06 May 2020

COVID – 19. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити пандемияи коронавирус

«Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад».

Эмомалӣ Раҳмон

Читать далее

ДЛЯ ТАДЖИКИСТАНА СЕЙЧАС ГЛАВНОЕ – ВЕРИТЬ В СВОИ СИЛЫ

 

 

 

Есть желание – будут возможности.

Будут действия – появится результат.

 

Читать далее

ХУШХАБАР: ШИФОЁБИИ 10 НАФАР БЕМОРИ ИЛТИҲОБИ ШУШ ДАР ХУҶАНД

Дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар имрӯз дар беморхонаҳои вилоят бемороне, ки аз илтиҳоби шуш ранҷ мебаранд кам нестанд. Хушбахтона, бо кӯмак ва талошҳои шабонарӯзии табибони соҳибтаҷриба ин беморон шифо ёфта истодаанд. Аз ҷумла санаи 6 – уми майи соли равон 10 нафар бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) табобат мегирифтанд сиҳат шуда ба хонаашон баргаштанд. Ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи Сардухтури беморхонаи мазкур Рустам Бӯрибоев ҳолати нафарони мураххасшуда хуб буда, пас аз ташхиси такрорӣ аз беморхона ҷавоб дода шуданд.

Мавсуф гуфт, ки алҳол дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 94 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат намуда буданд, дар ҳуҷраҳои хубу муҷаҳҳаз бо шароитҳои зарурӣ табобат гирифта истодаанд. Ҳолати ин нафарон низ хуб арзёбӣ мегардад.

Дастатон дардро набинад табибони ҳозиқ!

Истамҷони Наҷмиддин,
«Ҳақиқати Cуғд»

Читать далее

Ёрии таъҷилӣ дар сафи пеши набард

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосе, ки бемории сироятии коронавируси навъи COVID - 19 мардуми кишваро ба ташвиш овардааст, кору пайкори табибон – қаҳрамонони замон барои сиҳатмандии сокинон  ва  талоши онҳо баҳри пешгирии паҳншавии беморӣ шоистаи таҳсин аст.

Дар сафи пеши ин набарди аср табибони ёрии таъҷилӣ қарор доранд.

Воқеан, имрӯз табибони стансияи ёрии таҷилии шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати хидмати саривақтӣ ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба сокинони вилоят шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Табибони стансияи ёрии таъҷилии тибии шаҳри Хуҷанд низ имрӯзҳо дар хидмати шаҳравандон қарор дошта, чуноне ки сартабиби ин стансия Мирзонабӣ Мирзоҳошимов  қайд мекунад, фаъолияти пурзӯрро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои мавсуф дар як шабонарӯз аз 150 то 200 даъвати ёрии таъҷилӣ ба қайд гирифта мешавад, ки аксаран бо шикояти фишорбаландӣ, бемориҳои дил, ҳолатҳои садамавӣ ва бемориҳои роҳи нафас муроҷиат менамоянд.

- Воқеан имрӯз табибони ёрии таъҷилӣ тамоми талошҳои хешро баҳри саривақт расонидани кӯмаки аввалия ба беморон равона карда истодаанд. Дар бештари ҳолатҳо вақте аз бемор сабаби даъват ва шикояташоро пурсон мешавем, шаҳрвандон асабӣ мешаванд. Чаро инқадар зиёд пурсуҷӯ мекунед, мегӯянд. Аммо ин набояд боиси озурдагӣ шавад, зеро ҳамеша дар ҳамавақт бригадаи ёрии таъҷилӣ бояд донад ва бо омодагӣ ба назди бемор равад. Масалан, агар бемор аз дили худ шикоят дошта бошад, табибон то рафтан бояд омода бошанд, ки чӣ корҳоро аз рӯи дастурамали амалкунанда иҷро намоянд, - мегӯяд Мирзонабӣ Мирзоҳошимов.

Тамоми кормандони стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд бо либосҳои махсус таъмин буда, хидматрасонӣ ба аҳолӣ ройгон аст.

Ҷиҳати пешгирии  паҳншавии  сироятии коронавируси COVID- 19 мошинҳои ёрии таъҷилӣ пайваста безарар гардонида шуда, утоқҳои кормандон низ дар як рӯз ду - се маротиба безарар карда мешаванд. Дар мавриди шикояти бемоиҳои роҳи нафас мо аз рӯи дастурамали Вазорати тандурустии кишвар амал мекунем,- мегӯяд мавсуф.

-Баъди ҳар даъват мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҷиддан безарар карда мешаванд ва ин набояд боиси ташвиши шаҳрвандон бошад. Саломатии ҳамватанон барои мо арзиши баланд дорад ва барои ҳарчӣ зудтар бартараф шудани ин беморӣ талош хоҳем кард, -мегӯяд сартабиби стансияи ёрии таъҷилӣ.

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои духтурон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем. Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед.

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Тадбирҳои зиддиэпидемӣ дар Исфара

Баҳри пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID- 19 дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд чораҳои фавриву саривақтӣ амалӣ мешаванд, ки танзими фаъолияти бозор ва макони ҷамъшавии шаҳрвандон аз ҷумлаи онҳост.

Дар шаҳри Исфар низ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID- 19 дар фаъолияти бозорҳои амалкунандаи шаҳру деҳоти Исфара маҳдудият ҷорӣ шуд.

Бино ба иттилои мудири дафтари матбуоти раиси шаҳр Иқбол Илёсзода дар ҳудуди маъмурии шаҳри Исфара рӯзи сешанбе дар деҳаи Сурх, рӯзи чоршанбе дар деҳаи Ворух, рӯзи панҷшанбе дар деҳаи Чоркӯҳ, рӯзи ҷумъа дар деҳаи Чилгазӣ ва рӯзҳои шанбею якшанбе бар замми бозори марказии шаҳр дар минтақаҳои шаҳр бозорҳои фурӯши чорво, меваи хушк ва молу матоъ амал мекунанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ бо қарор ситоди шаҳрӣ бо мақсади ҳифзи саломатии сокинон то ба низом омадани вазъи эпидемиологӣ ва аз байн рафтани хавфу хатари паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID- 19 дар фаъолияти бозорҳои мазкур маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Бояд гуфт, дар бозорҳои мазкур растаҳои фурӯши маводи ғизоӣ ва меваю сабзавот амал мекунанд, ки он ба хотири саҳл гардонидани мушкилот ҷиҳати дастрасӣ ба молҳои мавриди ниёзи мардум аст.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти бозори деҳаи Лаккон ҳамзамон бо паҳн шудани беморӣ дар ноҳияи ҳамсарҳади кишвари ҳамсоя ду моҳ қабл боздошта шуда буд.

 Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақикати Суғд»

Читать далее

ОҚИЛОНА ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН

Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷомеа, бавиҷа масъулони идораҳои замин, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро таъкид мекунанд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ дар ноҳия 3 ҳазору 200 гектар замини кишоварзӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 2 ҳазору 700 гектараш замини корами обӣ мебошад. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳия тасмим гирифтанд, ки майдони кишти картошкаро ба ҳазор гектар ва ҳосили онро ба 20 ҳазор тонна расонанд.

Масалан 369 саҳмдори Хоҷагии деҳқонии Рарзи ноҳия соли равон дар майдони 22 гектар картошка, 15 гектар гандум, 3 гектар сабзавот кишт намуда, умед доранд, ки ҳосили дилхоҳ гирифта, бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин менамоянд.

- Баҳри самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ сокинон дар як вақт ду ҳосил аз як майдон мегиранд. Имсол тасмим гирифтем, ки дар ноҳия кишти мошро ба роҳ монем, - гуфт сардори раёсати кишоварзии ноҳия Мансур Носиров.

Дар заминҳои наздиҳавлигӣ низ намудҳои гуногуни маҳсулотҳои кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Тавре мушоҳида гардид, дар заминҳои наздиҳавлигӣ сокинони ноҳия намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, карам, помидору бодиринг ва лубиёгӣ кишт карда мешавад.

Шодрӯз Тошбеков бо оилаи худ дар замини наздиҳавлигияш кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монда, боварӣ дорад, ки бо тавсияи мутахассисон амал намуда, аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигиаш рӯзгори хешро пеш мебарад.

Ҳарчанд ки соли равон дар натиҷаи номусоид омадани обу ҳаво дар оғози моҳи апрел ба боғоти ноҳия таъсири манфӣ расонид, аз ҳисоби баланд кардани ҳосилнокии кишт ин хисорот ҷуброн карда мешавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаҳо дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистонро, ки он ҷо сарбанди обанбори Сардобин рахна шудааст, бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ин рӯзҳо халқи тоҷик бо дилу ҷон дар  паҳлӯи халқи бародари ӯзбек қарор дорад.

Читать далее

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Олимзода Н.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти як қатор дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти як қатор дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос гардиданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд як зумра ширкатҳое фаъолият мебаранд, ки маводи дорувориро вориди бозорҳои вилоят менамоянд. Яке аз чунин ширкатҳои фаъол ҶДММ “АзияФарм” мебошад, ки айни замон дар анборҳои он миқдори зиёди доруворӣ захира карда шудааст. Дар аснои боздид аз ширкати мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят садҳо нуқтаи фурӯши доруворӣ фаъолият дорад ва сокинон аз хизматрасонии онҳо истифода менамоянд.

Читать далее