06 August 2020

Аҳдшиканӣ то кай?

Инбор кӣ кунаҳкор аст, магар боз мо? Боз ҳамон миллате, ки тамоми нерӯи худро барои тинҷиву осиштагии кишвар равона сохтааст? Ин бор боз кадом ҳилаву найранги худро ба кор андохта, мегӯед, ки саркардагон сараввал ҷониби тоҷиконанд.  Маккорона авзои сарҳадро ноором сохтан ва сокинони ошоистаро захмӣ кардани шумо мага аҳдшиканӣ нест? Дар ҳама муноқишаҳои марзӣ ҷониби тоҷикистонро гунаҳкор менамоед, ки гӯё марзро мо ноором мекарда бошем. Шумо ҷониби Қирғизистон боз ба амалҳои нангини худ, ноҷавонмардона даст задед. Ҳамсоягиву ҳамсоядорӣ чӣ шуд?

Ҳодисае, ки субҳи 6 - уми августи соли равон дар минтақаи наздикии марзи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара шахси номаълуми қирғизистонм аз силоҳи шикорӣ истифода намуда, сардори дидбонгоҳи “Кӯктош”, ки дар ҷамоати мазкур ҷой гирифтааст захмӣ намудааст, моро дубора ба андеша мебарад,ки ин амалҳо бори аввал набуда, чандин бори дигар аҳдшиканона ба ин амали нангинӣ худ даст задаед. Мардуми тоҷик талошҳои худро ҳамеша баҳри пеши роҳи муноқишаҳоро гирифтан ва таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ равона месозад. Аммо ҷониби қирғизҳо чӣ?? Ин амали онҳо шаҳодат медиҳанд, ки суханҳои гӯё тарафдорӣ сулҳу осоиштагӣ ҳастанд дурӯғ аст.

Чаро сарҳадбонон ва сокинони қирғиз тафоҳуми байниҳамдигарӣ ва қарордодҳоро ба инобат нагирифта, ҷониби сокинони осоиштаи мо тир холӣ намуда, боиси захмӣ гардидани шаҳрвандони тоҷик мегарданд?

Рустам Холиқов сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мегӯяд, ки ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки мардуми қирғиз маданият ва ахлоқи пастро доро аст. Зеро мо худ медонем, ки барои пеши роҳи ин муноқишахоро гирифтан ҳар ду ҷониб қарордодҳои махсусро ба имзо расонидаанд, ки аз рӯи он бояд дар марз муноқиша рух надиҳад. Дидаву дониста, бар хилофи шартномаҳои баимзорасида, боз сокинони наздимарзии тоҷикистониро зери ҳадаф қарор мегиранд. Ин амали онҳоро мо нахоҳем бахшид.

Ҳамчунин, дуртар аз маҳали ҳодиса боз ба ҷониби як тан сокини осоиштаи дигари ҳамин ҷамоат тир кушода, боиси захми шудани ӯ гардиданд.

Ин ҳодисаро ақли солим қабул карда наметавонад, ки чӣ гуна инсон ин амалро ба нафари бегуноҳ раво мебинад?- мегӯяд Рустам Холиқов.

Бояд ба ин амале, ки боиси захмӣ гардидани шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон гардид,  ҷавоб диҳед аҳдшиканони қирғиз!!!

Истамҷони Наҷмиддин,

"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ш.Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.

Читать далее

Заявление Пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /НИАТ «Ховар»/. Примерно в 4 часа утра 6 августа на территории сопредельной с махаллей Лангари Мохиён сельского джамоата Чоркух Исфары старший лейтенант Кабиров Шер, начальник пограничной заставы «Куктош» Погранвойск Кыргызской Республики был ранен неизвестным лицом из охотничьего ружья марки «ТОЗ-8».

Читать далее

Border Troops Reports About Border Incident

DUSHANBE, 06.08.2020. (NIAT Khovar) – At around 4 a.m. this morning, in the adjacent area of Langari Mohiyon locality of the Chorkuh rural community in Isfara, the head of the Kuktosh checkpoint of the Kyrgyz Border Troops, Senior Lieutenant Sher Kabirov was attacked and injured by an unidentified person using a TOZ-8 hunting weapon, reports the Press Center of the Tajik Border Troops.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд

5 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти иҷроиши Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, махсусан рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.

Читать далее

Нисбати ояндаи давлату миллат бетараф нестем!

Дар замони муосир экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст. Дар охири асри ХХ дар баробари тараққиёти техникӣ терроризм доман паҳн карда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфт. Гарчанде амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, ҳамоно мавзеҳҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешавад, зеро ҳадаф ин ба тарс ва воҳима андохтани мардум аст. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст ва пас аз марг дар байни ҷомеа обрӯву нуфузи бештаре пайдо мекунад. Ҳатто бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гуруҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад. Аммо таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки шахсони гумроҳшуда ба лӯхтаки зархаридони хориҷӣ ва баъзе доираҳои манфиатҷӯй табдил ёфта, оқибати шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пушаймонист ва бештар бо марг меанҷомад.

Ташкилотҳои террористӣ то ба андозае аз инсони оддӣ “робот” тайёр мекунанд, ки новобаста аз тағйирёбии вазъият фикри худро иваз нанамояд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки террорист-худкуш тасодуфан аз марг эмин мондааст, аммо аз мақсаду роҳи интихобкардааш барнамегардад. Қаблан чунин меҳисобиданд, ки террорист-худкуш асосан аз ҳисоби шахсони камбағал ва бешуғл омода мегардад, аммо таҳлилҳо ин ақидаро инкор намуданд. Тавре номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Институти психологияи Академияи илмҳои Россия, мутахассис дар самти психологияи иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ - Соснин Вячеслав Александрович дар мақолаи худ таҳти унвони “Современнқй терроризм и проблема мотиваӣии террористов смертников” менависад: “Таҳлили ҳуҷҷатҳои «Святқе мученики двуречҳя»-и фарогири 430 ҳолномаи террорист-худкушони ташкилоти террористиву эксремистии “Ал-Қоида” аст, нишон дод, ки дар байни террористони худкуш шахсони дорои шуғли бо маоши баландтар таъмин кам нестанд”. Ӯ террористро шахси аз ҷиҳати равонӣ фавтида донистааст.

Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ташкилотҳои террористӣ роҳу усулҳои гуногунро баҳри гумроҳ сохтан ва даст ба амалҳои харобиовар задани инсони носолимфикр мезананд.

Боиси таассуф аст, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ аз ҳисоби кӯдакону занон ташвишовар боқӣ мемонад. Саволе ба миён меояд, ки онҳо чӣ гуноҳ доштанд?

Баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз он ҷумла, терроризму экстремизм ҳар як ҷавони солимфикрро ҳамчун нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа зарур аст:

  •  баҳри ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти миллӣ пайваста кӯшиш намояд;
  •  дониши сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси худшиносии миллии худро бо мутолиаи маводҳои илмӣ, ширкати фаъолона дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ баланд бардорад;
  •  эҳтироми атрофиёнашро новобаста аз синну сол, миллат ва наҷод ба ҷо орад;
  •  нисбати вазъи равонии аҳли оила, наздикону пайвандон ва воқеаҳои атрофи худ бетараф набошад;
  •  аз вазъи ҳамарӯзаи ҷаҳон тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбад ва ба он баҳои воқеӣ диҳад;
  •  Ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан дар ободии он, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатиро воситаи комёбиҳои беназир ва хушбахтии беканор донад;
  •  Воситаҳои техникӣ, шабакаи интернетро танҳо бо мақсади баланд бардоштани илму дониш ва зеҳну маърифат истифода намуда, аз муошират бо шахсони бегона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи маводҳои шубҳанок ва бозиҳои шабакавии дорои характери зӯроварӣ ва ифротгароӣ худдорӣ намояд, зеро гуруҳҳои ифротгаро шабакаи интернетро воситаи муҳими ҷалби ҷавонон ба сафи худ интихоб намудаанд.
  •  Танҳо филмҳои тарбиявиро тамошо кунад ва аз филмҳои инъикоскунандаи қатлу куштор, бераҳмиву бемеҳрӣ даст кашад;
  •  Ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ӯро хурду бузурги хонадон бо умедҳои созанда менигаранд ва баҳри хушбахтии ӯ талош меварзанд;

Фаромӯш набояд сохт, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.

Муталиб Маҳмудов,
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее

Садои носолими чуғзони нопок!

Бемории COVID – 19 имрӯзҳо тамоми минтақаҳои оламро фаро гирифта ва ҳатто кишварҳои абарқудрати дунё низ бар зидди он ночор мондаанд ва натавонистанд барои густариши саривақтии ин пандемия вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Дар ин вазъияти мураккаб ва ҳассос ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар мебояд бо дарки амиқи масъалаи зикрёфта паҳлӯи ҳам истода заррае бошад ҳам, кӯмак ё дастгирии худро барои рафъи мушкилоти ба амаломада расонад.

Аммо, ба ҷои ин амалҳои инсонӣ тоифаи нобакорони наҳзатӣ нерӯи худро барои ноором кардани авзои ҷомеа равона менамояд. Дар вокунишу изҳороти охирини онҳо дар шабакаи Интернет баръало эҳсос мешавад, ки наҳзатиёни палиду разил аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо ва пешгирии бемории сироятии короновирус нодида мебинанд.

Ҷомеаи фаъолу пурқудрати Тоҷикистон метавонад бар зидди ҳама гуна вирусу микроб ва палидиҳои дигар мубориза барад ва меҳани азизи худро аз паст задани ҳар як касу нокас пешгирӣ намояд. Вале, нафарони гумроҳи ватангадо, ки худро узви Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом мешуморанд, аз ҳамагуна вирусҳою микробҳо бадтар мебошанд. Зеро, онҳо аз таваллуд бо ирсият ҷабҳаи ифротӣ дошта то ба ҳол дарсар андешаҳои солиму созанда надоранд. Баъд аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” барои тамоми тоҷикистониён кӣ будани Кабирию пайравони аблаҳаш возеҳона ошкор шуд. Модаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷигарбандашро аз даст додааст ва падаре, ки бародари писарашро гум кардааст, ё худ кӯдаке хурдсоле, ки аз падару модар ятим мондааст имрӯзҳо дард намуд, ки кушандаи онҳо кист ва ба хулосае омад, ки бояд ватанро аз ин нопокон ҳифз кард, то маротибаи дигар ба дасти чунин нокасон наафтад.Хиёнати палидонаи наҳзатиёнро танҳо ашхосе дарк мекунанд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ин душманони разил ҷазо дидаанду пайвандонашонро аз даст додаанд.

Ба созандагони филми мустанади “Хиёнат” барои ҳисси баланди ватандӯстӣ арзи сипос намуда дархост менамоем, ки интизори бесабронаиқисмҳои навбатии филми мазкур ҷиҳати ошкорсозии рӯзгори хоинони Ватан мебошем!

М.Собиров,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Ҳоло чунин шароите ба вуҷуд омадааст, ки аксарияти созмонҳои ҷаҳонӣ барои дар ҷомеа озоду мустақил ва орому осуда зиндагӣ кардани насли башар талош меварзанд, давлатҳо миллионҳо доллар сарф мекунанд, то амнияти сокинонашон таъмин гардад. Лек ҳоло боз хатарҳо бар ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мешавад, ки онро мардум ҳархел арзёбӣ мекунанд, аммо ба ҳар навъе набошад насли инсон дар хатар мебошад.

Пайдо шудани раванҳо ва падидаҳои номатлуб  дар шароити феълӣ аҳли сайёраро  хавотир сохтааст. Чунки бо пайдо шудани хатарҳо ва таҳдидҳо бар насли башар, имрӯз авзои сиёсӣ низ каме тағйир ёфтааст, ки ин аз бисёр ҷиҳат нигарокунанда мебошад. Яке аз падидаҳои номатлуб ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки имрӯз ҳаёти осоиштаи ҷомеаро нигарон намудааст.

Ҳоло гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ бештар дар кишварҳои Ховар фаъолияти густарда бурда, садҳо шаҳру маҳалҳои аҳолинишинро зери оташи тубу тир қарор доданд, ки имрӯз ҳолати Сурия ва Яман ба ҳама маълум аст.

Чаро сафи созмонҳо ва гурӯҳҳо меафзояд?

Воқеан ҳам ба ин суол посух гуфтан бисёр мушкил аст, зеро омилҳо ва ангезаҳои пайдоиши созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ хеле зиёд мебошад, лек ҳамаи ин созмонҳо як маром ва мақсад дорад, даҳшатафканӣ ва ваҳмандохтан дар ниҳоди мардум, ҳаёти осоиштаро халалдор намудан.

Тавре, ки дар маводи таърихӣ омадаст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар солҳои 90-ум зиёда аз 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расонидаанд, ки ин бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.

Аммо наҳзатиён бар ҳамаи иктифо накарда ба хотири миллатро гумроҳ намудан, равшанфикронро ба қатл расониданд, ки ин ҳам хиёнати нобахшиданист ва ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Миллати тоҷик хунхорӣ ва разолати наҳзатиёнро фаромӯш накардааст ва ҳаргиз наҳзатиёни палид ва авбошу террористро нахоҳад бахшид.

Дилмуроди Вафо,
устоди ДКМТ

Читать далее

Хоинони миллат ба мақсад намерасанд

Солҳои охир ҲНИ тавассути истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигӣ, туҳмату иғво ва кинаю адоватро барангехта, баҳри халалдорсозии ҳаёти осудаи Тоҷикистони азиз ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидҳои рӯирост намуда истодаанд. Агарчи Ҳукукмати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун пайравони он дар хориҷи кишвар мекӯшанд, ки ба ҳувияти сиёсӣ ва истиҳлолияти давлатӣ зарбаи ҷиддӣ расонанд.

Амалҳои хиёнаткоронаву моҷароҷӯёнаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нисбати Модар-Ватани худ, ки берун азхоки Ватан ҳарор доранд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ҳайратовар аст, ки ин ҳабил афрод дар ин рӯзҳои фоҷеабор, ки тамоми ҷаҳон бо вабои аср-бемории Covid-19 мубориза бурда истодааст, дар канори давлату миллат наистода, баръакс дасисаю иғвогариро пеша кардааст. Афкору андешаи дурӯғи саркардагони ин ташкилоти террористӣ, ақлу зеҳни кунди иддае дур аз илму маърифатро рабуда, онҳоро фирефтаи ваъдаҳо менамояд, ки ба обрӯву эътибори Тоҷикистони маҳбубамон иснод меоварад.

Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 29 сол ба даст овардаи халҳу ватани хешро ҳадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву дасисабозиҳои ин хоинони миллат ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.

Имрӯз мо насли даврони Истиқлол, ки рӯз то рӯз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, бояд аз ин амалҳо ва манфиатҷӯиҳои ин ташкилот зиракии сиёсии худро дучанд намоем ва барои ободиву осудагии ватани худ софдилона хизмат намоем.

С.Ғаффорова, устоди
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее