08 July 2020

МАСТЧОҲ ОБОД ГАШТААСТ, НОДИДА НАГИРЕД!

Ҳамарӯза тариқи расонаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштани навиштаҳои  Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ободкориву созандагӣ ва пешравиҳои ноҳияи Мастчоҳро нодида мегирад, ҳар нафари дӯстдори ватанро бетараф гузошта наметавонад. Давоми ба даст овардани солҳои соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат ноҳияи Масчоҳ хеле ва хеле обод гаштааст.

Муқоисаи муаллиф бо ҳаёти дирӯза – солҳои 70 - 80 – уми асри гузашта хонандаро водор месозад, ки дар ин хусус андешаи амиқ ронад. Зеро давоми ин муддат дигаргунӣ  на танҳо дар ин минтақа, балки тамоми ҳудуди собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, зиндагии мардум ба куллӣ дигар гаштааст. Мардум имрӯзҳо гирди дастархони пурнозу неъмат менишинанд, шароити мусоиди зиндагӣ кору фаъолият дошта, шукронаи соҳибистиқлолӣ доранд. Сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим, васеъ кардани майдонҳои кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ,  таъсиси коргоҳҳо ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани мардум, таъмири роҳҳои автомобилгард, баланд бардошта шудани маърифати мардум, иштироки онҳо дар мусобиқаву озмунҳо ва ба даст овардани ғолибият, зиёд шудани сафи ҳунармандон ва ғайраҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки ба имрӯза шукргузор бошем,  ба ояндаи нек бо чашми хирад нигарем.

Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба гуфтаҳои нафароне, ки аз ҳарзагӯӣ дида,  шуғли дигаре надоранд, дода нашаванд, ба Мастчоҳ биёянд, бо чашми сар бинанд, ки он ҷо чи навгониҳое ба вуҷуд омадааст, мардум бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ машғули кору фаъолиятанд. Агар тавонанд дар ободии оилаи худ, деҳаи худ, шаҳру ноҳияи худ, мамлакати худ саҳме гузоранд. Агар не, хомӯшӣ тиллост гуфтаанд.

Асад Сабурӣ,
ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ "

Ин филмро бо 3 забони тарчумон карда   шудааст ва воқеан таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва корсозиҳои душманони миллат аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар бар мегирад.

Читать далее

ҒАРАЗҲОИ ШАХСӢ Ё ИСТИФОДАИ ШАХСОНИ СОХТА!

Тавре огаҳ ҳастем дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят ҳафтае як маротиба аз ҷониби роҳбарият рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад ва аксар муроҷиаткунандагон аз толори маҷлисгоҳ набаромада мушкилоти худро ҳал мекунанд. Баробари ин нафароне, ки шароити иқтисодии оилавиашон паст асту ҳамчун маъюб, камбизоат ва ё нафақахӯр ба рӯйхат гирифта шудаанд, дар мадди назари роҳбарият қарор доранд. 

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бархе аз бадбинону хоинони кишвар тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ғаразҳои нопоки худро бо истифода аз мардуми осоиштаи кишвар амалӣ кардан мехоҳанд. Наворе, ки аз ҷониби Иззат Амон, ки гӯё бо нафақахӯр - сокини шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ суҳбат дошт, гузошта шудааст, шахсро ба андеша водор мекунад. Чаро? Аввалан, ному насаби зан – нафақахӯр дар суҳбат оварда нашудааст, дуввум гӯё бонк барои 200 доллари амрикоӣ хонаи истиқоматиашро азхуд кардааст, ин амал ба воқеият наздикӣ надорад, саввум тӯли чанд рӯз гӯё он зан бурдаи нонеро ба даҳон набурдааст, шубҳаовар мебошад. 

Шукронаи онро дорем, ки имрӯз сокинони Хуҷандшаҳр зиндагии хуберо ба сар доранд, зеро агар нафаре аз аҳли пайвандон ба мушкилӣ дучор омада бошад, ҳатман кӯмаки молию пулӣ мерасонанд. Ҳама аҳлона умр ба сар мебаранду аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва шахсони саховатпеша мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Аз навори гузошташуда хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҳама баҳри амалӣ кардани ниятҳои ғаразонаи ашхоси дар он дастдошта мебошад. Иззат Амон занеро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ дарёфта, аз фурсати муносиб истифода кардааст. Ба назари худи ӯ чунин вонамуд мешавад, ки гӯё ягон амали хуберо анҷом дода бошад, вале он баръакс аст, зеро аз заифии занҳо истифода карда, ӯ ба ҷаҳониён худро ҳамчун шахси ҳангомаҷӯ муаррифӣ кард. Агар нияташ пок ва ба нафаре кӯмак кардан мебуд, ӯ ба ҷойи «манманӣ» ва «худнамоӣ» кардан бе огоҳӣ ва бе навор дасти ёрӣ дароз мекард, ҳавлиашро бармегардонд, бо орд ва дигар маҳсулоти хӯрока таъмин мекард... Ба андешаи банда ин ҳама кори сохта аст.

Бадном намудан ва бадбинии сарзамине, ки нону намакашро хӯрдаву обашро нӯшидааст, чунин рафтор куллан хатост, мебояд ба қадру қиммати сулҳу субот ва тинҷиву осудагии кишвар расид. Набояд ба хотири афкори нодурусту ғарази шахсӣ осудагии сокинонро халалдор сохт. Ҳамагон аз он хуб воқиф ҳастанд, ки имрӯз барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаву дар ҳама соҳаҳо пешравиву ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба чашм мерасад.

Гузаштагон ва имрӯзиён ҳамеша талқин мекарданд, ки дар ҳама ҷой нафаре ёфт мешавад, ки ҳамеша аз ҳама чиз норизо буда, ба атрофиёну пешравон бо чашми бад менигаранд ва аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳама сарзамин чунин шахси нотавонбину ҷоҳилро дарёфтан мумкин аст.

Муаззамхон ВАЛИЕВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

БА ГУФТИ КӮРМУШ БОРОН НАМЕБОРАД!

Имрӯз ба пешрафту тарқиёти кишвар дида медӯзаму андеша мекунам, ки дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон ба  дастовардҳои нек  ва назаррас ноил шуд. Ҳар солу ҳар моҳу ҳар рӯз дар тамоми  минтақаҳои кишвар бунёду азнавсозии иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шуда, он дар мӯҳлати муайянгардида  бунёд ва ба истифода дода мешавад. Масалан, дар ноҳияи Мастчоҳ солҳои охир чандин иншоотҳои бузург  бунёд ёфтаанд.  Дар тамоми ҷамоату шаҳракҳои ноҳия, Кохи фарҳанг китобхона, беморхона, мактабу иншооти гуногуни варзишӣ қомат афрохта, ҳар рӯз шаҳрак симои худро дигар мекунад.

Муттасифона ин навгонию дастовардҳои ноҳияи Мастчоҳро  баъзе аз қаҷдилону нотавонбинон,  душманони Истиқлолияти миллӣ, террористони ватанфурӯш дида натавониста, ба ҳар роҳ мехоҳанд мурдумро гумроҳ созанду аз таги нохун чирк кобанд. Аммо онҳо бояд як чизро донанд, ки мардуми тоҷик махсусан мардум ноҳияи Мастчоҳ ба ин фиребу найрангҳои онҳо  дода намешаванд  Аҳолӣ  имрӯз ба қадри зиндагии осоишта ва ҳаёти ором расида, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ кӯшиш менамоянд.  Муҳаммадиқболи Садриддин дар  мақолаи худ мардумро гумроҳ кардани шуда  иттилоъ медиҳад, ки марудми ноҳияро аз ватани худ берун карда, ба Мастчоҳи нав овард, ки шароит барои зист надорад. Аммо ӯ андеша намекунад, ки он вақт, муҳоҷир шудани падару бобоён аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба даврони абарқудрати Шуравӣ рост меояду ….  Ва агар муҳоҷират ба ноҳияи Мастчоҳ шуда бошад ҳам мардум шаҳраки нав бунёд намуданд. Имрӯз худи Ҷамоати шаҳраки Бӯстон шаҳраки хеле замонавӣ гардида, бунёди чандин сохтмонҳои наву замонавӣ дар назар аст, ки онҳо дар арафаи анҷомёбист. Охир шири сафедро сиёҳ гӯед он сиёҳ намешавад ку! Ё ба ибораи дигар ба гуфти кӯрмуш борон намеборад. Он суханҳои беҳудаю ҳарзагӯиро ба як тараф гузошта, баҳри ободии зодгоҳаш ҳаммеҳанони худ муусоидат намояд. Зеро ҳоло ҳам дер нашудааст.

Ширини АЗАМАТ,

сокини ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

Аз ин тоифа некӣ набинӣ

Модарбузургам ҳамеша мегуфтанд, «аз инсоне, ки ҳар ваъзияти ба амал омадаро ба манфиати худ ва барои беҳтар намудани ҳолати худ истифода мекунад, дур бишав, ки аслан аз ин тоифа некӣ набинӣ».

Имрӯз ба рафтору кирдорҳои баъзе ҳаммиллатони мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва  аз ҳар ҳолат мехоҳанд барои худ манфиате ҷӯянд менигараму суханони модарбузургам дар зеҳнам чарх мезананд «аз ин тоифа некӣ набинӣ!»

 Воқеан ҳам,  нафароне мисли Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Иззат Амон, ки ҷон канда хешро «ғамхор»-и ватану миллат «намоиш»  медиҳанд, на Ватан ва на миллати ман некие надид ва мутмаинам намебинад.

Дирӯз чанд наворҳои Иззат Амонро дар шабакаи иҷтимоӣ дидам, ки  бо доду фиғон хешро ҷонфидои ватану миллат нишон додан мехоҳад. Аммо мақсад ва ҳадафи онҳо факат як аст, расидан ба мансаб! 

Наход барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз вазъи ногувори як модари муштипар ҳам истифода кунӣ? Агар воқеан ғамхори миллати хеш бошанд, чаро  модари ҳаммиллати хешро  ба ин вазъ миёни ҷаҳониён муаррифӣ мекунӣ? Аҷаб ноҷавонмардиест дар ин ман-маниҳои мардӣ!

Ин  амали зишти хоинони миллат, мардуми тоҷикро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан муттаҳид бошем. Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста аст.

Бинобар ин мо бояд бештар аз пештар  масъулият эҳсос кунем, ба тарбияи миллӣ-ватандӯстии насли наврас эътибори ҷиддитар диҳем ва ба ҳарзаҳои аҳмақона аҳамияте надиҳем.

Мадина Султонӣ,

шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Нахусткашшофи Саразм

Соли ҷорӣ фархундаҷашни 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Вақте мо Саразмро ном мегирем, бевосита симои нахустмуҳаққиқ, марди хоксору заковатманд, олими шинохта, шодравон Абдуллоҷон Исоқов ба назар аён мегардад, ки кашфиёти мазкур бо номи ӯ марбут аст.

Ӯ 20-уми апрели соли 1935 дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Баъд аз таҳсил дар мактаби миёнаи ҳафтсола ва хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом соли 1954 ба факултаи таърихи Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои пойтахт дохил мешавад. Соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар ҳафриёти Панҷакенти қадим ба фаъолият шурӯъ менамояд. Маҳз, фаъолияту тадқиқот дар кӯҳандизи Панҷакенти қадим таҳти роҳбарии бостоншиноси варзида А.М.Беленитский барои А.Исоқов имтиҳони ҷиддӣ ва мактаби таҷриба буд. Соли 1972 А. Исоқов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Куҳандизҳои аввали асримиёнагии шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» ва соли 1991 рисолаи докториро дар мавзӯи «Маданияти кишоварзӣ –чорводории болооби Зарафшон дар аҳди энеолит ва биринҷӣ» дифоъ менамояд. Устод муаллифи 7 монография ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад.

А. Исоқов аз соли 1966 сарварии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти қадимро ба уҳда дошт.

Нахуст соли 1977 бозёфти сокини деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Саразм Ашӯралӣ Тайлонов - табартешаи биринҷӣ А.Исоқовро водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Маҳз, бо дастгирии бевоситаи шодравон, академик М.Осимӣ дар ёдгории навкашфгардида тадқиқот ва ҳафриёт оғоз меёбад. Омӯзиши ёдгориро дар илми бостоншиносии ҷаҳон мутахассисони хориҷӣ зуд дарк карда, хоҳиши дар ин ҷо тадқиқоти илмӣ гузаронидан карданд. Зимни гузаронидани ҳафриёт ва тадқиқоти бостоншиносӣ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Фаронса, Амрико ва Россия муайян карда шуд, ки ёдгории Саразм аз чаҳор қабати маданӣ иборат буда, ибтидои маскуншавӣ ба нимаи дуюми ҳазораи IV қабл аз мелод, яъне 5500 сол муқаддам рост меояд.

Абдуллоҷон Исоқов барои ободсозӣ ва тадқиқот дар дил орзуву ормонҳои зиёде дошт, лекин, мутаассифона, соли 1997 дар синни 62 - солагӣ, дар айни авҷи камолот риштаи умраш ба поён мерасад. Зеро бо файзу баракати Истиқлолияти кишвар ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи Саразм муайян гардид. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат тайи солҳои 2004-2008-ум 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он панҷарабандӣ шуд. Соли 2001 ёдгории Саразм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон ва соли 2010 ба Феҳрасти фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Бо назардошти аҳамияти таърихии шаҳри қадимаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500 - солагии Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шавад. Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунӣ ба ифтихори ҷашн, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад, идома доранд.    

Кори неку номи неки нахустмуҳаққиқи шаҳри қадимаи Саразм Абдуллоҷон Исоқов то абад дар хотири мо боқӣ хоҳад монд.

У.САИДОВ,
корманди Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Читать далее

«Оби зулол»: ду хатти нав ба фаъолият шурӯъ кард

Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мухталиф ба истифода дода шуд. Ба шарофати ҷашнҳои таърихӣ, алалхусус ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксар мавзеъ ободу даҳҳо ширкату корхонаҳо ба фаъолият шурӯъ карданд ва сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Мардуми кишвар рӯҳияи идона дошта, аз бунёдкориву созандагӣ шукргузорӣ мекунанд.

Тавре иттилоъ дорем, санаи 1 – уми июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани бостонӣ ташриф оварда, дар он ҷо коргоҳи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Доир ба ин дастоварди муҳим муовини раиси шаҳри Истаравшан Толиб Олимҷонзода ҳарф зада, қайд кард, ки сулҳу ободӣ, бунёдкорию созандагӣ аз Ваҳдат маншаъ мегирад, бидуни Ваҳдату ҳамдилӣ пеш рафта наметавонем. Маҳз, бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдат ва сулҳу оромиро ба даст овардем.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» ду хатти нав ба фаъолият шурӯъ кард. Самти асосии фаъолияти ширкат истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, мураббо ва афшураҳои мевагӣ, истеҳсоли ғизои кӯдакон дар борҷомаҳои мулоим мебошад. Боиси қайд аст, ки ширкат дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ ҳанӯз 12 – уми сентябри соли 2000 – ум сохта, ба истифода дода шуда буд. То ин дам дар корхонаи саноатӣ чор хатти технологӣ мавҷуд буд ва боз ду хатти нави истеҳсолӣ ба кор даромад.

- Хатти якум, ки истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳо бо тарзи резиши гарм ва хунук дар зарфҳои шишагин, ки ҳаҷмашон 0,33 ва 0,5 - литра мебошанд, равона шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар як соат 5 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дуюм хатти нав ба истеҳсоли ғизоҳои кӯдакона аз хамираҳои мевагӣ дар борҷомаҳои мулоими ҳаҷмашон 90, 110, 120, 200, 220 - грамма, дар як соат 5 280 ададро ташкил медиҳад. Муассиси сехҳои истеҳсолӣ, яъне коргоҳи истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Британияи Кабир мебошанд, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Масоҳати умумии ҶСП «Оби зулол» 10 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3 гектар масоҳати истеҳсолӣ аст. Хатти якум ба маблағи 18 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ва хатти дуюм ба маблағи 6 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Маблағи умумӣ беш аз 25 миллион сомониро дарбар мегирад. Ҳар ду хатти технологӣ ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз давлати Итолиё ворид шуда, мутахассисон низ дар ин давлат таҷрибаомӯзӣ кардаанд.

- Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба пуррагӣ меваҳои ватанӣ мебошанд. Шишаҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, зеро истеҳсол дар зарфҳои шишагинро бори аввал ба роҳ монданд. Сарпӯш ва борҷомаҳои мулоим аз давлати Украина оварда мешавад. Дар коргоҳи мазкур 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, музди миёнаи маоши кормандон 4 271 сомонӣ аст, - афзуд номбурда.

Ҳамчунин, Толиб Олимҷонзода гуфт, ки давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳри Истаравшан содирот 1 миллиону 300 ҳазор долларро дарбар мегирад, ки асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ва дигар давлатҳо содирот мешаванд. Содирот асосан дар самти нӯшокиҳои ташнашикан, обҳои нӯшокӣ, шаҳду шарбатҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст.

Боиси таъкид аст, ки дар шаҳр 47 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду калон фаъолият мебаранд. Ҳаҷми истеҳсоли саноат 102 фоиз таъмин шудааст. Алҳол дар шаҳр корхонаҳои зиёде фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла ҶДММ «Адл», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулоти пластмасин, ки наздик 30 намуд ашёи рӯзгорро истеҳсол мекунад, корхонаи истеҳсолии «Авангард – 2013» истеҳсоли равғанҳои молиданӣ барои воситаҳои нақлиёт дар ҳаҷми 750 грамм, 1 - 5 литр бо сифати баланд ва дар сатҳи баланд банду баст карда мешавад, корхонаи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Покиза – 2013» мебошанд.

Танҳо давоми панҷ моҳи соли равон 3 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кафшгар» - истеҳсоли пойафзол, ҶДММ «Нурпак» - истеҳсоли халтаҳои полипротиленӣ ва ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон» барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз ҷониби се соҳибкори инфиродӣ сеху коргоҳҳои дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Масъулин кӯшиш доранд саноатикунонии кишварро дар самти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри таъмини ҳадаф ва вазифаҳои дарпешистода тамоми нерӯ ва қувваи худро сафарбар созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РОҲИ ОБОД – АСОСИ ОБОДИИ ВАТАН

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стретегии давлат маҳсуб ёфта, ба шарофати ваҳдату ҳамгироии сокинони кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба он ноил шудааст. Дар ин радиф роҳсозони вилояти Суғд кӯшиш ба он доранд, ки ба ин ҳадафи стратегии Роҳбари олимақоми давлат пурра ноил гарданд.

Андешаҳои сарвари роҳсозони вилоят, сармуҳандиси МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд» Мирзоалӣ Мансуровро бобати ин масъала пурсон шудем, ки мавсуф аз ҷумла чунин гуфт:

- Агар татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакатро оид ба баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар мисоли вилояти Суғд гӯем, пеш аз ҳама, пеши назар ба истифода додани шоҳроҳи автомбилгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» ба дарозои 354 километр меояд, ки орзуи чандинсолаи сокинон буд. Хуб дар ёд дорам, рӯзи ба истифода додани он, баҳори соли 2008 бо вуҷуди сардии ҳаво дилҳои мардум гарм буд ва ташрифи Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ мекашидем. Роҳбари давлат гуфта буданд: - Ин роҳро агар бо дастон сохта натавонем, бо нохунҳоямон канда бунёд мекунем. Зеро Пешвои муаззам хуб медонистанд, ки пайвастани шимолу ҷануби кишвар тавассути роҳи автомобилгард яке аз омилҳои асосии болоравии иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина беҳдошти рӯзгори мардум аст. Ин роҳро метавон роҳи ваҳдату ҳамдилии бошандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол номид.

-Дар чанд соли охир боз кадом роҳҳои асосии мошингард сохта, ба истифода дода шуданд, ки мӯҷиби беҳдошти роҳҳои автомобилгарди вилоят шуд?

-Боиси тазаккур аст, ки диққату эътибори Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд ба бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгард ҷиддитар гардида, аз он пас танҳо дар вилояти Суғд роҳҳои «Айнӣ-Панҷакент» ба дарозои 112,7 километр «Хуҷанд-Исфара» наздик 70 километр бунёд гардида, асоси бемалолу бехатар шудани ҳаракати нақлиёт, равуои сокинон, савдою гардиши мол ва мустаҳкам гардидани заминаи иқтисодии вилоятамон шуд. Ҳамзамон, ободии роҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, хоса Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола то 50 - 60 километр роҳ ба маблағгузории буҷети вилоят мумфарш мешавад.

-Дар қаламрави вилоят чӣ миқдор роҳҳо амал мекунанд ва роҳсозони вилоят ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо чӣ корҳоеро ба анҷом расонидаанд?

-Дар қаламрави вилоят 456,7 километр дорои роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 413,8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 2414 , 97 км роҳи аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд аст. Идораи хоҷагии роҳҳои вилоят ва 14 сохтори зертобеи он аз оғози сол то ба имрӯз ба маблағи 1274,17 ҳазор сомонӣ таъмиру нигоҳдории роҳҳои вилоятро ба ҷо овардааст. Тавре дар боло зикр кардам, дар ин муддат аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоят 7,11 километр роҳ ба маблағи 7 миллиону 153 ҳазору 180 сомонӣ роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру тармим карда шудааст.

-Солҳои охир ҷавобан ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонҳои хайрхоҳу савобҷӯ бисёр шуда истодаанд, ки аз ҳисоби захираҳои худ дар ободонии роҳҳо саҳмгузор мешаванд…

-Дуруст, аслан ин иқдоми нек чанд соли охир вусъати тоза гирифтааст. Аз ин рӯ, чун солҳои пешин дар корҳои таъмиру тармими роҳҳо ашхоси савобҷӯю хайрхоҳ, хоса соҳибкорони ватанию бурунмарзии кишварамон саҳми сазовор мегиранд. Ин аст, ки ба санаи 1-уми июл аз ҳисоби маблағҳои онон 4,7 километр роҳ ба маблағи 2 миллиону 560 ҳазор сомонӣ мумфарш, 26 километр ба маблағи 931 ҳазор сомонӣ шағалпӯш ва 3 пул ба маблағи 482 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Мушаххасан гӯем, мо - роҳсозони вилоят бо дарки он, ки роҳи ободи Ватан яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рӯзгори мардум, таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, қарор додем, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем. Мекӯшем, то роҳҳои ваҳдати дилу вуҷуди мо ҳамеша ободу ба талабот ҷавобгӯ бошанд.

- Алҳол роҳсозон дар самти мумфаршкунӣ чӣ нақшаҳо доранд?

- Дар маҷмӯъ, то охири соли равон ҳамагӣ 2 ҳазору 500 метр роҳи вилоят таъмири асосӣ, таъмири ҷорӣ 740 километр ва 139,1 километр корҳои шағалпӯшкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 342,7 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди таҷдиди роҳи Ғафуров – Деҳмой (35 километр) – Куруш (11 километр) гуфта шуд, ки то моҳи августи соли равон корҳои лоиҳакашӣ пурра ба итмом расида, дар сурати муайян намудани сарчашмаи маблағ дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар пурра таъмиру мумфарш хоҳад шуд.

- Дар шахсияти шумо ба аҳли кормандони соҳаи роҳсозиву роҳдорӣ дар ҷанбаи корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам комёбиҳо таманно дорем.

Мусоҳиб
Маъмурахон Самадова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.

Читать далее

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард.

Дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Читать далее