марҳилаи начандон тулонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ эмин буда наметавонад. Аз ин лиҳоз ҳар чи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеъа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва, ҳатто, сарнавиштсоз пайдо кардааст. Боиси ифтихор аст, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавӣ ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо корҳои шоистаро ба анҷом расонида, зери парчами давлати сохибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандаги ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бунёди ҳама гуна иншоотҳо  хоҳ  иқтисоди ва ё иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва маишӣ ин баҳри зиндагии шоистаи мардум аст.

Баъди намоиши филми “Хиёнат”, ки дар он чеҳраи аслии хоинони миллат нишон дода шуд, халқи шарифи тоҷик хулосаи аниқи худро баровард ва ин тоифа сазовори нафрати мардум шуданд. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, меҳру муҳаббат ва ватандӯстиро ба ҷавонон омӯзем. Тоҷикистони мо неъмати худодод, муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст. Мо бояд шукри ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем ва ҳифзу ободии онро қарзи имониву инсонӣ ва виҷдонии худ донем.

 А.РАҲИМОВ,

сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Хиёнат – нобахшиданист

Аз филми мустанади «Хиёнат»-пеши назарамон чеҳраи аслии як идда хоинони Ватан аён гашт.

Ин тоифа дар ғурбат дар кишварҳои бегона иғвоандозӣ ва хизмат ба хоҷагони худ машғул буда, мехоҳанд оромии Ватани моро халалдор созанд. Аммо имрӯз шаҳрвандони кишвар медонанд, ки мамлакат дар натиҷаи дасисаи душманони миллат ба майдони ҷанги ҳамватанон табдил гардид ва ин фазои ваҳдат, сулҳу субот бо осонӣ ба даст наомадааст. Бояд мо ба қадри сулҳу салоҳи Тоҷикистон бирасем, осмони софу беғубори онро ҳифз намоем. Баҳри пешрафту шукуфони сарзаминамон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, аҳлу тифоқ бошем, ки касе сулҳу суботи Ватани моро халалдор карда натавонад.

Г.СОБИРОВА,

муаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее