December 2019

16 December 2019

ТАЪМИНИ ҲАДАФИ МИЛЛӢ

Cаломатӣ гавҳари бебаҳоест, ки ҳар як нафар бо масъулиятшиносии ҷиддӣ бояд баҳри эҳтиёт намудани он муносибат намояд. Бо мақсади таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, беҳтар намудани вазъи корҳои байторӣ, фитосанитарӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, назорат ва таъмини мусоидати хоҷагиҳои кишоварзии чорводорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 595 аз 29 декабри соли 2017 Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таъсис дода шудааст. Дар вилоятҳо раёсатҳои Кумита баҳри амалигардонии мақсадҳои болозикр фаъолият доранд.

Чорабиниҳои саривақтӣ

Дар фасли баҳору тобистон эҳтимолияти ба касалӣ ё заҳролудшавӣ гирифтор шудани аҳолӣ меафзояд. Аз ин лиҳоз, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бахши назорати фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмии Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилоят ба масъулин оид ба риояи талабот ва қоидаҳои карантини растанӣ як қатор корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуд.

Дар суҳбат ба мо сардори Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилоят Аъзамҷон Валиев чунин гуфт:

- Бо фаъолияти пурсамари Раёсат санаи 29 –уми апрели соли 2019 аз бозори «Панҷшанбе» - и шаҳри Хуҷанд 9598 килограмм қулфинай - тути заминӣ аз нуқтаҳои фурӯш боздошта шуд. Маркази ташхиси бехатарии озуқавории Раёсат дар маҳсулоти аз фурӯш боздоштшуда касалии замбӯруғи пӯсиши кабудро, ки ба русӣ онро «голубая гниль» меноманд, ошкор намуд. Ин маҳсулот аз фурӯш гирифта, пурра несту нобуд карда шуд.

- Санаи 10 - уми майи соли 2019 бошад барои паҳн нагаштани ҳашароти зараррасони карантинӣ ва маҳсулоти пастсифат дар бозори «Панҷшанбе» аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилоят рейд гузаронида, нисбат ба 4 нафар шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, - илова намуд мавсуф.

Фитосанитария ва тухмии сара

Аз ҷониби бахши Раёсат тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар зиёда аз 55 ҳазор гектар майдони киштзор ва боғу токзори вилоят таҳқиқ ва чораҳои карантинӣ – фитосанитарӣ гузаронида шуд. Вобаста ба тозагӣ ва навъҳои тухмӣ бошад, дар 11 моҳи соли 2019 - ум 672 намунаи тухмӣ барои муайян намудани сифат ба бахши ташхисгоҳи тухмӣ дар вилоят пешниҳод гардида, дар 2300 гектар майдон назорати саҳроӣ доир гашт.

Ҳамзамон, барои пешгирӣ ва несту нобуд намудани ҳашаротҳои зараррасон ҳангоми ошкор кардани организмҳои зараррасон он бо истифодаи заҳрдору безарар (фумигатсия) гардонида мешавад.

Сертификати бехатарӣ ба полезиҳо

Бо фаро расидани мавсими маҳсулоти полезӣ намунаи харбуза, тарбуз, каду ва дигар маҳсулот низ аз ташхис гузаронида, минбаъд ба фурӯш бароварда мешаванд. Вобаста ба маҳсулоти полезӣ то имрӯз аз ҷониби кормандони Раёсат ҳолати аз тарафи аҳолӣ харидорӣ шудан ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти полезии бесифат ё хатарнок барои саломатии инсон ошкор карда нашудааст.

- Ногуфта намонад, ки бозорҳои истеъмолӣ таҳти назорати қатъии марказҳои таъминоти бехатарии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, маҳсулоти озуқаворию кишоварзӣ бо сертификатҳои бехатарии маҳсулот таъмин карда мешаванд, - гуфт дар суҳбат Аъзамҷон Валиев.

Сифати маҳсулот чигуна аст?

Барои пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфноки ҳайвонот амсоли тоун ва гули чорвои хурди шохдор, сӯхтании сибирӣ, вабои сумдард, тоуни парранда, ҳорӣ ва ғайра аз тарафи мутахассисони Раёсат чорабиниҳои байторию зиддиэпизотӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин бармеояд, ки вазъи мӯътадили эпизоотӣ дар вилоят таъмин гардидааст. Чун назорат ва таъмини иҷрои талаботҳои байторию беҳдоштӣ ба монанди истеҳсол, коркард, интиқол, нигаҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти чорвою парранда зери назорати қатъии мутахассисони соҳа қарор дорад. Тӯли 11 моҳи соли равон дар озмоишгоҳҳои беҳдошти байтории бозорҳои шаҳру ноҳияҳо 293373 намунаи маҳсулотҳои озуқаворӣ аз ташхис гузаронида, маҳсулоти босифат ва ба талабот ҷавобгӯ бо сертификатҳои сифат таъмин карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бинобар ҷавобгӯии талаботи байторию беҳдоштӣ набудан ва доштани хавф ба саломатӣ имсол тӯли 11 моҳ 376421 дона тухм, 2483 килограмм шир ва маҳсулоти ширӣ, 25934,2 килограмм маҳсулоти гӯштӣ ва узвҳои дохилии ҳайвоноту парранда ва 37484,3 килограмм маҳсулоти растанипарварӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ ва мутахассисони Раёсат аз пешниҳод намудан ба аҳолӣ боздошт ва тибқи қоидаҳои муқарраргардида нобуд карда шуданд.

Аттестатсия, санад ва тарғибот

Дар ҳамин давр дар 2342 объекти таҳти назорати Кумита қарордошта аттестатсия гузаронида, онҳо бо аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ таъмин карда шудаанд. Дар 11 моҳи соли 2019 бинобар ҷой доштани камбудиҳо ва вайрон кардани талаботи қонун аз тарафи кормандони Раёсат 793 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима ба маблағи умумии 131560 сомонӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд.

Доир намудани вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ, инчунин баромадҳо тариқи васоити ахбори омма дар фаъолияти Раёсат мавқеи муҳим дошта, саривақт тибқи нақша гузаронида мешаванд. Фаъолияти пурсамари Раёсати бехатарии озуқаворӣ дар вилоят баҳри таъмини сеюмин ҳадафи миллӣ – амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ЁДГОРИИ АҲДИ ҚАДИМ

Cаразм, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқиро доро мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси милливу ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад ва имрӯз Тоҷикистон барои ин санаи таърихӣ омодагӣ дида истодааст.

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 кашф гардида, он дар 15 километр ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 километр шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Қобили қайд аст, ки шаҳраки Саразм қадимтарин ва кӯҳантарин ёдгории мардуми Осиёи Марказӣ буда, дар бораи маданияти кишоварзию шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгонамон башорат медиҳад.

Дар ин ҷо бештар иморатҳои маъмурӣ, ки то 100 - 106 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намудаанд. Ин ҳамаро кӯчаву пасткӯчаҳои баъзан сангфарш ё регфарш аз ҳам ҷудо месозанд. Биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу шарқии Шаҳристон, дуконҳо ва устохонаҳои ҳунармандӣ бошанд, дар шафати биноҳои маъмурӣ ва кӯчаҳои марказӣ ҷой гирифтаанд.

Дар Саразм аломатҳои пайдоиши аввалин шаҳрҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумлаи биноҳои хушсохт, кӯчаҳои сангфарш, тақсимшавии ҷомеа ба табақаҳои иҷтимоӣ, ривоҷу равнақи босуръати тиҷорат, ба соҳаҳо ҷудошавии меҳнат, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва ғайраҳо, ки рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорию шаҳрсозии осиёӣ мебошанд, дида мешавад.

Аслан таърихи пайдоиши Саразм худ аҷиб аст ва аз ин таърих дар Осорхонаи кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент метавон маълумот пайдо намуд. Бино ба иттилои намояндаи осорхонаи мазкур аввалин бозёфт ин табари биринҷӣ мебошад, ки аз ҷониби Ашӯралӣ Тайлонов, як чӯпони зода ва истиқоматкунандаи Саразми бостон, дарёфт шудааст, ки он воқеан аҷиб буда, сайёҳони хориҷӣ бештар ба он таваҷҷуҳ менамоянд. Паи бозёфту гуфтугӯҳо ва омадан ба ин осорхона ҳамин чӯпон мегӯяд, ки ман ҳам як бозёфт дорам. Ин ҳарфҳои ӯро Абдуллоҷон Исҳоқов олими шинохта, нахустин муҳаққиқи ёдгории Саразм мешунавад ва аввалин кашфиёти худро оғоз мекунад.

Дар осорхона барои нигоҳ доштани ёдгориҳои Саразм толори алоҳида ҷудо шудааст, ки он ҳама ашёву бозёфтҳо таъриху маданияти ин шаҳри қадимаро инъикос менамоянд. Тибқи иттилои Н.Худоёрова - сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм, саразмиёни бостон дорои маданияти баланду руштёфтаи меъмории замони хеш будаанд. То имрӯз дар 14 мавзеи ёдгорӣ паҷӯҳиш гузаронида шуда, боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ ва растаҳои ҳунармандӣ аз зери хоктӯдаҳо пайдо гардиданд. Гумон меравад, ки пеш аз оғози биносозӣ гурӯҳи муайяни «меъморон» лоиҳаи сохтмонро пешакӣ таҳрезӣ намудаанд. Бештар биноҳои маъмуриву мазҳабӣ тарҳи росткунҷаро дошта, дару тирезаҳои онҳо ба самти шарқу ғарб, яъне самти тулӯи офтоб нигаронида шудааст. Ин зайл биноҳо аз якчанд ҳуҷра ва баъзан як ва ду толори васеъ ва барҳаво иборатанд.

Дар маркази толорҳо оташкадаҳои даврашакл ва чоркунҷа бо умқи марказии начандон калон мавҷуданд. Атрофи оташкадаҳо бо деворчаи начандон калонҳаҷм, ки ҳамагӣ аз 6 то 10 сантиметр баландӣ ва 6 - 10 сантиметр вусъатдошта иҳота гардидаанд. Ховаршиноси маъруфи Бритониё Мери Бойс, таърихи пайдоиши ҷашнгирии Наврӯзро то ба 6000 сол пиндошта, дар ақидаи он аст, ки маросими мазкур пеш аз ҳама аз ибодат ба «оташ» - чун муқаддасоти ҳаёти инсонӣ оғоз мегардидааст. Чунин зайл оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамдавру ҳамзамони саразмиёни бостон дар ёдгориҳои Мундиғоқи Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони ҷанубӣ ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо карда шудаанд.

Пас гумон меравад, ки ибодат ба «оташ» ҳамчун рамзи бузургдошти Хуршед ҳанӯз аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ маълум буда, садсолаҳои минбаъда аз насл ба наслҳо гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II-I-и қабл аз мелод) бо номи «ҷашни Наврӯз» пазируфта шудааст. Бино ба иттилои Н. Худоёрова дар самти ҳафриётҳои бостонӣ ҳафриётҳои бостоншиносӣ давоми соли 2019 бо назардошти таҷлили ҷашни Саразми бостонӣ аз моҳи март оғоз гардида, то моҳи октябри ҳамин сол идома ёфт.

Тибқи нақшаи мувофиқашуда бо Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон се гурӯҳи корӣ бо роҳбарии С.Бобомуллоев - доктори илмҳои таърих, директори осорхонаи бостоншиносӣ, бо ҳамроҳии А. Раззоқов ва Ш. Қурбонов ташкил ва гузаронида шуд. Ба ин гурӯҳҳо дигар мутахассисон Фарҳод Раззоқов, Б. Бобомуллоев, Одилҷон Отабоев ва дигарон низ ҷалб карда шуданд. Инчунин, давоми соли равон барои омӯзиши осори қадимаи шаҳраки Саразм олимону мутахассисони кишварҳои Франсия, Олмон, Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой тадқиқотҳо гузарониданд, ки дар натиҷаи он дарёчае, ки дар қадим шаҳраки Саразмро шодоб мекард, пайдо намуданд.

Ҳамчунин, ҳавзҳое, ки аз он саразмиён истифода мебурданд, муайян гардид. Дар давоми соли 2019 дар натиҷаи ҳамаи ҳафриётҳои гузаронидашуда 292 бозёфт ба қайд гирифта, дар китоби бақайдгирӣ ворид карда шуд. Аз ин шумора 81 нигора аз шаҳраки Саразми бостонӣ, 211 нигораи дигар аз Панҷакенти қадим ва Кӯктош бозёфт карда шудаанд. Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм дар масоҳати 47 гектар доман паҳн карда, аз ин 17 гектар масоҳати зериёдгорӣ ва боқимондаи он ҳудуди муҳофизатӣ мебошад. Атрофи он бо деворпанҷара иҳота шуда, бо маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамсарҳад мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардидааст.

Таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм дар соли 2020 ҷашни аҳли башар аст, зеро ёдгорӣ аз соли 2010 дар Феҳрасти ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шуд. Панҷакенти қадим ёдгории шоҳроҳи Абрешим буда, ёдгории эталонӣ ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ин ёдгориҳои сатҳи ҷаҳонӣ сол аз сол меафзояд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи бостоншиносони хориҷӣ аз давлатҳои Фаронса, Россия, Чин, Олмон, Амрико низ хеле зиёд аст. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 5500 - солагии Саразм корҳои ободониву созандагӣ дар ин минтақа хуб ба роҳ монда шудааст. Зимни сафари хизматӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намудем. Тавре аён гардид, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар бинои осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ ва меҳмонхона дар мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм бомаром ҷараён дошта, дар иншоот корҳои хиштчинии ошёнаи 2 - юм ба итмом расонида, бетонрезии ошёнаи дуюм босуръат идома дорад. Ҳамчунин, барои сохтмони дуконҳои ҳунармандӣ, ки барои фурӯши маҳсулоти хунармандон дар ин мавзеъ ба нақша гирифта шудааст, корҳои лоиҳакашӣ дар арафаи анҷом аст.

Сохтмони дарвозаи мамнуъгоҳи Саразм бошад, идома дошта, айни ҳол корҳои арматурбандӣ ва бетонрезии таҳкурсӣ ба итмом расида, хиштчинии деворҳо рафта истодааст. Инчунин, дар роҳи автомобилгарди мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм мумфаршкунии қабати якуми роҳ ба итмом расида, дар ду шафати роҳ барои шинонидани дарахтони ороишӣ корҳо ҷараён доранд.

Масъулини соҳа имрӯз баҳри хубу хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии Саразм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, корҳои сохтмониву ободониро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, азм доранд, ки қадима будани миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

Читать далее

ЖУРНАЛИСТОН ЗАБОНИ ХОРИҶИРО МЕОМӮЗАНД

Санаҳои 14-15 - уми декабр дар Маркази таълимӣ Бонки милии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” курсҳои интенсивии “English for journalist” баргузор гардид.

Таи ду рӯз барои намояндагони васоити ахбори омма тариқи баргузории дарсҳои индувидуалӣ, кор бо гурӯҳҳо, тамошои маводи визуалӣ ва аудиовизуалӣ омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти курси интенсивӣ рӯзноманигорон боз ҳам дар таҷриба тарзи дурусти суолу ҷавоб, навиштани маводи хурд дар мавзӯъҳои гуногун ва бозиҳои интерактивӣ омӯзиши худро тақвият бахшиданд.

Зимни суҳбат намояндаи ТҶ “Гурдофарид” Раҳбар Маҷидова изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳо бештару беҳтар намудани сатҳи забономӯзии журналистон мебошад.

- Се сол инҷониб дар доираи лоиҳаи “English for journalist” 30 нафар журналистони қаламрави вилоят ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ фаро гирифта шуда, дар оянда низ нақша дорем, ки чунин ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият бахшем, -мегӯяд ӯ. 

Бино ба гуфти яке аз шунавандагони ин курс Замира Каримова омӯзгорон раванди дарсҳоро басо шавқовару ҷолиб ба роҳ монда,  рӯзноманигор тариқи методҳои гуногун таҷриба андӯхта, забономӯзии худро беҳтару мукамал менамоянд. Давоми ду рӯз аз дарсҳои интенсивии мазкур бардоштҳои хуб гирифтем.  

Бино ба иттилои намояндагони лоиҳаи мазкур чунин дарсҳои интенсивӣ минбаъд низ ташкил хоҳад шуд.

Сурайё Ҳакимова,
Маъмурахон Самадова

Journalists learn English

On December 14-15, National Bank Education Center in Guliston hosted journalists of “English for Journalist Program” for Intensive course. The project is implementing by the Public Organization “Gurdofarid”.

The English language training was organized for media representatives for two days through interactive classes, group works, visual and audiovisual content. During the intensive course, the journalists enhanced their practice by asking the right questions and answers, writing small articles on various topics, and interesting games.

Zamira Karimova says: Today we participate in the intensive course, where we enhance speaking only English, have a lot of exercises and our teachers used as many interactives methods as possible to attract us to be more fluent and to improve our vocabulary and speaking skills.

During the conversation the representative of PO “Gurdofarid” Rahbar Majidova stated that the purpose of such lessons is to improve the language

The English for Journalist program is open to all journalists who work in Sugd region. Every year 30 journalists are supported to study English free of charge.

 

 

Читать далее

14 December 2019

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

13 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.

Читать далее

13 December 2019

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ омадааст:

Читать далее

Авҷи корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр сохтмону азнавсозии беш аз 461 биною иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол то санаи якуми декабри соли равон 144 иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, меҳмонхона, бинои иловагии беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳрӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, гулгаштҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар зебогиву ободонии шаҳр саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ зиёд аст. Бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Р.Расулов сохтмони хонаи истиқоматии шашошёна дар кӯчаи Сиёвуш аз ҷониби ҶДММ “Широз” сохтмони корхонаи хурди маҳсулоти ширӣ дар мавзеи “Қавола” сохта, ба истифода додани корхонаи мурғпарварӣ барои 8 500 сар мурғ аз ҷониби соҳибкор И.Абулҳаннонов ва дар деҳаи Баракат бунёд гаштани коргоҳҳои дӯзандагӣ, бандубасти меваи хушк ва ҳавзи моҳипарварӣ самараи даврони Истиқлолият мебошанд.

Давоми ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Панҷакент беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Зимни сафари хизматӣ ба ин шаҳр аён гардид, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти он босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан Э.Тӯхтаев дар ҷамоат беш аз дувоздаҳ иншооти гуногуни хизматрасонии маишӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дорад. Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Суюшов дар деҳаи Шӯрча ва соҳибкори дигар Меликов дар деҳаи Обшорон коргоҳи коркарди қуму шағал, коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона дар деҳаи Кабудсанг, кофтани чоҳҳои амудӣ, марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Хамиртеппа, Суфиён ва сохтмони чаҳор синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 – уми деҳаи Зебон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори дигар Бобоҷон Бадалов дар деҳаи Шӯрча хонаи саломатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар деҳаи Наврӯзтеппа бошад, сокинони деҳа се синфхонаи иловагиро барои таълиму тарбияи насли наврас ба истифода додаанд.

Инчунин, бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ҷамоат кофтани чоҳҳои амудӣ барои обёрӣ намудани заминҳои ташналаб ва бо оби ошомиданӣ таъмин кардани худи сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Шӯрча, Сӯфиён ва Кабудсанг ба роҳ монда шуда беш аз 5 чоҳи амудӣ кофта шудааст, - илова намуд Э.Тӯхтаев.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоти деҳоти Сӯҷина Шаҳло Абдураҳмонова давоми соли равон 6 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳо хуб ҷараён доранд.

Аз ҷумла бо кӯшишу ғайрати ҳамаҷонибаи соҳибкор Б.Шамсиев дар деҳаи Сӯҷина Маркази хизматрасонӣ бо фарогири 5 ҷойи нави корӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба гуфти номбурда аз ҷониби соҳибкор Самарҷон Эшов сохтмони маркази хизматрасонӣ иборат аз ду ошёна, чойхона ва тарабхона, аз ҷониби Каромат Турсунова сехи дӯзандагию атласбофӣ сохта шуда истодааст. Дар ҳудуди ҷамоат бунёди 10 маркази савдо ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 3 тои он ба пуррагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи байни деҳаҳо шағалпӯш гардида, дар деҳаи Қумсой бо ташаббуси мардуми ба сафари Ҳаҷ номнавис гардида 5 километр роҳ мумфарш ва як сартарошхонаи замонавӣ барои сокинон дари худро боз намудааст. Ҳамчунин, сохтмони як қатор иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва хизматрасонии маишӣ ба нақша гирифта шуда, он марҳала ба марҳала сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, - илова намуд Ш. Абдураҳмонова.

- Сокинони меҳнатқари- ни шаҳри Панҷакент дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостонӣ сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланд баҳри саҳм гузоштан дар пешрафти кишвари азиз талош доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Хуҷанд - Панҷакент – Хуҷанд

Читать далее

МАСЪУЛИЯТ ДАР ҶОДАИ ТАЪЛИМ

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад. Дар иҷрои вазифаҳои соҳавӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт кадом корҳоро ба иҷро расондаанд? Ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои ноҳия чӣ гуна сурат мегирад? Бо ин ва дигар масъалаҳои соҳа суҳбате доштем бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Муяссар Ҳайдарзода.

- Қаблан Шумо ва шогирдонатонро бо муваффақияти навбатӣ - соҳиб шудан ба унвони ифтихории «Шоҳҷоиза» - и даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва ба даст овардани ғолибият дар олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соли таҳсили 2018 - 2019 шодбош мегӯем.

- Ташаккур, боиси хурсандист, ки ҳамасола омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои фаннию номӣ иштирок карда, ғолибият ба даст меоранд ва шаъну шарафи Ватани азизро боло мебардоранд. Мақоми баланди ифтихорӣ - «Шоҳҷоиза» - ро соҳиб шудани омӯзгори фанни забон ва адабиёти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 - уми ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ашт Моҳрӯ Қурбонзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ба хурсандии маорифчиён шодии бештаре зам кард. Қайд бояд намуд, ки ҳарчанд Моҳрӯ мутахассиси ҷавон аст, аммо бо истеъдоди баланди суханофаринии худ тавонист байни ҳамагон маҳбубият пайдо намояд. Ҳамчунин, иштироки фаъоли муаллимону мураббиён дар озмунҳои «Мураббии сол», «Мутахассиси ҷавони сол», «Омӯзгори сол» назаррас буда, иштироки мураббияи МДТТ № 12 Мастона Назарова дар даври вилоятии озмуни «Мураббияи сол» боиси ба дараҷаҳои баланди комёбӣ расидани маорифчиёни ноҳия гардид.

Боиси хушнудист, ки агар дар соли таҳсили 2017 - 2018 - ум хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби 6 медал гашта бошанд, соли таҳсили 2018 - 2019 - ум онҳо соҳиби 14 медал шуданд. Ҳамчунин қайд бояд кард, ки дар озмуни вилоятии телевизионии «Тараннуми Ватан» хонандаи синфи 10 - уми Литсейи №2 - юм Шаҳлои Шамсиддин ғолиб дониста шуд. Зиёда аз ин давоми соли таҳсил омӯзгорону муҳассилини ноҳия дар озмунҳои вилоятии «Забондони беҳтарин», «Эссеи беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин» иштирок карда, ба гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гардиданд, ки туҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аст.

- Аз ҷашни таърихӣ сухан гуфтед. Омодагии маорифчиён дар ин самт дар кадом поя қарор дорад?

- Бо хурсандӣ бояд иброз намоям, ки дар ояндаи наздик мактабиёни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 - уми деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғоз дар синфхонаҳои тозаю барҳаво ва муҷаҳҳазонидашуда бо воситаҳои техникӣ таҳсил хоҳанд кард. Бинои муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, барои таҳсили мактабиён монеа эҷод мекард.

Сохтмони бинои нав моҳи апрели соли 2018 оғоз ёфта, алҳол сохтмончиёни ҶДММ «Сабрина» - и шаҳри Ваҳдат ҷидду ҷаҳд ва талош бар он доранд, ки сохтмони биноро ҳарчӣ зудтар бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Боиси тазаккур аст, ки маблағгузор барои сохтмони муассисаи таълимӣ фонди рушди Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, он барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии № 25 - уми Ҷамоати деҳоти Ашт низ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз ҷониби ҶДММ «ТиСМ» оғоз ёфта, корҳои бетонрезӣ дар мавзеи сохтмон бомаром ҷараён доранд. Умед бар он мебандем, ки сохта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ барои донишомӯзии толибилмон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳад кард.

- Пойдевори нахустин дар таълиму тарбияи кӯдак дар кӯдакистону боғча гузошта мешавад. Оё муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия кофӣ ҳастанд?

- Муаммои асосии соҳаи маориф кифоя набудани муассисаҳои томактабист. Ҳарчанд алҳол дар ҳудуди ноҳия 14 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла як кӯдакистони хусусӣ бо номи «Фарангис - 2003», ки дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор амал менамояду бо иқдоми соҳибкор Муродалӣ Тағоймуродов сохта, ба истифода дода шудааст, бо таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад, аммо талаботи мардум хеле зиёд аст. Дар муассисаҳои томактабӣ дар 74 гурӯҳ 2125 тарбиятгиранда аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ бархурдор бошанд ҳам, 450 кӯдаки синни томактабӣ дар навбат меистанд.

Барои бартараф намудани ин ҳолат соҳибкоронро зарур аст, ки камари ҳиммат банданд ва дасти сахо кушода, барои меҳнатдӯсту ватандӯст, меҳрубону меҳанпараст ба воя расидани фарзандони мардум кӯшиш намоянд, иқдоми хайрро пеша намуда, дар сохтмони бинои кӯдакистонҳо саҳмгузор бошанд. Бо сохта ба истифода додани боғчаю кӯдакистонҳо муаммои муроҷиати зиёди шаҳрвандон барои ҷойгир намудани кӯдакони синни боғчарав ва таъсиси муассисаҳои хусусӣ аз байн рафта, барои пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Боиси хурсандист, ки кумитаи волидон аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати диққати ҷиддӣ додан ба зиёд намудани шумори муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон илҳом гирифта, бинои масҷидро дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод таъмиру азнавсозӣ намуданд ва имрӯз наздик 60 нафар кӯдаки синни боғчарав дар кӯдакистони №5 - и «Лола», ки Моҳира Назирова сарвариашро ба уҳда дорад, тарбия мегиранд.

- Муассисаҳои таълимии ноҳия давраи зимистонро чӣ гуна паси сар хоҳанд кард?

- Маорифчиёни ноҳия аз сардиҳои фасли сармо парвое надоранд. Зеро ҳам муассисаҳои таълимӣ ва ҳам муассисаҳои томактабӣ аллакай аз оғози моҳи май ба ин давр омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

Эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 - ум 518 тонна ангишт ва 810,7 мукаабметр ҳезум буда, алҳол дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ 532 тонна ангишт ва 872,7 мукаабметр ҳезум захира гардидааст. Дар муассисаҳои таълимию томактабӣ тирезаҳо пурра шишабандӣ шуда, таҷҳизоти гармидиҳӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд, дар синфхонаю утоқҳои фаннӣ ва гурӯҳҳо ҳароратсанҷ гузошта, барои ҳифзи ҳаёти кӯдакону наврасон чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор андешида шудаанд.

- Мушкилоти соҳаи маорифи ноҳияро дар чӣ мебинед?

- Барои пешбурди фаъолияти муассисаҳои томактабию таълимии ноҳия сари вақт аз таъмир баровардани бинои муассисаҳо, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ пуррагардонии синфхонаҳои ба тариқи ҳашар пӯшидашуда, бо аёнияти замонавӣ ва маводи варзишию омодагии ибтидоии ҳарбӣ, бо асбобҳои мусиқӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин намудани синфхонаю озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин бо компютерҳои замонавӣ таъмин намудани муассисаҳо ва ташкили мактаби хонандагони болаёқат дар маркази ноҳия дар мадди назари масъулини соҳа қарор дорад.

Мусоҳибон:

Шоира САЛИМОВА,

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд - Ашт – Хуҷанд

Читать далее

ЛИБОС – ИНЪИКОСИ ФАРҲАНГИ ҲАР ФАРД

Либос баёнгари фарҳанг буда, дар ҳар минтақа урфу одат ва тарзи либоспӯшӣ фарқ дорад. Фарҳанги либоспушӣ дар ҷомеа мақоми муҳим дошта, олами маънавии шахсро нишон медиҳад. Ҳарчанд аз фарҳанги либоспӯшӣ тавассути воситаҳои ахбори омма зиёд гуфтаанду мегӯянд, аммо то ҳанӯз чунин камбудӣ дар байни ҷомеа дида мешавад. Ҳар миллат вобаста ба худ урфу одат ва завқи либоспӯшӣ дорад ва он ба таври бояду шояд риоя гардад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ нисбат ба зиёд гардидани бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар либоспӯшӣ байни занону духтарон сухан гуфтаанд. Махсусан, иброз дошта буданд, ки «халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд”.

Солҳои охир пӯшидани сатр аз ҷониби духтарон ва занон мӯд гашта бошад, масъалаи дигар аз ҳад гузаштан дар пӯшидани либосҳои аврупоии ғайритоҷикона аз ҷониби ҷавонон мебошад. Ин раванд низ бегонапарастӣ буда, ба таҳкими рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд ҳамавақт дар либоспӯшӣ чорчӯбаи маънавию ахлоқӣ нигоҳ дошта шавад. Аз ин лиҳоз бо мақсади пешгирии раванди бегонапарастӣ дар ҷомеа, махсусан байни ҷавонон, бо мутахассисони соҳа ҳамсуҳбат гардидем.

Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сӯҳроб Рустамзода гуфт, ки суннатҳои либосдӯзию либоспӯшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва эътиқодӣ мебошанд. Аҷдодони мо аз азал зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрӯз ба мо оварда расондаанд. Либосҳои анъанавии мардуми тоҷик имрӯз низ дар шаҳру навоҳӣ ва деҳот истифодаи васеъ доранд. Имрӯз бо тараққиёти замон ҷомеа вобаста ба шинохту маърифати зиндагӣ барои худ шакли муайяни либосро интихоб менамоянд. Вале солҳои охир баъзе нафарон, хосатан ҷавонон ба тақлидкорӣ рӯ оварда, ба ҷои донишомӯзӣ, ба тарзи либоспӯшии ғарбиён тақлид намуда истодаанд, ки он аз як ҷониб ба паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа боис гардад, аз тарафи дигар, натиҷаи тарбияи нодуруст дар оила ва беаҳамиятии волидон аст. Ин ҳолат хеле ташвишовар буда, аз як тараф насли ҷавони имрӯза суннату анъанаҳои аҷдодиро ба ояндагон расонда наметавонанд. Аз ин рӯ, бояд имрӯз дастаҷамъона бо аҳли ҷомеа корбарӣ намуда, пеши роҳи ин гуна таассубкорӣ гирифта шавад. Бобати ин масоили рӯз мутахассисон ва намояндагони шуъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими шаҳру навоҳии вилоят пайваста вохӯриҳо гузаронида, барои гирифтани садди роҳи чунин амалҳо бо аҳли оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳар минтақа ва ҳар маврид бо либоси ба он муҳит муносибу мувофиқ ба бар намудан нишони маданият ва одобу ахлоқ буда, он набояд ба таври манфӣ ба дигарон таъсир расонад. Зикр намудан ҷоиз аст, ки дар баъзе минтақаҳои шаҳру навоҳии вилоят, аз он ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Деваштич, Мастчоҳ аз азал тарзи бастани рӯймол ва пӯшидани либосҳои бахусус занона аз анъанаҳои ниёгони аҷдодонашон буда, онро мардуми ин минтақа то имрӯз давом дода истодаанд.

Сабаби дигари бастани рӯймолро мардуми ноҳияҳои дурдаст асосан ҳимоя аз фаслҳои сармову гармо медонанд. Хосатан мебоист имрӯз дар ҷомеа падару модарон низ либоспӯшии фарзандонро назорат намоянд. Сабаби таассубкории ҷавонон, бештар аз беаҳмияти волидон дида мешавад ва бояд падару модарон ва шахсони масъулияти тарбияи онҳоро ба уҳдаи хеш гирифт, нагузоранд, ки фарзандонашон фарҳанги либоспӯшии кишварҳои хориҷаро азхуд созанд. Имрӯз либосҳое, ки занҳо ба бар мекунанд, бояд ба фарҳанги миллии тоҷикона ҷавобгӯ бошад. Яке аз сабабҳои аз байн рафтани ин суннати аҷдодӣ пешравии ҷомеа ва тарақиёти илму техника бошад, аз тарафи дигар аз надонистани фарҳанг ва урфу одатҳои анъанавии тоҷикон дар миёни занону духтарон аст.

Р. Неъматзода, сокини шаҳри Хуҷанд: - Дар кӯчаҳои шаҳри азизамон қадам мезанему ҷавонзанону духтарони пироҳани атласу адрас ба баркардаро дида, аз ҷилои ҳафтранги рангинкамони он, ба тан зебандагиаш ва тарзи устодонаву моҳирона дӯхта шуданаш дар диламон як навъ эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ҷӯш мезанад. Барҳақ, байни сокинони кулли сайёра мардуми тоҷик дар фарҳанги либоспӯшӣ, озодагӣ, тарзи хоси либоспӯшӣ мавқеи хосае доранд. Дар шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина будам, дар он ҷо ҳини зиёрати Каъба бо намояндагони мардуми олам рӯ ба рӯ шудам. Тамоми мардумони дунё тарзу усули хоси либоспӯшии худро доранд, вале мардуми тоҷик дар назарам бо чеҳраҳои пурнуру хандону зебо, пероҳанпӯшии базеб фарқ доштанд. Азбаски Тоҷикистон Ватани ман аст, шояд аз меҳри беандозаи ба сарзамини худ доштанам чунин меандешам. Вале чандин нафарон, намояндагони халқиятҳои мухталиф, аз ҷумла бонувони турку араб, ҳиндустониву покистонӣ, афғониву эронӣ ва африқоӣ, ки бо онон дӯстӣ пайдо намудам, гуфтанд, мардуми тоҷик зебову хубу меҳрубон ва фарҳанги либоспӯшиашон наҷиб аст.

Вале сад таассуф, ки бархе аз бонувони мо бегонапарастӣ намуда, ба мардуми дигар халқиятҳо, аз ҷумла араб таассуб мекунанд. Дар як вохӯрӣ раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода зикр карданд, мардуми худи мамолики арабзабон, ки бештар аз бист давлат мебошанд, тарзи либоспӯшии алоҳида - алоҳида доранд. Пас, чаро бо ифтихор аз фарҳангу тамаддуни худ, аз матоъҳои дар ҷаззобӣ дар ақсои олам нотакрори миллии худ атласу адрас ва чакан пероҳан напӯшем? Мо, бонувон масъулем, ки барои ояндагон анъанаҳои неки фарҳангу тамаддуни ниёгонамонро бояд ба мерос гузорем.

Холаи Мубораки 80 сола мегӯяд, ки барои эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маданияти либоспӯшии ҷавонон мо, барин шахсони рӯзгордида бояд ба атрофиён таъсир расонем. Имрӯз дар ҷомеа баъзе ҷавондухтаронро дидан мумкин аст, ки тамоман тоҷик будани худро фаромӯш карда, ниҳоят бо либосҳои танг ба кӯча мебароянд. Вале имрӯз ҷавонон чунон худро ҳамадону пешрафта ҳис менамоянд ва баъзан ба сухани калонсолон гӯш намеандозанд. Фикр мекунам, ки оқибати чунин либоспӯшӣ дуруст нест ва бо ин рафторашон фарҳанги бегона ва ахлоқу одоби ғайритоҷиконаро тарғиб мекунанд. Дар маркази шаҳрҳо низ дар баробари либосҳои аврупоӣ либосҳои миллӣ мавқеи худро нигоҳ доштаанду аммо як андоза дар шаклу сохтор ва тарзи дӯхти онҳо тағйирот ба вуҷуд омадаанд. Имрӯз пӯшидани шими дарида дар байни ҷавонон одат шудааст. Як замон кас шарм мекард, ки бо либоси тангу сӯрохдошта ба кӯча барояд. Ҳоло акси ҳолат шудааст. Ҷавонон шимҳои махсус сӯрохдоштаро барои гӯё муд буданаш мепӯшанд. Ба ҷои ҳифз намудани анъанаву фарҳанги миллӣ худамон фарҳанги бегонаро тарғиб менамоем. Илова бар ин дар асоси либосҳои миллӣ сару либоси замонавӣ эҷод шудаанд, ки он, бегуфтугӯ, идомаи анъана вобаста ба шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

Бино ба гуфтаи омӯзгори мактаби таҳсилоти миёна № 18 - уми шаҳри Хуҷанд Ҳабиба Рустамова имрӯз моро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, мубориза бар зидди зуҳуроти бегонапарастӣ тарбия намуда, малакаю дониши онҳоро барои рушду нумӯи кишвари маҳбубамон равона созем.

Мо, омӯзгорон ба хонандагон риояи қоидаҳои тартибот тарзи либоспӯшӣ дар доираи фарҳанги миллӣ, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани хонандагон, пешгирӣ намудани зуҳуроти бегонапарастӣ кӯшиш ба харҷ диҳем ва пайваста дарсҳои тарбиявиро ба роҳ монем.

Мардуми тоҷик низ дар таҳияи сару либос дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли пешравӣ қарор доранд. Умед аз он дорем, ки имрӯз ва дар оянда анъанаҳои беҳтарини либосҳои миллии тоҷикон такмил меёбанд ва аҳамияти худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гум намекунанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

12 December 2019

Кишоварзӣ: тадбирҳои самаровар ва натиҷаҳои амалӣ

Истифодаи замин дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, ғизои аҳолии мамлакат нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд самаранок истифода бурдани замин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор, умуман кишоварзон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Алалхусус, пахтакорони вилоят дар соли ҷашни бисту панҷ солагии Конститутисияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар аз замини кишти пахта назар ба солҳои пеш ҳосили афзунтаре рӯёниданд. Вобаста ба ин масъала мухбири рӯзнома бо мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода суҳбате дошт, ки муҳтавои он пешниҳод мешавад.

- Дастоварди аҳли заҳмати вилоятро Шумо чун мутахассиси соҳа дар соли равон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Аввалан бояд бигӯям, ки бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши маҳсулоти он дар мамлакат, албатта дар вилоятамон низ ислоҳоти замин роҳандозӣ гардид. Ин тадбир яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишварамон дар ҷодаи таъмини ғизоист, пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, муҳайё намудани шароити низоми истифодаи замин, ташкили шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ҳифз ва самаранок ба кор бурдани он мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳар ноҳияи кишоварзии мо ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин мусоидат намуда истодаанд. Деҳқонони пахтакори вилоят имсол тавонистанд, нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намоянд. Албатта, ба ин натиҷа беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин бо роҳи зиёд кардани замини кишти пахта боис шуд. Маълумот шаҳодат медиҳанд, ки барои ҳосили пахтаи соли 2019 - ум масоҳати заминҳои корами обӣ ба 58454 гектар расонида шуд, ки ин рақам дар қиёс ба соли гузашта 1260 гектар зиёд мебошад.

- Чунин натиҷа ва рақами воҳидро чӣ хел ташреҳ додан мумкин аст?

- Ҳар ноҳияи пахтакори вилоят аз захираву имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, дар бобати афзунгардонии масоҳати замини кишти пахта тадбирҳои амалиро муваффақона анҷом доданд. Дар натиҷаи васеъ намудани масоҳати кишти пахта назар ба соли гузашта дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров - 400 гектар, Мастчоҳ - 313, Зафаробод - 298, Спитамен -182, Ҷаббор Расулов - 99, Ашт - 20, Конибодом - 4 гектар ба амал бароварда, дар асоси талаботи пахтакориву агрономӣ таъмин карда шуд. Чуноне мақоли халқӣ мегӯяд, «Аз бисёр натиҷа шавад саодатбор» - ҳосили пахтаи парваришкардаву ҷамъовардаи кишоварзон дар ин соли ҷашнҳои таърихӣ - солгарди Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Бахтномаи Ватану миллат, ба ифодаи деҳқонӣ, «тарозубардор» шуда, ба ҳолати 1 - уми декабр ба 129301,9 тонна расид, ки ин 100,2 фоизи дурнамои пешбинигардидаро таъмин кард. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта 18263,3 тонна зиёд мебошад. Бо итминони комил изҳор менамоям, ки ба ин муваффақият дастуру супоришҳои дар ҷараёни сафарҳои кории ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба ноҳияҳои пахтакор баёндоштаи муҳтарам Президенти маҳбубамон асос гузоштаанд ва илҳоми кору меҳнати шоиста зам намуданд.

- Заминаи асосии ҳосилрасонӣ, кишту парвариши тухмиҳои хушсифати чигит ва иқдому тадбирҳо бо чӣ шаҳодат медиҳанд?

- Дар соҳаи пахтакорӣ дар бобати амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокии ҳар гектар замин ва ба ин васила афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон, бо ашёи хом таъминсозии корхонаҳои саноати сабук корбарӣ карда, марҳала ба марҳала тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Ҳамаи ин роҳи васеи амалӣ шудани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, замин ва шаклҳои нави хоҷагидориро босамар нишон медиҳанд.

Ба ҳар кор, пеш аз ҳама, аз нуқтаи назари иқтисодӣ бояд муомилаву муносибат намуд. Рақамҳои хароҷот ва фоидаи заҳмат чун мизони зиндагӣ ҳамеша дар назаранд, моро ба навкориву навҷӯӣ ва ташаббус роҳнамоянд. Аммо рақамҳои фоидаи моддие, ки аз меҳнат пайдо мешаванд, ба навъҳои серҳосилу ба шароити иқлим тобоваранд, аз ҷумла навъҳои чигити сара алоқаманд донистан равост.

Ба ин маънӣ, аз чигити сара пахтаи тарозубардору харидоргир гуфтаанд. Соли равони ҳосилрасонӣ дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят асосан навъҳои «Хуҷанд - 67» дар 4391 гектар, «Ориёӣ» - 7724, «Неъмат» - 1744, «Ирам» - 2076 гектар кошта шуд. Инчунин, навъҳои хориҷиву санҷидашудаи «СД - 406» дар масоҳати 1642 гектар, «Синюйза» - 5169, «Флеш» - 6929, «Глория» - 2946 ва «Дӯстӣ» - 5554 гектар кишт гардида, мувофиқи матлаб парвариш карда шуданд.

- Кадом иқдомоти ҷадид, ба фикри Шумо, дар самти асосии беҳдошти сифати пахта, харидоргир будани ашёи хоми саноатӣ зарур аст?

- Пеш аз ба ин савол посух гуфтан мехоҳам, изҳор намоям, ки ҳоло дар вилоят 25 ҷамоати пахтакор ва зиёда аз 12 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ дурнамои пешбинишударо таъмин карданд.

Афзунгардонии ҳосили пахтаи имсола дар ноҳияҳои Мастчоҳ – 6064,7 тонна, Бобоҷон Ғафуров -2591, Спитамен 2296,7, Ашт - 1848, Зафаробод – 1691, Ҷаббор Расулов 1518 тоннаро ташкил намуд, ки ин рақамҳо ва нишондодҳо аз ҷаҳду азму суботи заҳматкашони пахтапарвар вусъати дастовардҳоро бозгӯй мебошанд. Яъне, кишоварзони вилоят аз шароити обу ҳавои мусоид истифода бурда, кишти пунбадонаро дар муҳлатҳои хуби оптималӣ гузарониданд. Ин як василаи фаровонҳосилист. Вале аз сабаби паст омадани обу ҳаво ва боришоти зиёд дар даҳаи сеюми моҳи апрел ва аввали моҳи май дар миқёси вилоят дар зиёда аз 8 ҳазор гектар кишти дубораи чигит гузаронида шуд. Танҳо бо кордонӣ ва таҷрибаи бои пахтакорӣ, малакаву маҳорати деҳқонӣ домони заминҳои корам, пахтазорони ноҳияҳои пахтапарвар ҳосил фаровону дилхоҳ гардид. Ин мактаби хоси пахтакорони моро пурмаънову устувор нишон медиҳад: агар бо фоиз шарҳ диҳем – ноҳияҳои Ашт - 108,9 фоиз, Конибодом – 105,3, Спитамен - 101,8, Бобоҷон Ғафуров - 101, Ҷаббор Расулов - 100,6 фоиз иҷрои нақшаро таъмин намуданд. Ду ноҳияи бузурги пахтапарвар - Зафаробод ва Мастчоҳ нақшаи пахтасупории имсоларо мутаносибан ба 96 ва 95,6 фоизӣ расониданд.

Ҳаҷми умумии ҳосили ғундоштаву супурдаи ин ноҳияҳо дар атрофи 29193 ва 25322,7 тоннаро ташкил медиҳад. Дар шароити пахтакории ин ноҳияҳо чунин натиҷаҳо мизони пуртақдири заҳмату азму кӯшишҳои вусъатпазиранд.

- Ниҳоят, хулоса карда гӯем, ки замин соҳибашро ёфт. Самти асосии беҳдошти ҳаҷм ва сифати пахтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кадом мавқеъ қарор доранд, пешрафти кор ба чӣ вобаста мебошад?

- Бале, хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби замину зироатпарвар шуданд. Хоҷагии деҳқонӣ барои аъзояш худ ҳама чиз аст. Аммо, пеш аз ҳама онро эъзози замин бояд бигӯем. Дар натиҷаи ин меҳнат сарчашмаи асосии зиндагонии хурду бузургсолон мегардад.

Худи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ - дар умум пахтакорон инро бо далелу рақамҳо шарҳ медиҳанд ва ба ин муътақид ҳам ҳастанд.

Хулосаи ҷавоби саволатонро чунин иброз медорам: – Дастгириҳои пайвастаи Раиси вилоятамон барои пахтакорон бо нияти нек шароити меҳнати деҳқонони пахтапарвар хубтар шуд, онҳо рӯҳбаландона дар саҳро меҳнат карданд. ҳама медонем, ки дар натиҷаи ниҳоӣ чигитҳои сараву аълосифат файзбахши заҳматҳо дониста шуданд. Итминони комил дорам, ки пахтакорони вилоят солро хубу фараҳбахш ҷамъбаст намуда, мавсими ҳосилрасонии соли 2020 - ро бо иродаи қавию нияти нек оғоз мекунанд. Гуфтаанд, ки пахтакорон бо замину обу ҳосил тавъаманду ҳар деҳқон бо кор банд аст, умед бар оянда фараҳманд аст.

- Барои суҳбату таҳлилҳои воқеӣ аз Шумо сипосгузорам.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее