07 August 2020

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл»

7 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» боздид карда, бо вазъи кунунии корхонаи ресандагӣ шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила фаъолияти худро васеъ намуда, бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ то 350 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин менамояд.

Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Читать далее

АРЗЁБИИ АВВАЛИЯИ РАВИШИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Мушоҳидаву мулоҳизаҳои табиб

Аз сабабе, ки чанде пеш банда шакли вазнини бемории сироятии коронавирусро аз сар гузаронидам ва инчунин, аз сабабе, ки вақтҳои охир атрофи сабабҳои пайдоиш ва густариши ин беморӣ, арзёбии тадбирҳои давлатӣ дар пешгирии он ва тавонмандии низоми ҳифзи тандурустии кишвар маводи зиёд, аз ҷумла матлабҳои иғвогарона аз хориҷи кишвар ба нашр расиданд ва маро чун табиб, ташкилотчии соҳаи тандурустӣ ва педагог бетараф намонданд, зарур донистам, ки андешаҳои худро дар ин мавзӯъҳо пешкаш намоям.

 Нигоҳе ба сайри таҳаввули пандемия

Тавре ҳамагон огоҳанд, нахустин ҳодисаи сироятёбӣ аз ин вирус дар таърихи 01.12.2019 дар вилояти Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва нахустин мавриди сироят дар Аврупо дар санаи 4.02.2020 ба қайд гирифта шуд. То 10-уми марти соли ҷорӣ доманаи эпидемия 14 кишвари ҷаҳонро фаро гирифт ва беш аз 118 ҳазор нафар одамон сироят ёфтанд, ки аз ин миқдор 4 ҳазор нафар вафот карданд. Дар натиҷа, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) аз 11-уми марти соли 2020 ҳолати вогирӣ ё пандемияи COVID-19-ро дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон намуда, тамоми кишварҳои дунёро ба муқовимат бо ин бемории ҳанӯз ношинохта даъват кард.

Таҳдиди пандемияи коронавируси номаълум ва таҷрибаҳои бемориҳои вогири асри ХХ, аз ҷумла зукоми испанӣ (1918–1919) бо 500 млн нафар бемор ва 39,1 млн фавт, пневмонияи атипӣ (2002-2003) бо 8096 нафар гирифтор ва 774 нафар фавт (мутаносибан 7,83% ва 9,56%), синдроми шадиди роҳи нафаси шарқиназдикӣ (2012–2015) бо 2494 бемор ва 858 нафар фавт (34,4%) ва ғайра аз давлатҳо тақозо менамуд, ки бо назардошти имкониятҳои воқеии иқтисодӣ ва зарфияти низоми ҳифзи тандурустии худ дар ин самт тадбирҳои муассири фаврӣ биандешанд. Стратегияҳои пешгирифтаи ниҳодҳои давлатӣ асосан ду навъи муборизаро пешбинӣ мекарданд:

-якум, равиши стандартии зиддиэпидемӣ бар асоси стратегияи пешгирикунанда, ки аз тарафи аксари кишварҳои соҳиби иқтисодиёти пешрафта пазируфта шуд;

-дуюм, варианти шведию беларусӣ, ки аз маҷмӯи тадбирҳои маҳдудсозии нарм иборат буда, ташаккули эҳтимолии иммунитети ҷамъӣ ё популятсиониро пешбинӣ мекунад.

Коршиносону таҳлилгарон динамикаи паҳншавии инфексияи коронавирусро шартан ба марҳилаи чинӣ (декабри соли 2019 то январи соли 2020) ва давраи аврупоӣ (аз 20 феврали соли 2020 то имрӯз) тақсим мекунанд. Агар дар марҳилаи чинӣ бо андешидани тадбирҳои хеле муассир беморӣ дар муҳлати кӯтоҳе фурӯкаш шуда бошад, аммо марҳилаи аврупоӣ ба вазъияти иҷимоиву иқтисодии ин кишварҳо зарбаи шадиде расонид, ки ҳолати давлатҳои аврупоӣ танҳо дар миёнаҳои моҳи июни соли ҷорӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар баъзе кишварҳо мавҷи дуюми ин бемории вогир ба қайд гирифта шудааст ва имрӯз бо назардошти омилҳои зиёд пешбинии рушди вазъият номумкин мебошад.

 Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19

Пандемияи коронавирус дар ҷараёни равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири ҷиддӣ гузошт. Табиист, ки ҳар як кишвари минтақа бо назардошти сатҳи таҳдиди фарогирии эпидемия дар қаламрави худ барои пешгирӣ ё маҳдудсозии паҳншавии он тадбирҳои муассирро амалӣ намуд. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти вазъи воқеии эпидемиологӣ дар кишвар дар моҳи феврали соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат ба паҳншавии бемории короновирусро таъсис дод. Илова бар ин, аз моҳи феврали 2020 бо ҷалби кормандони соҳаи тиб корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ва огоҳсозии аҳолӣ аз усулҳои ҳифозат аз сироятёбӣ аз ин бемории вогир ба роҳ монда шуда, аз аввали моҳи март барои баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ гаштанд.

Бемории вогири коронавирус ба Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақа дертар расид. Ин ҳолат қисман ба кам будани шумораи аҳолии шаҳрҳо ва сатҳи глобализатсияи онҳо низ вобастагӣ дошт. Бо вуҷуди ин, бо назардошти суръати паҳшавии бемории вогир дар ҷаҳон, бо қарори ҳамоҳангшудаи ситоди ҷумҳуриявӣ назорати беҳдоштӣ, карантинӣ ва муҳоҷиратӣ дар ҳамаи нуқтаҳои сарҳадӣ пурзӯр карда, дар гузаргоҳҳо бунгоҳҳои тиббӣ ва карантинӣ таъсис дода шуданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳоро доир ба маҳдудсозии робитаҳои ҳавоӣ бо кишварҳои дигар ва мустаҳкам кардани захираҳои доруворӣ ва воситаҳои беҳдоштиву гигиенӣ андешида, амалӣ намуд. Як қатор муассисаҳои тиббӣ дар минтақаҳо ва пойтахти кишвар барои қабули афроди эҳтимолан сироятёфта ва изолятсияи шахсони дар тамос қарордошта муайян ва омода карда шуданд. Аз 20 марти соли 2020 робитаҳои ҳавоиии байналмилалӣ пурра қатъ карда шуд ва муоинаи суроғавии шахсони гумонбар ба бемории коронавирус шурӯъ гардид. Аз 30 апрели соли ҷорӣ дар кишвар 15 ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавирус ошкор гардид ва ба таври расмӣ мавҷудияти ин бемории вогир эълон карда шуд.

Дар ҳамин рӯз дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурзӯр кардани мубориза бо бемории коронавирус, махсусан, доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштиву гигиенӣ, дезинфексияи кӯчаву маҳаллаҳо, бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар бобати огоҳсозии мардум дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Баъдан таътили тобистонаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, қатъи дарсу машғулиятҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо, намозҳои ҷамоат дар масҷидҳо ва ғайра эълон карда шуд. Бо зиёд гардидани сироятёбӣ ба ин бемории вогир тадбирҳои асосӣ барои муайян намудани беморон, ташхису муолиҷаи онҳо, ҷудо нигаҳ доштани шахсони дар тамосбуда ва корҳои шадиди беҳдоштиву маърифатӣ пурзӯр гардонида шуд.

Мавқеи Роҳбари Давлат

Тоҷикистон дар стратегияи мубориза бо бемории вогири коронавирус маҷмӯаи маҳдудиятҳои минималиеро, ки ба модели шведӣ-беларусӣ наздиктар буд, қабул кард. Ин имкон дод, ки тадбирҳои беҳдоштиву гигиенӣ ва тиббӣ ҳамзамон бо идомаи кору фаъолияти сохторҳои асосӣ - соҳаи кишоварзиву саноатӣ роҳандозӣ шавад. Албатта, чунин тарзи амал вокуниши муғризонаи баъзе доираҳо, "фарзандон" ва "дӯстон"-и Тоҷикистон дар хориҷи кишварро ба амал овард, аммо ба ақидаи камина, чунин мавқеъгирӣ барои кишвари мо дурусту хирадмандона буд ва он то дараҷаи муайян паҳншавии коронавирус ва воҳимаву таҳлукаи мардумро пешгирӣ намуда, пастравии иқтисодиётро нигаҳ дошт ва муҳимтар аз он, имконият дод, ки соҳаҳои кишоварзӣ ва истеҳсолӣ фаъолият намоянд.

 Бояд тазаккур дод, ки тибқи омори расмӣ дар 6 моҳи соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар кишвар 3,5% (соли 2019 - 7,5%) зиёд гардид, ҳол он ки Хазинаи Байналмилалии Асъор коҳиши иқтисодии Тоҷикистонро то 2% дар охири сол пешбинӣ карда буд. Дар чунин шароит маҳсулоти саноатӣ 9,2% ва кишоварзӣ 8,2% афзоиш ёфт.

Ба замми ин, бо тафовут аз сарварони бисёр кишварҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи мураккаб намунаи устувории шахсӣ нишон дода, бо боздид аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва мулоқот бо аҳолӣ рӯҳияи воҳима ва таҳлукаро дар ҷомеа аз байн бурд. Дар ин замина, мутаассифона, то ба ҳол мухолифони давлати мо дар робита бо баргузории ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд ҳамлаҳои фитнаангезӣ мекунанд. Ман бо ташаббуси шахсии худ дар ин ҷашни бошукӯҳ ширкат доштам, шодиву хушбинии мардумро бо чашмони худ мушоҳида кардам. Тасаввур намудан душвор буд, ки чӣ гуна метавонистем ин ҷашни миллиро, ки моҳҳо пеш аз зуҳури коронавирус тарҳрезӣ ва омода шуда буд, барҳам занем. Дар чунин вазъият танқид ва шарҳу тавзеҳоти иғвогаронаи тадбирҳои пешгирифта аз хориҷи кишвар, бешубҳа, бо мақсади фитнаандозӣ ва ба вуҷуд овардани нооромӣ миёни аҳолӣ ва беэътиборсозии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус роҳандозӣ шуда буд. Аммо вақт дурустии роҳи интихобшударо собит сохт.

Мутаассифона, мушоҳида мешавад, ки бисёре аз одамон, ҳатто нафарони ботаҷрибаву рӯзгордида ҳангоми арзёбии вазъи коронавирус ва самаранокии тадбирҳои роҳандозишуда ба хулосаҳои содаю ғайриилмӣ такя мекунанд. Бешубҳа, дар давраҳои аввали омодагӣ ва амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат шитобзадагӣ ва набуди тактикаи зарурӣ аз ҷониби баъзе сохторҳои давлатӣ ҷой доштанд. Аммо имрӯз ба таври қотеъ исбот шудааст, ки нишондодҳои асосии самаранокии мубориза бо коронавирус дар марҳалаи эпидемия муҳлати паст кардани суръати ҳаррӯзаи паҳншавии бемории вогир дар кишвар баъд аз "таркиш" мебошад. Масалан, ин нишондиҳанда дар авҷи эпидемия дар Эрон дар рӯзи 13-ум, дар Арабистони Саудӣ дар рӯзи 21-ум, дар Аргентина дар рӯзи 26-ум, дар Русия дар рӯзи 56-ум ба даст омад. Дар Тоҷикистон авҷи эпидемия ба 13-уми май (103 бемор ва баъдан ба 211 бемор) ва оғози коҳиши афзоиши беморӣ ба 30 май рост омад. Яъне, дар 17 рӯз мо ба камшавии суръати рушди беморӣ ноил гаштем, ки нишондиҳандаи самаранокии тадбирҳои ҳамоҳангшуда мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баъзе доираҳои муайяни ҷомеаи мо фарҳанги сиёсии номафҳуме ташаккул ёфтааст, ки бо маҳзи мушоҳидаи нуқсону камбуде дар ҳаёти рӯзмарраи он бевосита ба Президенти кишвар ва Раиси Ҳукумат рабт дода мешавад, агарчи чунин бемасъулиятӣ аз ҷониби иҷрокунандаи сатҳи сеюм ва чаҳорум содир шуда бошад. Дар робита ба ин қазия мехоҳам чунин мисоли ҳаётиро оварам. Дар ИМА як шогирди банда кору зиндагӣ мекунад, ки ба таври мунтазам маро аз вазъи пандемияи акнун қариб аз назорат хориҷшудаи коронавирус дар он кишвар огоҳ месозад. Масалан, ҳамсояи сиёҳпӯсти ӯ ба бемории коронавирус гирифтор шуда, пас аз ду ҳафта муолиҷа дар бемористон ба хона бармегардад. Беморхона ҳаққи табобат ва хизмати тиббии ӯро 400 ҳазор доллари ИМА ҳисоб карда, ба вай харҷнома ирсол медорад. Бечора пас аз чанд соати дарёфти ин санад аз сактаи дил (инсулт) вафот мекунад. Алҳол хешовандон ва пайвандони ӯ роҳбарияти беморхонаро ба додгоҳ кашидаанд, ки ин дар он ҷо амали маъмулист. Агар баъзе "дӯстон"-и мо чунин маълумоте дар даст медоштанд, дарҳол ҳокимияти олиро ба садҳо гуноҳ айбдор менамуданд, чуноне, ки имрӯз аз фоҷиаи инсонӣ ҳангома месозанд, ки "дар Тоҷикистон аз коронавирус 8 генерал, шоирон, духтурон ва ғайра вафот карданд" ва ғ.

 Баъзе ҷанбаҳои тиббии масъала

Пандемияи вогири коронавирус ва ташкили тадбирҳо доир ба пешгирии он сатҳи тавоноии системаи ҷории тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии оммаи аксари кишварҳои ҷаҳонро ба таври равшан нишон дод. Ин беморӣ бо "рафтор"-и худ, пеш аз ҳама, кишварҳои рушдёфта ва низоми тандурстии онҳоро ғофилгир кард. То ҷое, ки то имрӯз сабабҳои сатҳи баланди беморшавӣ ва вафоти одамон дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо, ИМА, Русия ва Эрон шарҳи дақиқи худро наёфтааст.

Бояд эътироф намуд, ки бо вуҷуди қарорҳои пешгирикунандаи ситоди ҷумҳуриявӣ, дар кишвари мо низ дар марҳилаи аввал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он дар кори мубориза бо бемории вогири номаълум натавонистанд омодагии ҳаматарафаи тамоми сохторҳои марбутаро ба ҳуҷуми шиддатноки пандемия таъмин намоянд. Надонистани патогенези беморӣ, коди генетикӣ, қонунмандии рушд ва набудани протоколҳои ташхис (диагностика) ва муолиҷа, дар марҳалаи аввал кори ҳайати кормандони тибро ба душворӣ мувоҷеҳ сохт. Дар масъалаи технологӣ, беҳдоштӣ ва таъмини воситаҳои муҳофизатӣ низ мушкилоти ҷиддӣ пеш омад. Бо вуҷуди ин, кормандони тиб хусусиятҳои рафтори ин бемории вогирро батадриҷ аз худ карда, дар шароити душвортарин ба беморон ёрии тиббӣ расониданд. Бояд тазаккур дод, ки сохторҳои тандурустии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои "радаи аввал", ноомодагии худро ба эпидемия бо ин миқёс нишон доданд. Дар умум, дар чунин марҳилаи душвори зиндагии мардум, ҳампешагони ман рисолати худро бо шарофат ва салоҳият ба ҷой оварданд. Мутаассифона, як зумра пизишкон ва кормандони сатҳи миёнаи тиббӣ ҳангоми иҷрои вазифа қурбони коронавирус шуданд. Ёдашон ба хайр.

Меъёри муҳимми дигари арзёбии динамикаи мубориза бо ин вогир ва самаранокии он миқдор ва афзоиши беморшавӣ ва вафоти одамон ба шумор меравад. Дар рӯзи таҳияи ин мавод шумораи умумии беморон дар ҷумҳурӣ 6741 нафар, зиёдшавии ҳаррӯза 40-50 бемор, фавт дар умум 56 нафар ва сатҳи маргумир 0,83%-ро ташкил медод. Аз таҳлили муқоисавӣ маълум шуд, ки дар миқёсӣ минтақа дар кишвари мо сатҳи сироятёбӣ аз коронавирус аз ҳама пасттар аст, зеро манзараи муқоисаи сатҳи фавти беморон дар Тоҷикистон бо кишварҳои дигар чунин мебошад: фоизи марг аз ин беморӣ дар Қирғизистон –1,32%, Қазоқистон–0,56% ва Ӯзбекистон–0,49% буда, дар кишварҳои пешрафта ин нишондод аз 2,5% (Туркия) то 15% (Британия)-ро ташкил медиҳад. Албатта, бисёре аз муҳаққиқон мавҷудияти баъзе камбуду иштибоҳҳоро низ дар омори беморон ва фавтидагонро инкор намекунанд. Маҳз бо назардошти ҳолатҳои қаллобӣ дар атрофи омори ин нишондиҳандаҳо, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) ва ЮНИСЕФ тавсия медиҳанд, ки фақат аз маълумоти манбаъҳои расмӣ истифода карда шавад.

Дар масъалаи пешгӯйии дурнамои ин бемории вогир нуктаҳои муҳимтарин омӯзиши пурраи механизми инкишофи беморӣ, давомнокии иммунитети ҷавобӣ, сохтани дору (ваксина) ва имконияти ташаккули иммунитети ҷамъӣ мебошад. Аксарияти хулосаҳои илмии донишмандони амрикоӣ, олмонӣ, британӣ ва чинӣ ба саволҳои зерин чунин посухҳои пешакӣ медиҳанд:

1.То ба имрӯз беш аз шаш ҳазор навъи гуногуни коронавирус кашф шудааст ва чизе, ки боиси нигаронии асосноки табибон гаштааст, ин аст, ки суръати таҳаввули он рӯзе то ба сад намуд мерасад. Ин ҳолат таҳияи протоколҳои табобат ва ташхиси бемориро хеле душвор кардааст.

2.Бо вуҷуди ин ки олимони Русия доир ба иммунитети ҷамъӣ дар сатҳи 26% ва табибони Алмаато дар сатҳи 23% сухан мегӯянд, вале муқаррар гардидааст, ки умедворӣ ба ташаккули иммунитети ҷамъӣ шубҳаовар аст. Пас аз таҳқиқ ва омӯзиши 3053 нафар бемор, дар Кореяи Ҷанубӣ дар таърихи 12 июли соли 2020 ғайриимкон будани ташаккули иммунитети ҷамъиро расман эълон намуданд. Паҷӯҳишгарони британӣ ва олмонӣ низ чунин мавқеъ доранд.

3.Тибқи манбаъҳои зикршуда тӯли иммунитети ҷавобӣ дар беморони коронавирус 3-3,5 моҳро ташкил медиҳад. Илова бар ин, иммунитети дастаҷамъӣ дар 60-70% беморон ташаккул ёфта, пас аз се моҳ он танҳо дар 17% боқӣ мемонад.

4.Хулосаҳои боло водор месозанд, ки ба раванди сохтани дору (ваксина), ки ба "иммунитети табиӣ" аз коронавирус нигаронида шудааст, эҳтиёткорона муносибат кунем. Барои дароз кардани иммунитети фаъол бояд ба коди генетикии вирус дахолат карда шавад, ки он кори оянда аст.

  Ба ҷойи хулоса

Пандемияи COVID–19, ки дар охири соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдо шуд ва дар баҳори соли 2020 қариб ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон паҳн гардид, барои низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон, хусусан соҳаи тандурустии онҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон ба имтиҳони устуворӣ табдил шуд. Бо тафовут аз кишварҳои дигар ҳангоми пандемия се кишвар (Шветсия, Беларус ва Тоҷикистон) сиёсати давлатии худро дар мубориза бо коронавирус дар шакли ҷорӣ накардани карантини сахт ва маҳдудияти рафтуомади шаҳрвандон ва дар айни замон, риояти тадбирҳои профилактикӣ муайян карданд. Агар дар кишвари Шветсия идеологи чунин сиёсат сардухтури сироятии он давлат Андерс Тегнелл, ки ба шахсияти маъруф табдил ёфтааст, бошад, дар кишвари мо чунин сиёсат зери роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гашт.

Масъалаи мазкур ҳатто корношоямии ниҳодҳои глобалӣ ва баръакси он, масъулиятшиносии баланди сохторҳои миллиро нишон дод. Равиши Тоҷикистон нишон дод, ки дар шароити буҳронҳои воқеӣ касбият ва масъулиятшиносӣ дар ҳамаи сатҳҳо назар ба ҷанбаи таблиғотию идеологӣ мақоми ҳалкунанда ва асосӣ дорад. Маҳз аз ин назар, дар натиҷаи стратегияи дурусти мубориза, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ пеш гирифтанд, мардуми мо ба воҳимаву таҳлука наафтода, бо риояи аслҳои сегона (беҳдошти шахсӣ, истифодаи ниқоби тиббӣ ва фосилаи иҷтимоӣ) ва қоидаҳои пешгирии эпидемия, низоми тандурустӣ зуд ба равиши дар аввал ноошнои мубориза бо коронавирус мутобиқ гардид ва имрӯзҳо мо тавонистем шиддати бемории пандемияро коҳиш дода, вазъи устувори эпидемиологиро таъмин намоем. Ҳамин тавр, дар натиҷаи ҳамкории масъулонаи давлат ва мардум интизориҳои мухолифини комёбиҳои давлат бароварда нашуд.

Ба назари донишмандони аксари марказҳои машҳури ҷаҳон, пешгӯии дурнамои инкишоф ва раванди ин вазъият ҳануз номумкин аст. Аммо башарият бояд ба ҳама гуна сенарияҳои инкишофи он омода бошад. Бояд ногузир бо ин воқеият созиш кард, ки дар оянда бояд байни тадбирҳои зиддиэпидемиологӣ ва арзишҳои зиндагонии рӯзмарра ҳамоҳангии мавзун эҷод шавад, зеро зиндагӣ бо коронавирус ҷузъе аз фарҳанги нави ҳаёти ҷомеа хоҳад буд. Яъне, дар вазъияти нав вазифаҳои тактикии танзиму давоми зиндагӣ тағйир наёфтаанд, балки онҳо дар шароити воқеиятҳои шадидтар ва талошҳо барои бартарии вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва бартарафсозии паёмадҳои иқтисодии пандемия амалӣ мегарданд.

Ҳамин тавр, барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологӣ, пешгирӣ аз воҳимаю таҳлука дар байни аҳолӣ, роҳ надодан ба буҳрони иҷтимоиву суқути иқтисодӣ, коҳиши босуръати сатҳи сироятёбӣ ва фавти инсонҳо ва муттаҳид намудани зарфиятҳо ва талошҳо барои мубориза бо пандемия дар Тоҷикистон рафтори масъулиятшиносонаи шаҳрвандон ва ҳамкории муассири давлат ва мардум дар заминаи эътимоди баланди аҳолӣ ба стратегияи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Дар чунин марҳилаи барои таърих ва башар бисёр ҳассос, шубҳае нест, ки чунин дастовард комёбии бузурги давлат ва мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Ҷ.САНГИНОВ,

 профессор

Читать далее

Иқдоми ҷиддӣ дар татбиқи ҳадафи миллӣ

Дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи якуми таъсисии Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони корхонаҳои саноати сабуки вилоят ва масъулини соҳа иштирок доштанд.

Қабл аз оғози ҷаласа дар толори Кохи фарҳанги  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноати сабуки вилоят баргузор шуд. Дар ин намоиш корхонаҳои ҶДММ «Сатн», «Ҷавонӣ», «Ҳусния Б», «Ноҳид», «Нассоҷи Хуҷанд», корхонаи дӯзандагии «Амир», «Олимҷони Хуҷандӣ» ва «Наргис» маҳсулоти хешро ба маъраз гузоштанд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён

Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо рӯзи касбии сохтмончиён таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кулли сохмончиён, лоиҳакашон, меъморон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳмгузор ҳастанд, табрику таҳният мегӯям. Ба ҳамаи шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дастархони пурнишотро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд, ки бинокорон дар сохтмони иншоотҳои азими аср, муассисаҳои маорифу нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳми мушаххас доранд ва дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ширкат меварзанд.

Читать далее

РУШДИ САНОАТ – ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ ИҚТИСОДИСТ

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози саноатӣ рушдёфтаи мамлакат маҳсуб ёфта, мавриди истифода қарор гирифтани чандин корхонаҳои муштарак аз он дарак медиҳад, ки ҳаҷми содироти маҳсулот сол то сол тамоюли афзуншавӣ дошта, фарогири кишварҳои зиёди хориҷи дуру наздик мебошад. Мусоидат ба татбиқи сиёсати берунии иқтисодии давлат, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот яке аз самтҳои соҳаи саноат арзёбӣ мегардад.

Ба истиқболи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ идома доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз Паёмҳои худ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда буданд. Ин пешниҳод аз ҷониби мардуми шарифи мамлакат якдилона пазироӣ шуда, расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва дар ин замина дар шаҳру навоҳии вилоят корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз баробари шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат дар шаҳри Бӯстон низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ тадбирҳои зиёд ба роҳ монда мешаванд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон гардидани саноатикунонии кишварро чун ҳадафи чоруми миллӣ аз ҷониби Президенти мамлакат омили таҳкиму рушди соҳаи саноати ҷумҳурӣ дониста, дар ин росто ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар соҳоти мухталифи шаҳр дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд ва саноатчиёни шаҳр бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда дар сатҳи нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи давлату Ҳукумати мамлакат, рушди соҳа ва истиқболи пешбурди ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд. Сарвари давлат бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода буданд, ки корхона метавонад, дар як моҳ то 600 тонна металлро коркард ва беш аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатти истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ мебахшад. Бояд гуфт, ки корхонаи ҶДММ «Тоҷфилиз» моҳи феврали соли 2019 таъсис дода шуда, самти фаъолияти он коркарди металл ва истеҳсоли мех, мехи печон мебошад. Дар суҳбат роҳбари корхона Ҷамшед Байзоев зикр намуда буд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 60 - 70 тонна металл аст. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд. Корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бояд гуфт, ки баъди ба кор даромадан дар ин корхона 70 нафар бо ҷойи корӣ таъмин ва маҳсулоти истеҳсолшавандаи он барои қонеъсозии бозори дохилӣ нигаронида шудааст. Ҳайати корӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд. Алҳол дар корхонаи нав 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, ба иттилои масъулин, онҳо музди меҳнати хуб мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, лоиҳаи он аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, корҳо бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини он дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

–Баъди ба истифода додани коргоҳ то имрӯз 323,4 тонна маҳсулот истеҳсол гардид, ки 3624,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон корхонаи мазкур дар ҳаҷми 2710,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, –гуфт дар суҳбат сарвари корхона Ҷамшед Байзоев.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд. Бинобар ин, айни замон Ҳукумати кишвар фаъолиятро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида истодааст. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Вобаста ба ин дар назар дошта шудааст, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод ва тартиби татбиқи имтиёзҳо муайян шавад.

Гузаштан ба шакли саноатӣ - аграрӣ боиси зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпояи саноатӣ гардида, барои боз ҳам баланд шудани шароити некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. Саноатикунонӣ аввалан боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ мегардад, бекориро коҳиш дода, сафи муҳоҷирони меҳнатиро хеле ва хеле кам менамояд. Вақте мо корхонаҳои саноатии худро бунёд месозем, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ аз байн меравад.

– Фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ аст, ки марҳала ба марҳала теъдоди корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр меафзояд, – гуфт мудири бахши иқтисод ва саноати шаҳр Хуршед Тоҷиев.

Ногуфта намонад, ки саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ба рушди деҳот, зисту зиндагии бошандагони он низ таъсири мусбат мерасонад. Дар вақти сохтмони корхонаҳои саноатӣ манбаи ашёи хом, қувваи коргарӣ ва дигар имкониятҳо ба назари эътибор гирифта мешаванд.

Ҳадафи чорум бо ҳадафҳои дигари миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии кишвар вобастагии калон дорад. Як чизро дар хотир бояд дошт, ки дар саноаткунонии босуръати кишвар ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва Ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Тоҷикстандарт: маҳсулоти пастсифат ошкор ва нобуд шуд

Мутахассисони шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Маркази вилоят аз анбори қисмҳои ҳарбии гарнизони вилоят 50 номгӯи маҳсулоти хӯроквориро барои ташхис ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ супориданд, ки 10 номгӯи он, аз ҷумла орди гандуми навъи дуюм, консерваи шавлаи ҷав дар зарфи металлӣ, биринҷ, макарон, лӯбиёи сурх, намаки ошии йодноккардашуда, мош, нахӯд, хамираи помидор дар зарфи шишагин ғайристандартӣ дониста шуд, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд.

Директори маркази “Тоҷикстандарт” Маҳмадӣ Давлатов ҳамчунин бобати маҳсулоти нафтӣ маълумот дода, қайд кард, ки дар озмоишгоҳи нафтии марказ 571 намунаи маҳсулоти нафтӣ аз ташхис гузаронида шудааст. Натиҷаи ташхис муайян кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон 11 намуна ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуда, бо ҳаҷми зиёда аз 1629 тонна ошкор гардид.

Қайд шуд, ки бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъбаҳои нозироти савдои Маркази вилоятӣ ва марказҳои ташхиси минтақавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, аз ҷумла маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ, тухми мурғ, равғани растанӣ, хокаи қаҳва, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи афлесун ва нок, помидор, лампаҳои тафсон, фурӯзонакҳои каммасраф, молҳои саноатӣ, ноқил, намак, атриёт, нафтӣ, бозичаҳои бачагонаро ошкор намуда, қисми он дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун бо иштироки комиссия несту нобуд шуд.

Маблағи умумии маҳсулоти пастсифат, бесертификат, муҳлати истеъмолашон гузашта ва қочоқ дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 2366922 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 953 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Давоми шаш моҳи соли равон 8272 намуна маҳсулоти хӯроквории орди гандум, равғани растанӣ, макаронӣ ва қаннодӣ, гӯштӣ ва ширӣ, чой, қаҳва, тухми озуқавии мурғ, консерва, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи хушк, ғалладонагиҳо ва дигар номгӯи маҳсулот аз ташхис гузаронида шуд. Аз 8272 намунаи маҳсулоти ташхисшуда 534 намуна ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуд, - қайд кард Маҳмадӣ Давлатов.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо бобати ташкили китобхона дар назди марказ, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сироятии COVID – 19, фаъолияти тарозуҳои назоратӣ, лампаҳои каммасраф, сохтмони бинои нави Маркази “Тоҷикстандарт”, стансияҳои сӯзишворӣ, назорати маҳсулоти ғизоии пастсифати бачагона ва амсоли ин пешниҳод шуд, роҳбарият ва мутахассисони марказ ба саволҳо посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Вазъи пандемияи ҷаҳонӣ ба соҳоти мухталиф таъсири манфии худро гузошт

Дар бинои КФ КВД «Почтаи Тоҷикистон» бо роҳбарону масъулини сохторҳои марбут ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии Олим Очилзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зикр шуд, ки дар ин давра тавассути маҷмӯи нақлиёт беш аз 12 миллиону 930 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қариб 83 миллион мусофир кашонида шуд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути қатораҳо беш аз 64 ҳазор тонна мебошад, ки ин нисбат ба соли сипарӣ қариб 8 тонна зиёд мебошад.

Дар бобати таъмиру асфалтпӯшкунии роҳҳо гуфта шуд, ки соли равон, тибқи дурнамо, таъмиру тармими 2330 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла 163 километр таъмири асосӣ, 917 километр таъмири ҷорӣ, 1250 километр шағалпӯш мегардад. Баҳри иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои марбута зиёда аз 97 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ба санаи 1 июли соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят 1125,2 километр роҳ аз таъмир бароварда шудаанд, ки аз он қариб 54 километр аз таъмири асосӣ, 450,6 километр таъмири ҷорӣ ва 620,7 километр раҳ шағалпӯш шуданд.

Ҳамзамон, оид ба фаъолияти филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилоят дар нимсолаи аввали соли равон маълумот дода, масъулин изҳор доштанд, ки ба 1-уми январи соли 2020 маблағи қарзи дебиторӣ 2 миллиону 136 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1-уми июли соли равон ба 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ расида, наздик 10 фоиз зиёд гардидааст.

Миқдори хатсайрҳои хизматрасонидашудаи Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд низ дар шаш моҳи соли равон нисбатан паст буда, масъулин сабаби асосии кам гардидани миқдори хатсайрҳо, шумораи мусофирон ва даромаднокии корхонаро паҳн шудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон ва дар ин самт аз санаи 18-уми март қатъ гардидани тамоми хатсайрҳо медонанд.

Агар хатсайрҳои доимӣ (мунтазам) – 452 адад (дар ҳамин давраи соли 2019 – 1001 адад) бошад, ин нишондиҳанда соли ҷорӣ 549 хатсайр кам аст.

- Аз рақамҳои боло маълум мешавад, ки даромаднокии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ ва хароҷот ба маблағи наздик 11 миллион сомонӣ кам шудааст, - қайд намуд намояндаи фурудгоҳ.

Дар фарҷоми нишаст роҳбарону масъулини сохтору муассисаҳои соҳавӣ ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қоидаҳои беҳдоштиро риоя бояд кард

- Натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баробари дар кишвар ба қайд гирифта шудани бемории сироятии коронавирус маводи безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ ба миқдори кофӣ захира шуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ҶСШК «Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой» 10 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, 8140 либоси махсуси муҳофизатии тиббӣ, 429 термометри фосилавӣ, 6200 қуттӣ дорувории гидроксилхлорхинин, 99600 ниқоби тиббӣ ройгон ворид шуд. Агар аз фонди хайриявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5000 адад либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ ворид гардида бошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов 4 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 4 оксигенератор, 1650 либоси махсуси муҳофизатии тиббӣ, 1558 адад ниқоби махсуси пластикӣ, 1028 айнаки муҳофизатӣ ва аз ҷониби прокуратураи вилоят 100 маҷмуъ либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ ворид шуд, ки ҳамаи молу маводи воридотӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳӣ аз рӯи дархост тақсим гардид, - гуфт дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.

Боиси тазаккур аст, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19» бо 6 телефони боварӣ созмон ёфта, бо аҳолӣ фаъолияти густурда дорад.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият дошта, бо мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос таъмин мебошанд. Бояд гуфт, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят 7117 нафар шаҳрванди кишвар дар муассисаҳои тиббӣ барои назорат ва муоина ба карантин гирифта шудаанд. Ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо се маҳал хӯроки гарм таъмин мешаванд. Пас аз гузаронидани таҳлилҳои озмоишии вирусологӣ бо хулосаҳои манфӣ ба хона ҷавоб шуда, таҳти назорати табибони оилавии макони зист қарор мегиранд. Кормандони соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нисбат ба пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи дуюми COVID-19 тамоми имкониятҳоро истифода бурда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

- Аз шаҳрваандон, фурӯшандагони бозору мағоза, кормандони ошхонаву тарабхона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн даъват ба амал оварда мешавад, ки гигиенаи шахсию ҷамъиятиро қатъӣ риоя намоянд, бе истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ бо дигарон ҳамсуҳбат нашаванд, фосилаи гуфтугӯро риоя намоянд, - зикр кард Ф.Мақсудзода.

Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма ба суолҳои худ аз сардори Раёсати нигаҳдории тандурустӣ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Дастовардҳо назаррасанд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он директори донишакда, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҷибой Султонӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Сараввал директори донишкада баромад карда, перомуни дастоварду комёбиҳои ҷомеаи меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод.

Таҳсилот дар донишкада бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таҳсил дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаи алоҳида иборатанд, дар ду баст ташкил шудааст.

Базаи моддию техникӣ дар сатҳи лозима қарор дошта, аз ҷумла 606 компютери замонавӣ, 70 ноутбук, 20 телевизор, 18 экран барои проектор, 103 проектор, 33 тахтаи электронӣ ва 134 камераи назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Дар донишкада китобхонаи анъанавӣ, электронӣ, синфхонаҳои интернет, лингафонӣ, компютерӣ, синфхонаи таълимии бонкӣ, маркази омӯзиши забонҳо, толори маҷлисгоҳ, толори фитнес, майдончаи варзишӣ, ошхона, хобгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаҳои таҳсилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар онҳо донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил таҷриба меомӯзад.

Бояд гуфт, ки ин боргоҳи таълим бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Дар донишкада дар доираи лоиҳаи грантии таълимоти касбӣ ва амалӣ намудани донишҷӯдухтарон барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ташкил шуда, аввалин хатмкунандагони он – 60 нафар сазовори Сертификат гардиданд.

Дар охир рӯзноманигорон перомуни таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, риояи таҳсил бо фосилаи иҷтимоӣ, фаъолият дар самти мубориза алайҳи COVID – 19, вазъи пардохти маош ва рухсатпулиҳои устодон, баланд бардоштани мақоми зан дар донишкада, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономӯзӣ, таҳсил дар магистратура ва ғайра суол дода, посух гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020  таъин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум  қабул гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир шуд.

Ба рӯзномаи  ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои зерин: 1) Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Олимзода Н.Х.»; «Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.», 2)  Дар бораи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои якҷояи   Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Читать далее