December 2019

19 December 2019

Туҳмату дасисаи бебунёд!

Солҳои охир масъалаи омехташавии дин бо сиёсат ва сиёсигардии дин ба мавзӯи баррасии муҳаққиқони олам табдил ёфтааст. Махсусан дар асри ХХ баъди фурӯпошии Империяи Усмонӣ ва таъсис ёфтани давлатҳои мусулмонӣ мавзӯи мазкур боз ҳам ҳассос гардид. Зеро, дар бештари кишварҳои нави мусулмонӣ ҳизбҳои сиёсии динӣ ташкил ёфтанд, ки на ҳамаи мардум аз онҳо пуштибонӣ доштанд.

Дар Тоҷикистон низ дар ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта мо аз он амалҳое, ки ТТЭ ҲНИ анҷом дод ва охирин ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишвар хуб огаҳӣ дорем.

Ҳар як ҳизби сиёсии динӣ даъвои онро дорад, ки онҳо динро пуштибонӣ намуда, ба чигунагии ҳолати риоя шудани қонунҳои динӣ баҳо медиҳанд. Дар ин робита ҳоло чӣ тавр бо андешаи Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки гӯё дар Тоҷикистон сиёсати исломҳаросӣ рафта истодааст, розӣ шудан мумкин аст?! Дар ҳоле, ки дар шаҳри Душанбе яке аз масҷидҳои бузургтарин дар Осиёи Марказӣ бунёд шуда истодааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани 1310 - солагии Имоми Аъзам ва ба ин ҷашнвора даъват шудани чеҳраҳои динии сатҳи минтақа ва ҷаҳон мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Ҳамчунин, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудани Қуръони карим ва китобҳои уламову донишмандони соҳаи дин аз назаррастарин корҳое мебошанд, ки барои боло бардоштани маърифати динии мардум анҷом дода шуданд. Дуруст мегӯянд, ки «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мо аст».

Мутаассифона, қисме аз нафарон динро на барои некии ҷомеа ва ободиву хушии зиндагии мардум, балки онро восита барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода мебаранд.

Аксарияти мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошанд ва аз ин дин садсолаҳо пайравӣ доранд.

Ислом на танҳо дар таърихи башарият, балки ҳамчунин дар раванди инкишофи фарҳанги миллати тоҷик мақоми назаррас дорад. Ислом динест, ки мардумро ба дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҳадафи асил ва муқаддаси Ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқи пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб, рафтори неку саҳеҳ ва сиришти поку комил мебошад.

Инсон дар оини ислом офаридае аст, ки мақому мартабаи бағоят баландеро дар миёни ҳама офаридаҳои олами ҳастӣ ва кулли мавҷудот соҳиб аст.

Ислом дини пок мебошад. Мушкиливу нуқсон ва айб дар худи мо аст.

Ш.САИДЗОДА,
дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Даъвоҳои пучи фирориёни ватанфурӯш

Дар ҷамъияти муосир гурӯҳҳое мавҷуданд, ки бо роҳи паҳн кардани дурӯғ ба роҳгум намудани мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар фазои маҷозӣ ба тафаккури одамон таъсир карда, афкори пучу хурофотзадаи худро ба сари мардум бор мекунанд. Яке аз чунин гурӯҳҳо ТТЭ ҲНИ мебошад, ки фаъолияти иғвогарона дорад.

Аксари чунин одамон то дараҷае беору бешарафанд, ки ҷиноятҳои зиёдро анҷом дода, боз худро мусичаи бегуноҳ метарошанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ таҷрибае вуҷуд надорад, ки ҳизбҳои сиёсии аз диди диниву мазҳабӣ баромадкунанда миллатеро шукуфон гардонида бошанд, зеро онҳо пешрафту дастовардҳои ҷаҳони имрӯзаи инсониро таъмин карда наметавонад.

Худро бечора гирифтан, мазлум нишон додан баҳри расидан ба мақсади нопок барои сарварони ин гурӯҳи террористӣ муҳим аст, зеро чуноне, ки далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, бераҳмтарин ва ваҳшонияттарин кушторҳо аз тарафи онҳое ба анҷом расонида шудааст, ки худро ҳомии дину мазҳаб мегуфтанд ва аз боварии мардум сӯиистифода мебурданд.

Вақте чунин инсонҳо роҷеъ ба миллат сухан мекунанд, тамоми гуфтаҳои эшон дурӯғ аст, чунки барои ин тоифа фаҳмиши миллате вуҷуд надорад, ки ҳамқадами ҷаҳони муосир бошад.

Ба ин шахсон дин ва бовариву эътиқоди мардум як навъ тиҷорат аст. Вақте ки онҳо дар хусуси демократия ва ҳуқуқи башар сухан мекунанд, боз ҳам дурӯғгӯӣ ва мардумфиребӣ мекунанд, зеро чунин одамон бо тафаккури террористӣ пайгири ҳукуматҳои истибдодианд. Ҳадафҳои онҳо ҳеҷ гоҳ ба мардумдӯстию арҷ гузоштан ва ҳуқуқи башар оварда намерасонанд.

Маҳз аз ҳамин сабаб, аз ҳуқуқи башар сухан кардани сарварони ин гурӯҳи террористӣ ба нодонӣ кашидани ҷомеаи ҷаҳонист. Галстук кардаву шиму костюм ба бар намудани Муҳиддин Кабирӣ як навъ фиребгарист, зеро бо ин намуди зоҳирии худ ӯ ба як инсони замонавӣ шабеҳият пайдо карданро мехоҳад. Агар чунин инсон ба сари давлату қудрат ояд, амалҳояш бар зидди суханонаш мебошанд.

Ҳамин тариқ, даъвоҳое, ки аз тарафи фирориёни ҳизби мамнӯи наҳзат дар хориҷи кишвар роҳандозӣ мегарданд, аз фиреби назар беш нест.

Бо ин роҳ онҳо инсонҳои зудбоварро ба худ моил намуда, на ба манфиатҳои миллӣ, балки ба манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ ба кор мебаранд.

Р.ИБРОҲИМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров

Читать далее

18 December 2019

Барзагове дар хам-хами Файзобод

(дар ҳошияи мусоҳибаи фачу подарҳаво ва зиёновари наҳзатӣ)

Читать далее

Барзагове дар хам-хами Файзобод (дар ҳошияи мусоҳибаи фачу подарҳаво ва зиёновари наҳзатӣ)

 Ҳама ҷо дӯкони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад,

Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад.

              Дирӯз, 15 декабри соли ҷорӣ дар фазои маҷозӣ суҳбати скайпии  ду махлуқи муханнас[1]-и сиёсатзадаи муқими Амрико ва Аврупо пахш гардид. Яке, раиси ҳизби фирорӣ ва манъшудаи наҳзат “оқо”-и гумном ва дигаре шахси мафтуни гранди амрикоӣ, ки бо ҷоҳилӣ ва саҳлангории истисноӣ ҷилванамоӣ менамуданд.  Ин “мусоҳиб” аз дохили “КАМАЗ” мусоҳиба оростааст. Аҷиб он аст, ки “блогер”-и навбаромад, ки муқими Амрико ва худро фаъоли сиёсӣ меномад, ба забони тоҷикӣ дуруст суҳбат карда наметавонад ва он чӣ, ки аз лексикони ӯ “метаровад”, дар қолаби шеваю лаҳҷаи нимарусиву олами ҷиноии ғализ  ғунҷоиш дорад. Кабирӣ ҳам аз ҳамсуҳбат кам наомад, қафо намонд, бо шеваи нимаафғониву лаҳҷаи теҳронӣ рӯнамоӣ кард. Ин дар суратест, ки ҳар ду аз Конститутсия ва Қонуни ҶТ “Дар бораи интихобот”, ки танзимгари раванди чорабинии муҳими сиёсӣ мебошанд, мутлақан бӯе намебаранд. Бо он ки “блохер” Каримзода ба забони давлатӣ ва миллӣ балад нест ва ҳангоми ироаи матлаб аз шеваю лаҳҷа дар шакли дурушту дағал истифода мекунад, дар тафсири қавонини интихоботӣ, наҳваи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши аслии муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ суханҳои сатҳӣ ва дур аз воқеият  дар миён меоварад. Зиёда аз ин, суҳбати ба ном ихтисосии ӯ бо раиси ТТЭ ҲНИ ҳам марбути фаъолиятҳои сиёсии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. Аммо сатҳи мусоҳибаороӣ ва пурсишгариро дида, кас аз ояндаи чунин муҳоҷироне, ки ҳатто ба забони одии тоҷикӣ суҳбат карда наметавонанд ва бо лаҳни даҳали омехтаи тоҷикию русӣ суҳбат мекунанд, ноумед мешавад. Ба ҳар сурат, ба муҳтавои суҳбати ин ҷуфти олуфта ва аз вазъи воқеии кишвар бехабар иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем:

           1.Кабирӣ дар посух ба суоли аввалин ба ин мазмун, ки оё муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии мамлакат аз тариқи интихобот ва дар симати  вакил ширкат карда метавонанд, мегӯяд, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ насли ҷавон мебошанд ва онҳо нисбат ба сиёсат ва масоили сиёсӣ дидгоҳи худро доранд. Албатта, насли ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, ҳаққи ширкат дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро доранд, аммо суоли матраҳ ин ҷост, ки аксарияти онҳо саводи кофӣ надоранд ва аз шинохти равандҳои муосири сиёсӣ, ки бар мабнои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии баъзе доираҳои манфиатхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд, бархӯрдор нестанд. Бинобар ин, дар банду асорати гурӯҳҳои радикал ва тундрави динию мазҳабӣ афтида, ба таври нохудогоҳ ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил меёбанд. Ҳамин нуқтазаъфи як иддаи бузурги муҷоҳирони ҷавони тоҷик (манзур ноогоҳӣ, камдонишӣ ва беиттилоои онҳо)-ро мадди назар қарор дода, гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ онҳоро ба тарафи хеш ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд.

           2.Тавре ки болотар ишора кардем, саводи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии насли ҷавони муҷоҳирони тоҷик маҳдуд аст ва аз ин маҳдудияти фикрию бинишӣ доираҳои бозигар васеъ истифода мебаранд. Дар даҳ соли ахир, агар иштибоҳ нашавад, садҳо ва ҳазорон нафар аз насли ҷавони мо, ки ба Русия муҳоҷират кардаанд, ҷаҳонбинии ифротӣ касб карда, масоилро дар доираи бинишҳои маҳдуди хурофотӣ матраҳ мекунанд. Ин нуктаро аз тарзи биниш, шеваи навишт, лаҳни баррасӣ ва пахши матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан, Одноклассники метавон пай бурд. Мутаассифона, аксарияти муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолими фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд ва ба сабаби ноогоҳӣ ба мубаллиғони исломи сиёсӣ дар сатҳи хонаводаҳо табдил меёбанд. Нуфуз ва ҳузури хурофоту таассуби мазҳабӣ ба ҳаддест, ки ҷавонони муҳоҷир ва ҳатто насли ҷавонеро, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ (Аврупою Амрико) кору таҳсил мекунанд, сироят намудааст. Матолиб ва изҳори назарҳои баъзе ҷавонони дар Аврупо ва Амрико кору фаъолиятдоштаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мурур карда, ба натиҷае расидан мумкин аст, ки доираҳои махсуси дохилию хориҷӣ барномаи густардаи мағзшӯии ҷавонон, ба вежа насли ҷавони муҳоҷирро роҳандозӣ намуда, бо зеҳниёти онҳо бозӣ мекунанд. Дар гузашта истифода аз нерӯи ҷавонон барои доираҳои сиёсии наҳзатӣ авлавияти барномавӣ ва асли стратегӣ будааст ва имрӯз элитаи фирории наҳзатӣ аз ин политтехнология ба таври ҷиддӣ сӯиистифода  мекунад. Аз ин рӯ, Кабирӣ дар суҳбат бо ронандаи овора, ки аз зумраи ҷавонони ғофил ва чалласавод  маҳсуб меёбад, ба иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар умури сиёсӣ таҳрик намуда, рӯйи насли ҷавони муҳоҷир, ки таҷрибаи сиёсӣ ва фикрӣ надорад, тамаркуз мекунад. Кабирӣ даъво пеш меоварад, ки ҷавонони муҳоҷири тоҷикро фиреб кардан душвор аст, дар ҳоле ки худ онҳоро бо фазлфурӯшиҳо, шиорпароканиҳо ва пешдовариҳо фиреб мекунад ва худ ва барномарезиҳои ҳизбиаш ҷазб менамояд. Ва ба гунае нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон ҷавони муҳоҷири тоҷикро бо фазлфурӯшиҳо гул зад ва аз масири дурусти зиндагӣ мунҳариф сохт.

  1. Кабирӣ, ки ду маротиба вакили парлумони вақти Тоҷикистон буд, фаромӯш кардааст, ки солҳост дар ҷумҳурӣ барномаи низомманди озоду шаффофи интихобот, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, роҳандозӣ шудааст. Зимнан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот озод аст ва ҳар шаҳрванди синни интихобидошта дар интихобот озодона ширкат меварзад, интихоб мекунад ва интихоб мешавад. Аз ҷумла, моддаи 4 (Ҳуқуқи умумии интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд. Бар асоси моддаи 3 (Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот)Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баробарии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ кафолат дода мешавад: “Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита  бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди нисоб (квота) муқаррар карда намешавад. Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёрӣ мебошад”. Аз ҳама муҳим, дар моддаи 5(Ҳуқуқи баробари интихобот)-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд. Аз ҷониби дигар, барои пешбарӣ намудани номзадҳои вакилони  Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд (моддаи 30-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”). Аз ин ҷост, ки ҳар нафари интихобкунанда ва интихобшаванда дар маъракаи интихоботӣ аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор аст ва бо доштани имконот ва таҷрибаи сиёсӣ, илмӣ ва маданӣ насли ҷавон ҳам дар ин раванди сиёсӣ озодона ва бидуни мушкил иштирок карда метавонад. Бинобар ин, суханпардозиҳо ва  гаппарониҳои Кабирӣ дар заминаи шарҳи масъалаҳои марбута аз қавонини мавҷудаи интихоботӣ бехабар будани ӯро ба намоиш мегузорад.
  2. Мусоҳиб Каримзода бо лафзи кӯчабозории дурушт суол медод, масъалаи Парлумони Тоҷикистонро матраҳ менамуд ва Кабирӣ дар посух мегуфт, ки Парлумони кишвар, дар ҳақиқат, ҳеҷ функсияи муҳимро иҷро намекунад. Ба иддаои Кабирӣ, дар парлумони вақт ӯ ва чанд нафари дигар аснои баррасии тарҳи қавонин баҳсу мунозираҳо мекарданд, аммо имрӯз чунин талошҳо ба назар намерасанд. Чи дар замоне, ки Кабирӣ дар Парлумон ба ҳайси вакил фаъолият мекард ва чи имрӯз, ки Парлумон бидуни Кабирӣ фаъолият дорад, баҳсу мунозираҳо сари лоиҳаи қонунҳо сурат мегиранд. Дигар ин ки ҳангоми баррасии тарҳи қонунҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки аз ҳисоби аҳзоби халқӣ-демократӣ, демократӣ, сотсиалистӣ ва аграрӣ  ба парлумони касбӣ роҳ ёфтаанд, баҳс мекунанд. Гузашта аз ин, раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба масоили доғи рӯз изҳори назар менамоянд. Бинобар ин, наметавон Парлумони кишварро таҳқир кард ва аз сӯйи вакили собиқи туристмаоб, нокоромад талаққӣ кард.
  3. Бардоштани масъалаи ба Ҷумҳурии Халқии Чин бахшидани як порча хоки Тоҷикистон аз ҷониби Аҳмад Каримзода ва ба унвони суол ба Кабирӣ манзур кардани он, мисли ин ки амдан сурат гирифтааст. Аҳмад Каримзода ва шахси Кабирӣ, ки як мавқеъ ва як дидгоҳ доранд, аз масъала сӯйистифода карда, тарафи Ҳукуматро дар қазияи ҷудо кардани замин ба Чин муқассир донистанд. Масъала саҳлу осон нест. Мо аз даъвиҳои Чин сари баргардонидани заминҳои таърихӣ бо дигар кишварҳо бохабарем ва медонем, ки аз тариқи даъвиҳои мушаххас ва манзур намудани далоили мувассақ дар шакли қонунӣ Ҷумҳурии Чин аз чанд кишвари минтақа заминҳояшро бозпас гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бар асоси баррасии ҳамин гуна даъвиҳо пораи заминеро, ки таърихан ба Чин мутааллиқ будааст, бозгардонидааст. Бигзарем, ҳоло фурсати чунин иддаоҳо нест ва Чин имрӯз ба сифати шарики стратегии давлати мост, аз ин лиҳоз, даъвоҳои муғризонае дар робита бо ин масъала оқибатҳои ногувор дошта метавонанд. Аммо барои тими Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳассосияти бештар бахшидани масоил ва доғтар кардани онҳо муҳим аст ва дар ин росто аз ҳар имконияти расонаӣ ва матбуотӣ истифода мекунанд.
  4. Дар посух ба суоли навбатии Каримзода, ки ба таъсиси Паймони миллӣ ва террористӣ хондани он аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар иртибот дошт, Кабирӣ назароти пешинашро ироа кард. Маълум аст, ки М. Кабирї бо даву ғеҷи зиёд, даркӯбиҳои созмонҳои байналмилалии аврупоӣ ва бо ҷалби се созмони мухолиф – ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов ва роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо Илҳомҷон Ёқубзода 9 сентябри соли 2018 созмони ба ном Паймони миллии Тољикистонро таъсис дод. Аммо ба сабаби шинохтани симои воќеии рањбарияти нањзатї ва шахси Кабирї, созмони дигари мухолиф – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) аз пайвастан ба Эътилоф ва ба ном Паймони миллї (ИНОТ-2) канораҷӯӣ кард. Ин маънои онро дорад, ки ТТЭ ЊНИ танњо дар доирањои мањдуди фирориёни муњољир љонибдор дорад ва миёни дигар гурўњњо ва созмонњои хориљї аз эътибори љиддї бархўрдор нест. Аз ин љост, ки Эътилофи Кабирї эътилофи муваффаќе нахоњад буд ва умри дарозе нахоњад дошт, чаро ки ба он њатто тарафдорони имрўзиаш њам эътимоди решаї ва бунёдї надоранд. Ба сухани дигар, Кабирии худхоњ ва орӣ аз ҳувияти миллӣ њамеша мехостааст, ки дар сафи пеши созмон ва њаракатњои муњољири хориљї бошад ва ин “ормон” ўро ба љону њолаш намонда, саранљом амалї гардид. Дар пушти ин ќазия боз сармоягузорони минтаќавї ва созмонњои манфиатдори ѓарбї меистанд ва њимояти молию сиёсии ТТЭ ЊНИ-ро, ки лоиња-проекти даромадноки онњост, дар хориљ њам бар уњда мегиранд.

                                                    2

          Набояд фаромўш кард, ки барои пардапўш кардани ниятњои бартарихоњї, исломисозї, пулпарастї ва рифоњталабї М. Кабирї, усулан аз василањои маъмули риёкории сиёсиву иљтимої ва ҳилаи шаръӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муќаддасоти динї ва истилоҳоти муосири сиёсӣ -- Худо, дин, мазњаб, Ќуръон, Паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорї, баробарї, бародарї, озодї, парламентаризм ва амсоли инњо бозї карда, њар яки вожагони калидиро дар љояш бо мақсади ба даст овардани султа, ќудрати сиёсї, нуфузи маданї ва неруи тиљоратї сӯйистифода мекунад. Мусоњибањо, суханронињо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болої моломол аст ва тавассути политтехнологияи навин љомеаро тањти фишори равонї, забонї ва сиёсї ќарор додан мехоњад. Аммо ӯ нодоне беш нест ва дар пушти доираҳои ба ном демократу либерали ғарбӣ ҳадафҳои нопоки худро дунболагирӣ мекунад.

        Ин сарлавҳаи мақоларо “Марде аз табори дурӯғгӯён ва фарде аз табақаи босмачиён” номгузорӣ  бояд кард, ки шармандаи олам шуда,  дастовардҳои сулҳро беранг сохт, табаддулоти ҳарбӣ ташкил намуду онро сармоягузорӣ кард ва ҳамчун муши обзада ба хориҷи кишвар  гурехт. Дар мавҳумоти ифротии худ ғӯта зада, наҳзатиҳо дарк намекунанд, ки ба деги душман равған мерезанд, иқтидори хориҷиҳоро боло мебаранд ва дар айни замон ба нуфузи тоҷик шак доштанро талқин мекунанд, ки ин падидаро дар истилоҳоти сиёсӣ - «Хиёнати миллӣ» мегӯянд. Дар ҳамин ҷо агар ба шахсияти Кабирӣ назар афканем, мебинем, ки ин кӯтаҳандеши зеҳнӣ, чун одат кардааст ба некӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, боз ба масири тафриқаандозиву ҷангҷуӣ ва сафсатафурӯшӣ баргашта, заминаи низоъи дохилии навро муҳайё сохтанист. Агар аз тарафи коршиносони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзӯъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии ин қишри ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият хатарнок фош мегардид, нураналонур мебуд, зеро насли ҷавоне, ки баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд  аз таъсири норавои нерӯҳои манфиатҷӯйи наҳзатӣ ва асҳоби онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул диҳем.

          Дар маҷмуъ, нуқтаҳое, ки Кабирӣ дар мусоҳиба ишора мекунад, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Барои чӣ? Барои он ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштувонаи мардумӣ надоранд ва то он замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳанд кард. Ин тоифа мисли ғулҳоеанд, ки ҳадафашон танҳо хӯрдану чаридану ошомидан аст. Танзи маҳаллӣ, ки ба шахси раҳбари наҳзатӣ муносиб аст, ҳусни мақтаъи навишта буда метавонад:

  Селобаи  вайронӣ  дар нам-нами Файзобод,

   Барзагове мечарад дар хам-хами Файзобод!

Назарзода Носир Ҷобирдоктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, 17 декабри соли 2019

[1]уханнас, яъне маслуқи равонии  ноқисулақл ва ахташуда.

Баррасии масъалаҳои муҳим

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд

Санаи 18 - уми декабри соли 2019 дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд 5 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 июли соли 2018, №299 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода гузориш пешниҳод намуд.

Мавсуф аз нақши пурарзиш ва саҳми шоистаи занону бонувон дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳарф зада, зикр дошт, ки алҳол дар вилоят наздик ба 7700 нафар занон дар вазифаҳои мухталифи роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд. Бахусус, нақши занон дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг амиқу барҷаста аст. Алҳол танҳо дар соҳаи маорифи вилоят беш аз 25 ҳазор нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 699 нафар ба гирифтани унвони фахрии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа роҷеъ ба ҷараёни иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, №51 «Дар бораи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири шуъбаи сохтмони вилоят Аминҷон Бобоҷонов маълумот дод. Аз ҷумла, номбурда таъкид дошт, ки ба истиқболи ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят беш аз 7000 иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ободию пешрафти кишварамон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд. Танҳо дар ёздаҳ моҳи соли равон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ, 2293 иншооти мухталиф бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз  ҷумла, дар ин давра дар вилоят 102 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 196,4 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Дар баррасии масъалаҳо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – сархатиби масоҷиди вилоят, Аҳмадҷони Раҳматзод – раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шуҷоат Ҳасанова – собиқадори хизмати давлатӣ ва дигарон ба сухан баромада, фикру андешаҳои амиқ ва судманд баён доштанд.

Дар ҷаласа оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2019 котиби Шӯрои ҷамъиятӣ Мирзотоҳир Набиев маълумот дод ва аъзоёни Шӯро нақшаи кориро барои соли 2020 тасдиқ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни суханронии хеш нақши Шӯрои ҷамъиятии вилоятро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолият, баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ арзишманд арзёбӣ намуд.

Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

«БАЗМИ ҒОЛИБОН» ДАР МОСКАВ

9 майи соли 2020 ба Ғалабаи мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузургии Ватании  солҳои 1941-1945 бар фашизми Германия расо 75 сол пур мешавад. Вобаста ба ин рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  дар саммити Сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бобати таҷлили ин санаи таърихӣ қарор ба имзо расид.

Дар чаҳорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашн аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2019 дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри қаҳрамони Москав чорабинӣ таҳти унвони «Базми ғолибон» баргузор гардид. Дар он намояндагон –собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар ақибгоҳи солҳои ҷанг меҳнат карда ва меҳмонон аз  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Украина, Белоруссия, Молдова, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Латвия ва Эстония иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 8 нафар: иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Маматқул Холбекови 91 сола аз ноҳияи Зафаробод, Норқул Шерқӯзиеви 90 - сола аз ноҳияи Шаҳристон, раисони Шӯроҳои собиқадорони ноҳияҳои Зафаробод ва Спитамен Заҳриддин Рустамов ва Инъомҷон Тӯраев, кормандони шӯроҳои собиқадорон Саттор Ҷалилов (шаҳри Душанбе), Иномҷон Аъзамов (шаҳри Ҳисор), Ҳикматулло Султонов (шаҳри Леваканд) ва собиқадори соҳаи геологияи мамлакат Аюбҷон Орифов намояндагӣ карданд.

Чорабинии асосӣ санаи 30 ноябр дар музейи «Ғалаба», воқеъ дар мавзеи «Поклонная Гора» -и шаҳри қаҳрамони Москав дар рӯзи Шарафи ҷангӣ ва 78-солагии Ғалаба дар муҳорибаи назди Москав баргузор гардид. Намояндагон экспонатҳо ва лаҳзаҳои аз ин ҷанги хонумонсӯзи башарият дидан карда, бо ҳам вохӯрию мулоқотҳо ороста, аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Хулосаи аҳли ҷамъомад як буд: мустаҳкам доштани сулҳу субот дар ҷаҳон, тақвият бахшидани дӯстӣ ва ҳамгироии халқҳо баҳри зиндагии осоишта.

Дар ҷамъомад ҳунармандони босалиқаи Федератсияи Россия, бахусус Ҳунарманди мардумии ин кишвар Лев Леғенко суруди машҳури худ «Денҳ Победқ»-ро бо авҷи баланд сароид ва кулли иштирокдорон ба он пайравӣ карданд.

Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Маскав дидан намуда, бо таассуроти нек ба Ватани азиз баргаштанд. Онҳо баҳри чунин дастгирӣ ва ғамхориҳо ба раёсатҳои Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд изҳори сипос намуданд.

Заҳриддин Рустамов,
рӯзноманигор,
раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Зафаробод

Читать далее

Мавсими шинонидани гули лола

Гули лола баёнгари  ватани наврӯзии тоҷикон аст. «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебопарастии мардум нақши муассир дорад.

Кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» низ ҳамасола барои шинонидани гули лола саҳми худро мегузоранд. Имсол низ ба пешвози иди Наврӯзи 2020-ум кормандони маҷмаа ба шинонидани тухми гули лола корбарӣ намуда истодаанд. Соли 2019  бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмаа фестивал- озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин фестивал-озмун  дар миқёси ҷумҳурӣ муассиса ҷои дуюмро ишғол намуда буд.

 Муассисаи мазкур имсол ҳам кӯшиш дорад, ки ба пешвози иди Наврӯзӣ хуҷастапай бо оро додани маҷмаа саҳму кӯшиши  худро гузорад.

 Мавҷуда  БОЙМАТОВА,
 корманди илмии шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри 
МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее

“МАҲБУБИ ВАТАН”

«Маҳбуби Ватан» маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва публисистие мебошад, ки ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо эҳтимоми нашрияи ҳизбии “Нигоҳи халқ” бо дастгирию сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба нашр расидааст.

Мураттиби китоб сардабири рӯзномаи мазкур Муродулло Почозода мебошад.

Дар ин маҷмӯа 30 мақолаи илмӣ ва публисистии олимон, сиёсатмадорон, вакилони халқ, ходимони давлатию ҳизбӣ, муҳаққиқони ҷавон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷо дода шудаанд.

Муҳтавои асосии мақолаҳои ин маҷмӯа аз тавсифи корнома ва шахсияти нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҳизб дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат аст.

“Маҳбуби Ватан” тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 240 саҳифа бо теъдоди 100 нусха ба табъ расида, дар нашри босифати он саҳми муҳаррири китоб, олими ҷавону муваффақ Мирзоолим Мирзораҳимов ва муҳаррири техникӣ Абдусамад Абдумаҷидов низ зиёд аст.

Абдурозиқ РАҶАБЗОДА

Читать далее

Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ

15 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардида, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо идома дошта, роҳбарият ва сокинони навоҳии вилоят барои ободу зебо гардонидани маҳал ва кӯчаву хиёбонҳо аҳлона заҳмат кашида истодаанд.

Читать далее