February 2020

29 February 2020

“РАДИОИ ОЗОДӢ”МАГАРМИНБАРИ ТЕРРОРИСТОН АСТ?

Имрӯз дар равзанаи интернетии пойгоҳи хабарии “Радиои озодӣ” мусоҳибаи хабарнигори ин расона бо раҳбари ташкилоти террористии  ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ  интишор дода шудааст.

Амре шигифтангез аст, ки  “Радиои Озодӣ” дар арафаи интихобот, яъне  маъракаи муҳими сиёсии кишвари мо ба таври ошкоро ва иғвоангезона бо раҳбари ҷинояткори як ташаккулаи террористиву экстремистӣ мусоҳиба оростааст, ки ин хилофи ҳама гуна муқаррароти мавҷуда, аз ҷумла хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот” аст. Умуман, ин пойгоҳи иттилоотӣ тӯли вақтҳои охир ба минбари наҳзатиён ва ба вижа раҳбари хоини он – М.Кабирӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам дар бораи кишвари мо маводи муғризона интишор медиҳад.

         Дар иртибот ба мусоҳибаи мазкур бояд ин нуктаро иброз дошт, ки мутаассифона, иддае аз пойгоҳҳои иттилоотии сатҳи байналмилалӣ ва ба вижа “Радиои Озодӣ”  бар хилофи иддаоҳо ва оинномаву дастуруламалҳои хеш дар пайи таблиғи гурӯҳҳои тундраву вопасгаро ва талқини ақоиди террористони худбохтаву ватанфурӯшон мебошанд. Ҳол он ки ин расонаҳо бояд ба дунболи таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳвару донишбунёд бошанд.

         Хабарнигори “Радиои Озодӣ” ба таври пӯшида ва мусоҳиби террористи вай ба таври ошкоро  барои  ҳақ ҷилва додани мавқеи худ ва ҳамзамон тавзеҳи номуваффақ будани талошҳои ҳизби сиёсиашон кӯшидаанд, ки омили асосии қатъи фаъолият ва иштирок накардани ТТЭ ҲНИ-ро дар интихоботи навбатӣ ба эҳтирозу нотавонбинии Ҳукумати кишвар иртибот диҳанд.  Кабирӣ дар ин мусоҳиба мардумро боз гӯл зада мехоҳад, аз чизи набуда ҳангома созад. Сарвари террористони наҳзатӣ чун ҳамеша бо таҳрифи воқеият ва лафзбозӣ хостааст мавқеи  худ ва ҳизби ифротгарояшро ҳақ нишон диҳад.

Дар воқеъ, бисёр шигифтангез аст, ки чунин афрод бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва омили марги ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳи кишвар шудан, ки на фақат хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, балки нақзи ҳуқуқи башар низ буд, феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи пойгоҳҳои хабарии байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии  арзишҳои демократия роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷор мезананд.

Маълум аст, ки  наҳзатиён ва алалхусус Кабирӣ  чӣ мехоҳад. Вай  ба хотири  манфиатҳои  гурўҳиву ҳизбии худ омодааст, ки манфиатҳои милливу давлатиро  сарфи назар  кунад.  Ӯ  бо талошҳои бесамари худ умедвор аст, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда   мардумро  ба чолиш хоҳад кашид.

Дар посух ба суоли хабарнигор, ки “Шумо дар як суолу ҷавобе бо корбарон дар Интернет, гуфтаед, ки дар сиёсат риё ҷоиз аст. Яъне фарқи байни сухан ва амал ё худ макри сиёсӣ. Он гоҳ асли покизагии динӣ чӣ мешавад?” Кабирӣ бидуни хиҷолат мегӯяд, ки макру риё варзидан дар сиёсат равост. Пас, ҳар чӣ феълан Кабирӣ мегӯяд, аслан риёкорона ва фурсатталабона аст. Ӯ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ҳаргиз аз риёкорӣ кардану дурӯғ гуфтан ва фитнаву дасиса ангехтан шарм намедорад ва истиҳола намекунад. Бидуни шубҳа барои вай анҷом додани ин корҳо як кори маъмулӣ ва муқаррариест. Ин аъмоли номатлуб барои ӯ ва ҳаммаслакони сиёсиаш танҳо василаҳо ва олатҳои ба даст овардани ҳадаф аст.

Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама риёкориву фитнаангезӣ ва иғвогариҳои Кабирӣ ва террористӣ эълон шудани ТТЭ ҲНИ “Радиои Озодӣ” ҳанӯз ҳам дар пай чеҳрасозӣ ва тарғиби ӯву тарвиҷи ақоиди ифротии ҳизби ӯст?  “Радиои Озодӣ” баъди ба вазифаи раҳбарии он таъин шудани Салими Аюбзод ба минбари наҳзатиён табдил ёфтааст. Дар воқеъ, «Радиои Озодӣ» ҳини интишори иттилоот пиромуни Тоҷикистон афзалияти бештарро ба барнома ва матлабҳое медиҳад, ки хусусияти моҷароҷӯёна ва иғвоангезона дошта, дар онҳо воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ таҳриф карда мешаванд.

«Радиои Озодӣ» дар фаъолияти хеш талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвари моро риоя намекунад, аз ҷумла нақзи талаботи банди 1-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№961 аз 19.03.2013с.), ки дар он гуфта шудааст: «Интишори ... ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад... манъ аст». Инчунин, аз тарафи намояндагии «Радиои Озодӣ» ҳолатҳои риоя нашудан ва иҷро нагардидани он муқаррароти пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 1.5-и моддаи I-и Низомномаи «Радиои Озодӣ» дарҷ шудаанд, ҷой доранд.

Рахбарияти “Радиои Озоди” бояд дониста бошанд, ки амалхояшон чавобгари дорад, яъне мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261).  Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест”.

Баъди таъйин карда шудани Салими Аюбзод ба вазифаи роҳбари бахши тоҷикии  «Радиои Озодӣ» теъдоди матлабҳои муғризонаву беасос ва ҳангоматалабона нисбат ба  ҶТ  рӯ ба афзоиш оварданд. Гузашта аз ин, бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» ба минбари иттилоотии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ табдил ёфта, амалан ба тарғиботи рӯирости ин ташкилоти террористӣ, интишори ғояҳои исломи сиёсӣ, таблиғи ифротгароии мазҳабӣ ва андешаҳои зиддимиллӣ машғул аст. 

Бо мушоҳидаи ин корҳо ва шеваи фаъолияти «Радиои Озодӣ»  метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳадафи ниҳоии ин ширкати хабарӣ ва сардабири он аслан таҳриф кардани воқеиятҳои рӯзи кишвари мо бо назардошти манфиати доираҳои сиёсии наҳзатӣ ва созмонҳои манфиатдори хориҷӣ аст.   Маълум аст, ки сарпарастон ва муҷриёни пружаи расонаие чун  «Радиои Озодӣ»  мехоҳанд ба воситаи пахшу нашри маводи иттилоотии иғвобарангезона авзои сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо танишзо карда, то ба ҳолати даргирии иҷтимоӣ расонанд. 

          Афроди худбохтае чун Салими Айюбзод, ки ба сифати дабири «Радиои Озодӣ» фаъолият мекунад, фақат муздури сармоягузорон ва фармоишгарон аст, ки ба хотири манофеи шахсӣ бидуни хиҷолат аз манофеи Меҳану миллати худ сарфи назар мекунад.  

Тарроҳону сармоягузорон ва муҷриёни ин пружаи расонаӣ, ки  доираҳои манфиатдори ғарбӣ мебошанд, бо баҳонаҳои зебое чун тарғиби демокросӣ, ҳифзи ҳуқуқи башар, озодии эътиқод ва баён феълан дағалона ба умури дохилии кишвари мо дахолат карда истодаанд. 

Бо назардошти ин хатар ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он бояд гуфт, ки иддае аз кишварҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик, аз ҷумла кишварҳое, ки бо мо дар доираи як блоки сиёсӣ қарор доранд, баҳри коҳиш додани таҳоҷуми иттилоотӣ ва фишори расонаии нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ аллакай даст ба иҷдомҳои ҷиддӣ заданд. Масалан, Думаи давлатии Русия ҳанӯз соли 2012 қонунеро таҳти унвони “Дар бораи “агентҳои хориҷӣ” кард, ки бар асоси  он шахсони ҳуқуқие, ки дар фазои маҷозӣ ва воқеӣ ба интишори иттилооти барои ФР музир машғуланд, аллакай "агент" ҳисобида мешаванд. Дар робита ба ин қонун феълан дар Русия "Радиои Озодӣ", "Садои Амрико" ва телевизиони "Настоящее Время" ва ғ. ба ҳайси "агенти хориҷӣ" эътироф шудаанд. Хусусияти вижаи “агентҳои хориҷӣ” он аст, ки онҳо барои интишори иттилоот аз сохторҳо ва ё шаҳрвандону созмонҳои хориҷӣ "пул ё амвол" дарёфт мекунанд. Бо назардошти ин “вижагӣ” дақиқан метавон гуфт, ки ширкати хабарии "Радиои Озодӣ" ва сардабири он Салими Айюбзод агенти хориҷӣ  ва хидматгузори доираҳои таҷассусии хориҷӣ мебошанд.

Аз ин аст, ки дар ин расонаи ба ном “мустақил”, фақат иттилооте интишор дода мешаванд, ки ба манофеи фармоишгарон созгор аст, на ба манофеи милливу давлатии мо.  Бинобар ин, хеле хуб мебуд, агар Парлумони кишвари мо низ ба хотири таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа ба мисли кишвари Русия санадҳои меъёриву ҳуқуқие ба тасвиб мерасонид, ки дар такя ба онҳо имкони баҳо додан ва чораҷӯӣ кардан нисбат ба фаъолияти муғризонаи чунин ширкати хабарии ҳангомаҷӯву муздур  ба вуҷуд меомад.

        Бешак, айни замон бо назардошти хатароти ҷаҳони муосир дар кишвари мо шароите ба вуҷуд омадааст, ки бояд мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба асноди меъёрии ҳуқуқии марбута заминаи ҳуқуқиро барои пешгирии нуфузи агентҳои хориҷӣ фароҳам оваранд, чунки дар фазои расонаии кишвар, нуфузи онҳо, мутаассифона, сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.

Аҷиб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама дасисаангезӣ «Радиои Озодӣ» ҳанӯз ҳам фаъолияти нодуруст ва зарарноки худро Тоҷикистон идома медиҳад? Новобаста ба гузаштҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон нисбат ба кормандони радиои мазкур, то ҳанӯз сиёсати муғризонаи ин расонаи хабарӣ зидди манфиатҳои давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад. Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки фаъолияти ин пойгоҳи хабарии иғвоангез дар кишвари мо қатъ карда мешуд, зеро он бидуни шубҳа таҳдиди ҷиддие дар ростои таъмини амнияти иттилоотии кишвари мост.

Азимҷони Шералӣ,

Муовини директори Институти

 омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

 Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Читать далее

“РАДИОИ ОЗОДӢ” МАГАР МИНБАРИ ТЕРРОРИСТОН АСТ?

28 February 2020

Нақши оила дар тарбияи фарзанд

Оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Дар оила кӯдак ба воя расида, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбат ба ҳамсолону дӯстон ва рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад.

Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва мардум мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст.

Оила дар тарбияи фарзанд нақши муҳим ва марказиро мебозад, зеро он мактаби аввалини насли наврас аст. Агар падару модар бофарҳангу бомаърифат бошанд, чун боғбон кӯшиш менамоянд, ки ба парвариши ин мева машғул гарданд. Боғбон ҳамон вақт аз меҳнати худ қаноатманд мегардад, агар меваи парвардааш болаззат бошад ва ҳосили хубу фаровон диҳад.

Волидоне, ки аз овони тифлӣ ба тарбияи фарзандон аҳамияти хоса медиҳанд, албатта, дар оянда самараи меҳнаташонро мечашанд ва тифли ба воя расонидаи онҳо боиси хурсандии оила ва ҷомеа мегардад. Доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Тарбияи оилавӣ кори муҳим ба ҳисоб рафта, аз волидайн масъулияти бузургро талаб менамояд. Оилаи муосир дар асоси тағйироте, ки дар ҷомеаи навин ба вуҷуд меояд, инкишоф меёбад. Васеъ паҳн шудани воситаҳои иртиботӣ, коммуникатсионӣ, пешравии илм ва дар ин замина дастовардҳои техника ва технологияҳои замони муосир на танҳо ба некӯаҳволии оила таъсир мерасонад, балки боиси инкишофи ҳамаҷонибаи насли наврас низ мегардад. Бояд дар хотир дорем, ки фарзандони мо падар ва модари оянда хоханд шуд ва бояд барои соҳибмаърифат шудани ҷигарбандонамон ғайр аз ҷиҳати моддӣ ба ҷиҳатҳои маънавию маърифатнокии онҳо талош бояд кард, зеро ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллист.

Ҷавонӣ давраест, ки айёми салтанату комёбӣ дар ин давр мегузарад.

Имрӯз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман, паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз мушоҳидаҳои хеш мебинем, ки ин раванд чун хуни фасодноки зиёновар аз азал ҷорист.

ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанд бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Сабабҳои асосӣ боз ҳам аз таълиму тарбияи онҳо вобаста аст, зеро бархеи онҳо барои бунёди оилаи мустақил тайёр нестанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз, талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои падару модарони мо китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома» - и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Насирӣ» - и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат» - и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» - и ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.

Нигора РАҲИМОВА,

Дилфуза ОХУНОВА,

устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Дониш ва малакаи кор - меъёри талабот

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи қаблӣ, нишасти матбуотӣ бо сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, полковники хадамоти гумрук Баҳром Исматуллозода, сардору масъулини шуъбаҳову сохторҳои раёсат ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Зимни баромад сардори раёсат изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки вилоят ба 2 миллиарду 710 ҳазор доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2018 ба маблағи 27 миллион доллари ИМА, яъне 1, 34 фоиз зиёд мебошад. Аз ин нишондод содирот ба маблағи 471 миллиону 156 ҳазор доллари ИМА ё ин ки ба андозаи 15,83 фоиз кам мебошад. Воридот бошад, 1 миллиарду 571 миллион долларро ташкил дод, ки ин 7,9 фоиз зиёд аст.

- Дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ раёсат 2106 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро ба қайд гирифтааст, ки ин нисбат ба соли 2018 - ум 1041 ҳолат кам мебошад. Аз миқдори умумии ҳуқуқвайронкуниҳо 38 ҳолатро ҷиноятӣ ташкил мекунад, ки ин ҳам бошад, воридоти ғайриқонунии моли пастсифат, маводи тарфгарӣ, интиқоли ғайриқонунии тангаҳои қадима, маводи доруворӣ, маснуоти заргарӣ ошкор гардидааст, - иброз дошт Баҳром Исматуллозода. Аз шумораи умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда нисбат ба 2086 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, боқимонда 146 парванда мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давр дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи умумии 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шудааст.

Соли гузашта байни кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд аттестатсияи ғайринақшавӣ гузаронида шуда, 29 корманд бинобар мувофиқ набудани савияи донишу малакаи корӣ дар фаъолият аз кор рафтанд.

Дар хусуси пешгирии аҳолӣ аз бемории коронавирус гуфта шуд, ки дар ҳамаи 16 дидбонгоҳу гузаргоҳи шаҳру навоҳии вилоят нуқтаҳои тиббӣ ташкил гардида, аз ҷониби масъулини Раёсати тандурустии вилоят ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ ва дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавии соҳа дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар нишаст ҳамчунин сардори шуъбаи маъмурӣ – ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода иштирок намуд. Дар фарҷом байни рӯзноманигорону масъулин суолу посух сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ташаббусҳои ватандӯстона - меҳвари ободкориҳо

Тавре маълум аст, санаи 1 - уми марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ҷомеаи мо ба ин маъракаи муҳиму тақдирсоз ҳамаҷониба омодагӣ мегирад. То замони баргузории интихоботи парлумонии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои бошумор боқӣ мондааст.

Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 мебошад.

Комилӣ Камолҷон 21 - уми июли соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000 - ум Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси тарҷумон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатӣ ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ хатм кардааст. Солҳои 2010 - 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати чорум интихоб гардида буд.

Комилӣ Камолҷон барои сазовор гардидан ба боварию эътимоди халқи шаҳри Бӯстон нисбат ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 дар такя ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи пешазинтихоботии худро бо назардошти муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангу маънавиёт тарҳрезӣ намудааст. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтавои асосии барномаи пешазинтихоботии ӯст.

Дар барномаи ӯ бештар ба масъалаҳои беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳавзаи интихоботӣ, иҷрои масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон ва манзури таклифу пешниҳодҳои онҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти мардум, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон дар самти дастрас гардидани хизматрасонии давлатӣ эътибор дода шудааст.

Ҳамзамон, дар барномаи пешазинтихоботии мавсуф дастгирии ҳамаҷониба ва мунтазами табақаҳои ниёзманд, камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону кӯдакони бепарастор, нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, мусоидат ба баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хушунати оилавӣ, ҷалби ҷавондухтарон барои омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил мавқеи намоён дорад.

Баробари ин барои тарғиб ва дар амал татбиқ гардонидани дастуру супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳо дар самти эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофон, сӯзанидӯзон ва адрасбофон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтаронро маҳаки асосии барномаи худ меҳисобад.

Ҳамчунин, мусоидат ва дастгирии ташаббусҳои ватандӯстона дар самти таъсис додани сех ва корхонаҳои хурд ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, густариш бахшидан ба корҳои таблиғотӣ дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб ва тарғиби завқи баланди инсондӯстӣ дар байни ҷомеаро пайгирӣ хоҳад кард.

Дар ин радиф ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави иҷрои амри Раиси вилояти Суғд оид ба 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бо сохторҳои марбутаи шаҳри Бӯстон идома додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, андешидани чораҳои амиқ дар самти ҳалли мушкилоти коммуналӣ назди ҳавлиҳои истиқоматии минтақаҳои Ғалаба, Ҷавонӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳри Бӯстон ва бо ҷалби соҳибкорон андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати тақвият бахшидан ба рангуборнамоии намуди зоҳирии биноҳои истиқоматии маҳаллаҳо ва ҳавлиҳо, ободонии биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, чароғоннамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Сулҳ, Дӯстии Халқҳо, Гагарин, Ҳувайдуллоев ва Исмоили Сомонӣ дар барнома тарҳрезӣ гардидааст.

Бахшида ба эълон шудани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» андешидани чораҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷавонон ва мактаббачагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва дар зеҳну тафаккури ҷомеа ҷо намудани фарҳанги техникӣ саҳм хоҳад гузошт.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Барои пойдории сулҳу ободии кишвар овоз медиҳем

Покизагӣ ва ободкорӣ нишонаи имондорист, баракоти ризқи рӯзӣ аз тинҷиву оромӣ маншаъ мегирад. Дар ҳар диёре, ки сулҳу салоҳ ҳукмрон аст, мардумаш сарсабзу хуррам бо шуғли муайян дар талаби ризқу рӯзи умр ба сар мебаранд. Фарзандон бо табъи болида дар мактабҳо илм меомӯзанд.

Дар кишваре, ки фазояш ғуборолуд аст, ифроту тафрит, адовату бадбинӣ ҳукмрон гашта, деҳаҳо харобу шаҳрҳо вайрон, ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушта шуда, ашки ятимону гиряи модарон ба фалак печида, садҳо ҳазор мардуми азияткашида роҳи гурезро пеша карданд. Барои чӣ садҳо ҳазор мардуми Сурия ва Ироқ тариқи баҳри миёназамин ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд? Чӣ боис шуд, ки кишварҳои обод ба харобазор табдил ёфт? Иғвоандезии иддае аз нохалафон! Мардум ба макри онҳо бовар намуда, исломгароён тавонистанд мусулмонони он ҷоро ба муқобили якдигар ба по хезонанд.

Чунин ҳаракати табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон низ аз ҷониби ҳизби наҳзати исломи тарҳрезӣ шуда, мехостанд бори дигар кишвари моро ба хун омехта кунанд. Аз хоҷагони хориҷии хеш вазифа гирифта, истиқлолияти кишварро барҳам зананд. ҳақ ба ҷониби Саъдии бузургвор, ки фармудаанд: «Гургзода оқибат гург шавад, Гарчӣ ба одами бузург шавад». Истиқлолият падидаи бузургест, барои ҳар як миллати озодихоҳу озодипараст. Дар таҳкими пояҳои устувори он ҷаҳду ҷадал намуда, арзишҳои давлатдориамонро ҳифз намоем. Дар паҳлӯи марди шариф, фарзаносифат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, кору фаъолият намоем.

Дар давоми бистуҳаштсоли соҳибистиқлолият исбот шуд, ки маҳз тавассути сарвари қавиирода ба қуллаҳои баланди пешравиҳо расидем. Раиси ҳХДТ баҳри манфиати халқу Ватан, ободии кишвар тамоми ҳастиашонро бахшида, исбот намуданд, ки дар ҳақиқат Пешво ва дилсӯзи миллати худ хастанд. Ба тарафдории ҳХДТ ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳем ва беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем.

Набихони ЯРҚУЛЗОДА,

имомхатиби масҷиди ҷомии Ҷамоати

деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара

Читать далее

27 February 2020

МАКТУБИ КУШОД БА МИРЗОИ САЛИМПУР – ИҒВОГАРИ РАҚАМИ 1

Маро ба беномуси айбдор кардӣ… «ту бидон, ки «маҳз беномусии ту сабаби асосии марги падару модарамон шуд».

Мaн тоҷирам на бозичаи дасти дигарон, ягон кас дари хонаат барои пул ва на барои чизи дигар нарафтааст, ман ҳамаи хонаю дарам ва тиҷоратамро бо меҳнати худам сохтам.

Мисли ту 2 маротиба бо пули давлат ба истироҳатгоҳи «Артек» нарафтаам. Ман донишгоҳеро хатм накардаам. Барои ман касе хона насохтааст, маро мисли ту бо пули қарз зан надодаанд.

Биё як маротиба таҳлил мекунем, ки бренди Мирзои Салимпур ба хонадони мо, шахсан ба ман ва Ватанамон Тоҷикистон, чи суд ё зиёне овардааст?

  1. Раҳматии падарамон аъзои Бюрои ноҳиявии ҳизби комунистӣ буданд ва роҳбари дуюми ноҳия аз пушти ту чи гуна сархам буданд?
  2. Дар ба дари хобгоҳои донишкадаву донишгоҳҳо барои забони тоҷикӣ ба митинг бароед гуфта гаштӣ, вале чаро имрӯз фарзандони худат забони тоҷикиро, ки забони модариашон аст, намедонанд.
  3. Бо навиштаҳои иғвогаронаи ту зидди роҳбаряти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ падарамонро аз кор ронданд.
  4. Дар митинги 20 нафара блети комсомолиатро сӯзондӣ, зеро ту 2 маротиба бо дастгирии ҳамин Кумитаи комсомоли ноҳия ба истироҳатгоҳи «Артек» рафта будӣ.
  5. Дар рӯзномаи «Чароғи рӯз» дар бораи устоди падар Аловиддин Уроқов ва Ҷурабек Муродов мақолаи танқидӣ навишти, ки онҳо дӯстони хонадони холаам буданд.
  6. Моҳи якуми хонадоршавиат дар пеши ҳамаи мо ба модарамон гуфти, ки ман занамро барои шустани либоси Шумо нагирифтаам.
  7. Дар бораи мушовири Президенти якуми Тоҷикистон Р.Набиев, мақола навишти, чи гапҳое падар ба ту нагуфта буд.
  8. Дар вақти пайдо шудани ду майдон, навишти ки мардуми Кӯлоб дар даст шиори «Нест бод Ислом»-ро доранд. Яъне ду майдонро бо ҳам шӯрондӣ. 200 ҳазор нафар қурбон шуд, чаро имрӯз дар бораи ин амалат наменависӣ, ки бо иғвои ман 200 ҳазор нафар кушта шуданд. Дар баробари Сангак Сафаров ва Ризвон Сидиров номатро дар таърих ҳамчун шахси хунхор паси парда мондӣ.
  9. Ба лидерони собиқ вилояти Кӯлоб мактуби кушод навишти онҳоро ба ҳамаи бадбахтиҳо ва нооромиҳо гунаҳкор кардӣ. Пас чаро дар бораи лидерони оппозитсия чизе нанавистӣ? Зеро оппозитсия минтақаи Кӯлобро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифта буд, чаро дар бораи қадамҳои сулҳовари Давлат Худоназаров ва дигарҳо нанавиштӣ, агар дигарон менавиштанд, ин президентшав acт мегуфтӣ!
  10. Дар вақти ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ҳисор падарам бо мушкилиҳои зиёд аз тарси кушта шуданат, туро гурезонид, вале ҳамон бегоҳ боз худатро дар телевизион нишон додӣ, зеро ба ту ғайр аз шӯҳрат чизе ва касе даркор набуд. Заҳматҳои падарам бароят ҳеҷ арзише надошт.
  11. Дар арафаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ҳар лаҳза худатро дар телевизион реклама мекардӣ, он замон барои хавфи эҳтимолии кушта шуданат, падарам чи ҳоли зоре дошт, зеро як камаз боевикҳои Фронти халқӣ ба хонаи падарам зада даромаданд он рӯз, чи рӯзи сиёҳе буд, чунки падарро бурданд, хонаро кофтукоб карданд, маро заданд ва падари бечораро бо чи ҳоли зор халос кардем.
  12. Обрӯи хонаводаамон дар деҳа рехт. Он замон падарам ду автомашинаи шахсӣ ва як автомашинаи хизматӣ дошт, ҳамаро аз пушти шӯҳратпарастӣ ва аъзогиат ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ бурданд, хамчунин ба ҷои кораш рафтанд зери силоҳ ва таҳдиди зӯроварӣ аризаи бо хоҳиши худ аз кор рафтанашро навишт, аммо ту имрӯз иддаои онро мекунӣ, ки ман дар Аврупо 3-4 хонаи 300 ҳазор еврогӣ дорам.
  13. Ҳамаи «каҳрамонон» гурехтанд ва ту бошӣ дар хонаи устодат Додоҷон ба ҳайси хонабон мондӣ!
  14. Баъди дар телевизион баромад намудани шоир Аскар Ҳаким, падарам то саҳар хоб накард, чунки ту хонабони Додоҷон будӣ, бо машаққатҳои зиёд аз тарси кушта шуданат, туро, ба хонаи ҷӯраи осетинаш гурезонид.
  15. Падарамонро ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бурданд хайрият шогирдонаш ва рафиқонаш ёрӣ расониданд, то падарамон озод карда шавад, вале падарро аз онҳо бароварда, ҳамчун падари шахси иғвогар Малик-командир мехост парронад.
  16. Бечора рафиқи осетинии падар баъди як моҳ бо кадом роҳҳо ба хона овард туро, ҳатто аксионерон аз ту парҳез мекарданд, боз дарди сари падар гардидӣ!
  17. Шабона ба хона боевикҳо омаданд, аз доду фиғони падару модар ба қафоят нигоҳ накарда гурехтӣ.
  18. Ба Ҷумҳурии Туркманистон гурезонданат дар онҷо ғайр аз арақнӯши дигар коре надоштӣ, падар ба аёдатат рафта, ҳоли зоратро дид.
  19. Вақте бо модар туро хабаргирӣ рафтем, дар пеши чашми мо ба дигарон харид кардӣ, вале ақлат нарасид, ки барои модарам тӯҳфаяки камарзише бихарӣ.
  20. Аз Туркманистон одам рои кардӣ, ки ба ман пул фиристед.
  21. Аз Туркманистон бо як кило канди ирис ба хона даромадӣ.
  22. Ба саволи падар, ки чаро дар ин нотинҷиҳо омадӣ, ҷабоб додӣ, ки ман барои иштирок дар тӯйи писари аммаи занам омадам. Илова кардӣ, ки дар ғарибӣ хаста шудаӣ. Ту аз ҳазорон нафаре, ки аз иғвогариҳоят ғарибу бенишон шудаанд, намегӯйӣ?
  23. Падарро дар сари дастархон муттаҳам кардӣ, ки чаро дар вақташ бо Вали Ӯзбеков шинос набудед, ки имрӯз дар империяаш ягон вазифа мегирифтед.
  24. Вақте падарамон маслиҳат дод, ки биё гашта ба Турманистон ё Россия рав, гуфтӣ, ки «Зани ман кӯлобӣ acт, тағоиҳои ӯ боевик ҳастанд ва Вали Ӯзбеков хеши занам acт».
  25. Дар рӯзи марги бибиам падарамро муттаҳам кардӣ, ки ҳамавақт барои кори давлат ҳастӣ. Магар дар ҳолати бекорӣ, падарамон метавонист, ки зиндагиамонро таъмин намояд.
  26. Дар рӯзи ҷаноза танҳо барои рекламаи худ талош мекардӣ, ҳамаи хешу табор мегуфтанд, «гурезонедаш, ки ӯро маҳкам мекунанд».
  27. Ман туро аз шаҳри Турсунзода бо ёрии муҳофизони Директори заводи пахта, раҳматии Ҳасан Маннонов тавассути қатора то шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ кардам, ҳам падар ва ҳам Ҳасан Маннонов фаҳмониданат, ки туро мухолифин мисли бозича истифодаат бурданд, дигар бо онҳо алоқа накун, аммо сад афсӯс.
  28. Вақте, ки дар радио дар қатори аъзоёни оппозитсия дар мулоқоти Теҳрон номи туро гирифтанд падарам талх гирист.
  29. Баъди 8 моҳ гашта омадӣ, бо овози баланд гуфтӣ, ки дигар ба ту касе кор надорад, аммо дар гирду атрофат собиқ боевикҳоро ҷамъ мекардӣ, ҳар рӯзи чоршанбе пеши фолбину ҷодугарҳо мерафтӣ, дигар на гапи падар ба ту мегузашту на гапи модар.
  30. Бо як сумка бор, дар назди бозори Ҳисор ба савдогари пардохтӣ, ҳамин қадар падар ва рафиқони ӯ фаҳмонданат, гӯш накардӣ. Вақте, ки дар бозори Ҳисор кормандони милитсия барои савдои кӯчагӣ қапида маҳкамат карданд, чи ҳоли зоре дошт падар, шабу рӯз дар пеши ШВКД дар шаҳри Ҳисор интизорӣ мекашид, аммо аз хешу табори занат дараке набуд.
  31. Ҳама умед ба Вали Ӯзбеков буд пагоҳаш дар пеши ШВКД аҳволи падар бад шуд бо як мошин ба хона рои кардам, ҳар coaт аз кабинети раиси ЗАГС-и ш.Ҳисор ба хона занг мезадам Вали Ӯзбеков ҳам омад, аммо баъди 10 дақиқа ҳеҷ коре накарда, баромада рафт.
  32. Падарам ҳар рӯз ба дари дафтарҳои намояндагии СММ, Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Амрико дар Тоҷикиситон, ва Прокуратура мерафт, дигар касе аз он рафиқони дар гирдат парвона буда, ба хона наздик намешуданд. Аз дохили СИЗО пайғом рои кардӣ, ки хонаю дарро фурӯшед маро халос кунед.
  33. Вақте, ки дар Прокуратураи генералӣ дар утоқти кории муфаттиш вохӯрдем дар пеши мо баёнот навиштӣ, ки маро Додоҷон Атовуллоев гӯё маҷбур мекард, ки мақолаҳои иғвоангезона нависам.
  34. Вақте, ки бо шарофати Ҷаноби Олӣ озодат карданд, аввалин суханат дар пеши мардум ин буд, ки ман бо як тумори Вали Ӯзбеков озод шудам, ин даводавҳои падар барои ту ҳеҷ будааст?
  35. Баъди 3 рӯзи озодиат падару модар ва маро гунаҳкор кардӣ, ки пулу молҳои туро гирифтаем.

а) Рӯзе, ки туро қапида буданд ҷузвдони туро падар ба ман дод, ман аз дарунаш пули 10 дона нонро гирифтам, ба дасти Тоҳир - додарамон бо ҳамроҳии муаллим Фирдавс Нуралиев нонро ба хонаву ҷузвдонро ба занат дода буданд.

б) Бо хоҳиши занат ман ҷузвдони боратро кушодам, борҳояшро хисоб карда ба хусурат супоридам.

  1. Бар ивази хамаи заҳматҳояш, ба падарам боре ҳам миннатдорӣ накардӣ, баръакс дилашро орзурдиву худ ба сӯи Москва равон шудӣ. Падар бо вуҷуди ин ҳама аҳмақиҳоят ба рафиқаш Бӯри Каримов занг зада, хоҳиш кард, ки ба ту ёрӣ расонад.
  2. Савғотӣ рои кардӣ, ҳама хурсанд, дар байни савғотиҳо ду либоси гарми зимистона (жемпир) буд, якеаш гаронарзишу босифат, дигараш камарзиши бесифат, хатчаи дохили ҷузводон маълум гашт, ки либоси камарзиши бесифаташ барои падарам будаасту дуввумиаш барои хонаводаи занат, пас куҷост қадри он ҳама заҳматҳои падар? Дигар баъди хондани хатчаат, касе на қанди рои кардагиатро хӯрду на либоси гарми зимистонаро касе ба бар кард.
  3. Зану фарзандонатро ба Москва бурдӣ, медонисти зиндагӣ дар Ватан аз ҳисоби бекории падар, душвор гардида буд, дар 2-3 моҳ як маротиба 50 ё 100 доллари ИМА равон мекардӣ. Бечора дар орзуи автомашина буд, ӯ маро ба ш.Москва фиристод, ту бо кадом рӯят пешвоз гирифтӣ? Дар як кунҷи хонаат амаки занат ва дар кунҷи дигараш тағои занат шишта будан. Рӯзе занат барои як қошуқ асал бо ман муноқиша кард.
  4. Вақте ба нуқтаи савдоят ба кор шурӯъ кардам, дар мағозаат бори зиёд надоштӣ, дар давоми 6 моҳ яке аз пешсафҳои бозори Черкиз шудем, ваъда дода будӣ, ки ба падар мошин мехарем, вале вақти ба Душанбе омадани ман, занат дар пеши падараш ҷанҷолро бардошт, ки ӯ ба падари худаш мошин мехарад. Ту боши дар пеши онҳо чун як шахси беҳуқуқ ва забонкӯтоҳ чизе гуфта натавонистӣ!
  5. Аз ш.Москва ба Ватан омадам, ҳафтаи аввал падарро ба бозор бурда, бо пули ман ва пасандозаш як мошини нав гирифтем фурӯшанда шинос буд аз арзиши умумии мошин, 400 доллари ИМА нарасид. Фурӯшандаи мошин барои додани боқимондаи пул, ҳамагӣ 1 моҳ вақт дод, намедонам аз чи сабаб бошад, ки лоақал ҳамин 400 доларро равон намекардӣ ё шояд касе иҷозатат намедод.
  6. Вақте ба Душанбе омадӣ ба дасти падар 4000 доллар мондӣ, ки бароят хона харад, вале баъди 2 рӯзи ба Москва рафтанат, занат пайдо гардида, пулро аз дасти падар кашида гирифт, ту боши чун ҳамеша хомӯш будӣ!
  7. Кадом фонди хориҷие бароят 2000 доллари ИМА ҷуброн додааст ва аз ту кадом бачаи савдогар пурсидааст, ки чаро 5000 доллар надоданат, ту дар ҷавоб гуфтӣ, ки агар аз хонаи мо касеро мекуштанд ман 5000 доллар мегирифтам, ман аз шунидани ин суханҳо шах шуда мондам.
  8. Рӯзи тӯйи ман телевизор ва видеоплеер харида оварда дар пеши хешу табор тӯҳфа кардӣ баъдан маълум гашт, ки ин тӯхфаҳо бо пули худам харида шудааст, ту танҳо худро бори дигар реклама кардаиву халос!
  9. Дар охири тӯям пули санъаткоронро пурсидам ҷанҷолро бардоштӣ, ки рав аз падарам гир, аммо маро, ки барои сарватманд шудани ту сабаб гашта будам, қадр накардӣ!
  10. Дар тиҷорати Маскав хешу таборҳои занатро ҷамъ карда, ба корҳои пулӣ ва хатарнок маро пешдаро мекардӣ, хостам бас кунам, ба ман ваъда доди, ки ба мани бехона, хонаву мошин мехарӣ ва пули калон ҳам ваъда додӣ, гуфтӣ, ки ҳамаи ин тиҷорат танҳо аз ману ту аст, ман бошам бовар кардам, вале афсус аксионерҳо дигарон будаанд.
  11. Вақте бӯҳрони иқтисодӣ омад, худро муфлис эълон карда, фурӯшандаҳоро маҷбур кардӣ, ки бо Қуръон қасам хӯранд, қарзҳоро ба гардани ман бор кардӣ, аммо ин ҳама як саҳнаи театрӣ буду халос, пулҳоро барвақт баҷояшон карда будӣ.
  12. Хостам як видеокамера харам ва ба касби пешинаам баргардам, вале намондӣ, барои худам либос хариданро ҳам манъ кардӣ.
  13. Ҳангоми ба Тоҷикистон омадан аввал ором буди як рӯз худат гуфтӣ, ки хусурам як хона ёфтааст ман меравам суроғаашро мегирам меравем ва ба ту медиҳам. Рафта омадиву муносибатат бо ман дигар шуд намедонам хонаводаи занат ба ту чи гуфтанд, лекин қарзе ки дар гарданат мондааст, пеш аз марг бо хатчае васият кун, зеро ман ин қарзро ҳеҷ гоҳ намебахшам. Ва то қарзро надиҳӣ ба қабр намонанд туро.
  14. Дигар дар гирду атрофат, ҳам одамкуш, хам қаллоб, хам нашъафурӯш ҷамъ карда, даврон мерондӣ, як одат доштӣ доим дар пеши падар неш мезадӣ, интизор будӣ, ки ман ҷангро сар кунам, падарро бо пулат ва туморҳоят муттаҳам карда будӣ, ҳама тарафи туро мегирифт, дигар дар сари дастархон бо ту нон хӯрдан ҳам мушкил буд, зеро заҳр мепошидӣ.
  15. Осиёби сохтаи падарро ба кор андохтам, ту ва фармондеҳонат намондед, ки кор кунам. Чанд маротиба сухани туро шунидам, ки маро дар пеши падар сиёҳ кардаи.
  16. Хонае, ки падар бароят сохта буд, аз нав таъмир кардӣ, дигар бо ту ва командаат гап задан душвор буд. Дигарон доира мезаданд ту рақс мекардӣ, агар падар ягон чи мегуфт рост пеши сеҳру ҷодугарон мерафтиву тумору таштоб мегирифтӣ, ҳатто барои бастани даҳони падар, дар зери шифти хона кӯрхатҳоро мегузоштӣ.
  17. Ба ш.Москва равон шудам, аввал корам хуб буд, бачаҳои бозор хуб қабул карданд, вале рашк дар ту монда буд, ба кори ҷодугарбозиат нисбати ман сар кардӣ.
  18. Дар Тоҷикистон фақат худро реклама мекардӣ, оқибат муҷоҳидҳое, ки худат «қаҳрамонашон» метарошидӣ, даромада бо силоҳ ҳама чизу чораатро бурданд. Зеро баъзе асбоби рӯзгорро, ки намемонди касе даст расонад, ба коми боевикҳо рафт. Ачиб имрӯз дағ-даға мекуниву он рӯз чизе гуфта натавониста будӣ.
  19. Сар шуд, бо гапи фолбин ҳамаро ба ШВКД бурда, маиб карданд, ягон кас хона меомад, ё дар роҳ дар чашм мeғалтид пагоҳ фол мекушодӣ, лекин ҳамаро ба номи падар мегуфтӣ. Барои ман маълум буд, ки фолбини асосиат хушдоманат буд.

То албом ва касетаи тӯйи маро ба хотири бастани даҳони ман ба фолбинат бурда доди.

  1. Ба Радиои Озодӣ ба кор даромада, ба ш.Прага рафтӣ, вақти хона омадан тавассути Москва меомадӣ, вақти ҳар омаданат як проблема дар пеш буд, ман медонистам, ки нисбати ман зану шавҳар илмбозӣ мекунед, зеро ту ягон маротиба бе кӯрхату тӯмор намеомадӣ.
  2. Ман тавассути ту ба хона пул ирсол мекардам, ту ба падару модарам намедодаӣ ва ҳамчун фоизи пулҳоят ҳисоб мекардаӣ. Имрӯз бошад, шикоят мекунӣ, ки касалии қанд шудам ин касалии фоизи пулҳоест, ки ту хӯрда будӣ ва имрӯз азоби онро кашида истодаӣ.
  3. Ба ман супориш додӣ, ки барои ҳамкорони ту авиабилет гирам, ин амалат як навъи «постава»-и ту буд, зеро барои ҳамкоронат маро бурда, дар ҷангалҳои ФР лату кӯб намуда, маиб карданд пулу моламро кашида гирифтанд. Метавони ба ВКД ФР дархост фиристода, ин парвандаро омӯзӣ. Ман саломатиам, тамоми пулам, ва тиҷоратамро аз даст додам, вале ту ҳатто як гапи хуш ҳам нагуфтӣ, баръакс бо ман ҷанҷол кардӣ… Номи туро ва Радиои Озодиро гирифтам. Ту вазифа дорию додар не.
  4. Боз шайтонию найранбозиатро нисбати ман давом додӣ, гуфти ки ман закоти моламро ба ту медиҳам, аммо бароям аз ту ҳеҷ чиз лозим нест, зеро захмҳо дар қалбам мондааст. Боз шарм надошта, дар пеши ҳама ман закот додани меравам мегӯйӣ. Хурсандив айшу ишратат дер давом накард, мошини ҷипат чапа шуд, Худованд барои дурӯғу иғвогариҳоят нишонат дод.
  5. Падар чандин ҳавлиро барои ман савдо кард, харидорӣ кардан нагузоштӣ, ҳатто ҳавлии ҳамсояро се маротиба савдо кард, ту ва занат намондед, хотирам ҳаст, ту занг зада гуфтӣ, ки янгаат мегӯяд, ки ҳавлии ҳамсояро нахаред, лекин баъди 20 дақиқа ба ҳамсояи дигарамон занг зада гуфтаи, ки рав ҳавлиро бихар, зеро ин ҳавли арзон acт. Ман ба ту чи зараре расонидам, ки монеаи ҳамсояшавии ман ҳастӣ? Ё ту намехости, ки бародарат соҳиби хонаи худ шавад? Бо шарофати сиёсати ҳароми ту, ман бади 8 соли дигар соҳиби хона шудам.
  6. Вақте дар ҳавлиаш падарам, як порчаи заминро барои ман ҷудо кард, ман аз падарам хоҳиш кардам, ки Мирзову занаш нафаҳманд, сохтмонро оғоз намуда, хонаро бардоштем, баъди бозгашт омада, норозиги баён кардӣ, ки ман дар инҷо нақшаи сохтани хонаи ду ошёнаро доштам ва боз ба найрангбозӣ ва туморбозиат пардохтӣ.
  7. Вақте, ки падарам бемор шудан, ба ш.Москва оварда, ҷарроҳӣ кардам, ҳамчун писари калон қисмате аз пули сафарро надодӣ, ҳатто пуле надоштӣ, ки барои аҳволпурсии падар бо телефон сарф кунӣ, падари беморам худашон ба ту занг зада, аз ҳолу аҳвол ва саломатиаш мегуфт. Боз дар пеши ҳама мегӯйи, ки ман 14000 евро дар як моҳ маош мегирам. Ин пулҳоят барои кист? Ҳангоми бозгашти падар ба Душанбе ту ҳам ба Тоҷикистон омада, дар назди хешовандон рӯйирост дурӯғ гуфтӣ, мо падарамонро ҷарроҳӣ кардем гуфта, худро реклама кардӣ.
  8. Дар хона бастаҳои евроро нишон медодӣ, баъдан онро бурда ба як нашъафрӯше бар ивази фоиз месупоридӣ, аммо фоизхӯриҳоят рӯзе ба зиндагиат таъсири бади худро хоҳад гузошт, аллакай таъсири худро гузоштааст, зеро нашъафрӯш маблағатро надода, маҳбасӣ шуд. Интизор шав, рӯзе аз маҳбас озод мешавад ва пулатро бармегардонад. Ту дар кадом ҳадис ё ояти каломи Шариф хондаи, ки дар Ислом ба нашъафрӯше бар ивази фоиз қарз доданро иҷозат додааст? Беҳтараш ҳамин маблағҳоро хуб намешуд, ба бародари дуюмат медодӣ, то зиндагиашонро дуруст кунанд ё касе намонд?
  9. Рӯзи ҷанозаи падарам омада, ҳар рӯз рафта харид мекардӣ, аммо мо баъдан фаҳмидем, ки ин пулҳоро модарам ба ту медодааст ва боз дар пеши мардум гуфтаи, ки ман масчиди деҳаро таъмир мекунам, Шумо танҳо усто ёбед, аммо ин суханҳоят танҳо як рекламаи навбатиат будаасту халос. То ҳозир мардуми деҳа бар он назаранд, ки гӯё хонаводаи мо пули барои таъмири масчид рои кардаи туро, аз мумсики надода, барои худ сарф намудаем.
  10. Ҳангоми тақсимоти мероси падар, хонаи дар пойтахт бударо ба хоҳарамон Фотима додем, ҳама имзо кард, шахсан худат ҳам имзо гузоштӣ, вале баъди муддате гуфтӣ, ки биё ба хоҳарамон хона месозем. Ман пурсидам, ки маблағ дорӣ, таъриф кардӣ, ки ман 14000 евро маош мегирам, вале ҳамагӣ 2000 доллари ИМА додӣ. Вале фикр накардӣ, ки бо 2 ҳазор доллар чи сохта мешавад. Хонаи баландошёнаи хоҳарамон 50 ҳазор доллар арзиш дошт, ё ин дафъа низ ба занат маҳқул нашуд, ки хоҳарат дар пойтахт хона дошта бошад. Бо шарофати сиёсати ҳаромат хоҳарат танҳо баъди 5-6 сол ба хонаи нотамом даромад.
  11. Таъриф карди, ки ман дар сари қабри падар санги хотира мегузорам, пурсидам, ки агар пул даркор бошад, рои кунам, ту гуфтӣ, ки ман худам ҳал мекунам, аммо дар ҳамин ҷой ҳам пулатро дареғ дошта, санги хурдакакеро гузоштӣ.
  12. Баъди марги модар аз сабаби бӯҳрон дар ФР ба қарз ғӯтидам рафта натавонистам меpocpo зани ту тақсим кардааст. Номи маро хат задааст. Дар куҷо дидӣ, ки келини хона меросро тақсим кунад. Ё сухани ту барояш қурб надорад?

Худро имрӯз мусалмони хақиқӣ мегирӣ, чаро аз рӯи Ислом меросро байни фарзандони падар тақсим накардӣ? Ҳамин acт исломи ту, ки барояш гӯё мубориза мебарӣ ё ба ҳаромхӯрӣ одат кардаӣ?

Читать далее

БЕҲБУДИ ҶОМЕА АЗ ХИЗМАТИ СОДИҚОНА

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 - уми марти соли 2020 баргузор мегардад, корҳои омодагӣ бомаром идома доранд. Омодагиҳои сокинони вилоят ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна аст? Роҷеъ ба ин масъала бо андешаҳои чанде аз шаҳрвандони вилоят ошно гаштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома месозем.

А.Т.Бобоҷонзода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом: - Санаи 1 - уми марти соли равон дар мамлакатамон ба маҷлисҳои ҷамоату шаҳрҳо, вилоятҳо интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ҷомеаи демократӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар интихобот ҳар шахси соҳибмаърифат, баору номус ва ҳар нафаре, ки нисбат ба ояндаи давлату миллати худ бетараф нест, озодона иштирок намуда, ба вакили арзандаву шоиста раъй медиҳад.

Маҳз, раъйи ҳар яки мо метавонад, барои пешрафт ва тақдири ояндаамон нақши муассир дошта бошад, зеро иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ ва хусусан, интихоби дурусти номзадҳо, он шахсоне, ки нафъи давлату миллатро аз ҳама арзишҳо дар воқеъ боло мегузоранд, шарту зарур аст. Бинобар ин ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ онҳоеро бояд интихоб кард, ки барои рушду пешрафти диёр ва боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинон бевосита саҳм гузошта тавонанд.

Сарабек Шарифов, духтури гӯшу гулӯву бинии дармонгоҳи рақами 6, шаҳри Хуҷанд: - Мафҳуми интихобот ин интихоб намудани вакили мардумӣ аст. Иштирок дар интихобот воситаи муҳимтарини муайянкунандаи ҳокимиятдории халқ аст.

Яъне, мардуми Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, бо иштирок дар интихобот ва ташаккули ҳокимияти давлатӣ ҳиссагузоранд. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар шакли шаффоф ва оммавӣ сурат гирифта, шаҳрвандон метавонанд, озодона шахси арзандаро интихоб намоянд. Шахсияте, ки сазовор ба боварии мардум аст, оянда ба давлату миллат софдилона хизмат хоҳад намуд.

Аҳмадҷон Турсунов, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, факултаи андоз ва андозбандӣ: - Интихобот маъракаи сиёсӣ аст. Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот муайян намудааст, ки шаҳрванд аз синни 18 - солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштироку интихоб шуданро дорад. Мафҳуми интихобот ва иштирок дар он низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, роҳи минбаъдаи ҷомеа ва давлатро муайян сохтан аст. Дар соли 2020 - ум аввалин бор дар маъракаи интихобот иштирок менамоям.

Муқаддас АҲМАДОВА, омӯзгори МТМУ 15 - уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: - Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ аст. Шаҳрвандон шахсеро, ки ҷонибдорӣ менамоянд, ба таври пинҳонӣ, бе дахолати шахсони дигар ба он овози худро медиҳанд. Шаҳрвандоне, ки вобаста ба синну сол ҳуқуқи интихоботӣ пайдо кардаанд, метавонанд, дар интихобот иштирок намоянд.

Дар шароити муосир раванди ташкил ва баргузории интихобот дар ҷомеаҳои демократӣ мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи мазкур ба амал бароварда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бунёди ҷомеаи демократӣ ва адолатпарварро пеш гирифта, ҳадафҳои худро амалӣ намуда истодааст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ин соҳаро танзим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон, тибқи қонунгузории мавҷуда, имкони озодона иштирок намудан дар раванди интихоботро доранд. Ҳадаф аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷониби онҳо интихоб намудани шахси ба боварӣ сазовор барои идоракунии давлат аст.

Макнуна ЗИЁБОЕВА, сокини шаҳри Хуҷанд: - Дар ҷаҳони муосир интихобот марҳалаи муҳим дар рушди давлатдории кишварҳои гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дуруст интихоб намудан мебошад, ки сатҳи маърифатнокии сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеаро нишон медиҳад.

Интихобкунандагон бояд дар ҳавзаи интихоботии маҳалли зист ба номзади арзанда овози худро диҳанд. Чун анъана фазои ҳавзаи интихоботӣ бояд идона бошад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее