December 2019

17 December 2019

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят дар соли 2019

17 декабри соли 2019 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят дар соли 2019 баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти вилоят фаъолияти футболбозон, мураббиён ва кормандони соҳа натиҷабардорӣ ва қадршиносӣ карда мешаванд.

Читать далее

АДИБИ СОҲИБНАЗАР

«Қалами ӯ чунин иқтидор пайдо кардааст, ки аз резапораҳои зиндагӣ маънои муҳиме бароварда, пеш аз ҳама, одамиятро устувор мекунад». Ин суханон дар бораи кӣ гуфта шудааст ва ба қалами кадомин тааллуқ дорад? Кист ӯ, ки дар борааш чунин бо муҳаббат андеша меронанду васфаш менамоянд?

Бале, ин андешаҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ, ҳамон адабиётшиноси номварест, ки дар бораи Баҳром Фирӯз инсони асил, адиби номвари тоҷик, барандаи ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ сухан рондааст.

Ин навбат дӯстону ҳамкорон ва пайвандони нависандаи соҳибзавқ маҳфили 178 - умини илмиву адабии «Ганҷи сухан» - ро бахшида ба 80 - солагии Баҳром Фирӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор намуда, руҳи поки нависандаи маҳбубро шод ва хотири пайвандонро хушнуд гардониданд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки дар радифи ҷашнҳои бузурги кишвар таҷлили 80 - умин солгарди нависандаи соҳибқалам Баҳром Фирӯз намояндагони илму адабро бори дигар ба гузаштаи начандон дур - давраи зиндагӣ ва эҷодии нависанда бурда, насли навинро бо он замон мепайвандад.

Ноиб - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Хайрулло Сабуров бобати ҳаёт ва эҷодиёти адиб сухан ронда, дар бораи таҳсили давраи кӯдакию ҷавонӣ, омӯзгорию корманди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, фаъолият дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» ва маҷаллаи «Сайҳун» фаъолият бурдани Баҳром Фирӯз гуфта гузашт.

«Шеър фаҳмидан гаҳе беҳтар бувад аз гуфтанаш» унвон дошт маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Нуралӣ Нурзод оид ба назари хеш ба силсилакитоби «Гарди домон» - и Мақсудҷон Орифӣ. Қайд гардид, ки китоби мазкур алҳол дар ҳафт ҷилд нашр ва манзури хонанда гардидааст.

Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар хотираҳои худро дар бораи зиндагиномаи Баҳром Фирӯз, доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар бораи эҷодиёти беназири нависанда, Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи шахсияти нотакрор будани адиб ва нависанда, Аюб Кенҷа давраҳои ҳамкории хешро бо Баҳром Фирӯз ёдовар шуда, хотири иштирокдоронро шод гардонданд. Ҳамсари адиб Саиданисо Бобоева ба ташкилкунандагони маҳфили «Ганҷи сухан» ва нафароне, ки ёди нависандаи шинохта Баҳром Фирӯзро зинда медоранд, изҳори сипос гуфт.

Суруду оҳангҳои дилнавози ансамбли «Навои ҷавонӣ» - и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба маҳфил ҳусни тоза бахшид.

Гулбаҳор РАЗЗОҚБЕРДИЕВА,
омӯзгори Гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави “Амонатбонк” бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Арзёбии фарогир ва бунёдӣ

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанбаи иқдомҳои башардӯстонаву сиёсати хирадмандона, оқилона ва мардумпарваронаи Президенти маҳбубамон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба неъмати ҳаётбахши табиат - об ва истифодаи пурсамари он ба манфиати ҷомеаи башарӣ мисли офтоби ҷаҳонтоб нурбор падидор аст, нерӯпазир асту файзбахш.

Махсусан, таҷассум ёфтани ташаббуси чаҳоруми беназиру беқиёс барои давоми даҳсоли навбатӣ - солҳои дуҳазору ҳаҷдаҳ то дуҳазору бистуҳашт барои аҳли башар аз минбари бонуфузи ҷаҳонӣ дар раванди захираҳои об ҳар каси бедордилу маърифатпарварро ба масъулият, ҳувият ва садоқати инсонӣ ҳидоят месозад. Аз ҷумла иштирок ва суханронӣ намудани Пешвои муаззами мо дар ҷаласаи чилуми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масоили тағйирёбии иқлим маро уҳдадор сохт, фикру мулоҳизаҳои худро ҳамчун як зиёии деҳот дар саҳифаи «Ҳақиқати Суғд» - и азизам бинависам.

 Барои мардуми кишварамон хушбахтиву ифтихордорист, ки нақши Тоҷикистони маҳбуби соҳибистиқлоламон дар пешбурди ташаббусҳои обии глобалӣ барҷаставу вусъатбор мавқеъ пазируфтааст. Аз ҳама рисолати иқдомҳо, ташаббусҳои пайваста матраҳ гардидани мавзӯи об бунёдӣ маъно бардоштааст. Аз саҳифаҳои рӯзнома хуб огоҳӣ бардоштам, ки роҷеъ ба мавзӯи мубрами умумибашар - тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, хосатан дар Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи «Тағйирёбии иқлим» бо пешниҳодҳои нав баромад карданд - ин боз як тадбири глобалӣ аз ҷониби Пешвои муаззами тоҷикон мебошад.

Яъне, ҷониби Тоҷикистон дар доираи татбиқи Даҳсолаи нав тасмим гирифтааст, ки 18 - 20 - уми июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дувуми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» - ро баргузор намояд. Дар Конфронси бонуфуз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарогирии миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи об, пешбурди масоили об ҷонибдории вусъатбахшро изҳор намуданд. Бо дарназардошти масъалаҳои умдаи обу энергетика, истифодаи самарабахши об, мусоидат ба тавлиди энергияи «сабз» кишвари мо дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.

Биноан, ин неъмати беназирро ҳар қадар, ки тавонем, хурду бузургсолони ҷомеаи имрӯзаамон, ҳифзу гиромӣ дорем. Ман ҳамчун омӯзгори собиқадори табиатшиносӣ ва биология дар ин раванди ҷиддӣ ва ҳаётӣ - оқилона, бо ҳисси масъулияту эъзоз истифода бурдани об, ба ифлосшавии он роҳ надодан аз таҷрибаи хеш чанде сухан ба қалам медиҳам. Аввалан, агар об ифлос шавад, метавонад он ба кас басе кулфат оварад, ҷисму ҷонро ба варта биёрад.

Дар тобистон бачаҳо ҷойи худро асосан дар об меёбанд, бозиву фараҳмандиро бо қатраҳои об ва мавҷи оби сой, наҳру анҳор мебинанд. Оби ифлос хатари сирояти беморӣ ва дучор шудан ба касалиҳои гуногун, алалхусус зардпарвину хориш, хелҳои дигари маризиро меоварад. Об, ки неъмати муқаддас, офариниши табиат мебошад, ба он муносибати меҳрубонона, хайрхоҳона ва дилсофона мебояд. Бино ба башорати «Авесто» - об азони бадафкор мабод, об азони бадгуфтор мабод, об азони бадкирдор мабод! Академик А.П.Карпинский чунин гуфтааст: «Об хуни зиндаест, ки дар ҷои нобуд ҳаёт меофарад». Дар ҳамоиши басо манфиатбор Сарвари давлатамон - Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйирёбии иқлим якчанд пешниҳоди асоснокро манзур карданд. Ва аз хабари рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» вобаста ба заминаи мусоид барои рушди иқтисоди «сабз» бардоште гирифтам, ки он ба шаш пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон рабти устувор дорад.

Дар маҷмуъ, барои ҳифзи захираҳои оби тоза ташаббуси бузурги Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон башардӯстона буда, барои таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор мегирад.

Раҳматулло ЁРОВ,
собиқадори соҳаи маориф

Читать далее

Ифтихор аз соҳибдавлатист!

Суруди миллӣ дар баробари Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ барои шаҳрвандони кишвар муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни ВМКБ, пеш аз оғози машғулиятҳо ба таври зинда зам - зама кардани Суруди миллӣ қобили дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст.

Пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, чорабиниҳои сатҳи гуногун хондани Суруди миллӣ дар дили хонандагон ва дигар шаҳрвандони кишвар ҳисси ватандӯстӣ, ғурур ва ифтихори миллиро баланд мебардорад.

Мазмуни Суруди миллӣ моро ба дӯстдории Ватан, баланд бардоштани номи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон, ёдоварӣ аз муборизаҳои тӯлонии халқамон барои Истиқлолият, аҷдодони бонангу номусамон, боварии устувор ба фардои дурахшон аз ҷониби насли наврас, ваҳдати миллӣ, оромиву суботи кишвар мебошад. Мазмуни матни Суруди миллӣ қисми таркибии мафкураи миллии халқи тоҷик аст.

Ҳар як сатр ва нақароти он, меҳру садоқати шаҳрвандон, махсусан, насли ҷавон ва ояндасози кишварро бо эҳсоси баланди меҳру садоқат, таҳаммулпазирӣ, арҷгузорӣ ба таърихи бостон ва фарҳанги миллӣ равона месозад.

Дар замони муосир, ки Истиқлолияти давлатӣ ва суботи кишварҳои ҷаҳонро буҳрони сиёсӣ ва сиёсатҳои пасипардагии гурӯҳҳои бадхоҳ таҳдид менамоянд, дар заминаи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ зам - замаи Суруди миллӣ тарбия намудани насли ҷавону ояндасози кишвар айни муддао аст.

И.ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

16 December 2019

Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъол

Санаи 16 - уми декабри соли равон дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъоли вилоят дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!» баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, ҷавонони фаъол ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Читать далее

“Ҷавонон зидди терроризм” – таҳти чунин унвон ҷавонони вилоят дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ доир намуданд

Имрӯз таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосо босуръат тараққӣ намуда, осоиштагиву ободии мардум таъмин гардида истодааст.

Бар замми ин ҳастанд, нафароне, ки ин пешравию оромии кишварро нодида мегиранд, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидоштаро ба амал меоранд.

Имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирӣ намудани ин вабои аср ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад. Ҷавонон, ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, имрӯз зидди ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориз ҳастанд.

 Бо мақсади муборизаи беамон бурдан бар зидди ин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар маркази вилояти Суғд роҳпаймоии ҷавонони фаъол таҳти унвони “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” доир гардид. Инчунин, дар роҳпаймоӣ роҳбарият, кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олии вилоят бо шиору овезаҳои “Нест бод, терроризм ва экстремизм!”, “Ҷавонон зидди терроризм”, “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” то ба назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ намуда, якҷоя ва якдилона мубориза мебарем, гӯён овоз медоданд.

Гарчанде, ҳаво сард бошад ҳам ҷавонони матинирода хунукиро ҳис накарда, шиору овезаҳои тарғибкунанда ва маҳкумкунандаро болои сар бардошта мегуфтанд, ки “Нест бод терроризм – зинда бод соҳибистиқлолӣ”!

Дар ин рӯз бо чанде аз ҷавонон ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома менамоем.

Мирзоҷон Мирзобоев яке аз ҷавонони фаъоли вилоят зикр дошт, ки имрӯз яке аз мушкилоти пурхатаре, ки ҷомеаи башариро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб, аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рӯйи кор омадани гурӯҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд. Ин омилҳои хатарзо, ки ҳамарӯза дар ҳаёти инсоният арзи вуҷуд карда истодааст, саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда, ба ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, гурӯҳҳои муташаккилонаи худро афзун намоянд.

Маълум аст, ки ин ҳадафҳои зишт дар зиндагии имрӯза қобили қабул нест. Аз ин лиҳоз, имрӯз мардуми сайёра дастаҷамъона бар муқобили ин омилҳо мубориза бурда истодаанд. Мақсади ин ташкилоту созмонҳо зишт ва нопок аст, поя надорад, зуд - зуд пароканда шуда, оқибат бебақо хоҳанд монд, аммо саркардагони онҳо боз падидаҳои ҷадидеро пайдо намуда, сафи худро пурра ва ҳаракатро бо роҳи нав рӯйи кор оварда истодаанд,- илова намуд мавсуф.

Ҷойи таассуф аст, ки агар аз як ҷониб ин амалҳои манфурона шумораи куштори занону кӯдакон ва одамони бегуноҳро дар ҷаҳон афзун кунад, аз дигар тараф тибқи иттилооте, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш мешаванд, маълум аст, ки ба сафи ин гурӯҳҳо бештар ҷавонону наврасон шомил гардидаанд, ки ин амали онҳо нобахшиданист. Онҳо таҳти фишор ва фармонравоии хоҷагони хеш қарор гирифта, пешаи хиёнаткориро касб намуда, ноором сохтани амнияти зиндагии инсониятро ба худ касб намудаанд. Онҳо аз қабили ҷавононе мебошанд, ки аз таълиму тарбия дур монда, сатҳи дониши паст доранд.

Бедонишӣ онҳоро ба чунин роҳи пурхатари бебозгашт бурда, имрӯз маҷбуран ҷони худро қурбони ин амалҳои барои миллату Ватани хеш нангин кардаанд, - иброз намуд Оростамоҳ Қодирзода.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ба гурӯҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, бештар ҷавонон шомил гардида, имрӯз чӣ тавр раҳоӣ ёфтани худро намедонанд. Мутаассифона, дар радифи онҳо шомил шудани ҷавонони тоҷикистонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Тарк кардани давлат ва шомил шудан ба чунин созмону ҳаракатҳо амали хоинона ва нобахшиданӣ маҳсуб меёбад.

Магар молу пул ба як каф хоки Ватан баробар шуда метавонад? Магар барои Ватане, ки ҳамаи мо дар оғӯшаш ба камол расидаему бароямон тамоми шароити зиндагиро фароҳам овард, баркамол кард, чунин амалҳои нанговар равост?

 Истамҷони Наҷмиддин,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

НАГИРАД ДАР ҲАЛОВАТ ҚАНД ҶОИ ЛАЗЗАТИ АСАЛ!

Дар иҷрои вазифаву супоришҳои хизматиам бо намояндагони касбу корҳои гуногун, мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҳаёти хоҷагии халқи вилоят вохӯрдаву суҳбату муошират намудаам. Ин навбат вохӯриам бо марди донандаи паҳлуҳои касби хеш – занбӯриасалпарвари соҳибмалака Абдуғанӣ Тошматов - сокини шаҳри Хуҷанд, иттифоқ афтод. Ин дӯстдори табиати зинда, шавқманду идомабахши кори накӯи гузаштагони миллати тоҷик наздик панҷоҳ сол инҷониб бо занбӯрпаварӣ шуғл дорад.

Вақте ӯ доир ба кору меҳнати занбӯрпарварӣ, усулҳои хоси ин амал, маҳбубият доштани ҷонзоти табиӣ - занбӯри асал, муносибати инсон бо табиат нақл намуд, худро дар олами мавсими гулу ҳусни баҳороғӯш эҳсос кардам: дар шохсарони гулбасари ниҳолони рангобаранг ҷонварони хурдакаки маҳинбол - занбӯрҳои серкору пурмашаққат паридаву нишаста, аз соғараки гулчаҳо гарди шифоӣ мечашанд, шаҳди гулҳоро бо худ мебаранд дар парвоз. Манзарае, табиате афсунбор.

Шаҳд ва бӯстони ҳақиқӣ

Барои ба роҳ мондани яке аз самтҳои ба мардуму ҷомеа пурнусрату манфиатбор – занбӯриасалпарварӣ, ривоҷу равнақ додани амали пурсавоб, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, шифоӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муҷалло – асал Ҳукумати ҷумҳурӣ қонуни пурвусъати соҳавиро қабул намудааст ва имрӯз дар тамоми қаламрави кишварамон дар ҳаёт татбиқ гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ҳифз, истифода ва афзоиши оилаҳои занбӯри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ, фароҳам овардани шароит барои афзун гардонидани маҳсулоти занбӯри асал, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқҳое, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, танзим менамояд.

- Барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишварамон эътибори алоҳидаи ҳадафманду супоришҳои дахлдор равона гардида, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, - гуфт дар суҳбат пири кор Абдуғанӣ Тошматов, - дастгириҳои Раиси вилоятамон буданд, ки мо занбӯриасалпарварон ба меҳнати пурмашаққат нерӯмандона камар баста, дар мазраи ҳаёту рӯзгор ҷойгоҳи худро дарёфтем. Ман бошам, касби бобоиву падариамро бо азму нияти нек идома дода, бо аҳли оила – фарзандону пайвандонам ба ин шуғли хоса меҳр бастам.

Дар зиндагӣ ба ҳарчӣ муваффақ шуда бошам, аз пайи ҳамин касб медонам. Фарзандонамро хонондам, соҳиби оилаву рӯзгор, хонаву дари обод намудам. Шукрона менамоям, ки имрӯз давлату Ҳукумати кишварамон барои занбӯриасалпарварон ва пешрафти ин соҳа имтиёзҳои зиёдеро фароҳам овардаанд, ки боиси ҳавасмандиву рӯҳбаландии мутахассисони соҳа мебошад.

Бо эҳсоси афзун иброз менамоям, ки занбӯриасалпарварӣ аз ҳама намуди андоз озод буда, ин тадбир рушди соҳа, меҳнати пурсамари асалчиёнро бозгӯй аст. - Асалро мо дар бозори дохилӣ ва минтақаҳои ҷануби кишварамон, дар ярмаркаҳои сернуфузи серхаридор пешкаш менамоем. Чунин ярмаркаҳо барои дарёфти харидорон басо муфиду зарурист, - суҳбатро идома дода, изҳор дошт А. Тошматов, - асалҳои маҳаллии мо сифати баланд, рангу ҷило, бӯи роҳатбахш, таъми гуворо доранд.

Табиати биҳиштӣ, гулу гиёҳҳои кӯҳӣ, боғоти сердолу дарахти мо шаҳду рангу бӯи шифобахш доранду занбӯрҳои асалро ба қавле ҳаме дар оғӯши хеш мекашанд, афсунбаранду шавқафзоянд. Занбӯрони асал дар табиат, маҳсули онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ҷойгоҳи хоси худро доранд.

Заминаҳои таъмини кафолат

 - Барои ҳаҷми маҳсулоти хушсифат ва афзун гардонидани оилаи занбӯри асал пеш аз ҳама харидорони аниқ санҷидашуда ва боваринок заруранд, - фикри худро тақвият дода гуфт А.Тошматов, - агар занбӯрпарварон донанд, ки барои асали истеҳсолшуда харидори аниқ ҳаст, онҳо ба таври боваринок, албатта миқдори оилаҳои занбӯр, яъне қуттиҳоро бештар мекунанд. Дар ин самт, ба масъалаи зотпарварӣ, хушзотии занбӯрҳои асал аҳамияти ҷиддӣ додан муҳим аст. Яъне ташкилу фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ ба мақсад мувофиқ мебошанд. Масалан, зотҳои карпатӣ, макфасти олмониро афзун карда, бо ин роҳ оилаҳои занбӯри асалро нерӯманду солим ва сермаҳсул намудан имконпазир мегардад.

Агар хоҷагии зотпарварии занбӯр ташкил гардаду тақсимоти оилаҳои занбӯри асал ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, инфиродӣ ва оилавӣ дастрас карда шаванд, раванди устувори ин соҳаи муҳими ҳаёти кишоварзӣ, ҳифзи табиату растаниву долу дарахтони боғоти вилоят асоси муътамад мегирад. Бо ибораи дигар, зиёд кардани миқдори асалу сифати хуби оилаҳои занбӯрҳо аз ҳар ҷиҳат боманфиату мақсаднок маҳсуб меёбад. Албатта дар ин самт нақшу саҳми мутахассисони соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва риояву нигоҳубини агротехникаи парвариши онҳо намоён мегардад.

- Ҳамчун асалчии собиқадор, ки таҷрибаи хуби ин соҳаро омӯхтаам, як чизро ногуфта наметавонам, - риштаи суҳбатро ба самти дигари заҳмати шавқмандони соҳа кашид А.Тошматов,- ин ҳангоми бо притсепҳои калони пури қуттиҳои занбӯр аз ҷое ба ҷое бурдан аст. Хеле кори хуб ва хурсандии занбӯрпарварон аз он аст, ки имрӯз дар роҳҳо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои мансуби роҳу роҳдорӣ барои бешикасту рехт кашонидани қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал хеле дастгирӣ менамоянду хайрхоҳона мадад мерасонанд. Аз муносибату ёрмандиашон ҳамеша сипосмандӣ менамоем. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ торафт такмил меёбад, навгониҳо амалан татбиқашонро меёбанд. Пештар, агар тариқи мошинҳои боркашон қуттиҳои вазнини оилаи занбӯрро 4 - 5 нафарӣ бардошта, болои нақлиёт монанд, акнун вагон - павилёнҳо ба маҷрои кор ворид шудаанд, ки онҳоро мошин бемалол, кашида, то мавзеъҳои даркорӣ, ҷойҳои сердарахту сербутта, алафҳои табииву киштшуда дар қаламрави вилоятамон мебарад. Ҳам занбӯр зарар намебинад, ҳам заҳмати асалчиҳо гаронӣ намекунад.

Баъзе мушкилотро бо чашми кам набинем

Ҳамсуҳбати ман, ки ба тақдиру пешрафти соҳаи асалпарварӣ ҷонсӯз асту ҳаргиз бетараф нест, дар идомаи гуфтораш чанд мушкилотро баён намуд. - Аввал, ин ки, - лаб ба гуфтор кушод Абдуғанӣ Тошматов, - пештар ҷамъияти матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин ташкилотҳои маҳсулоттайёркуниву хариди маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ бо занбӯриасалпарварон хеле ҳамкории ҳадафмандона доштанд. Мо маҳсулоти худиро, яъне асалҳоро месупоридем ва баъди онро ташхис кардан мувофиқи сифаташ маблағи асалро пардохт мекарданд. Ин идораҳо ба маҳсулоти харидашуда ба сарбориаш арзиши муносибе монда, худ асалро содирот карда, бо лавозимоти зарурии соҳавӣ моро таъмин менамуданд.

Дар вилоятамон асали бисёре истеҳсол карда мешавад, вале барои содироти ин неъмати табиат тадбиру чораандешиҳои мушаххас амалӣ намегарданд. Барои содироти асал, масалан шахсан ман, ки 5 - 6 тонна асал дорам, барои ба дигар давлат фиристондан мушкилӣ мекашам, арзиши ҳамлу нақл ва бандубасти он, ҳуҷҷатгузориҳо наонқадар манфиатоваранд. Биноан, хуб мешуд, як сохторе ташкил шавад, ки харидорӣ ва бандубасти ба меъёру талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро ба роҳ монад. Бинед, ба наздикӣ аз Федератсияи Россия талабгорон –харидорони асал омада буданд, онҳо ҳавасмандии хешро изҳор намуданд. Ин ҷо мушкилоте вуҷуд дорад: онҳо асали шифобахши моро бо ҳавсалаи калон мақбул донистанд. Аммо аз як занбӯрпавар ба миқдори зиёд - бист тонна, яъне асали якхеларо, ки бо ифодаи асалчиҳо онро «моно» мегӯянд, ин танҳо дар як ва ё ду занбӯрпарвари вилоят шояд бошад, дар дигарон ин хели асал камтар аст. Аз ин бармеояд, ки занбӯрпарвар барои истеҳсоли асали якхелаву ҳамтаъму ҳамрангу ҳамбӯй диққати ҷиддӣ доданаш зарур аст.

Мо технологияи занбӯриасалпарварӣ, сохторҳову тарзу тариқи гирифтани асалро таркиби якмаромиву якхелаи онро ҳатман риоя карданамон муҳим мебошад. Ин соҳибзаҳмату муътақиди занбӯриасалпарварӣ боз чанд мулоҳизаҳои хешро изҳор намуд, - хуб мешуд, дар қаламрави вилоят мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти соҳаи занбӯрпарварӣ созмон ёбад.

Барои мубориза бар зидди бемориҳои занбӯриасал нуқтаҳои фурӯши дорувориву заҳрдоруҳо алҳол вуҷуд надоранд. Фаъолияти мутахассисони байтории соҳаи занбӯрпарварӣ дар сохтори кишоварзии вилоят хеле муҳим мебошад, зеро маслиҳату машварат ва тавсияҳои онҳо пешрафти корро таъмин мегардонанд. Охир, на ҳар доруворӣ ба иқлим ва шароити маҳал ва ё оилаи занбӯрҳо дуруст меояд! - Чуноне гуфтем, норасоии кадрҳо – мутахассисон боиси нигаронист. ,- суҳбатро ба интиҳо расонида гуфт занбӯриасалпарвари соҳибном.

- Мо бисёр омӯзишгоҳҳои касбиву ҳунармандӣ дорем, дар радифи дигар касбҳо хуб мебуд кадрҳои занбӯрпарвар омода карда, нозукиҳои ин касб, навгониҳо дар сатҳи баланди тахассусӣ омӯзонида шаванд. Шахсан худам ҷавонони маҳаллаамон, баъзе хешовандонро, ки шавқ ба ин амал доранд, касбамро, ҳунарамро, донишу таҷрибаамро бо дилу нияти нек омӯзонида истодаам.

Аз суҳбату гуфтору пешниҳодҳои ин марди соҳибҳунару соҳибтаҷриба амали нек, шавқафзои ҳусну табиату манзара, парваришгари атои Худованди карим занбӯрҳои шаҳдовар эҳсоси болиғ бардоштам, итминони комил дорам, ки Абдуғанӣ Тошматов бо аҳли оилааш, панҷ фарзандаш, ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани Ватани соҳибистиқлоламон содиқона, бо қобилияту малакаи пурманфиат азму суботашро боз ҳам суботкорона равона месозад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ШИРИНИПАЗОН БА ПОЙТАХТ МЕРАВАНД

Cанаи 11 – уми декабри соли равон дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 18 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Озмуни мазкур мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Шириниҳои миллӣ ва муосир» доир гардида, ба иштирокдорон аз рӯи ду бахш шириниҳои миллӣ ва муосир баҳогузорӣ карда шуд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ҳавасмандгардонии занону духтарон, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи шириниҳои миллӣ, гиромидошти эҳтироми зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, дар доираи эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Дар бахши «Беҳтарин ширинии миллӣ» ҷойи якум ба Дилноза Шокирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷойи дуюм ба Нигина Ярова аз шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ба Акбар Маннонов аз шаҳри Хуҷанд сазовор дониста шуданд. Дар бахши «Беҳтарин ширинии муосир» ҷойи аввал ба Мунира Ҳайдарова аз шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм Зиннатой Исмоилова аз шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюм Муқаддас Холиқова аз ноҳияи Спитамен дода шуд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Боиси қайд аст, ки озмун дар се давра маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ доир гардида, нафароне, ки дар даври вилоятӣ беҳтарин дониста шуданд, роҳхати даври ҷумҳуриявӣ интизор аст.

Дилафрӯз ЁҚУБОВА,
омӯзгори МТМУ №16,
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее