03 June 2020

Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд

1 июни соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон ташриф оварда, тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд.

Зимни суҳбат бо хурдсолон Раиси вилоят зикр дошт, ки ки имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва давлат соябону парастори онҳо мебошад.

Читать далее

Ҷалби 1000 нафар хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарӣ тариқи фосилавӣ

Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфили техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн - фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки чунин ташаббусро  марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии Истаравшан, Конибодом, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен пайравӣ намуда, тариқи фосилавӣ шавқмандонро ба маҳфилҳо ҷалб мекунанд. Тавре Фирдавс Ашӯрматов, сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят иттилоъ дод, дар умум ба ин маҳфилҳо   1000 нафар хонандагон ҷалб шудаанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд

Читать далее

Озодии ҳар кас то ҷоест, ки озодии дигарон шурӯъ мегардад

Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу демократӣ аз оғози соҳибихтиёрии хеш сиёсати сулҳҷӯёнаро бо тамоми кишварҳо, алалхусус, ҳамсоямарзҳояш пеша карда, дар робитаи сиёсиаш манфиатҳои дуҷонибаро ифода месозад. Агар ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳаммарз таваҷҷуҳ гардад, яқин мешавад, ки то ин дам ҳеҷ як талоши манфиатхоҳонаи шахсӣ ва ё якҷониба аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва хоса ҳамсоягон анҷом наёфтааст.

То ин дам ҳеҷ санадеро наметавон мисол овард, ки дар он талоши ҳукумат нисбат ба муносибатҳои хусуматангез ва иғвогарона бо ҳамсоягон собит гардида бошад. Бар хилофи ин, мо миллати тоҷик борҳо шоҳиди бо роҳи мусолиҳаомез ҳаллу фасл сохтани низоъҳои байнимарзиву байнидавлатӣ гардидаем ва устувории эҳтироми ҳаққи ҳамсоягонро равшан эҳсос менамоем. Пешвои муаззами миллат мунтазам халқи кишварро ба рӯҳияи дӯстиву бародарӣ бо тамоми халқияту миллатҳо раҳнамун сохта, ҳамеша барои гиромидошти ҳаққи ҳамсоягӣ бо онҳо таъкидҳои бамаврид меоваранд.

Дарвоқеъ, халқи тоҷик аз дарозои таърих то имрӯз ҳамеша ҷонибдори пайвандии дӯстона байни робитаҳои хориҷиву дохилӣ буду ҳаст. Равобити сиёсии Ҳукумати кишвар бо ҷониби Қирғизистон ҳарчанд дар доираи муносибатҳои дӯстона қарор дошта бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи  қирғиз борҳо вазъ дар минтақаҳои марзӣ ноором карда мешавад ва Ворух дар ин самт аз минтақаҳои асосии зарарбинанда гардидааст. Давоми соли 2019 14 ҳолати нанговари номуросоӣ ба миён омада, аз ҳарду ҷониб ярадорону талафдидагони ҷониро ҳам ба миён овард ва дар натиҷа ҳатто сарони олии кишварҳо бар ин минтақаи марзӣ ҳузур оварда, халқи ҳарду ҷонибро ба зиндагии дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват карда буданд ва сокинони ҳарду миллат ваъда дода буданд, ки аз ин ба баъд тибқи меъёрҳои ахлоқӣ амал мекунанд ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо гузошта, бародарона умр ба сар мебаранд.

Мутаассифона, ин аҳд аз ҷониби мардуми наздисарҳадии қирғиз шикаста шуда, муноқишаи байни ин ду миллатро боз ба миён оварданд. Бо мусоидати намояндагони расмии ҷонибҳо ҳарчанд гуфтушуниди навбатӣ оғоз гардида буд ва назардошти қабули қарорҳои мувофиқаоӣ ҷой дошт, аммо ин навбат низ сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон Соат Бахтибеков ноҷавонмардона ба сӯйи коргарзани бригадаи №14-и тухмипарварии маҳаллаи Ибод Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Шукрона Шарофаи 25-сола, ки дар замин ба кор машғул буд, тир кушод ва ӯро захмӣ сохт. Ин амали нанговар, бори дигар собит сохт, ки на ҳамаи сокинони наздимарзии Қирғизистон босубот ва муросо зиндагӣ карда метавонанд. Ҷойи тааҷҷубовар он аст, ки чаро мақомоти баландпояи Қирғизистон дар баррасии чунин муносибатҳои шаҳрвандонаш саҳлангорӣ мекунанд? Халқи мо дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбубаш роҳи мусолиҳаро пеша кардааст, аз ин ҷо набояд нисбат ба чунин муносибат ҷавоби бефарқона дода шавад.

Масъулини ҳукумат ва мақомоти дигари Қирғизистон бояд ба ҷустори ҳақиқат ва ҷазо додан ба сабабгорони ин муноқишаҳо саъй кунанд ва роҳи чунин бетартибиву ноамниро дар марз ҷилавгирӣ созанд. Набояд онҳо фаромӯш кунанд, ки пос доштани ошноиву рафоқат байни сокинони ҳарду давлат ба манфиати ҷонибҳост.

Ғафурҷон БАРОТОВ,
вакили маҷлиси шаҳрии вакилони
халқ директори МТМУ№26

Читать далее

КИРМАКПАРВАРӢ: СОҲА РУШД МЕЁБАД

Имрӯз дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пилла бо маром ҷараён дорад. Дар асоси нақшаи пешбинигардида имсол дар вилоят истеҳсоли 360 тонна пилла дар назар дошта шудааст.

Кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз 140 тонна пилла истеҳсол намудаанд. Аз рӯи таҳлилҳо ҳосилнокии ҳар қуттӣ то 40 килограмро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои намояндаи ҶСК «Пиллаи Тоҷик» дар вилояти Суғд Парвиз Бегматов дар мавриди ҷамъоварии ҳосили пилла саҳми пиллапарварони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров назаррас мебошад. То санаи 1 - уми июни соли равон кирмакпарварони шаҳру ноҳияҳои Конибодом 21 - тонна, Спитамен 44 - тонна, Бобоҷон Ғафуров 31- тонна ва Деваштич 30,2 тонна, пилла истеҳсол ва ба корхонаи пиллақабулкунӣ супориданд, ки ҳосили миёнаи онҳо 40 килограмм мебошад.

Оғози тақсимоти кирмакҳо дар вилоят ҳанӯз аз оғози моҳи март ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷумла ноҳияи Ашт тухмии кирмаки навъи аълосифати хитоӣ, ки имсол 12 ҳазор қуттӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, дар ҶСК «Пиллаи тоҷик» нигоҳдорӣ ва барои зинда кардан ба гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим шуда буд, санаи 30-юми марти соли 2020 қабул намуда, ба парвариши он машғул гардиданд. Кирмакпарварони ноҳия то ин вақт барои бо сатҳу сифати баланд парвариш намудани он омодагии зиёд дида, барои зиндашавии тухмиҳои аълосифати кирмак 6 гармхонаро омода ва барои истеҳсоли пиллаи хуб чораҳои заруриро андешиданд.

Имсол бо мақсади ҳавасмандӣ ва дастгирии кирмакпарварон ҳаққи хизмати онҳо дар сари тарозу ба ҳар як килограмм пиллаи сифатан тоза 10 сомонӣ ва ба пиллаи сифатан пасттар 4 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бо мақсади фароҳам сохтани шароит барои рушди ин соҳа ва таъмини кирмакпарварони вилоят бо тухмии хушсифат баҳри истеҳсоли пиллаҳои хушсифат ва зиёд намудани истеҳсоли он дар кишвар «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» амалӣ гардида истодааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ ОБ АСТ

- Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон баҳри омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрии соли равон тадбирҳои заруриро ба роҳ мондааст, - гуфт сардори ин ниҳод Қурбонмурод Усмонов.

Бино ба иттилои номбурда дар мувозинаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон 6 канали ғунҷоиши лоиҳавиаш гуногун ва 18 пойгоҳи обкашии иқтидораш гуногун мавҷуд мебошад ва иншооти мазкур нисбат ба солҳои пешин 15 - 20 рӯз пеш аз мӯҳлат ба мавсими обёрӣ омода шуданд.

Дар натиҷа ба каналҳои Марғедар, Тӯхсан - Корез, Саразм, Халифа - Ҳасан пеш аз мавсими обёрӣ об ҷорӣ шуд.

Бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ аз тарафи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» корҳои барқарорсозии иншооти гидротехникӣ ба иҷро расонида шуда истодаанд, ки ин барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва зиёд гардидани ҳосилнокии заминҳои обёришаванда мусоидат менамояд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее