05 May 2020

МАЪЛУМОТИ БАРДУРӮҒ БА КАДОМ ХОТИР АСТ!

Пайдоиши вируси КОВИД – 19 ва ба якборагӣ дар ҷаҳон паҳн гардидани он инсониятро ба ташвиш андохтааст. Сару садоҳои зиёд дар атрофи гирифторшавӣ ба вируси нав ва тариқи шабакаҳои интернетӣ гузоштани наворҳои гуногун касро бетараф гузошта наметавонад.

Аз ҷумла, сокинони вилояти Суғд низ имрӯз барои захираи маҳсулоти хӯрокаву пӯшока ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал талош доранд. Дар мағозаҳо ба миқдори зиёд маҳлулҳои антисептик, ниқобу дастпӯшак ба фурӯш гузошта шудаанд, ки сокинон онро ба миқдори кофӣ захира менамоянд. Баробари ин, барои сокинон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам ташкил шуда истодааст. Ҳатто аксар ашхос барои гирифтор нашудан ба беморӣ аз ҳавлии истиқоматиашон намебароянд. Ин барои пешгирӣ хуб аст, зеро беҳуда дар кӯча гаштугузор кардан маъное надорад.  

Дар ин лаҳзаҳои парешону ҳассос, ва барои кишвар мушкил ҳастанд нафароне, ки бо суханҳои дурӯғи бофтаи худ ҳамаро ба ташвиш меандозанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук бархе аз бекорону камсаводон дар хонаҳои худ нишаста, аз бекорӣ ваҳму воҳима ва суханҳои бардурӯғу беасосро паҳн мекунанд. Ҳамарӯза маълумоти нав оид ба гуногун будани нишонаҳои гирифторшавӣ ба коронавирус паҳн мегардад. Бархе аз корбарон дар фейсбук нишаста, бобати паст будани хизматрасонӣ дар беморхонаҳо, нарасидани доруворӣ ва маҳсулоти хӯрока ақидаҳои нодурустро паҳн мекунанд. Чунин амали онҳо ба кадом хотир аст? Шояд барои зиёд кардани хонандаи саҳифаи фейсбукӣ бошад? Ба ҳар ҳолат набояд ба навишта ва васвасаи бемантиқи чунин нафарон бовар кард.    

Ҳар нафар бояд ба сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла маълумоти расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ такя кунанд. Имрӯз роҳбарон ва масъулон тамоми нерӯву қувваи худро баҳри пешгирии беморӣ ва таъминоти аҳолӣ бо дорувории зарурӣ, ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворӣ равона кардаанд.

Имрӯз замоне расидааст, ки ҳама баробар дасти ҳамдигар гирифта, ба дурӯғу воҳимаҳо дода нашавем. Бояд ҳар нафари солимақл барои гирифтор нашудан ба беморӣ тарзи ҳаёти солимро пеша карда, пеш аз ҳама тозагии гирду атроф, истеъмоли ғизои солим ва гигиенаи шахсиро риоя кунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА БА МАРОТИБ АФЗУН МЕШАВАД

Барои ҳосили соли 2020 кишоварзони вилоят бояд дар майдони 223 ҳазору 372 гектар кишти зироатҳоро гузаронанд, ки аз он 161 ҳазору 910 гектар заминҳои обӣ ташкил медиҳанд.

Тибқи нақша то ин дам дар вилоят дар майдони 176 ҳазору 828 гектар кишт, аз ҷумла дар майдони 62 ҳазору 679 гектар зироатҳои ғалладонагиҳо, 71 ҳазору 469 гектар зироатҳои техникӣ, 60 ҳазор гектар кишти пунбадона, дар майдони 15 ҳазору 900 гектар картошка гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода дар манотиқи вилоят тибқи дурнамо дар майдони 15 ҳазору 900 гектар кишти картошка дар назар аст. Ба санаи 1 – уми майи соли равон дар майдони 7014 гектар, яъне наздик 44,1 фоиз кишти картошка гузаронида шудааст.

Шаҳристон, яке аз ноҳияҳои асосии таъминкунанда бо картошка дар миқёси вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Аз рӯи маълумоти Хуршед Расулбердиев - сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, соли равон тибқи дастури Роҳбари давлат майдони кишти картошка нисбат ба соли сипарӣ ду маротиба афзун гардида, он ба 2650 гектар расонида мешавад.

- Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф мо ситоди ноҳиявӣ таъсис додаем, ки натиҷаи ҳаррӯзаи ҷараёни кишти картошка дар машварати он баррасӣ мешавад,-гуфт мавсуф, - тибқи супориши раиси ноҳия масъулони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷамоатҳо масъул таъин шуданду ҳар бегоҳ аз ҷараёни кишт дар ҷаласаи ситод маълумот медиҳанд. Ҳарчанд маъракаи кишт дар мо нав оғоз шуда бошад ҳам, лекин суръати кишт вусъати тоза гирифта истодааст.

Бино ба гуфти Х.Расулбердиев то ин дам майдони кишт наздик ба 500 гектар расонида шуда, ҳамарӯза аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масоҳати 40-45 гектар картошка кишт карда мешавад. Дурнамо ба андозаи 17 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

-Дар оғози маърака бобати дастрас намудани тухмии хушсифате, ки серҳосил бошаду ҳам ба касалиҳои соҳавӣ тобовар, як андоза мушкилӣ кашидем, - мегӯяд масъули Раёсати кишоварзии ноҳия. Алҳол бо дастгирии роҳбарияти вилоят илоҷи корро ёфтем ва айни ҳол дар анбори Раёсати кишоварзии ноҳия тухмӣ ба миқдори кофӣ захира шудааст.

Бино ба гуфти номбурда кишти картошка айни ҳол дар кооперативҳои тиҷоратии «Шаҳристон», ба номи М.Шукуров, «Гулистон-15», «Бураген», «Хуррамдара» ва «Боғистон» хуб ҷараён дорад.

Деҳқонони соҳибтаҷриба изҳор медоранд, ки картошка низ вобаста ба навъҳояш монанди пахта агротехнологияи махсуси парваришро дорад. Хусусан, агар саривақт обу ғизо дода нашавад, ҳосили дилхоҳро умедвор шудан нашояд. Ба ғайр аз саривақт додани ғизои зарурӣ бояд онро аз ҳашарот эҳтиёт дошта, баробари захираи нуриҳои минералӣ доруи зидди ҳашароти - «Б-58»-ро низ эҳтиётан гирифта, дар захира мондан мувофиқи мақсад аст.

Картошкапарварони ноҳияи Шаҳристон ният доранд, маъракаи кишти картошкаро то санаи 25-уми май ба итмом расонида, бозорҳои вилоятро бо картошкаи хуштаъму босифат таъмин намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода: Дар ин рӯзҳои ҳассос бояд ҳар яки мо дар канори мардум бошем

4 май ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни ситод ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа қайд намуд, ки имрӯз раванди пешгирии хуруҷи бемории коронавирус ва муолиҷаи беморон, ҳифзи саломатии мардум ва тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Читать далее

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин санад аз ҷумла омадааст:

«Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19  қарор қабул намуд:

  1. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.
  2. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.
  3. Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.
  4. Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.
  5. Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шавад».
Читать далее

ТАДБИРҲОИ САРИВАҚТӢ - ГАРАВИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Помидору бодиринг аз сабзавотҳое, мебошанд, ки аксар хоҷагидорон кишт менамоянд. Имрӯз дар аксар заминҳои вилоят кӯчатшинонии помидор ба охир расида, мавсими гулкунии он дар авҷ аст. Деҳқонон барои ҳосили хуб ба даст овардан тадбирҳои агротехникиро саривақт мегузаронанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба яке аз ноҳияҳое, маҳсуб меёбад, ки ба кишти зироатчигӣ, аз ҷумла помидору бодиринг аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Дар ин ноҳия кишти помидор нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёд аст. Мувофиқи иттилои сарраёсати кишоварзии ноҳия, кишти кӯчати помидор дар гармхонаҳои мавсимӣ аз аввалҳои моҳи март оғоз гардида бошад, дар заминҳои ғайри гармхонавӣ, аз аввалҳои моҳи апрел оғоз шуд. Кишоварзони ноҳия то санаи 30 - юми апрели соли ҷорӣ дар майдони 390 гектар кӯчати помидорро кишт намуданд. Нақшаи дурнамои ин зироат бошад, соли ҷорӣ 575 гектар пешбинӣ шудааст, ки то охирҳои мавсими кишт ба пуррагӣ иҷро мегардад. Соли гузашта то ин вақт дар майдони 438 гектар кишт гузаронида шуда буд. Алҳол дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача кӯчатшинонии помидор идома дорад.

Ҳакимбой Ҳомидҷонов сардори идораи кишоварзии ноҳия иброз намуд, ки соли гузашта, аз ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 2258 тонна помидор истеҳсол гардид. Ҳосилнокии он аз ҳар гектар 350 сентнериро ташкил дод. Имсол низ кишоварзон азм доранд, ҳосили хуб ба даст оварда, бозорҳои вилоятро бо маҳсулоти худӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд.

Дар баробари кишти помидор инчунин кишоварзон дар заминҳои худ ба кишти бодирингу дигар зироатҳо машғул буда, то ин дам дар майдони 44 гектар кишти ин навъи зироат ба роҳ монда шуд.

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Зарзамин алҳол бо нигоҳубини помидор машғуланд. Зеро ки аз ҳавои мусоид истифода намуда, нақшаи худро, ки 200 гектарро дарбар мегирифт, иҷро намуданд. Инчунин, дар майдони 5 гектар кишти бодиринг гузарониданд, ки алҳол нашъунамои хуб дорад. Агар аз назди заминҳои кишти ин Ҷамоат гузар намоем, маълум мегардад, ки деҳқонон бо дилу нияти гарм корро пеш бурда, барои ҳосили хуб гирифтан меҳнат намуда истодаанд. Ин ҳама заҳматҳои марди деҳқон барои таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулотҳои тару тозаи ватанӣ мебошад.

Содиқ Исмоилов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Зарзамин зикр намуд, ки дар ҳудуди Ҷамоат ҳамаи сокинон ба кишти помидору бодиринг машғул ҳас-танд. Кишоварзони Ҷамоат барои оқилона ва самаранок истифода намудани замин, байни ҷӯякҳои помидору бодиринг ҷуворимакка, зироатҳои лӯбиёӣ ва дигар донагиҳоро кишт менамоянд. Ин амал аз як ҷиҳат даромад ба оилаи худ бошад, аз самти дигар ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии деҳқон кӯмак мекунад.

Бино ба гуфти масъулин ҳосили аввалини помидор то санаи 10-уми май ба бозорҳои вилоят бароварда мешавад. Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин заминҳо ба монанди зар ҳастанд: бо мусоидат намудани обу ҳаво деҳқонон то се ҳосил ба даст меоранд.

Дар дигар хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо бошад, деҳқонон ба нигоҳубин ва корҳои агротехникии он машғуланд. Анварҷон Олимовро мо дар назди заминаш дарёфтем, ки ба парвариши помидору бодиринг ва сабзиву картошка машғул буд. Аснои сӯҳбат аён гардид, ӯ солиёни зиёд ба замин меҳр баставу ризқу рӯзиашро аз он пайдо мекунад. Дар майдони 25 сотих кӯчати помидор кишт намуда буд, ки алҳол инкишофёбии он хуб мебошад. Интизор аст, ки ҳосили хуб ба даст меорад. Зеро аз имрӯз тарзи дурусти корҳои агротехникиашро хуб ба роҳ монда истодааст.

Деҳқонон баъди ҷамъоварии ҳосил сабзавот, турб, сабзӣ, карам ва ғалладонагиҳо кишт мекунанд, ки барои таъмини оилаашон кифоягӣ мекунад. Ғалладонагиҳо барои хӯроки чорво истифода мешавад ва дар як вақт онро ба фурӯш мебароранд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее