02 July 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон» шинос шуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили «Баҳри Тоҷик» воқеъ аст, шинос шуданд.

Бунёди иншооти нави истироҳатӣ аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти ҶДММ «Баҳористон» мебошад, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолият, ҷалби ҳарчи бештари меҳмонон, истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароитҳои муосиру замонавӣ анҷом дода мешавад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Нарзулло»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуданд

Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деқонии «Нарзулло» бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи мавсимии банду басти пиёз дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардиданд

Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии «Баракат» шинос шуданд.

Корхонаи мавсимии «Баракат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шуда, аз ду қитъа иборат мебошад, ки яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар ин корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда шуда, дар халтаҳо гирифта мешавад ва сипас барои фурӯш ва содирот пешниҳод мегардад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меоранд ва дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд доранд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Холмамат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, фарогири 4,3 гектар замини корами обӣ мебошад. Вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ хоҷагидорон дар кишти асосӣ 2,3 гектар помидор шинонида, аллакай аз як гектари он ҳосилро ҷамъоварӣ мекунанд. Аз рӯйи маълумоти саҳмдорон, дар ҳар чинак то як тонна ҳосил ба даст оварда мешавад.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “ЧП Раҳимов”

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти коргоҳи навтаъсиси “ЧП Раҳимов” шинос гардиданд.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии шимолу – шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар заминаи таҷҳизоти мавҷуда матоъҳои маҳалии гуногуни пахтагин, аз ҷумла карбос, суф, дока истеҳсол менамояд. 25 нафар сокинони маҳаллӣ аллакай бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ашёи хом барои истеҳсоли матоъҳо аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд дастрас мегарданд.

Читать далее

Боздид аз корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Муқим - 2016»

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифери ҶДММ «Муқим - 2016» шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Муқим - 2016», воқеъ дар минтақаи саноатии шимолу – шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва масоҳати умумии коргоҳи мазкур 2,8 гектар буда, корхона бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин насбу васл гардидааст.

Читать далее

Гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе" мавриди истифода қарор гирифт

 

 

 

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеъи бозори "Панҷшанбе"-и шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Фармоишгар ва пудратчӣ ҶДММ “Сохтмончиёни Суғд” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ПИЛҶ “САНИИОСП” таҳия гардидааст. Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида 5054,4 м2 -буда, дарозии иншоот 260, бараш 18 метр буда, аз 10 даромад иборат аст. Ин дарозтарин гузаргоҳи зеризаминӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақа мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» шинос шуданд.

Корхонаи «Сирдарё» соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Читать далее

Чеҳраи аслии ифротиҳо имрӯз ошкор гаштааст

Салимпур, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки хоини Ватани хеш мебошанд, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобашро гум кардааст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад.

Хислатҳои овозапароканӣ, тафриқаангезӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифтааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан аҷдодони худро ҳимояи мекунад.

Бо ташкили сомонаи интернетӣ ва пайдо намудани маблағи муфт мудом иғвоангезӣ менамояд. Дар сомонае, ки ӯ таъсис додааст,  ягон маводи воқеан ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷурналистика мавҷуд нест. Метавон онҳоро танҳо сафсата номиду халос. Зеро фикре, ки дар он факту далели воқеӣ вуҷуд надораду танҳо бо овардани андешаҳои ғайриодилона қаноат кардааст, танҳо сафсата асту бас.

Ба инон, хоинони Ватан Тоҷикистони имрӯзаи орому гулгулшукуфон маъқул нест. Онҳо мехоҳанд. Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон ноором бошад. Вале мардуми тоҷик имрӯз чеҳраи аслии ин нохалафонро шинохтааст ва дигар фирефтаи доми онон намешавад. Мардуми тоҷик барои ҳифзу ҳимояи сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдат талош мекунад.

Собирҷон АНСОРОВ,
 директори коллеҷи технологӣ - инноватсионии шаҳри Панҷакент

Читать далее