15 May 2020

Оё дар баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестӣ тағйирот ҳаст?

Дар раванди баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуние нашудааст.
Айни ҳол омодагӣ ба имтиҳоноти қабул  аз рӯи нақша ҷараён дорад.
Бино ба иттилои сармутахассиси Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ромиш Неъматов тағйироти асосие, ки то имрӯз ба амал омад тамдид шудани муҳлати дастраснамоии даъватномаҳои довталабон мебошад. 
Бояд гуфт, ки дар даъватнома соат, рӯз ва макони баргузории имтиҳон нишон дода мешавад ва довталаб дар асоси он ба Марказҳои имтиҳонӣ ҳозир мегарданд. 
Даъватнома назар ба солҳои қаблӣ 10-руз дертар дастраси хонандагон мегардад. Тамдиди дастраснамоии даъвтномаҳоро масъулин ба таътили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз санаи 27-уми апрел оғоз гардид, рабт медиҳанд.  Муҳлати дастраснамоии даъватномаҳо ба давраи имтиҳонҳои хатмкунандагон, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15-уми июн то 25-уми июн пешбинӣ намудааст рост меояд.
Имсол мувофиқи таҳлилҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба теъдоди довталабони аз қайд гузашта дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкили 11 марказҳои имтиҳонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта як адад кам мебошад. 
Аз он ҷумла дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 19, 23, 2 ва гимназияи 24-и шаҳри Хуҷанд, гимназияи № 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гимназияи № 1 ва МТМУ № 2-и шаҳри Конибодом, гимназияи № 5 ва МТМУ № 1-и шаҳри Истаравшан ва МТМУ №1 шаҳри Панҷакент барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил  мешаванд.
Барои ишғоли вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури калон ва маъмур ҳамчун кормандони муваққатии маркази миллии тестӣ озмун эълон гардида буд. Бо пешниҳоди раёсату шуъбаҳои маориф ва якшахсони дигари хоҳишманд дар натиҷаи интихоби пешакӣ 1011 нафар ба озмуни эълон намудаи Марказ ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд, ки онҳо пас аз арзёбии комиссия ҳамчун корманди муваққатӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд.
 -Ҳоло то вақти баргузории имтиҳонҳо фурсат ҳаст, аз ин рӯ ба таҳлука наафтед! Агар тағйироте шуд, ҳатман  ба воситаи сомонаи Маркази милии тестӣ ва тариқи васоити ахбори омма хабар расонида  мешавад.
 Қоидаҳои шахсӣ ва ҷамъиятии беҳдоштиро риоя намоед, саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед ва ба имтиҳонҳо омодагӣ бинед,- мегӯяд Ромиш Неъматов.
Зимнан гуфтанист, ки аз санаи 2-юми март то 30-юми апрел бақайдгирии довталабон дар 16 нуқтаи бақайдгирии 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд баргузор гадид, ки дар ин муҳлат 24131 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки 21312 нафарашонро хатмкунандагони соли ҷорӣ ташкил медиҳанд. Тибқи хулосаҳои масъулин  ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2019 816 нафар зиёд мебошад.
 
Сурайё Ҳакимова,
"Ҳақиқати Суғд"
Читать далее