18 May 2020

Раиси вилоят бо табибони Маркази саломатии шаҳри Бӯстон мулоқот намуд

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва дигар бемориҳо 16-уми май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон аз маркази саломатии ин шаҳр боздид ба амал оварда, бо табибони марказ мулоқот намуд.

Нахуст Раиси вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ мебошад.

Читать далее

Таҷлили 80-солагии Ҷӯра Шокиров бо ҳузури Раиси вилоят

Дар заминаи татбиқи босамари сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри табрикоти сокини шаҳри Бӯстон, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Шокиров Ҷӯра Раҳмонович, ки ба синни мубораки 80 қадам ниҳод, ташриф овард.

Роҳбари вилоят аз корномаҳои беназир ва саҳми босазои соҳибҷашн дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки садоқат ба халқу Ватан, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорати баландӣ кордонӣ ва меҳнатдӯстии Ҷӯра Раҳмонович буд, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ муваффақона фаъолият намуда, байни ҷомеа нуфуз ва маҳбубияти хоса пайдо намуданд.

Читать далее

Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» дар шаҳри Бӯстон шинос шуд

Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» дар шаҳри Бӯстон шинос шуд.

Коргоҳи мазкур барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат бо саҳми соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли ҷорӣ ба кор оғоз намуд.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” шинос шуд

Ҳамон рӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” шинос шуд.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди металл, истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон

Дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда дар вилояти Суғд корхонаҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ташкил гардида, фаъолияти мунтазам доранд.

Дар шаҳри Бӯстон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо имкониятҳои корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон - Бӯстон” шинос шуд.

Читать далее

Ба муносибати рӯзи байналмилалии оила 55 оилаҳои барӯманд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо паёми табрикотии Раиси вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ муборакбод карда шуданд

Оилаи намунавии Махфират Тоҳирова ва Фируз Мирпочоев аз шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдат карда шуд.

Ин оилаи намунавӣ наздик панҷоҳ сол инҷониб зиндагии якҷоя доранд. Махфират Тоҳирова Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштааст. Фируз Мирпочоев бошад, собиқадори соҳаи саноат ҳамчун ҷонишини директор дар заводи «Садаф» 25 сол фаъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ кардааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт: Оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Читать далее

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

Дар машварати корӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок намуданд. Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Роҳбари давлат қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Читать далее

Дар шаҳраки Ғафуров Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ "Обод-2", ки бо истеҳсоли гипохлориди натрий машғул аст, шинос шуд

Дар шаҳраки Ғафуров Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи ҶДММ "Обод-2", ки бо истеҳсоли гипохлориди натрий машғул аст, шинос шуд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки корхонаи мазкур 10 тонна дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли гипохлориди натрийро дошта, айни замон 3 тонна маводи мазкур истеҳсол шуда истодааст.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят аз ҳавлии истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳавлии истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парвариши помидор, бодиринг ва самаранок истифодабарии қитъаи наздиҳавлигӣ шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат собиқадори меҳнат, кишоварзи варзида Асатулло Ҳабибуллоев амал намуда, замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода мебарад.

Читать далее

ХИДМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРКАШОНӢ ДАР КАДОМ ВАЗЪ?

Бинобар эълон доштани карантин дар муассисаҳои таълимӣ дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд шумораи одамон кам ба назар мерасанд. Имрӯз аксар марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, сартарошхона, толорҳои ҳусн муваққатан фаъолият надоранд. Ин ҳама барои фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ, алалхусус автобусро таъсири худро гузоштааст.

Муслима Қобилова - сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки имрӯз аз тарси сироятёбӣ ба вирус субҳу шом ба ҷойи корӣ аз нақлиёти мусофиркашонии таксӣ истифода мебарад. Вале, дар аксар маврид пиёда роҳ мегардад.

- Барои худро аз ҳар гуна беморӣ эмин доштан субҳ ба ҷойи кор пиёда меравам, зеро ба саломатӣ низ фоидаи калон дорад. Аз савор шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ худдорӣ мекунам, - мегӯяд ӯ.

Чанд рӯз инҷониб дар кӯчаҳои шаҳр шумораи ками автобусҳо ба назар мерасад.  

Директори генералии КДК «Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд» Фарҳод Шарифов гуфт, ки бинобар кам будани миқдори мусофирон реҷаи фаъолияти автобусҳо каме иваз гардидааст. Барои бе кор намондан ронандагон бо навбат ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Каримҷон Мирзошехов - сокини шаҳри Бӯстон мегӯяд, ки ҳамарӯза аз нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мебарад, вале вазъияти имрӯза ӯро водор мекунад, ки ба нақлиёти мусофиркашонии таксӣ савор шавад. Ӯ аз савор шудан ба автобусу микроавтобус худдорӣ мекунад.

- Кам шудани миқдори автобус, ин пеш аз ҳама ба вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ вобаста аст, мардум аксар дар хонаҳои худ нишастаанду барои гирифтор нашудан ба беморӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ автобус истифода намебаранд. Вақте ба автобус савор мешавам, мусофирон қариб ба чашм намерасанд. То ба ҷойи лозима расидан вақти зиёде сарф мешавад, зеро ронанда дар интизори мусофир зиёд таваққуф мекунад. Гумон дорам, ки кам шудани миқдори автобус аз набудани донишҷӯёну мактаббачагон аст ва рӯзҳои наздик муаммои то ба ҷойи лозима расидани банда низ аз байн меравад, - мегӯяд К.Мирзошехов.  

Боиси қайд аст, ки имрӯз аз 100 автобус 92 - тоаш коршоям ва 8 - тоаш ба таъмири ҷорӣ ниёз дорад. Ба ҷуз автобус фаъолияти микроавтобусҳо низ то як андоза коҳиш ёфт. Ронандагони микроавтобусҳо низ аз кам будани шумораи мусофирон изҳори нигаронӣ мекунанд ва ба он ақидаанд, ки то ба эътидол омадани вазъият фаъолияташонро қатъ кунанд.

Боиси қайд аст, ки бинобар истифода бурдан аз нақлиёти мусофиркашонӣ аввалан бояд гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла пушидани ниқоб, дастпӯшак ва дар худ нигоҳ доштани маҳлули антисептикӣ ва риоя кардани масофа то ду метр мувофиқи мақсад аст. Ин ҳама барои пешгирии сироятёбӣ мебошад. Баробари ин аз тарафи масъулин ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонӣ дизенфексия карда мешавад.

Умед дорем, ки пас аз чанд муддат вазъият беҳ гардида, дар кӯчаҳои шаҳр боз автобусу микроавтобусҳо зиёд мегарданду мардум мисли пешин аз нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мекунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее