21 May 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор иншооти таъйиноти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе боздид намуданд

Дирӯз, 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода,  аз фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе бо боздид аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”- и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардид.

Читать далее

Ситоди сайери вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Раиси вилоят гузаронда шуд

Дар саҳни боғи навбунёди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «COVID-19» Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқук, воҳидҳои сохторӣ, вакилони вилоятӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти давлатӣ дар маҳаллҳо ҷиҳати мубориза беамон алайҳи бемории сироятии нави короновирус тамоми тадбирҳо роҳандозӣ гардидааст, бо вуҷуди тамоюли камшавии ин бемори дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он моро зарур аст, ки ин раванд мубориза дастҷамъона идома бахшем.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз марказҳои саломатии рақамҳои 2, 4 ва 5 боздид ба амал оварданд.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо табибону кормандон доир ба иқдомҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати муборизаи оштинопазир бо бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин вабои аср дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Инчунин, ёдовар шуд, ки ҷиҳати расонидани кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори Ситод зери назорати шахсии Сардори давлат қарор гирифт. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии вилоят низ чунин ситодҳо ташкил гардида, маблағҳои зарурӣ дар ин самт ҷудо шудаанд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуда, ба ифтихори рӯзи милодаш таҳният гуфтанд.

Раиси вилоят аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда,  аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф дар солҳои фаъолият дар комиҷроияи вилоятӣ ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Читать далее

МИЛЛАТ ЭМИН МЕМОНАД

Ҳоло ҷаҳон дар шароити бӯҳронӣ қарор дорад, тамоми ҷаҳонро пандемияи КОВИД-2019  фаро гирифтааст ва ин маризии ҳамагир ба остони кишвари мо низ қадами номубораки худро расонид, ки аз ин миллат дар хавотирист. Сокинон кишвари моро ин вабои ҳамагир нигарон кардаасту ҳоло ҳама сокинон бар зидди ин вабои аср дастаҷамъӣ мубориза мебаранд ва вазъи мушкиле пеш омадааст. Лек нафароне пайдо шуданд, ки дар ин рӯзи мушкили миллат пушти парда механданд ва ҳоли табоҳи миллатро ба бозӣ гирифтаанд. Дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳамин хандандаҳоро ошкор созанд ва дар шинохти хоинони миллат, ки худро гоҳе “ҳомии миллат” муаррифӣ мекунанд, саҳме бигузоранд.

Нахустин чизе, ки дар мақолаи мазкур  ба чашм мерасад ин кӯшише дар шинохти душманони миллат мебошад, ки дар мақола хеле хуб ва баҳогузорӣ аз ҳолат арзёбӣ шудааст: “Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Аъзои ин гурӯҳак зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди воҷаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касалии онҳо авлодӣ аст.

Суоли матраҳ дар он аст, ки ҳамин тоифаи бенангу номус ба кадом миллат мансубият доранд?

Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи эътирофгардида аст. Пас аз мутолиаи ин далел ва ин ҷумалот дар дили инсон тарсу ҳарос пайдо мешавад, ки ин тоифаро аз зоти одамӣ хонад. Аммо барои таърих аз шинохти ин тарбиянадидагон сафҳаҳое боз хоҳад шуд, шояд садсолаҳо барои шинохти террористону бадкешон ҳамчун манбаи умумиҷаҳонӣ истифода шавад.

Ҳоло дигар баҳси ин ё он не, сиёсату сиёсатбозӣ не, балки шинохти инсониву дарки ҳолат зарур буд, ки мо дар ин вазъ аз душманон шинохти хубе бо пайнавишти мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” пайдо намудем ва ҳатман ҳоло суоле ин ҷо сар мезанад, ки  тоифае, ки ному насаби тоҷикиро ба худ гирифтаанд,  оё нангу номуси инсонӣ доранд? Шинохт аз виҷдони инсонӣ ва фалсафаи вуҷудро доранд?

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Вирусҳои бетоҷ!

Воқеан ҳам мавзӯи асосии расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ин коронавирус, яъне COVID-19 мебошад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Ин бадбахтиҳо мутаассифона ба сари миллати тоҷик низ омад.

Роҳбарияти олии кишвар аз рӯзҳои нахустини паҳншавии коронавирус бо мақсади ҳифзи сиҳатии сокинони кишвар тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият бурда истодааст.

Имрӯз ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизотҳои санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода шуда истодааст.

Мутаассифона дар ин рӯзҳои фоҷеабор барои миллати тоҷик ифротгароёни палиди наҳзатӣ рақсу бозӣ, хушҳолӣ намуда, бо дастони нопоки худ дар бораи мусибати мардуми тоҷик суханҳои беасосро паҳн намуда, мехоҳанд афазои афкори умумро тағйир диҳанд.

Имрӯз онҳо аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.

Сарварони ин ташкилотҳои мамнӯъ худ хоинони миллат, террорист, тундрав, радди маърака, барангезандаи кинаву адоват буда, ба қадру манзалати сарзамини мо ҳеҷ гоҳ намерасанд ва намераванд. Сарвари онҳо Муҳиддин Кабирӣ ҳамон нафарест, ки баъди бахшидани гуноҳҳои нобахшидании ҳаммаслаконаш бо қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ тавба накарда, боз ба иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиаш аз давлатҳои Шарқ ва Ғарб ба амалҳои террористию экстремистӣ пардохт.

Афроди разил, вирусҳои бетоҷ, рӯбоҳи ноком чун наҳзатиён бо ҳар гуна роҳу васила мехоҳанд ин оромиву амнияти кишвари моро халал ворид намоянд. Душманони миллат ва давлати мо бо ин амалҳои нопоку зишти худ мехоҳанд диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд. Ин амал хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо буда, на ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на шаҳрвандони Тоҷикистон ба он эътимод ва боварӣ доранд.

Аз сокинони сарбаланду фарҳангии кишвар даъват ба амал меорем, ки ба овозаҳои беасосу кучагӣ бовар накунанд ва Мо якҷоя ин мушкилии муваққатиро бо таҳаммул бо иродаи қавӣ ва сарбаландона пасисар хоҳем кард.

Ҷамолиддин АБДУКАРИМОВ,
муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Санг бар мардуми худ задан осон

Имрӯз ҳам роҳбарони давлатҳо, ҳам мутахассисон ва ҳам тамоми институтҳои таҳқиқотии ҷаҳон барои дарёфти ваксина барои коронавирус COVID-19 машғул ҳастанд. Аммо намояндагони “барҷастаи миллати мо” дар хориҷи кишвар бо суханфурӯшӣ ва тарғиботи мухталиф фаъолияташонро пурзӯр кардаанд.

Аз дуриҳои дур нисбати Ватани хеш ҳар чи гуфтан осон. Бар зидди пандемияи коронавирус ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ночор монданд, ҳол он ки як давлати кӯчаки мо. Агар сухан дар бораи нангу номус равад, ҳамон намояндагони “дилсӯзу ғамхори миллат” агар бо нангу номус бошанд майдон аз далер аст, марҳамат.

Хушбахтона, мардуми тоҷик ва Ҳукумати кишвар имрӯз дар муқобили хатари коронавирус муттаҳиданд ва иқтидору имконияти заруриро барои истодагарӣ дар муқобили ин хатар доранд. Илова бар ин, кишварҳои дӯсту ҳамсоя имрӯз ба кумаки Тоҷикистон мешитобанд. Аз ҷумла, аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ба сифати ёрӣ таҷҳизоти тиббии зарурӣ расонида шуд. Табибони ботаҷрибаи ин кишвар барои расонидани кумак дар мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатари коронавирус муттаҳид гардидаанд ва тадбирҳои Ҳукумати кишварро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ин вабои аср дастгирӣ менамоянд. Аммо саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо паҳн кардани хабару матолиби муғризона ва бадхоҳонаашон дар ҷомеа ихтилофу иғво барангехта истодаанд.

Манфиатҷӯӣ ва фурсатталабии онҳо ба ҳама маълум аст. Парвои саломатии мардумро ҳам надоранд. Паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон барои ин худбохтагон танҳо як имконияту фурсати дигар барои ба даст овардани манфиат асту халос. Бо ҳамон тангназарию кинатузӣ ва иртиҷоӣ будани ақидаҳои худ чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро аз дигарон беҳтар медониста бошанд. Дар тамоми масъалаҳо худро ҳамчун коршинос ҷилва дода, мардумро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба ҳама корҳо ва масоили ҳаёти кишвар мудохила карда, “машварат”-и нодаркори худро ироа менамоянд. Мардуми тоҷик мақсаду мароми наҳзатиҳоро дар амал дидааст ва медонанд, ки ин тӯдаи хиёнаткорон ба Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меоранд. Ҷиноятҳои нангини ташкилоти мазкур ҳанӯз аз ёди мардуми Тоҷикистон нарафтааст. Агар суханрониҳои саркардаи наҳзатиро таҳлил намоем, мефаҳмем, ки ягона мақсадашон дасисаангезиву туҳмат нисбат ба Ҳукумат ва паҳн кардани нобоварӣ дар байни мардум аст.

Рӯзҳои охир саркардаҳои наҳзат мисли одати ҳамешагӣ худро ҳамчун сиёсатмадору хирадманд нишон дода, дар суханрониҳои пучашон вобаста ба хатари коронавирус дар байни мардум воҳима андохта, ҳангомаҷӯёна мехоҳанд, ки аҳолии кишварро ба изтироб оранд. Вонамуд мекунанд, ки гӯё дар ғами мардуманд, аммо дар асл барои онҳо вазъи ноороми кишвар зарур аст. Сироятшавии ҳамватанон аз коронавирус барои онҳо фурсати навбатист. Пажӯҳишҳои олимони кишварҳои мутараққӣ дар ростои омӯзишу таҳқиқи коронавирус ҳанӯз ба натиҷаи аниқе нарасидааст, аммо саркардаи наҳзат оид ба ин мавзӯъ бешармона ба Ҳукумату мардуми кишвар “тавсияҳо”-и пуч медиҳанд. Тавсияашон ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд карантин ҷорӣ кунад. Ҳукумат тамоми тадбирҳоро бар зидди хатари коронавирус андешида истодааст, ниёз ба тавсияҳои ҷинояткорону террористон надорад.

Дар сухан ғамхору дар амал душмани мардуманд. Агар онҳо дар воқеъ, ғамхори мардум мебуданд ва заррае номусу виҷдон медоштанд, ба чунин харобкорию қаллобӣ бояд даст намезаданд. Барои онҳо танҳо манфиати моддӣ муҳим асту иҷрои супориши хоҷагон. Мутаассифона, имрӯз ин иғвогарон ва қаллобон дар хориҷи кишвар аз ҷавобгарӣ дар назди қонун панаҳ бурда, амалҳои манфури худро зидди давлату миллати тоҷик идома медиҳанд. Тавассути расонаҳои иттилоотӣ хабарҳои дурӯғ паҳн карда, матолиби душманонаро бар зидди манфиати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон интишор менамоянд. Ба баҳонаи хатари коронавирус мехоҳанд ба вазъияти кишвар таъсири манфӣ расонида, дар ҷомеа таҳлукаю иғво барангезанд.

Муътабар ШАРИФОВА,
досенти кафедраи забон ва адабиёти
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Муттаҳидӣ пешгирӣ аз хатарҳост

Дар шароити кунунӣ, ки бемории сироятии каронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, аз шаҳрвандони кишвари мо боҷуръатӣ, қавииродагӣ ва босабру таҳаммул буданро тақозо менамояд. Дар чунин шароит мо бояд аз пештара муттаҳидтар бошем, ба таҳлукаю дасисаҳо ва ваҳму воҳима дода нашавем.

Бояд талаботи санитарию гигиенӣ ва чораҳои муҳофизатии муқарраргардидаро қатъиян риоя намоем. Аз рӯи таҷрибаи давлатҳое, ки ин марҳалаи душворро паси сар карда истодаанд маълум мегардад, ки бемории мазкур барои калонсолон ва бемориҳои шадиддошта хатарноктар буда, танҳо 10-15 фисад онро душвортар мегузаронанд.

Дар ин лаҳзаҳо мо ҳамчун ворисони сазовори он аҷдодони пуршарафамон бояд аз ҳарвақта бештар эҳтиёткор, меҳнатдӯст ва қаввиирода бошем ва кӯмаку дастгирии ҳамдигарро шиори ҳамешагии худ қарор диҳем.

Имрӯз бояд аз ҳарвақта зиёдтар меҳнат кунем, худ ва атрофиёнро аз мубтало гаштан ба зуком ҳифз намоем ва аз ҳар ваҷаб заминҳои корам бояд самаранок истифода барем.

Дар байни шаҳрвандони мо мутаассифона, ҳастанд нафарони ҳангомаҷӯву нотавонбин, душману хоин, ки аз ғазаби Худованд ва бандагонаш натарсида, ин вабои натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба сари мардуми аксарияти давлатҳои дунё омадаро мавриди ҳангомаҳои беасоси худ қарор дода, бар зидди давлату ҳукумати кишвар сангпартоӣ мекунанд. Ин амали манфурро танҳо нафароне метавонанд, ки адлу инсоф, имону виҷдонашонро ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, танҳо симои инсониашон боқӣ мондаасту халос.

Як нуктаро бояд хотирнишон кунем, ки имрӯз давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст. Имрӯз Тоҷикистон қудрат ва тавоноии пешгирӣ ва муолиҷаи “COVID -19”-ро дорад.

И.ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

COVID-19 чист?

Ин беморӣ оё худ ба худ пайдо шудааст ва ё ҳадафҳои иҷтимоиву иқтисодии худро дорад?  Ин суолҳоест, ки саросари оламиёнро ба ташвиш овардааст. Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус низ меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.

Чӣ илоҷ, аз сарнавишту қисмат, ки инро наҳзатиҳо хубтар медонанд, ҷойи гурез нест. Баъзеҳо бо хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасаллият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромӯш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, нафардо, пас фардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ тавассути Сайтҳои моҷароҷуи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, ва даҳҳои дигар, ки дар хизмати террористони наҳзатӣ ҳастанд, дар намоиш гузоштаанд. Хиёнат ба Ватани худ хиёнат ба оилаи худ аст. Эй пастфитратон шарм доред, рӯзе мерасад, ки ба ин кирдори разилонаи худ ҷавоб хоҳед гуфт

Сарвиноз ҶӮРАЕВА,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Эҳтиёт хатари ваборо кам мекунад

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани онҳое, ки ба кишвар ворид мешуданд, то пурзӯр намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо фақат ба хотири ҳифзи саломатии  аҳолӣ буд.

Бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан баъзе аз мо хурофоту воҳима дода шуда, иродаи устувор надорем. Фирефта шудан, бовар ба воҳимаҳои дурӯғ аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки сабабгори рӯҳафтодагӣ ва ба миён омадани нофаҳмиҳои мухталиф шуда метавонад.

Бадбахтона, то ҳол низ онҳое, ки бо “муқтазои табиат ва ғароизи каҷдумонаи худ”  хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд.

Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоии як гуруҳи камҳайсияти  ба ном “мухолифин” нишон дод, ки эшон бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани Тоҷикистон ба ин вабои аср будаанд. Билохира, рӯзи 30-уми апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба COVID-19  эълон шуд.

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср албатта, манотиқи кишварро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши коронавирус шуруъ шудааст. Ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ чораандешӣ мекунанд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ,
узви ситоди ноҳиявӣ

Читать далее