07 May 2020

«У 85 ПРОЦЕНТОВ ИНФИЦИРОВАННЫХ ЛЮДЕЙ COVID-19 ПРОХОДИТ БЕЗ ЛЕЧЕНИЯ». Беседа американского врача иранского происхождения с телеканалом «Джахоннамо» Таджикистана

 

 

 

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /НИАТ «Ховар»/.  5 мая в программе «Робита» («Связь»)  на ТВ «Джахоннамо» руководитель Международного института здоровья и обследования США в Нью-Йорке, доктор Ораш Алои на простом и доступном языке провел онлайн-беседу с журналистом Мусо Абдусаттором в связи с особенностями заболевания COVID-19 и эффективными путями его предотвращения.

Читать далее

«85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

 

 

 

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ

Читать далее

ТАБИБОН ҶИСМУ ҶОНИ ОДАМИЗОД

 

 

 

Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро  вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд.

Читать далее

Озарахш: пур - пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав

Чандест бемор шудани Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона тамоми мардуми кишварро нигарон сохта, ҳаводорону мухлисони шеъри ноби форсиро андӯҳгин сохта буд. Хушбахтона, имрӯз бо талошҳои табибони ҳозиқ ҳоли ҳарду хуб аст.  Фарзона аз беморхона мураххас шудаву фардо ба Озарахш ҳам иҷозати ба хона рафтанро медиҳанд.

Аз шунидани ин паёми хуш хушҳол шудем ва бо устод Озарахш, ки айни ҳол дар беморхонаи ноҳиявии рақами 3, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарианд ва қарор аст фардо мураххас шаванд суҳбати телефонӣ доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон ва ҳаводорон месозем.

- Салому дуруд устод! Хеле хушҳолам, ки овозатонро мешунавам. Тамоми мардум, дӯстон аз дохилу хориҷи кишвар барои Шумову бону Фарзона салому паёми пурмеҳр мефиристанд ва дуогӯи ҳамешагии Шумоянд.

- Салом бонуҷон! Ман ҳам хушҳолам, ки садои дӯстонро мешунавам. Воқеан аз муҳаббатҳои дӯстон, аз дуову дурудҳои кулли дӯстон сарбаланд ҳастем. Худованд дард медиҳад ва дармон ҳам, шукри беадад имрӯз хуб ҳастем. Фарзона ба хона рафтанд ва ман ҳам бояд ба  наздикӣ мураххас шавам, албатта табобатро як муддат дар хона идома медиҳам, аммо алҳол хеле -хеле беҳтарам.

Заҳматҳои табибонро хоса таъкид мекунам ва сипос мегӯям ба ҳар кадомашон. Воқеан, табибон дар ин рӯзҳо қаҳрамон ҳастанд, қаҳрамони замон! Шабу рӯз дар сари болини мо  буданд ва талошҳояшон барои ҷони беморон сутуданист!

Мехоҳам аз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳам бигӯям, барояшон сипосу дуруд расонам, чун аз оғоз дар канори хонаводаи мо буданд ва дар канори мардум ҳастанд. Чанд боре, ки сӯҳбат мекардем аз садояшон эҳсос мешуд чиқадар барои мо ва мардуми кишвар нигарон ҳастанд. Пайваста аз вазъи саломатии мо  пурсон мешаванд. Миннатдорам!

Аз якояки дӯстон, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва  берун аз он барои мо дуо гуфтанд ва шифои комил  хостанд, сипос мегӯям ва салом мерасонам. Саломи моро ҳатман расонед! Мо хубем.

Ба дӯстон, мухлисону ҳаводорон бирасонед пур – пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав, пур – пур аз зиндагӣ! Насиб ба давлати дидори ҳам мерасем, ҳамааш хуб хоҳад шуд.

Аз тамоми дӯстон хоҳиш мекунам, ки худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд.

-Сипос устод. Шумо ҳам худро эҳтиёт кунед!

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АШТ: БА СОДИРОТИ ЗАРДОЛУ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Ашт яке аз ноҳияҳое маҳсуб меёбад, ки бо истеҳсоли зардолуи шаҳдбори худ шӯҳрат пайдо кардааст. Кишоварзони ноҳия дар майдони боғҳои бунёднамудаи худ, машғули меҳнат буда, барои истеҳсоли ин меваи хуштаъм ҷидду ҷаҳд доранд.

Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор боғоти зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд. 

Бояд гуфт, ки пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба оғози ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Имрӯз беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва баҳри бе талаф ҷамъовари намудани он машғул ҳастанд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки арзанаки калон, шалах ва рухи ҷонона, инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ ба монанди мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ҳосили фаровон доранд ташкил медиҳад. 

Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах» «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷавонон» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 140 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст. 

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз намудем. Барои рушди содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу - Компания» фаъолият намуда истодааст, алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯйро омода намудааст, - мегӯяд Рафторҷон Муҳаммадиев. 

Бояд гуфт, ки соли гузашта боғдорони ноҳия наздики 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки  аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба кишвари Россия содирот намуда буданд.

Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда сараввал бозорҳои дохилии кишварро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷ содирот намоянд.

Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст. Ноҳия дар миқёси кишвар ба яке аз ноҳияҳои содироткунандаи асосии зардолу табдил ёфтааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқкати Суғд»

Читать далее

БА УМЕДЕМ...

Марҳилаи вазнини гузариш на фақат дар олами ҳастӣ, балки дар ҷумҳурии азизамон низ бо омади короновирус фаро расидааст. Ин беморӣ албатта бо гузашти вақт аз байн меравад ва барои нобуд ва бартараф кардани он тамоми чораҳо аз тарафи роҳбарият андешида шудаистодааст ва барои аҳли ҷомеа фақат тавсияҳои табибон ва мутахассисонро риоя кардан асос ва сабабипешравию пешгирӣ аст.

Аммо, мушкили дар ин беморӣ нест, балкӣ ба воҳимаву суханҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат гӯш додани иддае аз шаҳрвандон аст, ки аз фурсат истифода бурда дар сомонаҳои иҷтимоӣ душманони муттаҳидӣ ошкоро даст ба нооромкунӣ зада,мардумро бо маълумоту далелҳои гумроҳкунанда ба тангкӯчаҳои сарбаста бурда, тоҷикро нисбати тоҷик  ҷанг андохта,тухми бадбиниро дар ҷомеа кишта истодааст ва барои ҳар фарди солимфикру солеҳ ва дӯстдорӣ ватан воҷиб аст, кисимои душаманон ва ҳадафу мақсадҳои бадхоҳони миллатро ба ҷомеа ошкор намуда бо ҳам бошем то бадхоҳон муваффақ нашаванд, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асоси онҳо нооромкунии авзои ҷомеа буда, дар ин асос соҳибқадрии онҳо назди хоҷаву мавло ва маблағгузоронашон мебошад.

Аз чойхонанишинӣ, аз барпо намудани ифторкунон, дастҷамъона хондани намоз ва умуман тамоми корҳое, ки дастҷамъона ба ҷо оварда мешавад, имрӯзҳо худдорӣ кардансабаби пешгири кардан аз бемориҳои сироятӣ асту албатта ба ҷо оварандаи онсоҳиби аҷру подош ва некӯкор асту пайрави ҳақиқии исломи азиз. Агар ҳар нафаре, ки дидаву дониста тавсияҳо ва роҳнамоиҳои мутахассисонро риоя накунад аз ӯҳдаи ҳимоя ва ҳифзи фариштаҳои ҳифзкунанда баромадаанд, чунончӣ Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд:“Ҳар касе бар сатҳ ва болои боме, ки девор ва монеае надошта бошад, бихобад, дар мавриди ӯ масъулият ба поён расидааст”. Яъне, агар шахсе дидаву дониста бар чунон сатҳе мехобад, ки дар атрофи он ҳеҷ монеа вуҷуд надорад, ба таҳқиқ он ҳифозати ғайбии Худованди меҳрубонро аз даст медиҳад ва фариштагони муҳофиз ҳеҷ масъулияте дар бораи ӯ надоранд ва агар бияфтад ва нобуд шавад ва ё зарари ҷонӣ бинад, масъулияти ин амр бар ӯҳдаи худи он шахс аст”.

Ба умедем, ки мардуми шарафманди диёрамон тавсияву роҳнамоиҳои мутахассисонро ба ҷо оварда ва ҳамзамон аз иғвову дасисаҳои бадхоҳони миллат ва тӯҳмату бадномкунии онҳо ва дар байни ҷомеа таҳлукаву воҳима ва нобоварӣ ва рӯҳафтодашавиро як сӯ гузошта, муттаҳидона дар зери парчами миллат бо ҳам омада аз ин мусибат зудтар мебароем, зеро баракоти махсуси илоҳӣ дар муттаҳидӣ аст.

С.ҚУДРАТУЛЛОЗОДА,

мудири бахши дин ва

танзими МИҲД-и ш.Конибодом

Н.ҲИДОЯТОВ,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказӣ

Читать далее

Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

Ҳамасола 7 – уми май дар ҷумҳурӣ Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад. Ба ин муносибат тамоми алоқачиёни вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, файзу баракати рӯзгор, фаъолияти пурмаҳсул ва фатҳи қуллаҳои баланди касбиро орзумандам.

Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир аҳамияти стратегии худро исбот намуд.

Читать далее