20 February 2020

ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

Террористон гурӯҳҳои ҷиноятпешае мебошанд, ки давлатҳои абарқудрат онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин  ва маблағгузорӣ мекунанд ва баҳри амалигардонии ҳадафҳои хеш истифода мебаранд.  Ин ҳадафҳо кадом аст?  Ноором кардани дунё ва аз он ба манфиати хеш истифода бурдан, ба фурӯш баровардани яроқҳое, ки истеҳсол кардаанд. Яке аз ин ҳадафҳо бадном кардани дини ислом мебошад. Ин аст, ки террористон ҳар як амали худро ба номи дини ислом амалӣ мекунанд. Дар ягон ҷойи Қуръон, ки китоби муқаддаси мусулмонон аст, дар бораи куштани инсоният, хоса инсонҳои бегуноҳ ҳарфе оварда нашудааст. Баракс, ҳама оину ҳадафҳои террористон, ки худро муҳофизони дини ислом медонанд, зидди дини ислом аст.

Дар китоби Қуръон гуфта мешавад, ки инсон бояд қаноатпеша бошад ва чандон дилбастаи молу маноли дунё нашавад, даст ба хайру эҳсон дошта бошад, ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ кунад.  Аммо террористон баракси ин амал карда, барои пулу моле, ки хоҷаҳояшон ба онҳо медиҳанд дини мубораки исломро  бадном мекунанд.  

 Аз дасти куштор ва бераҳмии террористон ҳазорҳо нафар тарки ватан ва хонаву ҷой карда, дар мамлакатҳои бегона гирифтори азият шудаанд ва қисме аз онҳо дар ин роҳ ҷон бохтаанд.

Аксарияти террористон аз маводи мухаддир  истифода мебаранд, ҳол он ки дар Қуръон маводи мадҳушкунанда сарчашмаи гунаҳҳои зиёдест ва ҳаром шумурда мешавад.

Дар адабиёти оламгири тоҷик ҳам шоирони классики мо ҳамеша ба  ашхоси бадтинату кинапарвар  нафрат доштаанд ва дар мазамматашон шеъру ғазалу рубоиву достонҳо офаридаанд, ки намунаи беҳтаринаш ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Абулқосими Фирдавсӣ, ҳикоёту ашъори Саъдии Шерозӣ мебошад.  Мардуми тоҷик бо илму ирфон, шеъру адаб, маданияту фарҳангу санъат оламгир аст ва ба терроризму террорист, ки бо куштану ғорат кардан хатаре барои оламу одам аст, нафрат дорад.

Террористон дар мактабҳои махсус омода карда мешаванд. Ин ҷараёни пурхатар на танҳо инсонҳоро ҷисман аз байн мебаранд, балки ба аъсоби ҳамаи инсонҳо садама ворид мекунад.

Имрӯзҳо маҳз аз шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои дигар ифротгароён ба таври фаровон истифода мебаранд ва ба ин воситаҳо инсонҳо, хусусан ҷавононро ба гуруҳҳои  худ ҷалб мекунанд.

 Моро мебояд ҳамеша бо ҷавонон кор барем ва мақсаду ҳадафҳои ифротгароёнро фаҳмонем, то ки  онон фирефта ва раҳгум нашаванд.

  Мо бояд наврасону  ҷавононро аз дидани филмҳои моҳияти террористидошта манъ намоем. Зеро бо чунин филмҳо террористон  бо зеҳн ва рӯҳи инсонҳо кор мебаранд.

Дар айни замон, сохтани маводи моҳияти террористидошта ва  дастрас кардани он ба миллионҳо одамон  мушкил нест.

ВАО-и рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳо бо аудиторияи чандинмиллиона дар дасти  воситаи муассири таъсир расонидан ба афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешбурди ақидаҳо ва амалҳои онҳо истифода мешаванд.

Бо назардошти он, ки насли ҷавон аз хурдсолӣ имкони истифодаи Интернетро ба даст меорад, бояд хатарҳоеро, ки корбарон дар фазои маҷозӣ дучор мешаванд, дар ёд дошт.

Ҳодисаҳои зиёд ба назар мерасад, ки ҷавони раҳгумзада ба гуруҳҳои террористи шомил мешавад, зану фарзандашро ҳам бо худ ба он мамлакатҳо бурдааст.

 Вақте ҷавони террорист кушта мешавад, зану фарзандони ӯ дар мулкҳои бегона ар сарсониву саргардонианд.

Насли калонсол таҷрибаи зиёд доранд онҳо фирефта намешаванд, ин аст, ки аксаран раҳгумзадаҳо ҷавонону наврасонанд. Аммо калонсолон, падару модарон бояд ҳамеша назорати қатъӣ ба хониш,  ҳар амали фарзанд дошта бошанд.

Фаҳмонидани гурӯҳҳои ҷинояткору қотил будани террористон ба ҷавонону наврасон бояд кори ҳамешагии падару модарон, муаллимон ва ҳар нафари солимфикр бошад.  Падару модарон бояд дар хотир дошта бошанд ки барои ҳаёт ва саломатии фарзандонатон ҷавобгаранд. Зиндагии фарзандони худро дар фазои маҷозӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирона бояд назорат кунанд..

Терроризм дар ҳама гуна шаклҳои зуҳуроти худ яке аз хавфҳои  пешгӯинашаванда ва бо оқибатҳои  барои инсоният дар асри ХХI хатарнок аст.

Ҳам давлатҳои мутараққии пешрафта ва ҳам кишварҳои қашшоқу қафомонда аз хатару зарари терроризм эмин нестанд.

Хусусияти фарқкунандаи терроризми муосир дар он аст, ки бо яроқу аслиҳа таъминанд, ҷангҳои иттилоотиро ба роҳ мемонанд. 

Танҳо инсоне, ки ақлу фаросат дорад, дурандеш аст, соҳиби донишҳои сиёсӣ аст, мақсади асосии терроризмро мефаҳмад ва аз он худро дур мегирад.

Мубориза бар зидди терроризм кори як нафару ду нафар нест, кори як кишвару ду кишвар ҳам буда наметавонад, балки кори ҳама аҳли олам бояд бошад. Агар ҳамаи давлатҳо бар зидди ин хатар мубориза баранд, имкони решакан кардани он ҳаст.

Адибаи Хуҷандӣ

Читать далее

ВАТАНДОРӢ БА КИРДОР АСТ!

Ҳукумати мамлакат бар зидди созмонҳое, ки ҳадафашон ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвар аст, ҳамагуна тарғиботҳои номатлубе, ки ақидаи мардумро вайрон мекунад, муборизаи беамон мебараду барои решакан кардани онҳо  тадбир меандешад.

Тавре аён гардид, шаҳрванди кишвар Далер Шарифов, дар давоми солҳои 2013 - 2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ - мазҳабӣ, вайрон кардани ақидаи сокинон равона шудаанд.

Имрӯз замона пуртазод аст ва мардуми кишвар, бахусус ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, то ки созмонҳои ифротӣ аз қабили ТТЭ ҲНИ бо роҳи фиреб онҳоро ба доми худ фирефта нагардонанд.

Далер Шарифов ҳамчун рӯзноманигори мустаққил шинохта  мешуду фирефтаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ташкилоти ТТЭ ҲНИ ва ёрдамчиёни ӯ  гашт. Маълум, ки душманони хориҷии мо аз ин гуна шахсон истифода бурда, мақсадҳои нопоки худро дар кишвари мо амалӣ карданӣмешаванд.

Имрӯз чанде аз хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доданд, даъво мекунанд, ки Далер Шарифов бегуноҳ аст. Агар ӯ бегуноҳ бошад, барои чӣ рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи  пинҳонӣ интишор сохтааст?  Ҳол он ки рисола, тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин», ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардидааст.     

Мардуми тоҷик аз асри 10 оғоз намуда оид ба ислом ва фарҳанги он хуб ошноӣ пайдо кардаанд ва дар бораи шахсияти Муҳаммад паёмбар (с.а.с) маълумоти кофиро медонанд.  Инҷо саволе ба миён меояд, ки онҳо оё

Аслан ватандӯсти асил он нафар аст, ки хизмати душманони Ватанро баҷо наорад, балки баҳри ҳимояи Ватан, омӯзиши илм, баҷо овардани хизмати падару модар, тарбияи хуби фарзанд пешрафту рушди сарзамини худ кӯшад.

Агар ӯ ба ҷои мақола, ё рисолаи иғвоангезаш  як китоберо нашр мекард, ки бар фоидаи мардум, тарбияи дурусти фарзанд ва ифода кунандаи  пешрафтҳои Ватани маҳбубамон мебуд, мувофиқи мақсад мебуд.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгори МТМУ №40
ба номи Неъмат Аминов,
шаҳри Истаравшан

Читать далее

Терроризм – зуҳуроти хатарноки аср

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин робита, ҳамчунин, дар ақсои олам терроризму экстремизм беш аз ҳар вақт авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст. Мутаассифона, аз ин зуҳуроти номатлуб, яъне ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон кишвари мо низ истисно нест. 

Сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо бе назорат монда, дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рӯ ба корҳои ношоиста меоранд, ҳатто аз ноогоҳӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мепайванданд ва дар ниҳояти кор қотили инсон мешаванд.

Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Бекорӣ бошад, сарчашмаи ҳамаи балоҳост, одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст заданаш мумкин аст.

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад, то ризқу рӯзии хеш ва аҳли хонаводаро пайдо намояд, ҳамчунин ба фикрҳои беҳуда фурсат наёбад. Бархе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд. Баъзе аз онҳо ба нашъамандӣ мубтало мебошанд. Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ яке аз сабабҳои ба равияҳои бегона шомил шудани ҷавонон мегардад. Мо бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгарову манфиатталаб нашаванд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Дар ҳақиқат, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста месозанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон, бо сабаби сустии эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми гурӯҳҳои террористӣ афтода, номи худро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро олуда месозанд. Баҳри пеши роҳи чунин кирдорҳоро гирифтан бояд тамоми аҳли ҷомеа дастаҷамъона амал намоем.

Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандон мебошад ва ин ба он сабаб гардида истодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти Истиқлолият, худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин кунем.

Фидокориву мардонагии мардуми тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Мутаассифона, имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд.

Барои коста нагардидани муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат аст.

 Ш.ВАЛИЗОДА

Читать далее