12 May 2020

Меҳнат-самарабахши рӯзгори хуш!

Дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигиро сокинон сармашқи кори худ қарор дода, барои ба даст овардани ҳосили зироатҳои гуногун тадбирҳо меандешанд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ барои пешрафти рӯзгори ҳар як оила кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳар як деҳа қитъаҳои заминро самаранок истифода бурда истодаанд Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ҳар оила истифодаи оқилонаи ҳар як қитъаи замини назди хонаро асоси истеҳсоли маводи озуқа меҳисобанд.

Бино ба иттилои Муллокӯчак Қурбонов, сокини деҳаи Сомониёни ноҳия ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ё заминҳои ёрирасонро бояд самаранок истифода бурд, то аз онҳо маҳсулоти дилхоҳро парвариш ва ҳосили дилхоҳ ба даст оварем. Чи хеле, ки мушоҳида мекунем, дар бисёр аз мамлакатҳо барои ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза кӯшиш мекунанд.

Дар мо бошад, ин имконият бештар аст, мо танҳо масъулиятро ҳис карда, коре кунем, ки пеш аз ҳама оилаи худро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намоем. Ман вақти холигии худро дар майдончаи наздиҳавлигии худ истифода мебарам. Имрӯз дар ин замин якчанд намуди зироат, аз қабили кабудиҳо, боимҷон, қаланфури булғорӣ, помидор ва картошкаро кишт намудам.

Айни замон картошкаи шинонидаам нашъунамои хуб дошта, дар рӯзҳои наздик маҳсулоти аввалинро аз меҳнати худ ҷамъоварӣ карда, онро сарфи рӯзгорамон менамоем, - гуфт М.Қурбонов. Маҳсулот дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ хушсифату бештар беистифодаи нуриҳову химикатҳо истеҳсол, ҳосилнокӣ аз ҳисоби истифодаи поруи маҳаллӣ ва коркарди бештар баланд бардошта мешавад.

Бояд гуфт, ки заминҳои барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудошуда танҳо барои кишту парвариши истеҳсоли маводи ғизоӣ, кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят як ҳиссаи маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ дар ин заминҳо, хоҷагиҳои ёрирасон ё заминҳои Президентӣ истеҳсол мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рӯзҳои мушкил гузаронанд!

Беморие, ки имрӯзҳо тамоми қишри давлатҳои ҷаҳонро ба таҳлука овардаву боиси нигаронии ҳамагон гаштааст, бино ба маълумоти мутахассисони соҳа рӯ ба пастшавии нишондиҳандаҳои бақайдгирии он овардааст. Аз ҷумла дар аксар давлатҳо алҳол марҳалаи карантинӣ маҳдуд шудаву давра ба давра корхонаҳову идораҳо ва сохторҳои мухталиф фаъолиятро бомаром роҳандозӣ менамоянд.

Бино ба гуфти масъулини соҳаи тандурустӣ рӯз аз рӯз бо кӯмаку ғамхории шифокорону дигар кормандони соҳаи тиб беморон аз муассисаҳои табобатии шаҳру навоҳии вилоят шифо ёфта, ба хонаҳои худ бармегарданд.

- Аз санаи 10-уми май давоми як шабонарӯз, яъне пагоҳии 11 - уми май дар маҷмӯъ 100 нафар бемор бистарӣ карда шуда, 144 нафар аз бемории илтиҳоби шуш шифо ёфта мураххас гаштаанд, - иброз дошт мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилоят Аҳрор Акбаров.

 Аз рӯи маълумоти масъулин бармеояд, ки бистарикунонӣ нисбат ба мураххас кам ба қайд гирифта шудааст. Асосан, ин намуди беморӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бештар ба қайд гирифта, дар беморхонаву муассисоти табобатии ин минтақаҳо ба муолиҷа бо тамоми шароити зарурӣ фаро гирифта шудаанд.

Тибқи маълумотҳо дар беморхонаву муассисаҳои тиббӣ танҳо ба санаи 10 - майи соли равон маводи зиддивирусӣ 11 ҳазор қуттӣ, 370 қуттӣ гепарин, ки дар вилоят ба охир расида буд, ворид гашта, зиёда аз 240 ҳазор дастпӯшаки яккарата захира карда шуд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз захираи дорувории зиддивирусӣ 217 ҳазор қуттӣ, беш аз 5 миллион флакон антибиотикҳо захира шудааст. Маводи безараргадонии гипохлориди калтсий зиёда аз 70 тонна дар муассисаҳо омода шудааст.

Бовар дорем, ки он рӯз наздик аст, мардуми кишвари мо низ сарбаландонаву бо эҳсоси баланди масъулият ва риояи қатъии беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ин бемориро паси сар намуда, боз ҳам дар пешрафту гул-гулшукуфии сарзамини хеш кору пайкори пурсамарро пеш мебаранд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее